АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ОСИЁИ МИЁНА ВА ЭРОН ДАР АҲДИ САЛТАНАТИ ҲАХОМАНИШИҲО

ОСИЁИ МИЁНА ВА ЭРОН ДАР АҲДИ САЛТАНАТИ ҲАХОМАНИШИҲО

Давлати бузурги ҳахоманишӣ, ки яке аз пуриқтидортарин империяҳои ҷаҳони аҳди қадим ҳисоб меёфт, мавҷудияти худро беш аз 200 сол нигоҳ дошта, дар таърихи Шарқи бостонӣ мавқеи ба назар намоёне ишғол намуд. Созмонҳои иқтисодию сиёсӣ ва анъанаҳои мадание, ки дар давраи ҳахоманишиҳо ба вуҷуд омада буданд, қарнҳо маҳфуз монда, дар давлати императории Искандари Мақдунӣ, давлатҳои портҳо, сосониён ва халқҳои Осиёи Миёна низ давом карданд.

Дар давраи ҳахоманишиҳо тағйироти муҳими иҷтимоӣ (тараққиёти муносибатҳои заминдорӣ, афзудани аҳамияти меҳнати ғуломон, фаъолияти тиҷоратхонаҳои Бобул ва ғ.) ба амал омада, низоми ягонаи давлатии пул ва тартиби пардохти молиёт дар асоси ба назар гирифтани имконоти иқтисодии кишварҳои дохили империя ҷорӣ гардид, усули идоравии ба сатрапиҳо (вилоятҳо) тақсим кардани давлат бо аниқ муқаррар намудани ҳудуди онҳо ва коргузории аз як расмулхатти ягонаи умумидавлатӣ, яъне алифбои оромӣ истифодакунанда ба вуҷуд омад. ҳамчунин почтаи давлатӣ таъсис ёфта, роҳҳои нав сохта ва роҳҳои кӯҳнаи корвонгард таъмир карда шуд. Ғайр аз ин, қонунгузории умумидавлатӣ кор карда баромада, дар тамоми қаламрави салтанати ҳахоманишиҳо ҷорӣ карда шуд. Дар айни замон қонунҳои пешинаи халқҳои гуногун қувваи худро нигоҳ медоштанд.

Худ аз худ маълум аст, ки воқеияти таърихӣ хеле мураккаб буд. Ба сиёсати пешгирифтаи подшоҳони ҳахоманишӣ фақат дар қиёси салтанатҳои мустабидаи қадимаи шарқ, ки зулму истибдоди онҳо назар ба аҳди ҳахоманишиҳо шадидтар буд, метавон баҳои нисбатан мусбат дод. Дар замони ҳукмронии онҳо низ зиндагӣ хуш ва ором набуд: муборизаҳои тунду тези синфӣ, шӯришҳои мардумони мутеъ пояҳои давлати ҳахоманиширо муттасил ба ларза медароварданд.

ҳахоманишиҳо, бар хилофи дигар подшоҳони пешинзамони Шарқи қадим, нисбат ба оину мазҳабҳои соири халқҳо хеле ботаҳаммул муносибат карда, ҳатто маъбаду калисоҳои кишварҳои мухталифро (ба мисли ибодатхонаҳои Бобул ва Яҳудистон) дубора барқарор намуданд. Хусусан, асосгузори давлати ҳахоманишӣ Куруш шӯҳрати зиёде пайдо карда буд. Форсҳо ӯро ҷадди кабир, бобулиҳо расули худои Мардук, юнониҳо раҷули бузурги давлатӣ ва яҳудиён наҷотбахши худо Яҳве номидаанд.

Хахоманишихо

Дар замони ҳахоманишиҳо барои тиҷорати байнихалқӣ шароити мусоид фароҳам омада буд. Сайёҳон ва донишмандон метавонистанд ба кишварҳои тобеи давлати ҳахоманишӣ сафар кунанд. Бисёр намояндагони маъруфи маданияти Юнони Қадим (Гекатей, Геродот, Демокрит ва д.) он вақтҳо ба кишварҳои машриқзамин саёҳат намуда, ҳамватанони худро бо комёбиҳои мадании халқҳои Шарқ шиносониданд.

ҳамаи ин ба вусъати уфуқҳои маданияти тобеиёни давлати ҳахоманишӣ боис гардида, ба инкишофи алоқаи байни намояндагони халқҳои гуногун мусоидат намуд.

Чунон ки маълум аст, Искандари Мақдунӣ нияти ба як ваҳдати маданию сиёсӣ муттаҳид кардани юнониён ва халқҳои Шарқро дар дил мепарварид ва ин орзуи худро бо кӯмаки сарбозони мақдунӣ ба амал овардан мехост, вале ҳар гоҳ ба муқовимати шадиди мардумон, аз ҷумла халқҳои Осиёи Миёна дучор мегардид. Албатта, роҳи осоишта ва мусолиматомез бештар манфиатрасон ва самарабахштар буд ва ӯро ба ҳусули мақсад наздиктар менамуд. Бояд хотирнишон кард, ки оғози синтези мадании халқҳои гуногун ва ҷараёни аввалин марҳилаҳои инкишофи он дар зарфи 200 соли қабл аз футӯҳоти Искандари Мақдунӣ ба вуқӯъ пайвастааст ва аз ин рӯ, тадбироти Искандар дар ин роҳ идомаи ҳамон сиёсати ҳахоманишиҳост.

Дар замони ҳахоманишиҳо дар дохили ҳар як кишвари тобеи онҳо намояндагони халқҳои мухталиф ҳамроҳ зиндагӣ ва кор мекарданд. Чунончи, дар ҷазираи Элефантинаи назди сарҳади Нубия ва дар шаҳри Мемфиси Миср мисриён, форсҳо, юнониён, хоразмиҳо, бобулиён, оромиҳо, яҳудиён, финикиҳо ва ғайра зиста, бо ҳам дар муомила буданд. Аксар вақт онҳо урфу одатҳои динии якдигарро пазируфта, на фақат ба худоёни худ, балки ба худоёни дигар ҳам саҷда меоварданд, ҳатто номҳои худро иваз намуда, номҳои дигаронро қабул мекарданд. Дар Ниппур ва дигар шаҳрҳои Бобул бобулиҳо, мисриҳо, кариҳо, лидиҳо, мидиҳо, яҳудиҳо, ҳиндуҳо, сакоиҳо, бохтариҳо, хоразмиҳо ва ғайра бо ҳам зиндагӣ ва кор мекарданд. Дар Шуш, Истахр ва шаҳрҳои дигар садҳо ва ҳазорҳо аҳли Миср, Бобул, Юнон ва ғайра зиндагӣ ба сар мебурданд. Ба ин шаҳрҳо аз ҳиндустон сар карда, то Миср намояндагони халқҳои гуногун доимо рафтуо менамуданд. Маданияти моддӣ ва маънавии халқҳои мухталиф ба ҳам омезиш ёфта, дар заминаи он тадриҷан маданияти давлати ҳахоманишӣ, ки бештар аз синтези донишҳои илмӣ, ҳунару санъат ва ақоиди мазҳабии бисёр кишварҳо иборат гардида буд, ба вуҷуд омад. Бисёр халқҳо, аз он ҷумла халқҳои Осиёи Миёна ҳам, ба ин маданият саҳми худро гузоштаанд. Дар давлати ҳахоманишиҳо, махсусан бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиҳо, портҳо, марвониҳо, сакоиҳо ва дигар халқҳои Осиёи Миёна роли бузурге бозидаанд.

