АСОСӢ / ГУНОГУН / Ғуломон — романи Садриддин Айнӣ

Ғуломон — романи Садриддин Айнӣ

Устод Айнӣ дар байни солҳои 1927-1930 романи «Дохунда»- ро таълиф намуд, ки охирҳои соли 1930 дар Қазон ба табъ расид. Дар таърихи адабиёти Осиёи Миёна бори аввал ба таълифи асари типи нав — роман пардохтан аз адиб ҷустуҷӯҳои зиёди эҷодиро та- лаб менамуд. Роман аз панҷ қисм ва 124 боб иборат буда, ба таъ- сиси Ҷумҳурии ҳафтуми сотсиалистии Тоҷикистон (1929) анҷом меёбад. Муҳити сиёсиву иҷтимоии қаҳрамонони «Дохунда» аз «Одина» вобаста ба вақту замон фарқ мекунад. Ёдгор мубориз аст. Гулнор низ дар фаъолиятмандӣ аз Ёдгор қафо намемонад ва ҳар ду қаҳрамон ба мақсад мерасанд.

gulom

Ҷолиби диққат аст, ки макони воқеаҳои қиссаи «Одина» ва ро- мани «Дохунда» сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон мебошад. Одина зодаи Қаротегин (водии Рашт) ва Ёдгор зодаи Кангурт (минтақаи Кӯлоб) мебошанд. Устод Айнӣ ба ин мавзеъҳо сафар накарда буд. Вале масъулияти баланди ватандорӣ ӯро водор намуд, ки айёми баррасии масоили миллӣ таваҷҷуҳи ҷомеаи шӯравиро ба зинда- гии тоҷикони кӯҳистон ҷалб намояд.

Воқеаҳои романи «Ғуломон» асосан дар Романи зодгоҳи худи нависанда — ноҳияи Ғиждувони

«Ғуломон» Бухоро мегузаранд. Аз ин рӯ, «барои ман на- виштани ин китоби арзишнок осон буд», — қайд кардааст С.Айнӣ.

«Ғуломон» аз панҷ қисм иборат буда, бори аввал ба забони тоҷикӣ соли 1935 ба табъ расидааст. Ин асари ҳаҷман бузург[1] аз манзараҳои ғуломфурӯшии ибтидои асри Х1Х сар шуда, то соли 1933 давом мекунад ва воқеаҳои таърихии зиёда аз 100-соларо дар бар мегирад. «Ғуломон»-и С.Айнӣ романи муҳташам (эпопея) ме- бошад, зеро дар он воқеа ва иштироки персонажҳо то ҳадди аъло инкишоф меёбад.

Дар «Ғуломон» образҳои бисёре амал мекунанд, вале қаҳрамони марказии асар халқ мебошад. Хатти сужети асар дар асоси амалиёти як авлоду се насл фароҳам омадааст. Дар сари насли аввал Раҳимдод ном ғулом қарор дорад, ки ӯро соҳибонаш дар 7-солагӣ Неқадам ва дар пиронсолӣ Бобоғулом ном меба- ранд. Насли дуюмро писари Раҳимдод — Эргаш ва насли сеюмро писари Эргаш — Ҳасан намояндагӣ мекунанд.

Ба насли якум ғуломон ва канизакони бис- ёре, мисли Ашӯри ҷасур, Фарҳод, Ҳошим, Очил, Зебо, Гулсум шомиланд, ки асосан дар қисми якуми роман фаъолият доранд. Дар саргаҳи ин насл Раҳимдод меистад.

Раҳимдод ҳафтсола буд, ки ӯро дастаи ғоратгарони Абдурраҳмонсардор аз Ҳирот ҳамроҳи бист нафари ди- гар ба асирӣ мегирад ва ба ӯ номи дигар — Неқадам дода, ба ғуломҷаллоби хевагӣ — Муҳаммад Каримбой мефурӯшад. Карим- бой дар саройи Пойи остонаи Бухоро Неқадамро ба 40 тангаи тилло ба Абдурраҳимбойи шофиркомӣ мефурӯшад.

Лаҳзаи ба банди дасти Неқадам пахш кардани тамғаи таф- сон ниҳоят муассир ва ҷонгудоз аст: «Набиполвон Неқадамро пуштнокӣ ба замин хобонид, ду кафи дасти ӯро бо поҳояш ба за- мин пахш кард. Қалмоқоим пойҳои ӯро пахш карда нигоҳ дошт. Пас аз он Набиполвон тамғаи тафсондаро аз думчааш бо анбӯр бардошта ба банди дасти Неқадам пахш кард.

