АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Елими пӯсти ҳайвонот

Елими пӯсти ҳайвонот

Елими пӯсти ҳайвонот —  Тариқи тайёр карданаш чунин аст. Пӯсти ҳайвонотро дар об то муҳарро шудан меҷӯшонанд. Баъд мегузоранд, то он ки дурдааш таҳшин гардад. Инро соф намуда аз нав меҷӯшацанд ва боз барои ҷудо гаштани таҳшинаш мегузоранд. Ин амалро якҷанд бор такрор менамоянд, то, он ки, дигар дурда таҳшин нагардад.

koja-jivotnixСонӣ он миқдор ҷӯш медиҳанд, ки ғафс шавад. Аз оташ фуруд оварда, дар офтоб чандон мекованд, ки ғализ ва қобили бо корд буридан гардад. Пас порча-порча бурида, хушк менамоянд. Дар вақти ҳоҷат микдори муайян ва зарури онро дар оби гарм дар оташ то об шилмак гаштанаш меҷӯшонанд. Баъд ҳар чизеро, ки часпониданӣ бошанд, мечаспонанд. Беҳтарини елимҳо аз пӯсти гови покиза тайёр карда мешавад.

 Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахши он: хусусиятҳои ин часпонанда ва хушккунанда мебошад.

Агар инро бимоланд, захм, ширинча ва обилаҳои кӯҳнаи сарро шифо мебахшад.

Елимро дар об ҳал карда батанҳоӣ ё бо сирко даромехта бинӯшанд, аз узвҳои даруни сина хун қай кардан ва захми шушро даво мебошад.

Елимро бо асал даромехта гузошта банданд, варами захмҳоро мегардонад, ҷароҳатҳоро ба ҳам оварда сиҳат мекунад, устухони шикастаро бо ҳам часпонида мустаҳкам мегардонад ва устухони беҷошударю ба ҷояш устувор месозад; чурраи обӣ, яъне даббаеро, ки аз фуромадани об ба хояхо сурат гирифта бошад, шифо мебахшад; агар инро бо об даромехта гузошта банданд, сӯхтагии оташро ба ибро меоварад ва обила кардани онро манъ мекунад.

Елимро бо зардчӯба, ғӯраи сарв ва сирко сиришта, барои чурра, ки аз даридани пардаи шикам ва фуромадани рӯдаҳо, агар нав бошад, то муддате бибанданду накушоянд, шифо мебахшад, варами захмҳоро мегардонад, ҷароҳатҳоро ба ҳам оварда сиҳат мекунад. Агар инро бо мозу ва ғӯраи сарв сиришта бибанданд, барои дабба, ки аз даридани пардаи шикам ва аз фуромадани об ба хояҳо бошад, даво мешавад; бо сирко даромехта гузошга банданд, қӯтури пӯстхезак ва иллати пӯстпартоӣ, шукуфаи пӯст, донача ва ширинчаҳои сар, доғи сафеди пӯст ва песро дафъ мекунад ва инчунин доғҳои дигари пӯстро дур менамояд, башараро пок мегардонад.

Чун елимро гудохта, пашми харгӯшро ба он олонда, ба ҷароҳатҳое, ки хун аз онҳо равон бошад, гузоранд, хунро манъ мекунад; инро ба сӯхтагии оташ гузошта банданд, дард ва сӯзиши онро таскин медиҳад, инчунин намегузорад, ки обила кунад.

Елими пӯсти ҳайвониро сӯхта, маҳин соида, чун сурма ба чашм кашанд, пурра таъсири тӯтиёро соҳиб мебошад.

Назди admin

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …