АСОСӢ / ГУНОГУН / ҲАБИБ ЮСУФӢ — Шоири тоҷик

ҲАБИБ ЮСУФӢ — Шоири тоҷик

Ман на танҳо дил, тану ҷон ҳам фидоят мекунам,
То шавам чун қаҳрамонҳои ту ман ҳам қаҳрамон.

(Ҳ. Юсуфӣ)

habib-yusufiҲабиб Юсуфӣ дар адабиёти тоҷик чун шоири навовар ва ҷанговар маълуму машҳур аст ва зиндагии кӯтоҳ насибаш гашта, ҳамагӣ 29 сол умр дидааст. Адабиётшинос ва мутарҷими варзида Раҳим Ҳошим аз хулқу атвор ва масъулият- шиносиву донишмандии ҳамсоя ва рафиқи даврони бачагиаш Ҳ. Юсуфӣ самимона ва бомуҳаббат ёдовар мешавад: “Бисёр ҷиҳатҳои истеъдоди навшукуфтаи ин ҷавони ҳалим, хушрафтор, пурдон ва ҳушманд, бо тамоми маънои мусбати шарқиаш боодоб ва эҳтиромкорро ҳанӯз пурра дарк накарда, аз вай ҷудо шудам.” Чунин хислатҳои ҳамидаи шоири оянда, пеш аз ҳама, дар оила ташаккул ёфтааст. Шоир соли 1916 дар гузари Боғимайдони шаҳри Самарқанд дар оилаи шахси бомаърифат ва донишманд — Ҳоҷӣ Юсуф ба дунё омадааст. Модараш ҳам зани босаводи мак- табхон будааст. Ҳабиб солҳои 1925-1935 аввал дар мактаби миё- на ва баъд дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Самарқанд таҳсил меку- над. Соли 1940 Донишгоҳи давлатии Самарқандро бо баҳои аъло хатм мекунад ва ба Сталинобод ба шуъбаи тоҷикистонии Инсти- тути забон ва адабиёти Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба кор меояд. Баробари оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ шоир тамоми фаъолияташро ба ҳимояи Ватан равона кард ва дар рӯзи аввали ҷанг «Аз ҳавою обу замин» ном шеър навишта ватандоронро бар зидди душман даъват намуд:
Ватан гирифта саросар намуди ҷанговар, Биёр, шоири тоҷик, суруди ҷанговар.

Ҳабиб Юсуфй моҳи марти соли 1942 ихтиёрй ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дохил гардид ва дар Пенза Омӯзишгоҳи ҳарбиро хатм карда, бо рутбаи лейтенанти командири батареяи миномётҳо таъйин шуд. Шоири ҷанговар дар муҳофизати шаҳри Ленинград, озод кардани Соҳили Балтик ва Лаҳистон[1] иштирок дошт ва ба- рои шуҷоату мардонагӣ ба ордени Ситораи Сурх ва медали «Барои мудофиаи Ленинград» мукофотонида шуд.

Шоир дар майдони ҷанг ҳам шеър менавиштааст ва нақшаҳои эҷодии бисёр доштааст. Мутаассифона, ба Ватан баргаштан ба Ҳабиб Юсуфӣ муяссар нагардид ва ӯ 22 феврали соли 1945, ҳамагӣ чанд моҳ пеш аз анҷоми ҷанг, ҳангоми озод намудани деҳаи Веш- куви назди Варшава ба ҳалокат расид.

Шеърҳои навмашқонаи Ҳабиб Юсуфӣ аз синни 17-солагӣ ба майдон омада, нахустин намунаҳои эҷодиёташ соли 1936 ба табъ раси- даанд. «Таронаи Ватан» (1939) ягона маҷ- мӯаест, ки ҳангоми дар қайди ҳаёт будани шоир ба табъ расида- аст. Баъдҳо, «Маҷмӯаи шеърҳо» (1949, 1962), «Роҳи нотамом» (1973) ва «Сатрҳои нотамом» (1987) ном маҷмӯаи шоир дар ду китоб чоп шудаанд. Маҷмӯаи «Сатрҳои нотамом» 85 шеъри гуно- гунжанр, 77 рубоӣ, ду достон[2] ва як қатор тарҷумаҳои Ҳ. Юсуфи- ро гирд овардааст.

Шеърҳои Ҳабиб Юсуфӣ ҳанӯз пурра ҷамъоварӣ нашуда- анд. Махсусан, осори дар майдони ҷанг навиштаи шоир то ҳол маълум нест. Охирин шеъре, ки то ҳол ба дасти мо расидааст, «Лаҳзаи хурсандии ман» ном дорад ва соли 1943 ҳангоми мудо- фиаи Ленинград эҷод гардидааст. Дар ин шеър, ки аз 16 банди чаҳормисраӣ иборат аст, орзую умеди шоир ифода ёфтааст:

Ман ҳам аз ҷон азиз медорам Офтобу баҳору бодаю ёр, Бешазору ҳавои хушфорам, Шеъри ҷанговару садои тор!

Бузург аст орзу, умеди ман,

Гирам аз душманон қасоси мулк.

Пас зи ҷанговари замонашумул Бинависам ба тоҷикӣ роман.

Ҳабиб Юсуфӣ мақолаҳои зиёди илмӣ низ навиштааст. Мақолаҳои «Пушкин ва Байрон» (1937), «Подшоҳи идрок ва озодӣ» (1939), «Боз якчанд калима дар бораи поэзияи имрӯзаи мо» (1940), «Барои поэзияи муносиби давр» (1940), «Баҳр дар пи- ёла» (1940), «Шеърҳои зиддифашистии Лоҳутӣ» (1941), «Шоири гениалии рус» (1941) ба масъалаҳои гуногуни адабиётшиносӣ ва нақди адабии давр бахшида шудаанд.

Як қисмати муҳимми эҷодиёти Ҳабиб Юсуфиро тарҷумаи бадеӣ ташкил медиҳад. Фаъолияти тарҷумонии адиб баробари фаъолияти шоирияш ҳангоми донишҷӯйӣ оғоз гардида буд ва ӯ бори аввал «Бандии Кавказ» ном достони шоири бузурги рус А. С. Пушкинро тарҷума кардааст. Шоир ҳамчунин ба тарҷумаи осори М. Ю. Лермонтов, Н. А. Некрасов, А. И. Крилов, Т. Г. Шевченко, В. В. Маяковский, Демян Бедний шуғл варзида, сатҳи тарҷумаи бадеиро дар адабиёти тоҷик баланд бардоштааст.

Тарҷумаҳои Ҳабиб Юсуфӣ нисбат ба ашъори шоир аз ҷиҳати ҳаҷм ду-се баробар зиёд мебошанд. Матни асарҳои тарҷумашуда ба нусхаи асл мувофиқати комил дорад. Дар айни ҳол ҳангоми тарҷума хусусияти назми тоҷик ҷиддан ба эътибор гирифта ме- шавад. Ба порчаи «Аллаи зани казак» ном шеъри Лермонтов ҳам дар асл ва ҳам дар тарҷума таваҷҷуҳ намоед. Асл:

Спи, младенец мой прекрасный,

Баюшки — баю,

Тихо смотрит месяц ясный

В колыбель твою.

Стану сказывать я сказки,

Песенку пою, Ты ж дремли, закрывши глазки,

Баюшки — баю…

Тарҷума:

Алла кун, эй бачаи зебоякам,

Алла гӯям, аллаё.

Моҳаки тобон нигарад нарм-нарм Сӯйи ту гаҳвора-ба.

Гуфта диҳам қиссаи зебову хуш, Лек ту роҳат куну чашмон бипӯш,

Алла гӯям, аллаё…

Ҳабиб Юсуфй аз тарҷумаи ҳарф ба ҳарф ё калима ба калима парҳез кардааст. Ӯ калима ва таркибҳое ёфтааст, ки дар ифодаи маъно ва хусусияти услубии матни асл саҳми муносиб доранд. Ифодаҳои русии «стану сказыватъ» ва «в колыбелъ твою» чун таркибҳои «гуфта диҳам» ва «сӯйи ту гаҳвора-ба» тарҷума шу- даанд. Ин таркибҳо ба забони гуфтугӯйии тоҷикӣ наздик буда, рӯҳи халқии асарро нигоҳ доштаанд. Ғайр аз ин, мутарҷим барои тарҷумаи шеъри мазкур баҳри рамалро (рукни аслиаш фоилотун: -V —) интихоб кардааст, ки ба вазни хореи русӣ[3] (вазни «Аллаи зани казак») наздик аст.

Ҳамин тариқ, Ҳабиб Юсуфӣ умри зиёд надид, вале аз худ ме- роси гаронбаҳои адабӣ, тарҷумавӣ ва илмӣ ба ёдгор гузошт, ки ба воситаи он зиндаву ҷовид хоҳад монд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Ҳабиб Юсуфӣ кай ва дар куҷо ба дунё омадааст ?
  2. Шоир кай ба майдони ҷанг рафт ва ба кадом рутбаи ҳарбӣ соҳиб шуд?
  3. Ӯ дар дил чӣ орзу дошт ва чаро орзуҳояш амалӣ нашудаанд?
  4. Маҷмӯаҳои Ҳабиб Юсуфиро номбар кунед.
  5. Дар бораи охирин шеъри ба мо расидаи Ҳабиб Юсуфӣ чӣ медонед?
  6. Оё Ҳабиб Юсуфӣ мақолаҳои илмӣ низ дорад ?
  7. Дар бораи мавқеи тарҷума дар эҷодиёти Ҳабиб Юсуфӣ маълумот диҳед.

[1]   Лаҳистон — Полша.

[2]   Достони “Оби ҳаёт” ҳамроҳи С. Айнӣ, М. Турсунзода ва А. Деҳотӣ навишта шудааст.

[3] Хорей — дар назми русӣ рукни дуҳиҷоӣ, ки ҳиҷои якумаш заданок мешавад. 1 Ковуси Кай ё Кайковус — шоҳе аз қавми ориёиён, ки чун паҳлавон ва лаш- каркаши бузург ном баровардааст.

Инчунин хонед инро

olufta

Духтарони тоҷик ронандаи Таксӣ дар қишлоқҳои Тоҷикистон

Олуфта Носироваи 32-сола, ронандаи таксӣ дар ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъи вилояти Хатлони Тоҷикистон мебошад. …