Фароштурук — парандаи маълум аст. Мизоҷи гӯшташ дар миёнаи дараҷаи севум гарм ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: гӯшташро кабоб карда бихӯранд, гиреҳҳои узвҳои баданро мекушояд, зардпарвин ва бемориҳои сипурзро шифо мебахшад; санги хичакро майда карда мерезонад. 4,5 грамм гӯшти хушки онро кӯфта бихӯранд, қуввати ҷашмро зиёда мегардонад; 7 грамм гӯшти намакини хушкашро бихӯранд, дарди гулӯро, ки сабабаш ҷамъ шудани хун дар мавзеъи ҳалқ бошад, шифо мебахшад. Агар инро сӯхта, хокистарашро бо об даромехта, бо он об ғарғара кунанд, барои дарди гулӯи мазкур даво мебошад ва ҳамаи бемориҳои гадудҳои бодомшакли ҳалқро дафъ мекунад. Агар ин хокистарро бо асал даромехта, ё сӯхтаи онро бо асал даромехта, бардавом ба ком бимоланд, низ ҳамин таъсирро дорад.
Бачаашро сӯхта, соида, бо хунаш сиришта, ба чашм бимоланд, қуввати биноии чашмро меафзояд.
Мағзи сарашро бо асал сиришта ё саргинаш ва ё хокистари онро бо асал даромехта, ба чашм кашанд, ба гавҳараки чашм фуромадани обро, ки дар ибтидо бошад, шифо мебахшад; қӯтури чашм, сурхии он ва нохунаки чашмро шифо мешавад. Ҳамчунин хуни гармогарми он ва саргинаш бағоят поккунанда мебошад, барои некуии ранги рухсор ва дафъ кардани доғи сафеди пӯст хеле давои хубест, инчунин пӯстро аз доғҳои дигар пок мегардонад. Агар бо заҳраи гов даромехта бимоланд, мӯйи сиёҳро сафед менамояд.
Чун чанд рӯз ҳар рӯз 4,5 грамм хокистари ошёни фароштурукро занҳо бихӯранд, душвории зоиданро осон мекунад. Заҳраи онро дар бинӣ чаконанд, мӯйи сар ва ришро сиёҳ мекунад. Чашмҳои онро бо равғани занбақ (савсани сафед) ё равғани савсани кӯҳӣ даромехта, ба нофи занон бимоланд, душвории зоиданро осон мегардонад.
ВИДЕО
Фароштурук дар як сол ду бор бача меоварад. Агар шиками бачаи якум баровардаи онро чок кунанд, сангреза аз он зоҳир мегардад: яке якранг ва дигаре гуногунранг. Сангрезаи якранги онро дар пӯсти гӯсола, ки дар вақти зоида шуданаш бадани он ба замин нарасида бошад, дар даст муаллақ бардошта сарашро бибурранду пӯсташро ҷудо карда бигиранд ва дар он пӯст он сангрезаро баста, дар гардан ва бозуи гирифтори иллати саръ (припадка) банданд, аз он иллат наҷот меёбад. Ва санги гуногунранги мазкурро дар ҳарири сафед печонида, бо худ нигоҳ доранд, мартабаи баланд ва бениёзиро соҳиб мегарданд.
Ба қавле чун бачаи онро бо заъфарон ва дигар ранг зардранг кунанд, ки дар вақти ранг кардан модар ва падари ӯ набинанд, барои дафъи зардии ранги бачаи худ санги зардпарвинро ба ошёнаш меоваранд. Он санг барои иллати зардпарвин дору мебошад.
Чун сари фароштуруки нар ва мода — ҳардуро бо оташ сӯхта, дар шароби мардуме, ки шароб мехӯранд, андозанд, он шароб маст намекунад.
Тайёр кардани равғани занбақ ин тавр аст. Гулҳои савсани сафедро дар зарфе, ки дар он равғани кунҷиди тоза ё равғани зайтун рехта бошанд, пур карда, ба офтоб мегузоранд. Баъд аз як ҳафта ранги гул мепарад, он гулро фишурда дафъ карда, аз гули нав пур менамоянд. Ҳамин тавр то чор-панҷ мартаба гулро иваз мекунанд. Баъд гулро фишурда дур мегардонанд — ин равғани занбақ аст. Занбақ — савсани сафедро мегӯянд.