АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ЭЧКИЭМАР дар Канзи Шифо (Китоб)
Эчкимеар

ЭЧКИЭМАР дар Канзи Шифо (Китоб)

Эчкимар (Эчкиемар) — ин ҷонварест монанди калпеса (калтакалос), вале назар ба ҷуссаи он хеле калон аст. Инро дар баъзе маҳалҳои тоҷикон бузмак меноманд. Маънои калимаи «эчкиэмар» ҳамон «бузмаки» тоҷикист, ки аз забони ӯзбекӣ ба тоҷикӣ дохил шудааст. Ба форсӣ бузмача, ба арабӣ варал ва ба русӣ варан мегӯянд. Ин ҷонвари саҳрозамин ва даштӣ мебошад, ки маълум аст.

Мизоҷи гӯшташ дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст, вале баъзеҳо дар дараҷаи дувум гуфтаанд. Мизоҷи саргинаш бисёр гарм ва хушк аст.  Хислатҳои шифобахши он: гӯшти онро бихӯранд, фолиҷ, каҷ шудани рӯй, ларзак, карахтӣ, кузоз (столбняк), ниқрис (подагра), дарди буғумҳо ва бемориҳои сардмизоҷи асабҳоро шифо мебахшад; баданро гарм мекунад; боҳро қувват медиҳад, олати мардиро ба ҳаракат меоварад. Хусусан инро бо асал, бо обе, ки наск дар он пухта бошанд, бо шароби хурмо ва бо шароби мавизи ангур, бо зардии тухми мурғи нимпухта тановул намоянд, маниро ба он дараҷа ба ҳаракат меоварад, ки ҳатто ба ҳалокат мерасонад (шояд ин муболаға ҳам бошад ва шояд дар баъзе мизоҷҳо ва минтақаҳои гарм чунин бошад.

Чун гӯшти намакини онро кӯфта, бо зардии тухми мурғи нимпухта ё тухми индовро соида, бар он пошида бихӯранд, ҳамчунин намакини онро, хусусан, намак-чарб ва сараи онро бо дорчинӣ суда, ба зардии тухми мурғ пошида бихӯранд, барои қуввати боҳ кори калон аст ва дар ин бобат зиёда аз гӯшт ва равғани он мебошад. Ҳамон Маҳрёрис гуфтааст: «Хуни онро бо ҳалила даромехта бимоланд, ранги доғи сафеди пӯст ва песро тағйир медиҳад».

Гӯшти эчкиэмарро гузошта банданд, тир ва хор, инчунин заҳрҳои ҷонваронро аз бадан ба худ мекашад. Чун онро чок карда, ба беруни пӯст банданд, боиси фарбеҳии он узв мегардад. Гӯшти онро дар равғани зайтун то муҳарро шудан ҷӯшонида, баъд он равғанро бимоланд, доғҳои пӯст, каляра (качалӣ) ва хоришро дафъ мекунад; ба ҷоҳои гирдак-гирдак мӯйрехтаи сар ва риш мӯй мерӯёнад. Он равғанро ба чашм кашанд, гули чашмро дафъ мекуиад. Ин равғанро бимоланд, доғи сафеди пӯст, доғҳои кунҷидак ва шукуфаҳои пӯстро шифо мебахшад, баданро фарбеҳ мегардонад.

Эчкимар - Ечкамар бузмак

Агар равғани эчкиэмарро бо қувват ба закар бимоланд, онро калон мекунад. Хокистарашро бимоланд, узвро беҳис мегардонад. Гӯшти эчкиэмар барои одамони хунукмизоҷ ва тармизоҷ форам ва мувофиқ аст, вале ба одамони гарммизоҷ ва хушкмизоҷ зарар дорад, хусусан, ки бидуни ислоҳкунандаи зарари он бихӯранд. Табиб Исҳоқ гуфтааст: «Ба сар зарар мекунад, давои ин асал хӯрдан аст». Миқдори як бор хӯрдан аз гӯшташ дар як рӯз аз 4,5 то 13,5 грамм аст. Гӯшти эчкиэмарро синну сол, обу ҳавои маҳали мизоҷро ба ҳисоб гирифта истеъмол намоянд, хубтар мебошад.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …