Recent Posts

БАНГИ ДЕВОНА дар Канзи Шифо (Китоб)

Банги Девона

Банги девона (ба руссӣ «Дурман») — ин растании маълум аст, аслан ду навъ мешавад: якеро гулаш сафед ва ба шакли қиф аст, дигареро гулаш таҳбартаҳ, баргаш ва пояаш ҳама ранги бунафш доранд. Самараш дар бузургӣ ба андозаи чормағз аст ва чун самари беданҷир хорнок мебошад. Дар даруни он тухмҳои бисёри …

Прочитайте больше»

САРВ дар Канзи Шифо (Китоб)

Сарв

Сарв — ин дарахти бисёр мавзун, хушқомати баланд аст. Ба забони руси онро «Кипарис» меноманд. Баргаш реза, хазон намешавад, яъне ҳамешасабз аст. Андозаи самараш хурдтар аз чормағз, санавбаршакл, яъне шаклаш ба дили ҳайвонот монанд аст, мағз надорад; дар вақти хомӣ сабз ва баъди расидан андак зардтоб ва сахт мегардад. Тухми самараш …

Прочитайте больше»

ҶАВЗИ БАВО (БӮЁ) дар Канзи Шифо (Китоб)

Чавзи баво

Калимаи «ҷавзи бӯё»-и тоҷикӣ дар таъсири забони арабӣ монда, «ҷавзи бавво» гаштааст, инро ба русӣ мускатный орех меноманд. Ин самари пӯстдори дарахти азимест. Баъди расидан ҷавзашро ҷудо карда мегиранд ва аз маконаш, ки мамлакатҳои гарм аст, ба ҷоҳои дигар мебаранд. Миқдори ин ба бузургӣ баробари олуболу, вале сахти хушбӯ, тундтаъм мебошад, …

Прочитайте больше»