Бача бо ҳавли ҷон чирросзанон фарёди ҷонгудозе баровард… Пас аз он нафасаш ба дарун афтод… Пас аз қадре осуда шудагӣ барин шуд… Бача аз ҳуш рафта буд…

Набиполвон тамғаи ба дасти бача часпидамондаро чунонки муҳри ба сурғучи гудохта пахш кардашударо бардоранд, бо зӯр канда гирифт. Ҷойи доғшудаи дасти бачаро Қалмоқоим намади сӯхта пахш кард.

Бо ҳамин амалиёт Неқадам ҳам ба қатори молҳои ҳеҷ гумна-
шаванда ва барҳам нахӯрандаи тамғадори бой даромад».

Неқадами хурдсол аз пагоҳ то бегоҳ хидмат мекард ва азоби ҷонгудози ғуломиро бо сабру тоқат аз сар мегузаронд.

Мувофиқи муоҳидаи сулҳе, ки соли 1868 байни аморати Бухо- ро ва давлати Русия баста шуда буд, бояд ҳамаи ғуломон ва кани- закони аморати Бухоро то соли 1880 «озод» мешуданд. Баробари дигар ғуломони Абдурраҳимбой Неқадам низ «озод» мешавад ва баъд Гулсум ном канизакро ба занӣ мегирад.

Бобоғулом баъди «озод» шудан ҳам ҳамроҳи Гулсум дар хо- наи Абдурраҳимбой кор мекунад. Вақте ки аз заъфи пирӣ дигар аз уҳдаи ягон кор баромада наметавонад, писари Абдурраҳимбой ба Гулсум чунин таъкид мекунад: «Ба Бобоғулом гӯй, ки акнун барои худ ҷойи дигаре ёбад. Мо дар ин гуна қаҳтсолӣ шумоёнро парво карда наметавонем».

Чунин муомилаи сангдилонаи бой ба ӯ таъсири бад мерасо- над ва ба бистари беморӣ меафтад. Бобоғулом дигар аз беморӣ намехезад ва дар «деҳаи Қарағоч, дар кӯчаи «Ғуломон», дар дару- ни як хоначаи пастаки похсагини тангдар» вафот мекунад.

Дар роман ҳангоми ҳукмронии ҳукумати подшоҳии рус рас- ман манъ шудани ғуломӣ, вале дар шакли дигар давом кардани он дар мисоли образи Раҳимдод (Неқадам, Бобоғулом) ва ғуломоне мисли ӯ моҳирона тасвир ёфтааст.

Насли дувуми ғуломон аз насли аввал фарқ дорад. Агар Раҳимдод беҷуръат ва камҳаракат бошад, пас писари ӯ — Эргаш ва ҳамсафонаш — ғулом Ҳайдар, Сафарғулом,

Нормурод ва дигарон дар оташи муборизаву талош барои зиндагӣ обутоб ёфтаанд. Ӯрун Наркалла аз Туркистон рӯзнома ва варақаҳои инқилобӣ оварда, дар байни чӯпонону ҳезумкашон ва умуман аҳолии камбағал паҳн мекунад.

Эргаш ба тамоми ҷамъомадҳое, ки дар хонаи хӯҷаинаш воқеъ мегарданд, аҳамият медиҳад, маълумот мегирад ва он суханҳоро ба Сафарғулом ва дигар ҳаммаслаконаш мерасонад. Як рӯз дар вақти ҳезумкашӣ гурӯҳи деҳқонон ба дасти навкарони амир асир меафтанд. Агар навкарони амир фардо дар рӯзи равшан аз фаъо- лияти инқилобии дастгиршудагон воқиф мегардиданд, ҷазои сахт насиби онҳо мешуд. Эргаш аз торикии шаб истифода карда, на танҳо худ аз ҳабс мегурезад, инчунин рӯзномаю баённомаҳои дар байни ҳезумҳо русткардаро ҳам гирифта бо худ мебарад.

Эргаш, Сафарғулом ва дигар намояндагони насли дувуми ғуломон зиёнкориву кинаҳои ниҳонии Қутбия, Ҳамдамфурма ва Шошмақул барин муфтхӯрон ва бадхоҳони ҷомеаро фош меку- нанд, ба рӯди Ҷилвон об бароварда, заминҳои гирду атрофи онро шодоб мегардонанд.

Насли сеюмро набераи Бобоғулом ва

писари Эргаш — Ҳасан ва ҳамсафони ӯ —

Муҳаббат ва Фотима намояндаги мекунанд.

Ин насл дар ҷомеаи шӯрави умр ба cap меба- рад ва дар қисми охири асар — қисми панҷум фаъолият дорад. Махсусан, ишқу муҳаббати Ҳасану Фотима самимИ ва воқеИ ме- бошад. Фотима, ки ростқавл, меҳнатдӯст ва якрӯю якзабон буд, ба Қутбияи бойдухтар майл кардани Ҳасанро дида, аз ӯ меранҷад. Ҳасан ин хатои худро дарк карда аз Фотима узр мепурсад. Дар асар ин лаҳза басо ҷолиб ба тасвир омадааст. Муҳаббат Ҳасанро барои ин хатоаш коҳиш карда мегӯяд:

— Дар аввал ту дили ӯро шикасти. Дили шикаста бо узру маъ- зарати хушку холи дуруст нахоҳад шуд. Дар натиҷаи таҷрибаҳои бисёр аст, ки гуфтаанд:

«Дил, ки ранҷид аз касе, хурсанд кардан мушкил аст, Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст. Шишаи бишкастаро пайванд кардан метавон, Мурғи аз каф ҷастаро побанд кардан мушкил аст».

— Ман умедворам, ки, — гуфт Ҳасан, — ин узри ман узри хуш- ку холИ шуда намемонад. Ҳасан ва Фотима фаъолияту зиндагии падарони худро дар шароити дигари иҷтимои бо сарбаланди идо- ма медиҳанд.

Дар «Ғуломон» образҳои зиёде амал мекунанд. Образҳои манфии Қиличхалифа, Абдурраҳмонсардор, Акрамбой, Наби- полвон, Муҳаммад Каримбой, Урмонполвон, кали Султон, Шоҳназарбой, мулло Қаҳҳор, Қутбия воқеИ ва табиИ тасвир ёфта, ифодакунандаи муносибату муомилаи қувваҳои манфии ҷомеа мебошанд.

АйнИ ҳангоми тасвири образҳои манфИ аз воситаҳои гуно- гуни тасвири бадеИ ва тарзи баёни ҳаҷвИ моҳирона истифода мекунад. Масалан, дар боби VIII қисми якуми роман маросими ғуломҷаллоби хевагИ — Муҳаммад Каримбойро қабул кардани
амир Ҳайдар[2] тасвир ёфтааст. Вақте ки Муҳаммад Каримбой қоидаи дастбӯсии амирро ба ҷой оварда, аз саломхона берун ме- барояд, ӯро дарбориён иҳота мекунанд. Ин манзара чунин тас- вир ёфтааст: «Дар берун аҳли дарбор корвонбоширо монанди мӯру малах фаро гирифтанд. Инҳо монанди ҳашароти мурдорхор мехостанд аз бадани фарбеҳи чиркини корвонбошӣ, ки аз пеши амир ба обу арақ ғӯтида монанди мурдаи куҳна бӯй гирифта ба- ромада буд, порчаҳои равғанин канда гиранд». Қувваи ҳаҷвии пораи мазкурро санъатҳои бадеии ташбеҳу тавсиф ва муболиғаву киноя афзун намудаанд.

«Ғуломон» романи таърихӣ мебошад ва дар байни персонажҳои он чун амир Ҳайдар, Мулло Қаҳҳор, қушбегӣ Низомиддинхоҷа, Нуриддинхоҷа ва чандин шахсҳои таърихӣ иш- тирок мекунанд ё ном бурда мешаванд.

«Ғуломон» чун намунаи адабиёти бадеии халқҳои Осиёи Миёна дар 200-ҷилдаи китобхонаи адабиёти ҷаҳонӣ ҷой гирифтааст. С.Айнӣ бо романи «Ғуломон» як силсилаи асарҳои насрии худро, ки аз китобҳои «Одина», «Дохунда» ва «Ғуломон» иборат буд, ба анҷом мерасонад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Дар бораи аввалин романи С. Айнӣ — «Дохунда» чӣ медонед?
  2. Чаро Айнӣ дар бораи «Ғуломон» «барои ман навиштани ин китоби арзишнок осон буд» гуфтааст?
  3. Мафҳуми дар хатти сужети «Ғуломон» истифода шудани як авлоду се наслро шарҳ диҳед.
  4. Дар саргаҳи насли аввал кадом образ меистад? Насли дувум аз нас- ли аввал чӣ фарқ дорад?
  5. Чаро Фотима аз Ҳасан ранҷид?
  6. Пораи шеърии аз забони Муҳаббат баёнгардидаро азёд кунед.
  7. Дар бораи образҳои манфии асар маълумот диҳед.

Чаро «Ғуломон»-ро романи таърихӣ меноманд?

[1]   Матни куллиётии «Ғуломон» 610 саҳифа мебошад.

[2] Амир Ҳайдар чорумин амири Бухоро аз сулолаи манғития буда, солҳои 1802 — 1826 ҳукмронӣ кардааст.

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …