АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ГОВ дар Канзи Шифо (Китоб)
Гов дар сурат расм

ГОВ дар Канзи Шифо (Китоб)

Мизоҷи гӯшти гов ки зиёда аз яксола гарм ва хушк аст, вале гармиаш аз гӯшти шутур камтар ва дар хушкӣ аз гӯшти буз хушктар аст. Хислатҳои шифобахши он: гӯшташ бадҳазм, ғализ ва аз хӯрдани он хуни ғафси савдовӣ ҳосил мешавад, бемориҳои савдовӣ, монанди: саратон, махав, варами сипурз, филпо, даволӣ (ғафс ва барҷаста гаштани рагҳои варидии пой), доғи сафеди пӯст, қӯтур, шукуфаи пӯст, васвос, таби дурӯздармиён ва амсоли инҳоро пайдо мекунад; инчунин бардавом бихӯранд, ба ҳамаи буғумҳои бадан зарар дорад, иллати ирқуннасоро (радикулитро) бадтар мекунад; ҳайз ва зоидани занҳоро пеш аз вақт қатъ мегардонад; иллати қӯтур ва хориши баданро ба амал меоварад; ба сабаби пайдо кардани гиреҳ ва бухори ғализи бадбӯй, ки ба дил ва майна мебарояд, бадахлокӣ меоварад. Азбаски насоро (христианҳо) ҳангоми хӯрдани гӯшти гов аз болояш май меошоманд, инак, онро ҳазм менамояд ва қувваташро низ боқӣ медорад. Вале касе, ки майхӯр нест, набояд истеъмол фармояд, бояд ки гоҳ-гоҳ давои дафъкунандаи хилти савдо истеъмол намояд, то ки баданаш аз моддаи савдои зарарнок пок шавад.

Инчунин давоҳои пешоброн нанӯшад ва, аз ошомидани шаробҳо, обҳои вазнини найзор ва обҳои истода худдорӣ намояд, чун сӯзиш ё тафсеро дар бадани худ эҳсос кунад, сирко бинӯшад ё ҳангомн пухтани гӯшти гов дар масолеҳи хӯрок сирко дохил намояд. Инашро ҳам бигӯем, ки сирко ба он ҳамроҳ гашта, барои пайдо шудани хилти савдо мадад мерасонад. Таъми гӯшти гов лазиз мебошад, барои одамони бо меҳнати ҷисмонӣ ва варзиш машғулбуда, инчунин барои одамони иллати дабба (ҷурра) дошта мувофиқ ва форам аст, бадани онҳоро фарбеҳ ва қавӣ мегардонад, сафрои рақиқро (суюқро) қатъ мекунад, вале бадбӯкунандаи хун аст. Беҳтарини он гӯшти гӯсолаи фарбеҳи хушмизоҷ аст ва аз гӯсолаи зард бошад, боз ҳам хубтар аст. Беҳтарин вақти хӯрдани гӯшти ин ҳайвон фасли баҳор аст.

Бадтарини ин гӯшти гови пир, лоғар ва дардманд аст. Чун аз гӯшти он бо сирко шӯрбо пухта бихӯранд, аз меъда ва ҷигар рехтани моддаро манъ менамояд. Равғанашро батамом ҷудо карда, баъд гӯшташро бо сирко шӯрбо пухта бихӯранд, намегузорад, ки моддаҳои сафровӣ ба меъда, ҷигар ва рӯдаҳо рехта шаванд ва дар бадан паҳн гаштани онро монеъ мешавад; зардпарвин ва равон шудани сафроро дафъ мекунад ва исҳоли сафровиро банд месозад.

Чун одамони сардмизоҷ ва меъдаашон заиф инро истеъмол карданӣ шаванд, бояд ки онро хуб муҳарро бипазанд, бо сирко ё сир, асал ва дигар шириниҳо, ки ба ғайр аз хурмо бошанд, ҳамроҳ карда бихӯранд. Аз болои гӯшти гов хардал (горчица) хӯрдан бисёр хуб аст, вале аз болои гӯшти гов оби хунук нӯшидан бадаст ва фақат баъд аз холӣ шудани шикам мумкин аст об бинӯшанд. Чун гӯшти беравғани говро бирён кунанд, он оберо, ки дар вақти бирён шудан ҷудо мешавад, гирифта, нимгарм дар гӯш чаконанд, кирми онро мекушад, агар ба сӯхтагии оташ бимоланд, намегузорад, ки обила кунад.

Зарари гӯшти говро мурч, дорчинӣ, занҷабил ва муҳарро пухтани он ислоҳ мекунад. Чун дар вақти путани он камтар пӯчоқи харбузаро дар дег андозанд, муҳарро ва лазиз мегардад. Зарари гӯшти гӯсоларо ҳаммом кардан ва риёзат ё варзиш ислоҳ мекунад. Каллаашро пухта бихӯранд, табро дафъ мекунад қуввати боҳро меафзояд. Чун пеш аз баромадани офтоб майнаи онро ба доғи пес бимоланд, онро аз пӯст пок месозад.

