АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Ҳаво — чи хусусияти табобати дорад?

Ҳаво — чи хусусияти табобати дорад?

Ҳаво — Ин калимаи арабӣ мебошад ва ба тоҷикӣ бод меноманд, ки маълум аст: воситаи нафаси тамоми ҷонварон ва наботот аст. Ҳаво роҳатбахши рӯҳи ҳайвонист, ки манбааш дар дил мақом дорад ва агар вай, яъне ҳаво, лаҳзае ба рӯҳи ҳайвонӣ нарасад, он рӯҳ беҳаракат ва хомӯш мегардад. Инчунин ҳаво боиси нашъунамои ҳайвонот ва наботот аст.

Ҳаво

Мизоҷи ҳаво ба авзоъи ҷирмҳои фалакӣ вобаста мебошад. Масалан, агар Офтоб дар бурҷҳои фалаки шимолӣ бошад, мизоҷи ҳаво гарм мегардад. Ҳамчунин ҳангоми ҳукмронӣ ва подшоҳии яке аз сайёрахои гарм низ ҳаво гарм мешавад. Ва ҳангоми поён рафтани Офтоб аз авҷи фалаки шимолӣ ё мавзеъ ба баҳр ҳамҷавор бошад, мизоҷи ҳаво сард мешавад. Ҳангоми тобиши Офтоб ҳавои сарзаминҳои гарм, кӯҳсорҳои сангӣ ва хушк мизоҷаш гарм ва хушк мебошад. Дар сарзаминҳои мобайни баҳру уқёнус ва чазираҳо ҳангоми боридани борон ҳавояш мизоҷи тар ба худ пайдо мекунад.

Боди сабо, ки аз ҷониби, машриқ то ба минтақаи шимол вазад, дар мизоҷ гарм ва хушк аст. Боди шимол, ки аз тарафи шимол то минтақаи мағриб вазад, мизоҷаш сард ва хушк аст. Боди ғарб, ки аз ғарб то минтақаи Суҳайл (Каноп — ин ситораи дар бузургӣ дараҷаи якумдошта дар осмони ҷануб) вазад, мизоҷаш сард ва тар мебошад. Боди ҷануб, ки аз минтақаи Суҳайл вазад, мизоҷаш гарм ва тар, инчунин мураккаб аз инҳо ва мураккаб аз кайфиятҳои чоргона (гармӣ, сардӣ, хушкӣ, тарӣ) аст.

Хислатҳои шифобахши он: боди сабо, яъне боди шарқӣ несткунандаи балғам, хушккунандаи рутубатҳои зиёдатӣ, кушояндаи гиреҳҳои узвҳои бадан аст; барои ҳазми таом ёрӣ мерасонад, назлаҳоро мебандад, қуввати дофиаи узвҳои баданро зиёда мегардонад; ҳоли бади одамони тармизоҷро ислоҳ менамояд; барои бемориҳои сарди тармизоҷи монанди: исгисқо, фолиҷ, каҷ шудани рӯй ва ғайраҳо нафъ дорад. Вале ин бод ба одамони гарммизоҷ, баданҳои хушк ва бемориҳои сафровӣ зарар дорад: хориш, қӯтур, ҷингак шудани аъзо ва монанди инҳоро пайдо мекунад.

Боди шимол аъзои баданро мустаҳкам мегардонад, сустии бадан ва лоҳасиро манъ месозад, узв ва ҳисҳои баданро қувват мебахшад, фикр ва фаҳмро бурро мегардонад, ҳазмро осон мекунад, рангро соф ва ботароват месозад. Вале ин бод ба одамони сурфа, зиқ- ун-на-фас (астма)-и хушк ва бавосирдошта зарар дорад, инчунин боиси афтодани бача аз шиками занони ҳомила мегардад, зоиданро душвор мегардонад ва монанди инҳо.

  Боди ғарбӣ хислатҳои зидди боди сабо дорад.

  Боди ҷануб хислатҳои зидди боди шимол дорад.

Агар бод мураккаб аз инҳо бошад, барои иллатҳои мураккаб фоида дорад. Ҳар як бод ислоҳи зарари боди муқобил менамояд, агар дигар кардани ҷойи зиндагонӣ мумкин бошад, ба ин, агарчи муваққатан бошад, риоя бояд кард.

Бӯйидани пиёз, сир (чеснок), сирко, зардчӯба, анбар, лодан, қатрон, мӯмиё, уди ҳиндӣ, қуст, кундур, сандарус, каҳрабо, пӯсти анорҳо, сукк (давои мураккаби бӯё), заъфарон, пиёзаки сафеди саломалек, самари арча, сандал, самари газ, зарованди дароз, ҷадвор, ҷамилак — инҳо ё он чӣ аз инҳо муяссар гардад, инчунин дуд кардани инҳо ва газ; хӯрдани пиёз, сир, сирко, наъноъ, зардчӯба, хилтит (шилми болдирғон); овехтани пиёзи ансул ба дари хона, пошидани сирко ба дару девор ва фарши хона ва имконпазир аз он хона берун нараванд ва агар дар зарурат берун рафтанӣ шаванд, биниро бо латтаи сирко ва сир олуда бибанданд ва зуд баргарданд — бо вуҷуди ии тадбирҳо бояд, ки аз хӯрдани меваҳои тар ва шир парҳез намоянд, инчунин аз ҷимоъ, ҳаммом кардан ва ташнагӣ худдорӣ кунанд, оби бисёрхунук нанӯшанд ва дар он чӣ бихӯранд, пиёз ва сир дохил намоянд, ғизоҳои турши беравған тановул кунанд, ширинӣ мутлақан нахӯранд, аз хӯрдани гӯштҳои ҳайвоноти он диёр агар тавонанд, худдорӣ кунанд ва агар нашавад, ҳаддалимкон бисёр кам бихӯранд; аз тарёқҳо, тарёқи форуқ (тарёқи афъӣ), чадвори бунафш — хдр як, ки мавчуд бошад, батакрор бихӯранд, бисёр хуб аст.

Назди admin

Инчунин хонед инро

солончак

Шӯра -дар заминҳои шӯразор

Шӯра — ин чизе мебошад, ки мо дар заминҳои шӯразор мебинем, рангаш монанди қирав аст. …