АСОСӢ / Маориф / Фаъолияти рефлектории системаи асаб  

Фаъолияти рефлектории системаи асаб  

Рефлекс. Камонаки рефлекторӣ. Реаксияи ҷавобии организмро ба ангезандаҳои берунӣ ва дохилӣ, ки бо иштироки ҳатмии системаи марказии асаб ба амал меояд, рефлекс меноманд. Роҳеро, ки ба воситаи он импулсҳои асабӣ гузашта, рефлексро ба амал меоранд, камонаки рефлекторӣ меноманд. Камонаки рефлекторӣ аз панҷ қисм:

  • ретсептор;
  • торҳои марказшитоб (афферентӣ);
  • системаи марказии асаб;
  • торҳои марказгурез (эфферентӣ);
  • узви ҳаракат (мушакҳо, эффектор) иборат аст. 

 Камонаки рефлекторӣ аз ретсептор сар мешавад. Ҳар як ретсептор барангезандаҳои махсус: рўшноӣ, садо, бўй, ҳарорат ва ғайраро дорад. Ретсептор чунин барангезандаҳоро ба импулси асаб ва сигнали системаи асабӣ табдил медиҳад. Импулсҳои асаб табиати электрикӣ (барқӣ) дошта, бо пардаи шохаҳои дарози нейронҳо паҳн мешаванд. Ин импулсҳо дар инсон ва ҳайвонот якхелаанд.

siatemai-reflektorii-asab

Импулсҳои асаб аз ретсептор ба воситаи торҳои ҳискунанда хабарро ба системаи марказии асаб мерасонанд. Аз системаи марказӣ бошад, импулсҳо ба воситаи торҳои ҳаракаткунанда ба узвҳои корӣ мераванд. Ба таркиби аксари камонакҳои рефлекторӣ инчунин нейронҳои мобайниро, ки дар ҳароммағз ва мағзи сар мавҷуданд, дидан мумкин аст.

 Рефлексҳои одам гуногун мешаванд. Баъзеи онҳо хеле соддаанд. Масалан, ҳангоми сўзан халондан ё сўхтани пўст фақат кашидани даст ба амал меояд. Аз таъсири моддаҳои гуногуни кимиёвӣ рехтани ашк, ҳангоми ба ковокии бинӣ ва роҳҳои нафас дохилшавии гарду чанг ва заррачаҳои бегона сулфа ва атсазаниро мушоҳида намудан мумкин аст.

Аҳамияти баҳаяҷоноӣ ва боздорӣ дар ҳосилшавии рефлекс.

Ҷавоб гардонидан ба ангезандаҳои гуногун фаъолияти кории системаи узвҳоро ба миён меорад. Масалан, даст кашидан аз ҷисми тафсон фақат дар вақти кашишхўрии баъзе мушакҳо ва суст шудани мушакҳои дигар ба амал меояд. Дар ин вақт кори дил, нафаскашӣ ва ғайра ба таври рефлекторӣ тағйир меёбад.

Чунин фаъолияти ба ҳам мувофиқи рефлекторӣ дар системаи марказии асаб ба ду ҳолат:

  • ҳаяҷонпазирӣ, ки фаъолиятнокии нейронҳо ва пурзўр гаштани реаксияҳои рефлекториро таъмин мекунад;
  • боздорӣ, ки кори нейронҳо суст ё пурра қатъ мегардад, таъсири манфӣ мерасонад. 

Сустшавии боздорӣ боиси ҳаяҷонпазирии ниҳоят қавии системаи асаб шуда, онро заиф мегардонад. Ҳолати боздориро дар системаи марказии асаб олими рус И.М.Сеченов аввалин маротиба соли 1862 дар таҷрибаҳои худ кашф кардааст. 

Баъдтар олимони дигар ба монанди Голс, Ухтомский, Данини-Ашнер Шеррингтон боздориро дар қисмҳои канории организм ва узвҳои дарунӣ муайян кардаанд. 

Саволҳо

  1. Рефлекс чист?
  2. Камонаки рефлексӣ чист ва аз кадом қисмҳо иборат аст?
  3. Ретсепторҳо кадом вазифаро иҷро мекунанд?
  4. Баҳаяҷоноӣ ва боздорӣ чист?

Инчунин хонед инро

birja

РОМАНИ «МАН ГУНАҲГОРАМ»

«Ман гунаҳкорам» ба зиндагии зиёиёни тоҷик дар деҳот ва муносибати иҷтимоию ахлоқии онҳо бахшида шудааст. …