АСОСӢ / ГУНОГУН / Ҳалила ва фоидаи у

Ҳалила ва фоидаи у

Ҳалила (ба русс. Миробалан) — Ин самари дарахти ҳиндист, дар ҳаҷм ва намуд гуногун мебошад, ки ҳар яке номи алоҳида дорад. Агар баъд аз гул карданаш самарашро, ки ба андозаи зира мебошад, ҳалилаи зира меноманд; ва аз он калонтар ба андозаи ҷав гардад, бичинанд, ҳалилаи ҷавӣ мегӯянд; аз он ҳам бузургтар ва ба қадри мавизи ангур гардад, бичинанд, онро мавизак, ҳалилаи сиёҳ, ҳалилаи зангӣ ва ҳалилаи ҳиндӣ низ меноманд; аз он боз ҳам калонтар нимраси сабзи зардтоб бошад, онро ҳалилаи чинӣ ва аз он ҳам калонтар ва расидатари зард гардад, ҳалилаи зард мегӯянд; аз ин ҳам бузургтар шуда, пурра расқда гардаду сурхи моил ба зардӣ бошад, ҳалилаи кобулӣ мегӯянд.

halila-rastani

  Мизоҷи ҳама гуна ҳалилаҳо дар дараҷаи якум сард ва дар дувум хушк аст, вале хушкӣ дар ҳалилаи кобулӣ камтар бинобар камоли расидагӣ доштанаш.

  Хислатҳои шифобахши он: истеъмоли ҳамаи навъҳои он ба дарун меъда, майна, зеҳн, ҳофиза ва ҳавосро, ки даҳ ҳисси одамӣ мебошад, қавӣ мегардонад; гиреҳҳоро мекушояд; дарди сарро дур мегардонад ва молихудиёро сиҳат мебахшад; рӯҳҳои одамиро соф ва равшан мекунад; васвоси савдовӣ, дилтапак (дилбозӣ) ва беҷо (беҳузур) шудани дилро дафъ месозад; намегузорад, ки бухорҳои зарарнок аз кисми поёни бадан ба мағзи сар бароянд, ранги баданро тару тоза ва пок мегардонад; иллатҳои истисқо (водянка), бавосири бодӣ, ки шадидтарин дарди даруни шикам аст, бавосири хунӣ ва табҳои мураккабро сиҳат менамояд, балғами рақиқ ва сафроро бо оҳистагӣ ва мулоимат хориҷ мекунад.

  Дар вақти истеъмоли ҳалилаҷот онҳоро бисёр намекӯбанд ва зиёд намеҷӯшонанд, балки чор-панҷ тақсим намуда, дар об тар карда, он обро менӯшанд.

  Шарти истеъмоли ҳалила чунин аст, ки бояд бо равғани бодоми ширин чарб намоянд, то он ки таркибаш вайрон нагардад.

  Тухмашро кӯфта, ба дандон ва милки он бимоланд, милки дандонро қувват мебахшад ва рафтани хунро аз буни дандон манъ мекунад.

  Хусусан ҳалилаи кобулиро нимкӯфта, як шабонарӯз дар об тар карда, он обро бинӯшанд, қувваташ назар ба кӯфта ва дар об ҷӯшдодаи он зиёдтар аст дар бобати ихроҷ кардани моддаҳои зарарнок аз бадан, инчунин ҳангоми онро дар об тар кардан моддаҳои зараровараш ба об намебароянд.

  Миқдори истеъмолаш барои дар об тар кардан аз 25 то 35 грамм аст. Ба ҷойи ҳалила пӯсти анорро ба кор баранд, раво мебошад.

  Акнун ҳар як намуди ҳалилаҳоро ба таври ҷудогона дида мебароем.

Инчунин хонед инро

olufta

Духтарони тоҷик ронандаи Таксӣ дар қишлоқҳои Тоҷикистон

Олуфта Носироваи 32-сола, ронандаи таксӣ дар ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъи вилояти Хатлони Тоҷикистон мебошад. …