Сохти ҳароммағз. Ҳароммағз яке аз кўҳантарин таркиби мағзи сар ба ҳисоб рафта, аввалин маротиба дар ҳайвонҳо бо пайдоиши хорда (сутунмўҳра) ҳосил мешавад. Ҳароммағз дар ковокии сутунмўҳра ҷойгир аст. Дарозии он 43-45см буда, паҳниаш 12- 13мм, вазнаш 30-31гр-ро ташкил мекунад. Ҳароммағз аз се қабат:
- қабати берунии сахт;
- қабати тори анкабутмонанд, ки дар зери қабати ғафс ҷойгир аст ва
- қабати нарм, ки асоси мағзро ташкил мекунад, иборат аст.
Дар сатҳи пеш ва ақиби ҳароммағз ду ҷўяки дароз мавҷуданд, ки онро ба тарафи рост ва чап тақсим мекунанд. Дар буриши кўндалангӣ ҳароммағз аз ду модда иборат аст:
- моддаи хокистарранг маҷмўи нейронҳо буда, дар қисми мобайнӣ ҷойгир аст;
- моддаи сафед, ки дар қисми паҳлугии ҳароммағз ҷойгир аст, изофаҳои нейронҳоро ташкил мекунад.
Ҳароммағз аз пайдоиш то ҳол таркиби сегментарии худро тағйир надодааст ва аз 31 ҷуфт сегмент, ки аз решачаҳои пеш ва ақиб мебароянд ва торҳои асабҳои омехтаро ҳосил мекунанд, иборат аст. Дар решачаҳои ақиб нейронҳои ҳиссиёт ва дар решачаҳои пеш нейронҳои ҳаракат ҷойгиранд.
Вазифаи ҳароммағз. Ҳароммағз ду вазифаи асосӣ:
- рефлекторӣ ва
- гузаронандагиро (ноқилиро) иҷро мекунад.
Вазифаи рефлектории ҳароммағз ҳаракатро таъмин мекунад. Аз ҳароммағз камонаки рефлекторӣ мегузарад, ки кашишхўрии мушакҳои баданро таъмин менамояд. Ба рефлексҳои ҳаракат рефлекси зону мисол мешавад. Ҳангоми бо болғачаи неврологӣ ба пайи зери айнаки зону задан ростшавии соқи пойро мушоҳида намудан мумкин аст. Ҳароммағз бо якҷоягии мағзи сар кори узвҳои дохилӣ: дил, меъда, узвҳои таносулӣ, масона ва ғайраро танзим мекунад. Вазифаи гузаронандагиро моддаи сафеди ҳароммағз таъмин менамояд. Импулсҳои асабӣ, ки аз ретсепторҳо ба ҳароммағз мераванд, тавассути роҳҳои болораванда ба мағзи сар мегузаранд.
Баъд онҳо аз мағзи сар бо роҳҳои поёнраванда ба ҳароммағз ва аз он ҷо ба узвҳо мераванд. Кори ҳароммағзро нимкураҳои калони мағзи сар танзим мекунанд. Инро дар вақти осеб ёфтан ё кандашавии ҳароммағз мушоҳида кардан мумкин аст. Мағзи сар мўътадил кор мекунад, аммо аксар рефлексҳои ҳароммағз, ки аз ҷои зарардида поёнтар мебошанд, нест мешаванд. Чунин одамон қобилияти коркунӣ, ҳаракат кардани дастонро доранд, аммо қисми поёни бадани онҳо беҳаракат мешавад.
- Сохти ҳароммағз чӣ гуна аст?
- Кадом вазифаҳои асосии ҳароммағз маълум аст?
- Ҳароммағз аз чанд модда сохта шудааст?
- Кори ҳароммағзро кадом қисми мағзи сар танзим мекунад.
Кори амалӣ
Рефлекси пай дар одам Таҷҳизоти амалиёт: болғачаи неврологӣ, курсӣ, ташхисшаванда.
Рафти амалиёт:
а) Ташхисшавандаро ба курсӣ шинонед.
б) Пойи чапро болои пойи рост гузоред.
в) Бо болғача ба зери айнаки зону занед.
г) Ҳаракати пойро мушоҳида кунед.