Гулихайрӣ (русс. Гибискус) — Ин растанӣ ба ҳама маълум аст, ки даштӣ мебошад ва дар боғҳо низ месабзонанд. Гулаш сафед, сурх ва ба рангҳои гуногуни мураккаб аз ду ранг аст, ҳатто бунафши сиёҳтоб ҳам дорад. Беҳтарини ҳамаи ин қисми сафед ва баъд аз он навъи сурх пуштии он аст. Барги ин кулча барин гирдак ва калон-калон аст. Тухмаш дар ғилофе монанди тугмаи палтои мардон аст ва дар даруни он тухмҳои сиёҳи паҳни мудаввар дар доира қатор ҷой гирифтаанд. Қадди ин гиёҳ дар заминҳои хокаш пурзӯр ва ҳавояш гарм то чор метр мехезад. Гулихайрӣ дар ҳамаи заминҳои хокаш шӯра надошта бошад, рӯйида метавонад.
Мизоҷи инро табиби асри якуми милод Ҷолинус сард ва тар донистаст, вале Абӯалӣ ибни Сино гарми мӯътадил гуфтааст. Ҳаққаш он аст, ки мизоҷи ин бештар ба сардӣ моил аст.
Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумии он: варамҳоро таҳлил медиҳад, яъне мегардонад. Реш ва пучакҳои гуногунро мепазонад ва ба зудӣ мекафонад, моддаҳои бегонаро аз ҳаракат манъ мекунад ва намегузорад, ки онҳо аз ҷоҳои дигари бадан ба узве бифуроянд ва рехта шаванд ва гулихайрӣ мулоим ва нармкунандаи ҷоҳои сахти бадан аст. Агарчи давоии гули он заифтар аз тухм, поя ва барги он бошад, вале бо ин ҳама таъсири хубе дорад.
Барги тарашро кӯфта ба сар гузошта банданд, варамҳои раддии майна ва пардаҳои онро, ки дар тибби ҳозира менингит меноманд, шифо мебахшад, инчунин агар гузошта банданд, варамҳои бехи гӯшро таҳлил медиҳад; барои бардамида шудан ва боднок гаштани пилкҳои чашм давои хубе мебошад. Инро кӯфта, ба захмҳо гузошта банданд, даҳани онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мекунад; ба варамҳои гуногун гузошта банданд, зуд дардашро таскин медиҳад ва худи варамҳоро мегардонад-таҳлил медиҳад; барои ханозер низ, ки аз он гулӯи одамӣ варам карда, монанди гардани хук ғафс мешавад, шифо мебахшад; пучак, чиртак ва ҳамчунин решҳои римкунандаро зуд мепазонад ва мекафонад; варамҳои пистон ва мақъадро зуд таҳлил медиҳад ва чароҳатҳоро ба зудӣ сиҳат мегардонад. Агар ягон узв шикаста бошад, ба он кӯфта гузошта банданд, устухони шикастаи онро ба ҳамдигар пайваст мекунад; ирқуннасо, ки ҳоло онро радикулит меноманд ва дарди буғумҳоро, ки ҳама аз гармӣ бошанд, шифо мебахшад. Баргашро кӯфта, бо равганҳо хамир карда, ба варамҳои пардаҳои даруни сина ва ба варамҳои шуш аз рӯ гузошта банданд, барои ҳамаи инҳо дармони писандида мебошад, варамҳои мазкурро шифо мебахшад. Барги инро аввал дар об ҷӯшонида пухта, баъд бо равгани маска ё равғани зард ва ё бо равғани ҷонвари дигар хамир карда, ба варамҳои гарм гузошта банданд, зуд онҳоро мепазонад ва кафонида римашонро берун меоварад ва баъди хориҷ гаштани рим гӯшти ҳароми онҳоро дур намуда, ба ҷояш гӯшти солим пайдо мекунаду сиҳат мебахшад.
Агар ин растаниро дар об ҷӯшонида, он обро ба сар бирезанд ё сарро бо он об бишӯянд, мӯйи сарро абрешим барин мулоим мекунад. Ва агар дар ин об то ноф даромада нишинанд, варами мақъадро таҳлил медиҳад, даҳани бачадонро, ки баста гашта, аз ин боис занон нозо шуда бошанд, мекушояд ва зоянда мегардонад.
Тухми хушкашро кӯфта, бехта, бо оби нимгарм биёшоманд, сангҳои гурдаро ҳар навъ, ки бошанд, майда карда мерезонад. Тухми онро кӯфта, дар об тар кунанд, моддаи шилмак ҳосил мешавад, ки инро луоби тухми гулихайрй меноманд. Луоби хоми онро бо шакар даромехта, нимгарм сохта бихӯранд, сурфаи гарм ва иллати хун қай карданро дафъ мекунад. Тухми инро кӯфта, бо сирко хамир карда, дар офтоб нишаста, ба доғи сафеди пӯст гузошта банданд, он доғро рафъ месозад; инро бо равғани зайтун ва сирко хамир карда, гузошта банданд, газанди ҷонварони заҳрнокро дафъ мекунад.
Як микдор аз тухми гулихайрӣ ва бо ду микдори он хурмо ҳардуро якҷо кӯфта, бо сирко хамир карда, ба варамҳои гуногун гузошта банданд, зуд онҳоро таҳлил медиҳад. Агар ин тухмашро бихоянд, ташнагиро мешиканад. Инро дар об ҷӯшонида, ба суми асп, агар он коста бошад, бимоланд, онро рӯёнида пурра месозад. Тухми гулихайрӣ ва шилми бодом ҳардуро баробарвазн гирифта, дар об ҷӯш дода, дасту поҳоро бо он пайдарҳам бишӯянд, барои кафидан ва пӯст партофани кафи дасту поҳо давои хеле хубе мебошад.
Пӯсти решаи он бисёр қавӣ аст. 10,5 грамм решаашро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, исҳолро мебандад ва иллати қулинҷ (колит)-ро шифо мебахшад, гиреҳҳои рӯдаҳоро мекушояд, захми рӯдаҳоро шифо мебахшад; исҳолро, ки аз бисёр ҷамъ шудани хилти сафро бошад, сӯзиши пешоб(сӯзок), сӯзиш ва варами рӯдаҳо , инчунин шадидтарин рафтани дарун ҳамаашро дафъ мекунад. Агар тухмашро низ кӯфта, бардавом бихӯранд, барои бемориҳои номбаршуда дору мешавад: ва агар бо шароб даромехта биёшоманд, банд шудан ва ба душворӣ омадани пешобро ислоҳ мекунад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад, моддаҳои хомро аз хичак берун меронад, барои иллати ирқуннасо дармон мешавад, мушакҳои кафида ва таркидаро сиҳат мекунад. Тухмаш ё пӯсти решаашро дар об ҷӯшонида, ба он об сирко ҳамроҳ карда, бо ин таркиб даҳанро чайқонанд, дарди дандонро, ки аз гармӣ бошад, таскин медиҳад. Решаашро кӯфта, дар латта баста, дар об андозанду шаб дар зери осмон нӣгоҳ доравд, чандон ки монанди ҷурғот ғафс гардад, баьд онро бимоланд, варами пилкҳои чашмро тахдил медиҳад. Агар инро бихӯранд, сурфаи гарм ва хун қай карданро шифо мебахшад. Агар инро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, низ ҳамин гуна таъсирро дорад.
Агар дар об ҷӯшонида, дар он об даромада бихобанд ё бишинанд, пайвандҳои шахшударо мулоим мекунад ва узвҳои дигари сахтгаштаро чун аслӣ сиҳат мегардонад. Агар бо он об сарро бишӯянд, тарқидани мӯйи сарро ба ибро меоварад. Решаи хушки онро кӯфта, ордаки онро бо орди боқило даромехта, бо равғани хук сиришта, бар буғумҳои бадан гузошта банданд, шах шудан ва варамҳои сахти он ҷоҳоро ислоҳ мекунад. Агар инро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм ҳуқна кунанд, бемориҳои номбурдаи рӯдаҳо ва ғайри рӯдаҳоро дафъ мекунад. Агар ин оби ҷӯшонидашудаи онро ба ҷойи газидаи занбӯри асал бимоланд, газанди онро дур месозад ва агар бо асал сиришта бимоланд, зарари ҷонварони заҳрнок газидаро дафъ менамояд. Агар инро маҳин кӯфта, бо равғани мурғобӣ сиришта, занҳо аз таг бардоранд, варами бачадонро таҳлил медиҳад ва даҳани он банд шуда бошад, мекушояд ва барои қабул кардани нутфаи мард бачадонро тайёр мекунад. Ин борҳо дар амали муаллиф низ озмуда шудааст.
Вале истеъмоли гулихайрӣ барои меъда як андоза зарарнок аст. Барои ислоҳи ин зиёнаш оби зирк, асал ва арпабодиён хӯрдан даркор аст. Ба қавли баъзеҳо, ба шуш ҳам зарар дорад, дар ин ҳолат асал бояд бихӯранд, то ки зиёнаш ислоҳ гардад.
Миқдори як бор хӯрдан аз барг, реша, гул ва тухми он дар як рӯз 4,5 грамм аст, вале агар дар об ҷӯш дода, он обро нӯшиданӣ бошанд, бояд дар як рӯз аз он об 100 грамм бинӯшанд.
Ба ҷойи гулихайрӣ растании тугмачагулро истифода кунанд, раво мебошад.
Шилми гулихайрӣ, ки ҳангоми гармии ҳаво аз танаш мегиранд, зард ва сурхранг мебошад. Ин барои шикастани шиддати ташнагӣ, дар вақтҳои исҳол ва ҳангоми зарда қай кардан бихӯранд, шифо мебахшад.