Сурати ГовМизоҷи шохаш дар дараҷаи дувум сард ва дар севум хушк аст. Чун шохи гови нарро хушк карда, бо сӯҳон тароша намуда, хусусан аз нӯгҳои он ба миқдори 4,5 грамм бо оби сард биёшоманд, хуни биниро манъ мекунад. Устухони биниаш ва шохи сӯхтаи он барои таскини дард ва ҷило додани дандонҳо фоидабахш аст. Агар 9 грамми онро бо асал бихӯранд, кирмҳои кадудонаро аз шикам дафъ менамояд. Чун ҳар рӯз 2 грамм аз шохи сӯхтаи он бо сиканҷабин (сиркоасал) биёшоманд, инак бо ин мудовамат намоянд, варами бузурги сипурзро таҳлил медиҳад, қуввати боҳро бармеангезад. Агар сӯхтаи инро ба решҳои хӯранда бипошанд, намегузорад, ки онҳо зиёд гарданд.

Шохи барзаговро бисӯзанд, ҷонварони газанда ва заҳрнок аз он ҷо мегурезанд. Агар аз шохи чапи он ангӯштарин сохта, ба ангӯшти дасти чап бигузоранд, иллати саръ (припадка) ва саръи тифлонро нафъ дорад. Мизоҷи заҳраи он қариб дар дараҷаи чорум гарм ва хушк аст. Хушки онро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, гули чашмро пок мегардонад. Заҳраи барзаговрю бо асал сиришта, чанд бор лесида бихӯранд, дарди гулӯ, хориши бадан ва нории форсӣ ном реши бадфиолро шифо мебахшад. Заҳраи навашро бо камтар асал даромехта, дар гӯш чаконанд, дарди онро таскин медиҳад ва омадани римро аз он қатъ мекунад. Аммо заҳраи онро бе асал истеъмол кардан дуруст нест.

Заҳраи онро бимоланд, ҳамаи захмҳои баданро шифо мебахшад, ба мақъад бимоланд, захмҳои онро дафъ мекунад. Инчунин онро бо шири занон даромехта, дар гӯш бичаконанд, рими равонро аз он қатъ мегардонад, агар бо оби гандано бичаконанд, ҷаранги гӯшро дафъ месозад, инчунин ҳамаи садоҳои дар даруни гӯш шунидашавандаро нест мекунад. Заҳраи барзаговро бо асал даромехта, бо он ғаргара кунанд ё онро ба марҳамҳо дохил намуда гузошта банданд, реши мӯҳликеро, ки ҷамра (карбункул) ном дорад, шифо мебахшад ва намегузорад, ки вай бикафад.

Чун худашро танҳо ба ҷойи газидаи ҷонварони заҳрнок бимоланд, дардашро таскин медиҳад ва зарарашро дафъ мекунад. Баъзе одамон миқдори ним грамми онро ҳангоми заҳролуд шуданашон бо шилми мисвок ва асал меошоманд. Онро бо асал даромехта бимоланд, захмҳои ҳабисаро (радии бадфиолро) шифо мебахшад, дардашро ҳам таскин медиҳад; инчунин захм ва дарди фарҷ, закар ва пӯсти хояҳоро дафъ меқунад ва варами он узвҳоро таҳлил медиҳад.

Агар заҳраи барзаговро бо натрун (танакори сурх) ва кӯфтаи булӯри бӯр хамир карда, ба доғи пес, қӯтури тар, сабӯсаки сар, доғи кунҷидак ва доғҳои дигари пӯст гузошта банданд, ҳамаашро дафъ мекунад — сиҳат мебахшад. Заҳраи барзаговро бо қивоми ҷадвор даромехта, пахта ва ё латтаи покизаро ба он олонда, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи бастаро равон мекунад ва бачадонро аз моддаҳои бегона пок мегардонад.

Заҳраи барзаговро дар аввали баҳор ба танаи дарахти мевагӣ бимоланд, самари онро кирм намехӯрад ва ба он кирм намеафтад. Мизоҷи хуни барзагов бисёр гарм ва хушк аст. Агар инро бо орди ҷав хамир карда, ба варамҳои сахт гузошта банданд, онҳоро ба ислоҳ меоварад. Ва агар хуни онро бо хуни ҳайз даромехта бимоланд, дарди ниқрис (подаграро), инчунин дарди буғумҳоро таскин медиҳад. Хуни барзаговро ҳангоми гулӯ буридан дарҳол 6 грамм бихӯранд, гулӯро хафа карда мекушад.

Пешоби барзаговро бимоланд, доғи кунҷидакро аз рухсора дафъ менамояд ва агар инро бо сирко даромехта, ба дандон бимоланд ё бо он даҳанро чайқонанд, дарди дандонро таскин едиҳад. Пешоби барзаговро бо испанд якҷо биҷӯшонанд ва баъд бо он моеи ҳосилшуда узви карахтро бишӯянд, ба ҳис меоварад — шифо мебахшад.

Чун тухми арпабодиёнро як шабонарӯз дар пешоби гӯсола тар карда, баъд бароварда хушконида, маҳин бикӯбанду ҳар рӯз мувофиқи бардошти табъ тановул намоянд, истисқо (водянкаро) шифо мебахшад. Закари хушккардаи гӯсоларо кӯфта ё бо сӯҳон тароша карда бихӯранд, боҳро қавӣ мегардонад ва олати мардиро ба харакат меоварад. Хояи барзаговро хушконида, баъд бо сӯҳон тароша кардаи он ва ё равғани онро бихӯранд, барои сурфа, сустӣ ва захмҳои касабаи шуш, захмҳои меъда ва сустии он, инчунин барои сӯзиши пешоб (сӯзок) давои аҷоибест. Равғани барзаговро ба ханозер, реш ва чароҳатҳо бимоланд, фоида дорад.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …