АСОСӢ / Маориф / Ҳаёти адабӣ дар даврони шӯравӣ

Ҳаёти адабӣ дар даврони шӯравӣ

Баъди инқилоби Октябр ва ташкили Иттиҳоди Шӯравӣ дар адабиёти тоҷик тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд омад. Пеш аз ҳама, ба адабиёти ин давра на чун навъи ҳунар, балки ҳамчун навъи маф- кура муносибат карда шуд. Адабиёти бадеӣ дар замони шӯравӣ бояд мувофиқи дастурҳои ҳизби коммунист, ки ба воқеаҳои зиндагӣ аз мавқеи синфӣ ва табақавӣ баҳо медод, амал мекард.

Мирсаид миршакар

Созмонҳои адабии «Ҷамъияти шоирон» (1922), «Қалами сурх» (1924), Тоҷ АПП (ҷамъияти нависандагони пролетарии Тоҷикистон — 1931), Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (майи 1934) масъалаи иртиботи адабиётро ба инқилобу манфиатҳои синфӣ ҷиддан ба миён гузошта, баҳри ба воя расонидани адибо- ни пролетарӣ чораҳо меандешиданд. Махсусан, Анҷумани якуми Иттифоқи нависандагони шӯравӣ, ки моҳи сентябри соли 1934 дар шаҳри Маскав баргузор гардид, реализми сотсиалистиро чун методи асосии адабиёти даврони шӯравӣ эълон карда, бо ҳамин роҳи ояндаи мафкуравии адибонро муайян намуд. Чунин муно- сибати синфигароӣ ба озодандешии анъанавии адибони тоҷик рахна ворид намуд.

Дар охири солҳои 20-уми садаи ХХ маркази қувваҳои адабии тоҷик асосан ба Душанбе кӯчид, вале насли калонсоли адибон, чун Садриддин Айнӣ, Аҳмадҷон Ҳамдӣ, Абдуррауфи Фитрат, Ҳабибуллоҳи Авҳадӣ, Абдулвоҳиди Мунзим, Аккоси Бухороӣ, Тамҳиди Самарқандӣ, Пайрав Сулаймонӣ, аксаран дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро зиндагӣ ва эҷод мекарданд.

Дар ибтидои солҳои сиюм ҳавзаҳои адабии Душанбе ва Хуҷанд аз ҳисоби адибони ҷавон, чун Ҳаким Карим, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Обид Исматӣ, Муҳиддин Аминзода, Ҷалол Икромӣ, Ғанӣ Абдулло, Мирзо Турсунзода, Сотим Улутзода, Алӣ Хуш, Мир- саид Миршакар, Баҳриддин Азизӣ, Боқӣ Раҳимзода, Абдусалом Деҳотӣ, Раҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзӣ, Нодир Шанбезода, Ҳабиб Юсуфӣ, ки онҳоро «адибони насли комсомол» меномиданд, пурра гардид. Эҷодиёти онҳо бо ғамхорӣ ва ёриву дастгирии ду сутуни адабиёти давраи нави тоҷик — Айнӣ ва Лоҳутӣ ташаккул ёфт ва аз ҷиҳати мавзӯъ ва мундариҷа фарогиртару васеътар гардид.

Мавзӯъҳои асосии адабиёти даврони шӯравӣ васфи инқилоби Октябр, озодии занон, накуҳиши дин ва намояндагони он, танқиди ҷомеаи гузашта ва мамлакатҳои сармоядор, васфи заҳмату фаъолияти қаҳрамононаи заҳматкашон ва дӯстиву иттиҳоди меҳнаткашони тамоми дунё ба шумор мерафтанд. Дар ҳар лаҳзаи тақдирсози солҳои 30-юм ва 40-ум аҳли фарҳангу адаб ҳамвора ҳамдаму ҳамнафаси мардуми меҳнаткаш буданд. Эҷодкорон кор- номаи меҳнаткашони фидоиро дар Иншооти Вахш, Канали ка- лони Ҳисор, Канали калони Фарғона, Роҳи калони Помир васф карда, ба онҳо рӯҳи тоза мебахшиданд.

Дар адабиёти ин давра таълифи асарҳо дар се ҷинси адабй — назм, наср ва драма сурат гирифта бошад ҳам, дар аввал назм мавқеи калонтар дошт. Шоирон дар ифодаи мазмунҳои нав аз шаклҳои суннатии шеър, чун маснавӣ, қитъа, қасида, ғазал, рубоӣ, дубайтӣ, мусаммат, мустазод, истифода мекарданд. Ма- салан, мавзӯи озодии занон дар «Таронаи духтари Помир» ном ғазали Деҳотӣ ин тавр садо медиҳад:

Нағмаи шодӣ баро аз сози ман, Дар фазо ҷавлон кун, эй шаҳбози ман! Булбули Помирам аз Боми Ҷаҳон, Ғулғулафкан дар ҷаҳон, овози ман! Масканам — боғи дилосои Ватан, Неъмати халқам физояд нози ман. Аз Бадахшонам, зи кони лаълҳост Порае лаъли суханпардози ман…

Дар баробари ин, шоирон дар солҳои 30 аз шаклҳои нави шеърӣ, ки ба воситаи адабиёти рус омада, аз бандҳои чаҳормисраъгии гуногунқофия (аабб; абаб; абвб) иборат мебо- шанд, истифода карданд. Навпардозӣ ва қолабшиканӣ дар шеър аз назми давраи ҷадидия оғоз гардида, дар солҳои 30 дар осори Лоҳутӣ, Пайрав ва Юсуфӣ мавқеъ пайдо кард ва минбаъд дар эҷодиёти дигар шоирон густариш ёфт. Вобаста ба ин, дар адаби- ётшиносии тоҷик истилоҳҳои шеъри нав, баъдҳо шеъри озод, шеъ- ри сафед, баллада,[1] сонет[2] роиҷ гардиданд. Таваҷҷуҳ намоед ба порчае аз «Ишқи духтари Черкас» ном шеъри Ҳабиб Юсуфӣ:

Рафт номеҳрубон,

Бирафт!

Афсӯс…

Рост,

Эй руста дар ҳавои тимол,

Ишқ,

Оташ — алам ба дил аз туст, Лек мазмун не барои шумо! Додаи дил —

Ба осмони чашм,

Бурда ҳуши ту —

Офтоби мӯй, Тирамӯю сиёҳчашмӣ ту?..

Дар адабиёти даврони шӯравии тоҷик бо таъсири дигаргуниҳои сиёсиву фарҳангии давр ва густариши равоби- ти адабӣ насри бадеӣ низ шакли худро тағйир дод. Агар насри Фитрат чун намунаи насри марҳалаи ҷадидия асосан ифодагари мавқеъ ва назари иҷтимоии муаллифи он бошад, дар насри Айнӣ, аз қиссаи «Одина» сар карда, тақдири шахс мавқеъ пайдо меку- над ва зиддияти асар ба воситаи амалиёту муносибати образҳо ҳал мегардад. Агар насри Фитрат дар мақоми реализми ибтидоӣ қарор дошта бошад, дар насри Айнӣ ва нависандагоне чун Ҳаким Карим, Икромӣ, Улуғзода, Раҳим Ҷалил, Фотеҳ Ниёзӣ, тасвири реалистӣ инкишоф ёфт.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мавзӯъҳои асосии ада- биёти шӯравӣ, аз ҷумла адабиёти тоҷик, ҳимояи Ватан ва му- бориза ба муқобили фашизми Германия буд. Асарҳои адибони тоҷик, чун мисраъҳои зерини Боқӣ Раҳимзода, моломоли ғояҳои ватанхоҳона ва душманбадбинона буданд:

Кунун, ки меҳри ин Ватан Ба ҷисми мо чу ҷон бувад. Магар фашизми шумро, Зи дасти мо амон бувад?

Адибони тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ, Сотим Улуғзода, Абдушу- кур Пирмуҳаммадзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Боқӣ Раҳимзода, Ҳаким Карим, Аширмат Назаров, Лутфулло Бузургзода дар майдони ҷанг бевосита ширкат доштанд ва Ҳаким Карим, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Ҳабиб Юсуфй ва Лутфулло Бузургзода дар ин ҷанг қаҳрамонона ҳалок гардиданд.

Дар ин давра шоири куҳансол Зуфархон Ҷавҳарӣ, ки шеъ- рнависиро тарк карда буд, боз ба майдони адабиёт дохил шуд ва Розия Озод дар синни миёнсолӣ ба навиштани шеърҳои ватандӯстона шурӯъ кард. Ҳамчунин, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шоирони ҷавон Аминҷон Шукӯҳӣ, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Муҳиддин Фарҳат шеърҳои аввалини худро ба хонандаи тоҷик пешкаш карданд.

Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар адабиёти тоҷик тағйироти назаррас ба амал омад. Қувваҳои нав ба нави адабӣ ба майдо- ни адабиёт ворид гардида, ба инкишофи мундариҷавию шаклии адабиёт мусоидат карданд. Дар солҳои 40 — 50 баробари наслҳои пешин адибоне чун Ғаффор Мирзо, Ашӯр Сафар, Бобо Ҳоҷӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Пӯлод Толис, Муъмин Қаноат, Аъзам Сидқӣ, Файзулло Ансорӣ, Мавҷуда Ҳакимова ба эҷод шурӯъ кар- данд.

Дар солҳои 60-80 насли дигари адибон, чун Ҷумъа Оди- на, Шодон Ҳаниф, Сорбон, Муҳиддин Хоҷаев, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Меҳмон Бахтӣ, Қутбӣ Киром, Ибод Файзулло, Ӯрун Кӯҳзод, Баҳром Фирӯз, Бозор Собир, Лоиқ, Гулназар, Ҳадиса, Гулрухсор, Алӣ Бобоҷон, Ғоиб Сафарзода, Саидҷон Ҳакимзода, Аскар Ҳаким, Султон Шоҳзода, Ҳақназар Ғоиб, Абдулҳамид Са- мад, Саидалӣ Маъмур, Саттор Турсун, Кароматуллоҳи Мирзо, Доро Наҷот, Алимуҳаммад Муродӣ, Зиё Абдулло, Ҳабибулло Файзулло, Ҳоҷӣ Мурод, Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Абдурофеъ Раби- ев, Ҷонибек Акобир, Раҳмат Назрӣ, Зулфия Атоӣ бо диди нав ба адабиёт ворид гардида, ба тасвири олами рӯҳӣ ва тақдиру мавқеи инсон дар ҷомеа пардохтанд.

Дар адабиёти шӯравии тоҷик адабиёти бачагон чун соҳаи мустақили адабиёти бадеӣ ривоҷ ёфт ва наслҳои гуногуни адибон ба эҷоди асарҳои бачагона низ шуғл варзиданд. Мирсаид Миршакар, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Акобир Шарифӣ, Убайд Раҷаб, На- римон Бақозода чун адибони бачагон шинохта шудаанд.

Дар насри тоҷикӣ баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ жанри фан- тастикаи илмӣ[3] мавқеъ пайдо кард. Қиссаву ҳикояҳои «Амри ишқ» (Миршакар), «Занбӯри айнакдор», «Аҷоиботи Нодар», «Бозгашт» (Абдумалик Баҳорй), «Дарахти пахтачормағз», «Баъ- ди ҳазор сол», «Санги сарнавишт» (Адаш Истад) намунаи чунин асарҳо мебошанд.

Эҷодиёти шифоҳии халқ ва мероси бойи адабиёти классикӣ дар ташаккул ва такомули адабиёти шӯравии тоҷик мусоидат на- муданд. Дар назми шоирони халқ Сайдалӣ Вализода, Бобоюнус Худойдодзода, Ҳикмат Ризо, Юсуф Вафо ва дигарон таъсири дос- тон, бадеҳа, рубоӣ, суруд барин жанрҳои осори шифоҳии халқи тоҷик басо равшан мушоҳида мешавад. Нависандагон ба сухани сардафтари адабиёти шӯравии рус М.Горкий (1868-1936) — «Иб- тидои санъати сухан фолклор аст», ки дар Анҷумани якуми нави- сандагони Иттиҳоди Шӯравӣ гуфта буд, такя карда, аз мақолу зар- булмасал, суруду тарона, латифа ва сужети асарҳои фолклорӣ фа- ровон истифода мебурданд. Андешаҳои инсондӯстона ва ҳунари волои нигорандагии Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Фирдавсӣ, Но- сири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Сайидо, Аҳмади До- ниш манбаи боэътимоди эҷодиёти адибони шӯравии тоҷик ба ҳисоб мерафтанд.

Торафт қувват гирифтани робитаҳои адабӣ низ ба адабиёти шӯравии тоҷик таъсири файзбор расонд. Солҳои 30 аз Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он адибони бисёре, чун В. Шкловский, Б. Ла- пин, З. Хатсревин, В. Луговской, П. Лукнитский (рус), В. Мисик, Л. Первомайский (украин), К. Каладзе (гурҷӣ), Бруно Ясенский (лаҳистонӣ), Юлиус Фучик (чех) ба Тоҷикистон сафар карданд. Дар натиҷаи ин сафарҳо ба забонҳои гуногун, чун «Нисо», «Одам пӯсти худро дигар мекунад», «Данғара», «Ҳикояҳои Помир», чан- дин асари ҷолиб ба вуҷуд омаданд, ки дар баъзеи онҳо нависан- дагони тоҷик ҳаммуаллиф буданд. Ҳамчунин, адибони тоҷик ба воситаи тарҷумаи асарҳои нависандагони хориҷӣ доираи назар, ҷаҳонбинӣ ва маҳорати нигорандагии худро такмил медоданд.

Нақду баррасии адабиёти шӯравӣ аз «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926)-и устод Айнӣ оғоз меёбад ва дар солҳои минбаъда дар “Намунаҳои адабиёти тоҷик” (1940) ва асару мақолаҳои А. Лоҳутӣ, Н. Бектош, Т. Зеҳнӣ, С. Улуғзода, Ҳ. Юсуфӣ барин ади- бону адабиётшиносон густариш меёбад.

Дар солҳои баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар адабиётшиносӣ ва танқиди адабии тоҷик тағйироти сифатӣ ба амал омад. Дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Адабиёти советии тоҷик» (1954), «Ҳаёт ва адабиёт» (1958), «Масъалаҳои адабиёти тоҷик» (1970), «Ҳаёт, адабиёт ва қаҳрамон» (1977), тадқиқоти шашҷилдаи таърихи адабиёти тоҷик бисёр масъалаҳои таърихи адабиёт ва ҷараёни адабии давр мавриди таҳлилу тадқиқ қарор гирифтаанд. Асару мақолаҳои Шарифҷон Ҳусейнзода, Иосиф Брагинский, Холиқ Мирзозода, Носирҷон Маъсумй, Соҳиб Табаров, Муҳаммадҷон Шакурй, Раҷаб Амонов, Воҳидҷон Асрорӣ, Юрий Бобоев, Расул Ҳодизода, Абдулқодир Маниёзов, Хуршеда Отахонова, Ҷонон Бобокалонова, Асадулло Сӯфизода, Худоӣ Шарифов, Раҳим Му- сулмониён, Абдунабӣ Сатторзода, Аълохон Афсаҳзод, Масъуд Муллоҷонов ва дигарон ба масъалаҳои адабиётшиносӣ ва хусу- сияти мундариҷавӣ ва услубию бадеии осори адибон бахшида шудаанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Дар солҳои 20-30 асри XX дар Тоҷикистон созмонҳои адабӣ амал мекарданд ?
  2. Чаро дар солҳои 20-30 Душанбе маркази қувваҳои адабии тоҷик қарор гирифт ?
  3. Аз ҳар насли адибони даврони шӯравӣ чанд танро номбар кунед.
  4. Дар назми давраи шӯравӣ чӣ тағйирот рӯй дод ? Дар насри ин давра-чӣ ?
  5. Кадом адибони тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат варзи- данд ва киҳо аз майдони ҷанг барнагаштанд ?

Адабиётшиносон ва мунаққидони шинохтаро номбар кунед.

[1]   Баллада аз як ё чанд асари манзум иборат буда, воқеаҳо дар атрофи як сужет гирд оварда шудаанд.

[2]   Сонет (калимаи италиявӣ) шеърест, ки аз 14 мисраъ иборат буда, қофияааш абба, абба, ввг, дгд мебошад.

[3] Асарҳои фантастикй — асарҳое, ки дар онҳо ҳаёти инсон ба таври асотирӣ ва ғайривоқеӣ тасвир меёбад.

Инчунин хонед инро

bonk

«ИСЁНИ ХИРАД» ВА АШЪОРИ БАЧАГОНА

Достони «Исёни хирад» ба давраи охири ҳаёту фаъолияти шоир ва файласуфи асри XI тоҷик Носири …