Говзабон — ин гиёҳро дар як қатор маҳалҳо тоҷикон забони говак низ меноманд. Растании мазкур ҳамаи қисмаш пашмаки дурушти хормонанд дорад. Баргаш калон ва дароз, монанди забони гов шахшӯл бо пашмакҳои дағали хормонанд, ки бар рӯйи замин густарда мебошад. Гиёҳи баҳориаш агар баргаш нав бошад, сабзи ба зардӣ моил, вале дерина гардад, рангаш моил ба сиёҳӣ мезанад. Гулаш лоҷвардӣ, дарозак. Тухмаш резаи тӯлонӣ, сафед, аз тухми маҳсар бориктар, дар ғилофи қифмонанде ҷойгир аст.
Мизоҷи тару тозаи он дар дараҷаи якум гарм ва тар аст, вале агар хушк кунанд, рутубаташ коҳида, мизоҷаш моил ба хушкӣ мегардад. Қувваташ то ҳафт сол боқӣ мемонад.
Хислатҳои шифобахши говзабон. Хусусиятҳои умумии ин: фараҳовар, арвоҳ, яъне рӯҳҳои нафсонӣ, ки манбааш майна аст, рӯҳи ҳайвонӣ, ки манбааш дил аст ва рӯҳи табииро, ки марказаш ҷигар аст, ҳар сеяшро қувват мебахшад, инчунин ҳарорати модарзодии баданро қавӣ мегардонад; узвҳои раисаро, ки иборат аз дал, майна, ҷигар, меъда, гурда ва хояҳо мебошанд, пурқувват мегардонад, инчунин даҳ ҳисси одамиро мустаҳкам месозад; дарунро мулоим мекунад, _ ахлоти сӯхта, моддаи савдовии аз худи савдо баҳамрасидаро ба воситаи исҳол дафъ мекунад ва.инчунин зарарҳои ин моддаҳоро барҳам медиҳад, лнак, ҳамаи иллатҳои савдовиро ба ибро меоварад.
Агар говзабонро бо давоҳои муносиби дар об ҷӯшонидашуда якҷо биёшоманд, барои сарсом (варами пардаҳои майна ва худи майна, яъне менингит), варамҳои пардаҳои паҳлӯи даруни сина, молихулиё ва девонагӣ даво мешавад, ҳамаи ҳисҳои одамиро устувор медорад ва ранги рухсорро некӯ месозад, фараҳ мебахшад; дағалии қасабаи шуш ва узвҳои даруни сина, сурфа, зиқ-ун-нафас (астма), дарди гулӯ, дарди узвҳои даруни сина ва шуш, дилтапаки (дилбозии) тарс, хавф, ғам, захм, дилтапак — ҳамаашро дафъ менамояд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад.
Ҳар як қисми говзабонро бо обе, ки дар он гулихайрӣ ҷӯшонида шуда бошад, биёшоманд, варами пардаҳои майна ва худи майна, варами пардаҳои паҳлӯи даруни сина, молихулиё (меланхолия) ва девонагиро дафъ мекунад: ҳамаи ҳисҳои бадан ва ранги рухсорро неку мегардонад; фараҳ меоварад; шахшӯлии қасабаи шуш (бронхия), узвҳои даруни сина, сурфа, зиқ-ун-нафас, дарди гулӯ, дарди узвҳои даруни сина ва шуш, дилтапаки савдовӣ, ваҳшигӣ, васвос, хавф, тарс, ғам, захм ва зардпарвинро шифо мебахшад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад.
Говзабонро дар об ҷӯшонида, он обро бо набот, шакар ё бо асал ширин карда бинӯшанд, дағалии узвҳои даруни сина ва қасабаи шуш, сурфа ва зиқ-ун- нафасро шифо мебахшад.
7 грамм гули хушки говзабонро бо 3,5 грамм гили арманӣ, 7 грамм шакар даромехта бихӯранд, дилтапак (дилбозӣ), дағалии узвҳои даруни сина ва сурфаро шифо мебахшад, ҳарорати табиии (модарзодии) бадан ва ҳамаи қувватҳоро барқарор мекунад, зардпарвинро шифо мебахшад; санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, ранги рӯйро соф месозад.
Говзабонро сӯхта, дар даҳан бипошанд, яъне ба даруни даҳан бипошанд, пухтани (ҷӯшиши) даҳани тифлонро сиҳат мебахшад, инчунин сӯзиши даҳанро дафъ мекунад, рафтани хунро аз милки дандон манъ менамояд.
Хӯрдан ва ошомидани говзабон ба сипурз зарар дорад — давои ислоҳи зарараш сандали сафед хӯрдан аст.
Миқдори як бор хӯрдан аз гиёҳи хушки говзабон дар як рӯз аз 7 то 17,5 грамм аст. Агар дар об ҷӯшонида ё тар карда, он обро нӯшиданӣ бошанд, аз 17,5 то 35 грамми онро дар об андозанд. Аз оби фишурдаи говзабони тару тоза то 100 грамм нӯшидан равост.
Ба ҷойи говзабон абрешими хоми сӯхтаро истеъмол намоянд, ҷойиз мебошад. Чун аз оби говзабони тар, оби себ ва оби мавизи ангур шароб тартиб дода, 9 грамм аз он бинӯшанд, назар ба 300 грамм шароб қавитар фараҳ мебахшад, вале ин монанди шароб ақлро беҷо намекунад.