Бисёр ҷанговарони моҳир ва корозмуда дар қӯшуни ҳахоманишиҳо аз Осиёи Миёна буданд. Масалан, дар вақти ҷанги Юнону Форс, дар муҳорибаи Марафон дар қатори аскарони пиёдагарди форсҳо сарбозони савораи сакоӣ ҳам ширкат намуда, ҷанговарони дастаи марказии афиниҳоро ба ақибнишинӣ маҷбур карданд. Сакоиҳо ҳамчунин дар муҳорибаҳои назди Платей ва Фермопил мардонагӣ ва ҷасорати фавқулодда нишон доданд. Сарлашкари Форс Мардонӣ ба сафи қӯшуни яккачини худ, ки ба мақсади фатҳ кардани Юнон гирд оварда буд, дар қатори форсҳо ва мидиҳо бохтариҳо ва сакоиҳоро низ дохил намуд. Ҷанговарони сакоӣ дар ҳайъати қӯшунҳои киштигард дар муҳорибаҳо иштирок мекарданд. Онҳоро дар сафи қӯшунҳои Миср ҳам дидан мумкин буд. Сафҳаҳои сафолиеро, ки дар онҳо сарбозони сакоии кулоҳ бар сар тасвир ёфтаанд, аз Миср то Осиёи Миёна, дар ҳамаи шаҳрҳои давлати ҳахоманишӣ метавон пайдо кард.

Дар шаҳри Ниппури Бобул ва атрофи он маҳаллаҳои калони муҳоҷирнишин ба вуҷуд омада буд, ки дар онҳо сарбозони сакоӣ истиқомат мекарданд. Чунин масканҳои сарбозони сакоӣ дар дигар шаҳрҳои Бобул низ мавҷуд буданд. Чунончи, дар санади аҳди Дорои I аз шаҳри Сиппар Сакиэт ном марди сакоӣ ёд шудааст. Намояндагони дигар халқҳои Осиёи Миёна ҳам дар кишварҳои мухталиф хидмати сарбози ҳахоманиширо адо мекарданд ва ё бо сабабҳои дигаре ба он ҷойҳо ҳиҷрат менамуданд. Марди хоразмӣ Дарғмон дар ҷазираи дурдасти Элефантина зиндагӣ ихтиёр карда, дар он ҷой соҳиби ҷоҳу ҷалол гардидааст. ҳаминро ҳам бояд қайд кард, ки дар санадҳои бобулии аҳди Дорои I занҳои қандаҳорӣ ва бохтарӣ, ки ба канизӣ фурӯхта шудаанд, ёд карда мешаванд. Намояндагони Осиёи Миёна ба тарафҳои Осиёи Хурд ҳам мерафтаанд.

Дар навбати худ аҳли кишварҳои ғарб ҳам ба Осиёи Миёна омада, сукунат ихтиёр мекарданд. Дар аҳди Хишоёршоҳ (асри V пеш аз милод) бисёр касон аз шаҳри юнонии Милет ба Осиёи Миёна муҳоҷират намуда, дар ин ҷо маскан гирифта буданд. Онҳо ба ду забон – ҳам ба забони маҳаллӣ ва ҳам ба юнонӣ гап мезаданд. Дар аҳди Дорои I аҳолии шаҳри Барк (Африқои шимолӣ) ба Бохтар кӯчонида шуда буданд. Ғайр аз ин, намояндагони идораҳои давлатии ҳахоманишӣ, аз ҷумла муншиҳои оромӣ дар Осиёи Миёна зиндагӣ мекарданд.

ҳарчанд мансабҳои муҳими идораи давлат асосан дар дасти форсҳо буд, ҳахоманишиҳо намояндагони дигар халқҳоро низ барои ишғоли мансабҳои калон роҳ медоданд. Касони аз Осиёи Миёна баромада ҳам аксаран мақомҳои баландро дар идораи давлат соҳиб мешуданд. Чунончи, дар асри IV пеш аз милод Амминаспи портӣ ҳукмрони Миср гардида буд.

Достони халқии эронӣ, ки аз фиқраҳои боқимондаи «Таърихи форс» ном асари табиби дарбори Ардашери II Ктесий ба мо маълум аст, аслан дар вилоятҳои Осиёи Миёна, бештар дар маҳалҳои бохтариҳо ва сакоиҳо офарида шудааст. Баъдтар вай ба тарафҳои ғарб интишор ёфта, пас аз тағйироту иловаҳо асоси ҳамосаи миллии эрониро фароҳам овард. Бисёр сюжетҳои ин достон ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дохил гардидаанд.

Оини Зардуштӣ, ки дар Осиёи Миёна ба зуҳур омада буд, дар замони ҳахоманишиҳо ба Эрон ва боз дуртар ба тарафҳои ғарб паҳн шуда, баъдҳо (то замони таҳти истилои арабҳо воқеъ гардидани Эрон ва Осиёи Миёна) мазҳаби давлатии эрониҳо қарор гирифт. ҳанӯз дар асри V пеш аз милод дар шаҳри Мемфиси Миср маъбади худои эронӣ Митра вуҷуд дошт. Дар давраи империяи Рим парастиши Митра дар бисёр мамлакатҳо расм гардида, то ҷазираҳои Британия расида буд.

Мувофиқи маълумоти муаррихи бобулии асри III пеш аз милод Беросс, Ардашери II муҷассамаи олиҳа Анаҳиторо барои эҳтиром дар Бобул, Шуш, Экботан, Истахр, Бохтар, Димишқ ва Сардаҳ гузошт.

Чунон ки аз навиштаҷоти хатти мехии бобулӣ ва папирусҳои оромӣ маълум мегардад, дар замони ҳахоманишиҳо муғҳои эронӣ ба Бобул ва Миср рафта, дар ин кишварҳо, зоҳиран, маросимҳои диниро ба ҷо меовардаанд,

Донишмандони Юнони Қадим аз оини зардуштӣ ба таври куллӣ балад будаанд, ки роҷеъ ба он рисолаҳои махсус ҳам таълиф намудаанд. Масалан, Арасту дар бораи муғҳо асаре офаридааст, ки то давраи мо фақат баъзе порчаҳои он боқӣ мондаанд. ҳамчунин навиштаҳои Плутарх, Диогени Лаэртӣ ва дигарон доир ба дини зардуштӣ маълум аст. Муаррихи лидии асри V пеш аз милод Ксанф, муаррихи бобулӣ Беросс, файласуфи библӣ Филон ва бисёр донишмандони дигар низ ба забони юнонии қадим дар бораи зардуштия асар эҷод кардаанд. Оинномаҳои асосии зардуштӣ ба системаи фалсафаи юнониёни қадим таъсири муайяне расонидаанд.

Устодон ва ҳунармандоне, ки дар қаламрави ҳахоманишиҳо кор мекарданд, анъанаҳои мадании гузаштагони худ ва халқҳои ҳамсояро эҷодкорона давом ва такмил медоданд.

Ҳанӯз дар аҳди ҳахоманишиҳо дар сарзамини паҳноваре аз Сибир то навоҳии шимолии лаби баҳри Сиёҳ ҳунари махсуси тоифаҳои скифӣ дар тасвири ҳайвонот («сабки скифии тасвири ҳайвонот») ба вуҷуд омада буд. Асарҳои санъати ин сабк дар замонҳои қадим ба дараҷае шӯҳрат дошт, ки баъзе нақ-қошони юнонӣ аз онҳо истифода мебурданд. Санъати ҳахоманишӣ аз ҳамин «сабки скифии тасвири ҳайвонот», ки он вақтҳо дар байни аҳолии даштҳои Евросиё, аз ҷумла Осиёи Миёна ҳукмфармо буд, хеле баҳраманд гардидааст (асарҳои барҷастаи онро дар навоҳии назди Арал, ҳафтруд, Помир ва як қа-тор маҳалҳои Қазоқистон пайдо кардаанд). Осори санъати ҳахоманишиҳо, маснуоти косибону пешаварони ҳахоманишӣ на фақат ба Осиёи Миёна, балки дуртар ба тӯли даштҳо, то ба маҳалли иқомати савроматҳо роҳ ёфта, дар навбати худ ба маданият ва санъати онҳо таъсири худро мегузоштанд.

Халқҳои Осиёи Миёна ва Эрон дар бобати либос ҳам умумият доштанд, хусусан либоси хоразмиҳо, бохтариҳо ва дигар халқҳои Осиёи Миёна хеле монанд буд, зимнан сакоиҳои тиграхуд бештар бо кулоҳи худ фарқ мекарданд. Либоси онҳо аз нимтанаи тасмакалон ва шалвори кӯтоҳ иборат буд. Намояндагони халқҳои Осиёи Миёна дар нақшҳои барҷастаи Бесутун, Тахти Ҷамшед ва Нақши Рустам тасвир ёфтаанд, ки ин барои донистани хусусиятҳои антропологӣ ва этнографии ин халқҳо аҳамияти бағоят калон дорад. Ин ёдгориҳо нишон медиҳанд, ки либоси форсҳо ҳам айнан мисли либоси мардумони Осиёи Миёна будааст.

Бозёфтҳои ҳафриёти қӯрғонҳои мансуб ба асрҳои VI-IV пеш аз милоди Олтой, ки ашёи аз пӯст, пашм ва намад сохташуда дар шароити яхбандии доимӣ ба хубӣ маҳфуз мондаанд, дар бораи алоқаҳои маданӣ ва тиҷоратии Эрони ҳахоманишӣ ва Осиёи Миёна шаҳодат медиҳанд. Порчаҳои матои пашмӣ ва гилеми пат, ки дар қӯрғони панҷуми Пазириқ ёфт шудаанд, хеле ҷолиби диққатанд. Онҳо аз дараҷаи баланди ҳунари бофандагӣ ва қолинсозии онвақта шаҳодат медиҳанд. Баъзеҳо чунин мепиндоранд, ки ин гилемро устодони форс ё мидӣ тайёр кардаанд, ба ақидаи дигарон вай моли ҳунармандони Осиёи Миёна аст. Эҳтимоли қавӣ меравад, ки ин гуна гилемҳо ҳам дар Эрон ва ҳам дар Осиёи Миёна тайёр карда мешуданд, зеро тариқи бофт, нақшу нигор ва сужети лавҳаҳои дар онҳо тасвиршуда барои бисёр халқҳои эронизабон хос ва умумист.

Чунон ки аз бозёфтҳои бостоншиносон ва тасвироти нақшҳои барҷастаи ҳахоманишӣ ҳувайдост, дар навъҳои мухталифи яроқу аслиҳа ва тариқи овехта гаштани он низ қаробат ва шабоҳати бештар ба назар мерасад. Дар ҳазораи I пеш аз милод дар Осиёи Миёна ва даштҳои Евросиё савораи вазнинсилоҳи ҷавшанпӯш, кулоҳхуд бар сар ва баргустувон дар асп тимсоли марди мусаллаҳ гардида буд. Баъдтар ин навъи аслиҳаҷот дар Эрон ва Осиёи Пеш ҳам паҳн мешавад, ки мавҷудияти он дар ин маҳалҳо ба василаи санадҳои охири асри V пеш аз милод тасдиқ гардидааст.

Ниҳоят, халқҳои Осиёи Миёна дар офариниши осори бошукӯҳи санъати ҳахоманишӣ ҳиссаи бузурги моддӣ гузоштанд. Тибқи навиштаҷоти Доро, барои сохтмони қасри Шуш аз Бохтар тилло, аз Суғд лоҷувард ва ақиқ, аз Хоразм фирӯза бурда шудааст. Ин маълумот, инчунин ахбори муаллифони қадим ва ҳафриёти бостоншиносӣ аз дараҷаи баланди тараққиёти кори маъдан дар Осиёи Миёна ва таъсири он ба пешрафти кори маъдан дар Эрон шаҳодат медиҳанд. Ногуфта намонад, ки лоҷуварди Осиёи Миёна дар ҳин­дустон, Бобул ва Миср ҳам мавриди истифода будааст.

Ба ин тариқа, ба ҳайъати давлати ҳахоманишиҳо дохил шудани Осиёи Миёна уфуқи ҷуғрофӣ ва донишҳои илмии эрониёни ғарбӣ, юнониён ва дигар халқҳоро хеле вусъат дод. Дар навбати худ халқҳои Осиёи Миёна бисёр комёбиҳои форсҳо, мидиҳо ва дигар мардумонро азхуд намуданд.

Вилоятҳои Осиёи Миёна нахустин бор бо хат пас аз дохил шудан ба ҳайъати давлати ҳахоманишӣ ошноӣ пайдо карданд. Ёфт шудани навиш-таҷоти оромӣ дар ҳудуди собиқ сатрапиҳои шарқии давлати ҳахоманишӣ (Таксил, Пули Дарунта ва Қандаҳор) бар он шаҳодат медиҳанд, ки ҳанӯз дар аҳди ҳахоманишиҳо забон ва хатти оромӣ ба музофотҳои саргаҳи ҳинд ва Осиёи Миёна нуфуз карда, дар расмияти идораҳои давлатии он ҷо истифода бурда мешудаанд. Дар аҳди ҳахоманишиҳо ба тадриҷ қолабҳои ба забонҳои эронӣ гардонидани истилоҳот ва муншаоти оромӣ ба вуҷуд омадаанд.

Баъдҳо аз номаҳои идоравии оромии пас аз ҳахоманишиҳо чор системаи хатти идеографӣ: портӣ, форсӣ, суғдӣ ва хоразмӣ пайдо шуданд. Ин системаҳои хат дар Осиёи Миёна ва Эрон муддати чандин аср, то давраи истилои арабҳо мавҷудияти худро нигоҳ доштанд.

Чунон ки таъйид гардида буд, дафинаи Амударё барои таҳқиқи ҳунар ва санъати Осиёи Миёна, аз ҷумла Бохтари миёнаҳои ҳазораи I пеш аз милод материали асосӣ медиҳад. Сиккаҳои давраҳои охири ин дафина мутобиқи соли 200-уми пеш аз милод буда, аксари ашёи он, бешубҳа, ба давраҳои қадимтар, яъне асри IV ва ҳатто асрҳои VI-V пеш аз милод мансубият дорад.

Дар байни ганҷҳои дафинаи Амударё як миқдор ашёи воридотӣ ҳам мавҷуд аст, аммо қисмати муҳими ин дафинаро маснуоти маҳаллӣ ташкил менамояд. Устодони ин ҷо бо санъати дарбории Эрони ҳахоманишӣ, ки намунаи барҷастаи он қасрҳои бошукӯҳи Истахр ва Шуш мебошад, шиносоӣ доштанд. Саҳнаи шикори шер, ки дар рӯйбасти заррини наём тасвир шудааст, ҳамчунин сурати шер аз таъсири анъанаи мактаби устодони нақшҳои машҳури ошурӣ, ки яке аз мавзӯъҳои дӯстдоштаи онҳо шер шикор кардани подшоҳ буд, шаҳодат медиҳад.

Санъати Бохтари Қадимро боз дигар як мактаби шоистатаре буд, ки онро бо санъати дунёи васеи тоифаҳои бодиянишин наздик менамуд. Тарзи хеле гӯёву фасеҳ, муассиру пурҷазаба, дар ҳаракати тез, ҳолат ва чарху печҳои ғайриоддӣ тасвир кардани ҳайвонот ҷиҳати хоси ин санъат аст. Нақши ин сабки тасвирро дар ашёи хизонаи Амударё ҳам метавон мушоҳида намуд. Чунончи, ҳайкалчаҳои гавазн, муҷассамаи нуқрагии буз дар вазъи ҷаҳиш, саҳнаи саворон ҳангоми шикори бузу харгӯш аз ҳамин қабиланд. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо, дар асри IV пеш аз милод бузургзодагони суғд майдонҳои шикори худро доштаанд ва, аз ин рӯ, табиист, ки саҳнаи шикор дар санъати Бохтари Қадим ин тариқа маъмул ва машҳур аст. Бинобар ин дар вақти омӯхтани санъати «сабки тасвири ҳайвонот» бояд мавқеи мактаби ҳунарии Бохтар ва дигар воҳаҳои иқоматиро ба назар гирифт.

Дар замони ҳахоманишиҳо ба тавассути ривоҷи касбу ҳунар ва муносибатҳои пулию молӣ тараққиёти босуръати шаҳрҳои Осиёи Миёна, ҳамчун марказҳои маъмурӣ ва ҳунармандӣ шурӯъ гардид. ҳаминро ҳам бояд хотирнишон кард, ки халқҳои Осиёи Миёна дар давраи ҳахоманишиҳо аввалин бор бо пули танга ошно шуданд. Намунаҳои тангаи тилло ва дигар сиккаҳои системаи пулии ҳахоманишӣ аз хоки Осиёи Миёна пайдо карда шуд. Дар замони ҳахоманишиҳо робитаҳои тиҷоратии Осиёи Миёна бо дигар кишварҳо беш аз пеш инкишоф ёфт, ки ба ин то Бохтар расидани роҳи корвонрави Эрону Бобул мусоидат менамуд. Дар ҳафриёти маҳалҳои Осиёи Миёна намунаҳои санъати Эрони ғарбӣ, Миср ва дигар мамлакатҳо ёфт шуданд. Дар байни онҳо маснуоти давраи ҳахоманишӣ низ мавҷуд аст, ки онҳоро пешаварони юнонӣ дар резишгоҳи Нил, дар шаҳри Навкратис сохтаанд.

Ғайр аз ин, халқҳои Осиёи Миёна дар аҳди ҳахоманишӣ на фақат бо маданияти эрониёни ғарбӣ, балки ҳамчунин бо тамаддуни бостонии Аллом, Бобул, Миср ва дигар кишварҳо низ шиносоӣ пайдо карданд.

ҳамин тариқа, ба ҳайъати давлати ҳахоманишӣ дохил шудани Осиёи Миёна барои тараққиёти маданият ва муассисаҳои давлатии ҳам худи ин сарзамин ва ҳам ҳамсояҳои ғарбии он аҳамияти хеле калон дошт. Он сарватҳои умумии маданӣ, ки дар он замон ба вуҷуд омада буданд, муддати чандин асрҳо давом карданд.

Давлати бузурги ҳахоманишиҳо, ҳамчун яке аз пуриқтидортарин империяҳои ҷаҳонии қадим беш аз 200 сол мавҷудияти худро нигоҳ дошт. Комёбиҳои соҳаи хоҷагӣ ва анъанаҳои сиёсӣ ва мадании он дар давраҳои баъдина, дар аҳди эллинизм ва мавҷудияти давлатҳои портҳо ва сосониён низ ҳамоно дар таърихи халқҳои Шарқ роли муҳим мебозиданд.

Маълумоти сарчашмаҳои хаттӣ ва мадракҳои бостоншиносӣ дар бораи пешрафти муҳими соҳаи қувваҳои истеҳсолкунандаи давраи ҳахоманишӣ (чунончи, паҳн шудани олоти оҳан дар кишварҳои гуногун – аз Миср то Осиёи Миёна), тараққиёти зироат, обёрӣ ва ба таври васеъ азхуд кардани заминҳои нав, равнақи касбу ҳунар, вусъати шаҳру деҳот, ривоҷи тиҷорати дохилӣ ва байналхалқӣ шаҳодат медиҳанд. Маданият ва санъати давлати ҳахоманишӣ, ки тавассути амали мутақобили фаъолонаи анъанаҳои мадании қавмҳои мухталиф ба вуҷуд омада буд, на фақат аз салтанати ҳахоманишиҳо зиёдатар умр дид, балки ба тараққиёти маданияти халқҳои гуногуни Шарқ ва Ғарб таъсири амиқе расонид. Ба ин тариқа, ваҳдати сиёсии давраи ҳахоманишии бисёр халқҳои Шарқ марҳилаи муҳими инкишофи иқтисодӣ ва мадании тамаддуни тамоми ҷаҳон гардид, ки роли қавму тоифаҳои Осиёи Миёна дар ин давра ниҳоятдараҷа бузург буд.

Барқароршавӣ ва тамоми давраи мавҷудияти давлати ҳахоманишиҳо бо авҷ гирифтани муборизаҳои синфии оммаи халқ бар зидди истисморкунандагон алоқаманд гардидааст. Давлати ҳахоманишиҳо ҳам, мисли тамоми дигар империяҳо, бо ҷангҳои истилогарона ва фурӯ нишондани шӯришҳои қавму тоифаҳои гуногуни дохили мамлакат ба вуҷуд омада, вусъат пайдо кардааст. Вале дар баробари ин, чунон ки зикр гардид, ба миён омадани иттиҳодияи чандин кишварҳо ба тараққиёти тамаддуни Шарқ ва таҳкими робитаҳои мутақобили иқтисодию мадании бисёр халқҳо мусоидат намуд.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …