Гулисурх

Гулисурх

  1. Беҳтарин гулисурх барои атр гиркфтан гулбаргҳои калон-калон, рангин, бисёр хушбӯй, бо таъми талхи андак ширинидори он аст, ки ин гулисурхи қадими тоҷикӣ мебошад. Вале барои давогӣ гулчаи пурра ношукуфтаи он беҳтар аст, зеро ки куввати қабзият дар он зиёда аст.

гули сурх

Мизоҷаш мураккаб-ул-қувват аст. Як қисм табибон мизоҷи онро дар дараҷаи якум сард ва дар дувум хушк, вале аксари табибон мизоҷи инро гарм ва тар гуфтаанд; баъзеҳо дар гармиву сардӣ мӯътадил донистаанд. Агар онро хушк кунанд, қабзияташ, яъне гирандагиаш зиёда, вале талхиаш камтар мегардад.

  Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумиаш: зиёдакунандаи кувватҳои бадан ва арвоҳ, фараҳбахш, рақиқ, (суюқгардонандаи) моддаҳои ғафсгашта ва муҳайёкунандаи онҳо барои дафъ шудан, поккунандаи узвҳои бадан аз моддаҳои нодаркор ва зиёдатӣ, исҳоловар, таскиндиҳандаи сафро ва балғами рақиқ, қабзиятовар, хусусан хушки он, куввати қабзиятнокӣ дар ғунчаи хушки он боз ҳам зиёдтар аст.

  Чун 70 грамм гулбарги онро кӯфта бихӯранд, исҳол меоварад.

  Оби гулбарги онро дар бинӣ, гӯш ва чашм чаконанд, дарди сар, дарди чашм ва дарди гӯшро, ки ҳама аз гармӣ бошанд, таскин медиҳад. Агар хушки онро дар об ҷӯшонида, он обро ба чашм чаконанд, ғафсӣ ва дағалии пилкҳоро ба ислоҳ меоварад.

  Гулбаргҳои тару тозаи онро кӯфта гузошта банданд, дарди сарро шифо мебахшад. Инро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дандон ва милки онро мустаҳкам мекунад. Инчунин ин гулбаргҳоро ба дандонҳо бимоланд, низ дандон ва милки онро мустаҳкам мегардонад. Хушки онро кӯфта бипошанд, ҷӯшиши (пухтани) даҳанро шифо мебахшад, инчунин инро бо наск дар об якҷо ҷӯшонида, он обро бо кофур даромехта, дар даҳан гардонанд, ҷӯшиши даҳанро бартараф менамояд.

  Гулисурхро бибӯянд, дил ва майнаро кувват мебахшад, вале дар одамони майнаашон заиф атса меоварад, ба зуком ва назла гирифтор мекунад ва ҳатто ба саромос мубтало месозад, вале дар баъзе одамон баръакс, ба ин иллатҳо шифо мебахшад. Ҳангоми ба гарммизоҷон зарар карданаш, кофур истеъмол фармоянд, зиёнаш ислоҳ мегардад.

  Чун гулбаргҳои онро бихӯранд, дил, шуш, меъда, ҷигар, гурда, рӯдаҳо, хичак, бачадон ва мақъадро қавӣ мегардонад, хун қай карданро манъ месозад. Агар оби онро бинӯшанд, дилтапак (дилбозӣ)-ро, ки сабабаш гармӣ бошад, иллати беҳушшавӣ, инчунин сустии дилро дафъ мекунад ва ба ҳамаи узвҳои дар боло зикрёфта қувват мебахшад, исҳолҳоеро, ки аз гармӣ бошанд, манъ мекунад, ҳусусан ғунчаи тунҷи он дар ин амал қавӣ мебошад. Ба қавле, 35 грамм ғунчаи тару тозаи он барои даҳ бегоҳ кифоя аст.

  Гулбаргҳои онро кӯфта гузошта банданд, варамҳои пардаҳои шикамро таҳлил медиҳад, рутубатҳои зиёдатии меьдаро хушк мекунад ва худи меъдаро қувват мебахшад.

  Гулбаргҳои тару тозаи онро кӯфта гузошта банданд, варами мақъадро таҳлил медиҳад. Агар ин гулбаргҳояшро дар об ҷӯшонида, бо он об нимгарм хуқна (клизма) кунанд, захмҳои сатҳи даруни рӯдаҳоро шифо мебахшад.

  Агар хушки онро кӯфта, занҳо дар андоми шарми худ бипошанд, обравии бачадонро ислоҳ мекунад ва бадбӯйии онро низ дафъ гардонида, баъд онро хушбӯй мегардонад, инчунин ин узви онҳоро танг месозад.10,5 грамм аз кӯфтаи ин бихӯранд, тафси таби дурӯздармиёнгирандаро таскин медиҳад.

  Хушки онро кӯфта бипошанд, ҷӯшишҳои гуногунро дафъ мекунад, захмҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад, инчунин пухтани даҳанро ба ибро меоварад, захми обиларо бартараф мекунад ва донаҳои обиларо (нағзак)-ро хушк менамояд.

  Гулбаргҳои онро кӯфта гузошта банданд, озахҳоро хушк карда меафтонад ва харошида шудани пӯстро шифо мебахшад, ба решҳои чуқур гӯшти тоза мерӯёнад, варамҳои гармро таҳлил медиҳад ва узвҳои шикастаро ба ҳам мепайвандад.

  Агар инро дар ҳаммом ба ҷойи матлуб бимоланд, бадбӯйии арақро дафъ мекунад.

  Тару тозаи онро кӯфта гузошта банданд, тир ва хори даромадаро аз бадан берун мекашад; сабӯсаки сарро дафъ месозад; агар ба зери бағал ва каши рон гузошта банданд, бадбӯйии ин ҷоҳоро нест мегардонад, инчунин захм ва реши ин узвҳоро сиҳат мебахшад. Низ гулбаргҳои онро хушк карда, бо барги мӯрди хушккарда якҷо кӯфта бипошанд, арақ карданро манъ меиамояд.

  Вале хӯрдани гулбаргҳои гулисурх боҳро зарар дорад, ташнагӣ меоварад. Давои ин зарарҳояш арпабодиён хӯрдан аст.

  Миқдори як бор хӯрдан аз гулбаргҳои тару тозаи он дар як рӯз то 35 грамм, аз хушки он то 14 грамм ва аз оби он то 28 грамм аст.

  Ба ҷойи ин баробари вазнаш бунафша ва чоряки вазни ин райҳони гӯши мушро истеъмол намоянд, раво мебошад.

  1. Усораи гулбарги тару тозаи он, яъне оби гулбаргҳои онро дар офтоб хушк карда биёшоманд, ғафсии пилкхои чашм, хун қай кардан, рутубат ва тарии барзиёди меъдаро нафъ дорад. Қабзият ва хушкии мизоҷи он аз ғунча, гул ва баргаш зиёдтар аст.
  2. Мизоҷи донаҳои реза, ки дар миёни гули он дар сари торҳои борике мебошанд — инро ба тоҷикӣ заррагул меноманд, дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.

  Хислатҳои шифобахши он: ҳафт грамми онро бо об биёшоманд, хун қай кардан, хунравиҳои гуногун ва исҳоли ноилоҷро хусусан, ки бо косабаргҳои гул якҷо соида бихӯранд, шифо мебахшад.

  Агар ин заррагулҳоро занҳо аз таг бардоранд, бачадонро қувват мебахшад, обравии онро дафъ мекунад ва андоми шармро танг мегардонад.

  Самари гулисурх, яъне тухми он чун тугма мебошад ва хислатҳои тиббиаш монанди тухми гулисурхи саҳроӣ ва мисли заррагулаш мебошад.

  1. Мизоҷи равғани гулисурх мураккаб-ул-қувват аст.

  Тариқи тайёр кардани равғани гулисурх чунин аст.

Шишаро то нима равғани нави кунҷид ё равғани зайтуни нав бирезанд. Он равғанро аз гулбаргҳои гулисурх пур кунанду ба офтоб гузоранд. Чанд рӯз дар офтоб истода ранги гул табдил ёбад, яъне ба равған гузарад, фишурда, гулро партоянду гули нав андозанд. Ҳамин тариқ то ҳафт маротиба гулро иваз намоянд ва охиронро ҳам фишурда партоянд — ин равғани монда равғани гулисурх ҳисоб меёбад. Ё ки баробари вазни равған он гулбаргҳои тарро ба яке аз он ду равған даромехта, дар оташи мулоим биҷӯшонанд, то он ки оби гул парида, равған боқӣ монад — инро равғани пухтаи гулисурх меноманд ва авваларо равғани хоми гулисурх мегӯянд.

  Хислатҳои шифобахши он: ин равғанро батанҳоӣ ё бо сирко ва гулоб даромехта кам-кам ва бардавом  басар бирезанд, дарди сарро шифо мебахшад, майнаро қавӣ мегардонад, бехобиро дафъ мекунад, инчунин варамҳои пардаҳои мағзи сар ва варами худи майнаро таҳлил медиҳад. Низ ин равғанро бо сирко даромехта ба сар бимоланд, чунин фоидаро дорад.

  Ин равғанро бо сирко ва гулоб дар шиша рехта, ҳар замон ҷунбонида, аз даҳани он бибӯянд, дарди сарро таскин медиҳад, бухорҳои дар майна ҷамъшударо пароканда месозад ва барои варамҳои пардаи мағзи сар ва даруни майна мувофиқаст.

  Равғани мазкурро нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди инро таскин медиҳад, дарди сарро ҳам сокин мекунад ва хушкии ҳардуи ин узвро дафъ менамоад. Агар онро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро дафъ мекунад ва ҷӯшиши даҳанро, ки сабабаш хӯрдан ё нӯшидани чизҳо бошад, шифо мебахшад.

  Агар инро бихӯранд, моддаҳои часпаки зарарнокро бо исҳол аз узвҳои ботинӣ дафъ мекунад, исҳоли сафровиро мебандад, тафси меъдаро сокин менамоад; захми рӯдаҳо ва харошида шудани сатҳи даруни онҳо ва дарди рӯдаҳоро шифо мебахшад; узвҳои баданро қавӣ мегардонад, дардҳои гуногунро таскин медиҳад, исҳолро мебандад. Инчунин аз рӯ бимоланд ҳам, ҳамин навъ асар дорад.

  Агар бо ин равған ҳуқна кунанд, захми рӯдаҳо, харошида шудани сатҳи даруни онҳо ва дарди рӯдаҳоро, ки аз зарари чизҳои хӯрдашуда бошад, шифо мебахшад. Инро кам-кам ва бардавом бирезанд, исҳоли сафровиро мебандад ва моддаи часпакро бо исҳол дафъ мекунад.

  Молидани ин равған ба решҳои чуқур гӯшт мерӯёнад, рутубатҳои захмҳо ва ҷароҳатҳоро хушк мекунад, моддаҳои раддӣ ва бадфиолро аз онҳо дафъ мегардонад, захми обиларо шифо мебахшад. Агар инро бо сафедаи тухми мург даромехта бимоланд, сӯхтагии оташ, захмҳои аз оҳак хӯрдагӣ пайдошударо шифо мебахшад; варами чашмро тахдил медиҳад. Агар бо сирко сиришта бимоланд, барои ҳамаи захмҳо ва ҷӯшишҳои пӯст, ки аз гармӣ бошанд, дору мешавад.

  Равғани гулисурхро бихӯранд, зарари оҳак, зарних ва зарориҳ (шпанские мушки) хӯрдагонро дафъ мекунад. Ин равғанро бо сирко ва оби мӯрд даромехта биёшоманд, арақ карданро манъ мекунад.

  Микдори як бор хӯрдан аз равғани гулисурх дар як рӯз 25 грамм аст. Ба ҷойи ин баробари вазнаш равғани бед ва ним вазни он равғани бунафшаро истеъмол намоянд, равост.

  1. Гулоб. Инро ба воситаи гулбаргҳои гулисурхро дар асбоби анбиқ муқаттар кардан ҳосил менамоянд, ки ин гулоб, яъне оби гулисурх аст.

  Мизоҷи гулоб мураккаб-ул-қувват аст. Баъзе табибон сардӣ ва хушкии мизоҷи онро зиёда донистаанд.

  Хислатҳои шифобахши он: гулобро нимгарм бинӯшанд, бемориҳои аз назла пайдошуда, хун қай кардан, дағалии узвҳои даруни сина, тапидани дил (дилбозӣ), ки ҳама аз гармӣ бошанд, шифо мебахшад, баданро қавӣ мегардонад; дардҳои меъда, рӯдаҳо, ки хоҳ аз сардӣ бошанд ва хоҳ аз гармӣ, дардҳои ҷигар ва сипурзро таскин медиҳад. Агар инро бо шароб даромехта бинӯшанд, фараҳи зиёде мебахшад. Хоҳ инро бибӯянд ва ё бимоланд, дарди сар ва дарди чашмро дафъ мекунад. Агар ба даруни он қаранфули гардан андохта, баъд бибӯянд, дарди сарро, ки аз хунукӣ бошад, шифо мебахшад. Агар инро дар шиша рехта, он шишаро дафъа ба дафъа ҷунбонида, аз даҳанаш бибӯянд, майна ва ҳисҳои дохилиро қувват мебахшад, табъро чоқ мекунад, дилро қавӣ мегардонад; хумор, беҳушшавӣ ва дилтапакро барҳам медиҳад.

  Аҷибаш дар ҳамин, ки ба одамони назла доштагӣ зарар дорад, ҳатто онро ба ҳаракат меоварад, инчунин барои боҳ (пушти камар) ҳам зиёнкор аст, инчунин мӯйро зуд сафед мегардонад. Давои ин гуна зарарҳояш набот хӯрдан ё бо набот истеъмол кардан аст.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …