АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Гулқанд — ва хислати табобатии вай

Гулқанд — ва хислати табобатии вай

Гулқанд — Гулбаргҳои гулисурхи хушбӯйро бо қайчӣ маҳин реза карда, як рӯз дар хона мегузоранд, то рутубати он хушк гардад. Баъд ин резаҳои гулисурхро як вазн ва шакар ду вазн ҳамроҳ намуда, хуб мемоланд, ки ҳар ду ба ҳам омехта гарданд ё мекӯбанд. Баъд чил рӯз дар офтоб мерузоранд, инак, гулқанд тайёр мешавад.

гулканд

  Агар ба ҷойи шакар дар ин таркиб асал ҳамроҳ намуда, ба усули мазкур тайёр намоянд, онро гулангабин мегӯянд, ки гуласал аст.

  Мизоҷи гулқанд дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум тар аст, вале мизоҷи гулангабин дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст.

  Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани ҳар ду навъи он майна ва меъдаро қувват мебахшад, рутубатҳои бегонаи ин ҳар ду узвро хушк мекунад ва намегузорад, ки бухорҳои зарарнок ба мағзи сар бароянд. Хусусан аз болои таом бихӯранд, ин феълаш қавитар зоҳир мегардад. Гулангабин барои одамони сардмизоҷ, пирон ва инчунин ба касоне, ки рутубат дар майнаашон бисёр бошад, нафъи хубе дорад. Хӯрдани гулангабин барои бемориҳои фолиҷ (шал шудани нимаи бадан ба дарозӣ), дарди буғумхо, ниқрис (подагра) шифо мебахшад; сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад ва душвор шошиданро ба ислоҳ меоварад.

  Хӯрдани гулқанд барои одамони гарммизоҷ ва ҷавонон форам аст, иллатҳои васвос ва девонагиро шифо мебахшад.

  Қуввати гулангабин то чор сол ва куввати гулқанд то ду сол боқӣ мемонад.

Инчунин хонед инро

surma

Сурма ва хислати он

Маълум, ки сурмаро аз кон пайдо мекунанд. Санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонанд ва баъд …