Лоҳути — мутарҷим
Тарҷумаи намоишномаҳои «Отелло», «Ромео ва Ҷулетта», «Шоҳ Лир»-и драматурги англис Шекспир, «Дод аз дасти ақл»-и адиби рус А.С. Грибоедов, «Чашмаи гӯсфандон»-и
драматурги испанӣ Лопе де Вега, асарҳои адибони маъруфи ҷаҳонӣ А.С. Пушкин, Т.Г. Шевченко, А.М. Горкий ба хонандаи калонсол нигаронида шудааст.
Устод Лоҳутӣ барои бачаҳо низ осори зиёд тарҷума кардааст, ки «Почта»-и С. Маршак, «Достони Олеги дилогоҳ», «Ҳикояти моҳигир ва моҳии тилло», «Парии об», «Афсонаи шоҳ Салтан»-и С. Пушкин, «Сангари хунин»-и В. Гюго, «Бузургии безавол»-и Р. Патканян намунаи онҳо мебошанд.
Устод Лоҳутӣ намоишномаҳои Шекспир — «Отелло», «Ромео ва Ҷулетта» ва «Шоҳ Лир»-ро ҳамроҳи ҳамсараш С. Бону бевосита аз забони англисӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума намудааст. Намоишномаи «Отелло» соли 1939 дар Театри драмаи тоҷик ба саҳна
гузошта шуда, соли 1941 дар Даҳаи адабиёти тоҷик дар Маскав бомуваффақият намоиш дода шуд. Агар дар тарҷумаи «Отелло» ибораҳои рехта ва панду ҳикматҳои тоҷикӣ истифода шуда бо- шад, дар тарҷумаҳои «Ромео ва Ҷулетта» ва «Шоҳ Лир» шакли аслии намоишномаҳо — шеъри сафед нигоҳ дошта шудааст.
Намоишномаи «Отелло» фоҷиаи барҷастаи ҷаҳонӣ мебошад ва аз панҷ пардаву даҳ намоиш иборат аст. Воқеаҳои пардаи аввал дар шаҳри Венетсия[1] ва пардаҳои минбаъда дар
ҷазираи Кипр[2] мегузаранд. Дар намоишнома дожи[3] Венетсия, се- натор Брабансио, генерал Отелло, муовини ӯ лейтенант Кассио, парчамбардор Яго, ашрофзода Родриго, духтари Брабансио — Дездемона, зани Яго — Эмилия ва дигарон ширкат доранд.
Сужети намоишнома дар асоси рашку ҳасад фароҳам омадааст. Генерал Отелло шахси далеру шуҷоъ, таҷрибадида ва якрӯю якзабон мебошад ва назди хосу ом обрӯю эътибор дорад. Отелло аз миллати араб ва сиёҳпӯст аст, вале хушрӯтарин ва покдомантарин духтари венетсиягӣ, ки падараш сенатор буд, ба ӯ дил медиҳад. Дездемона бе иҷозати падар ба Отелло ба шавҳар мебарояд. Отелло ҳам Дездемонаро баробари ҷон дӯст медорад.
Байрақбардор Яго ба комёбӣ ва обрӯю эътибори генерал Отелло ҳасад мебарад ва дар фикри руҳану ҷисман нест карда- ни сардораш меафтад. Яго нақшаҳои махсуси худро бо роҳи дахл кардан ба муносибатҳои оилавии Отелло ба амал баровар- дан мехоҳад. Зеро хуб медонад, ки генерали араб ба «хиёнати» маҳбубааш тоб оварда наметавонад. Пардаи аввал бо андешаҳои Яго дар бораи ба амал баровардани нақшаҳои хоинонааш ба анҷом мерасад. Хонанда аз монологи Яго ботини нопок ва хислатҳои манфури ӯро равшану возеҳ мушоҳида мекунад: «От- елло ба ман бовар дорад. Беҳтар! Бо ҳамин ман нақшаи худамро осонтар иҷро мекунам. Кассио мардаки хушрӯст… Каме баъд ба гӯши Отелло пичир-пичир сар кунем, ки гӯё Кассио бо зани вай аз андоза берун хонагӣ шудааст… Отеллоро аз бинӣ кашонда бур- дан ҳамон қадар осон аст, ки харро рондан».
Минбаъд воқеа дар соҳили ҷазираи Кипр мегузарад. Туркҳо ба ҷазираи Кипр ҳуҷум мекунанд ва генерал Отелло бо ҷанговаронаш ба он ҷо фиристода мешавад. Генерал Дездемона- ро низ бо худ оварда буд, бинобар ин, баъди хотима ёфтани ҷанг низ чанд вақт дар Кипр мемонад. Дар ҳамин ҷо Яго ба амалй кар- дани нақшаҳои нангини худ шурӯъ мекунад. Ӯ аз содагӣ ва дилсо- фии Отелло истифода карда, нахуст Кассиоро дар чашми генерал бад мекунад, ба дараҷае ки Отелло лейтенанташро «ту дигар дар хидмати ман нестӣ», — гӯён аз кор пеш мекунад. Баъд Кассиоро водор мекунад, ки муносибаташро ба Дездемона наздик карда, ба воситаи ӯ аз генерал авф пурсад. Яго, аз як тараф, мулоқоти Кассиоро ба Дездемона таъмин мекунад ва, аз тарафи дигар, ин мулоқотро ба чашми Отелло намоиш дода, дар ботини генерал нисбат ба занаш шубҳа ва нобоварӣ ба вуҷуд меорад:
Отелло: ин Кассио набуд, ки аз пеши занам рафт?
Яго: Кассио? Не, генерал. Ҳаргиз наметавонам бовар кунам, ки Кассио шуморо дида дузд барин гурезад.
Отелло: ман яқин дорам, ки ӯ буд.
Акнун барои исботи «муносибати маҳрамонаи» Дездемо- на бо Кассио ҳуҷҷат лозим буд, ки Яго онро ҳам пайдо намуд. Отелло аз модараш рӯймолчаи пурқимате ба ёдгор дошт, ки онро ба ҳамсараш — Дездемона туҳфа карда буд. Вақте ки Дездемо- на шавҳарашро парешонхотир мебинад, рӯймолчаро аз дилсӯзӣ ба сари ӯ мебандад. Вале Отелло «рӯймолчаи ту хеле хурд аст» гӯён онро аз сараш мегирад ва рӯймолча ба замин меафтад. Рӯймолчаро зани Яго — Эмилия меёбад ва бо хоҳишҳои пайдар- пайи шавҳараш онро ба ӯ медиҳад.
Яго рӯймолчаро ба хонаи Кассио мепартояд. Вақте ки От- елло барои пурра бовар кардан ба «хиёнаткориҳои» занаш аз Яго ҳуҷҷат талаб мекунад, ӯ дар дасти Кассио дидани рӯймолчаи Дездемонаро далел меорад. Ҳамчунин, имконият фароҳам ме- оварад, ки генерал рӯймолчаи ба занаш тақдимнамударо дар дасти Кассио бинад. Макру ҳила ва дасисаҳои Яго Отеллоро аз қиматтарин дороияш — муҳаббати Дездемона маҳрум сохт ва ге- нерали фотеҳро дар андак муддат ба шахси раҳгум, кӯтоҳандеш ва интиқомҷӯ табдил дод.
Отелло дар рӯзҳои аввали ба Кипр омадан Дездемонаро чу- нин истиқбол гирифта буд:
Отелло: ифтихорам, ту дар Кипр азизтарин меҳмон хоҳӣ буд… Ҷони ширинам, ман аз шодиям гапҳои бетартиб мезанам… Равем, Дездемона! Боз ҳам хуш омадӣ ба Кипр.
Генерал баъди найрангҳои Яго дар ҳаққи ҳамсаре, ки ифти- хораш мехонду цони ширинаш меномид, қабеҳтарин алфозро раво мебинад. Аз ҷумла, ба «чӣ гуноҳи номаълуме кардам?» гуфтани Дездемона ӯ чунин ҷавоб медиҳад:
Отелло: эй, зани фосиқ! Агар ман корҳоятро мегуфтам, рухсораҳоям монанди қӯра[4] мешуданд. Чӣ кардаӣ? Осмон бинии худашро мебандад, моҳ чашмашро мепӯшад; ҳатто боди бешарм, ки ҳар чизро дар роҳи худаш мебӯсад, ба чуқуртарин партгоҳ раф- та пинҳон мешавад, ки инро нашунавад. — Чӣ кардаӣ? Фоҳишаи беҳаё!
Саҳнаи қурбони макру фитна гардидани Дездемона хеле му- ассир ва ғамангез аст. Отелло ба хонаи хоби Дездемона медарояд. Аз муколамаи онҳо, аз як тараф, самимият, садоқат, табиати оро- му мусаффо ва асолати Дездемона ва, аз тарафи дигар, зудбоварӣ, кӯтоҳандешӣ ва сабукфикрии Отелло маълум мешавад.
Отелло: аз гуноҳат фикр кун.
Дездемона: гуноҳи ман дӯст доштани шумост.
Отелло: ҳазар кун аз қасами дурӯғӣ. Ту дар бистари марг ҳастӣ.
Дездемона: худатон ҳам раҳм кунед. Ман дар умрам шуморо ҳақорат надодаам. Нисбат ба Кассио ғайр аз дӯстии умумӣ, ки Худо онро иҷозат додааст, ҳеҷ эҳсоси дигар надоштам. Ҳеҷ вақт ба ӯ ҳадя надодаам…
Отелло: бимир, фоҳиша!
Дездемона: фардо кушед. Бигузоред, як шаб зинда монам!
Отелло: кор, ки шуданист, таъхир чаро?
Дездемона: танҳо барои он ки як дуо хонам.
Дездемонаи покдоман бегуноҳ кушта мешавад ва баъд маъ- лум мегардад, ки Отелло ба фитна дода шуда, хатои авфнопазире содир намудааст. Дигар зинда мондани Отелло маъно надошт. Генерал ашкрезон ба ҳозирин васият карда, худашро бо ханҷар мезанад ва:
Бӯсакунон куштамат, эй бути нозанинам,
Изн деҳ, акнун туро бӯсакунон бимирам.
— гӯён ба рӯйи мурдаи Дездемона меафтад.
Дар тарҷумаи «Отелло» хусусияти миллй ва назокати за- бони образноки тоҷикӣ моҳирона истифода шудааст. Мақолу зарбулмасалҳо, таркибҳои маҷозӣ, суханҳои пандуахлоқӣ, санъатҳои бадеии ташбеҳ, таҷнис ва муболиғаву тавсиф тарҷумаи намоишномаро ба завқу салиқаи хонандаи тоҷик мувофиқ наму- даанд. Масалан, Кассио ҳусну ҷамоли Дездемонаро чунин тав- сиф менамояд: «Отелло як духтареро гирифт, ки кӯшиши ҳамаи қаламҳои дунё ба таърифу тавсифи ӯ намерасанд». Ё худ Отелло аз ғояти хашм Кассиоро дар назар дошта мегӯяд: «Оҳ, кошки он бешараф чил ҳазор ҷон медошт! Барои сер кардани интиқоми ман як ҷонаш бисёр ночиз аст».
Ҳамин тариқ, тарҷумаҳои устод Лоҳутӣ дар баробари нигоҳ доштани хусусияти услубии матнҳои асл рӯҳи бадеии адабиёти тоҷикро низ фаро гирифтаанд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО
- Тарҷумаҳои устод Лоҳутӣ ба чанд гурӯҳ ҷудо мешаванд ?
- Адиб намоишномаҳои Шекспирро аз кадом забон тарҷума намудааст?
- Образҳои намоишномаи «Отелло»-ро номбар кунед.
- Барои чӣ Ягоро образи манфӣ меномем?
- Чаро Отелло бо ин ҳама дӯстдорӣ Дездемонаро мекушад?
- Тақдири минбаъдаи Отелло чӣ мешавад? Ин фоҷиа шуморо ба чӣ хулоса овард?
[1] Венетсия — шаҳр дар шимоли шарқии Италия.
[2] Кипр — давлатест дар қисмати ғарбии Осиё.
[3] Дож — роҳбар
[4] Қӯра — оташдоне, ки дар он маъдан мегудозанд; хумдон.