АСОСӢ / ГУНОГУН / ҲИКОЯИ ХИРС ВА ОН АБЛАҲ, КИ БАР ВАФОИ Ў ЭЪТИМОД КАРДА БУД

ҲИКОЯИ ХИРС ВА ОН АБЛАҲ, КИ БАР ВАФОИ Ў ЭЪТИМОД КАРДА БУД

Хирс ҳам аз аждаҳо чун вораҳид
Во-н карам з-он мард мардона бидид.
Чун саги асҳоби Каҳф100 он хирси зор
Шуд мулозим101 дар пайи он бурдбор.
Он яке бигзашту гуфташ: «Ҳол чист?
Ай бародар, мар туро ин хирс кист?»
Он мусулмон сар ниҳод аз хастагӣ,
Хирс ҳорис102 гашт аз дилбастагӣ,
Қисса вогуфту ҳадиси103 аждаҳо,
Гуфт: «Бар хирсе манеҳ дил, аблаҳо!
Дўстӣ (й) аблаҳ батар аз душманист,
Ў ба ҳар ҳила, ки донӣ, ронданист»
Гуфт: «Валлоҳ, аз ҳасудӣ гуфт ин
В-арна хирсе чӣ-нгарӣ? Ин меҳр бин»
Гуфт: «Меҳри аблаҳон ишвадеҳ аст,
Ин ҳасудии ман аз меҳраш беҳ аст.
Ҳай, биё бо ман, бирон ин хирсро
Хирсро магзин, муҳил104 ҳамҷинсро».
Гуфт: «Рав, рав кори худ кун, ай ҳасуд!»
Гуфт: «Корам ин буду ризқат набуд.
Ман кам аз хирсе набошам, ай шариф,
Тарки ў кун, то манат бошам ҳариф.
Бар ту дил меларзадам з-андешае,
Бо чунин хирсе марав дар бешае,
Ин дилам ҳаргиз наларзад аз газоф.
Нури Ҳақ аст, ин на даъвою на лоф».
«Муъминам, «Янзур бинуриллаҳ,
Ҳуну ҳон, бигрез аз ин оташқада».
Ин ҳама гуфту ба гўшам дарнарафт,
Бадгумонӣ мардро саддест зафт106.
Дасти ў бигрифту даст аз вай кашид.
Гуфт: «Рафтам, чун найи ёри рашид»107
Гуфт: «Рав бар ман ту ғамхора мабош,
Булфузуло108 маърифат камтар тарош»
Боз гуфташ, «Ман адувви ту наям,
Лутф бошад, гар биёӣ дар паям»
Гуфт: «Хоб астам, маро бигзору рав»,
Гуфт: «Охир ёрро мунқад109 шав.
То бихуспӣ дар паноҳи оқиле,
Дар ҷавори дўсте, соҳибдиле».
Дар хаёл афтод мард аз ҳадди ў,
Хашмгин шуд, зуд гардонид рў.
К-ин магар қасди ман омад, хунӣ аст,
Ё тамаъ дорад, гадою тунӣ110 аст.
Ё гарав бастаст бо ёрон бад-ин,
Ки битарсонад маро з-ин ҳамнишин.
Худ наёмад ҳеч аз хубси111 сираш,
Як гумони нек андар хотираш,
Занни некаш ҷумлагӣ бар хирс буд,
Ў магар хирсро ҳамҷинс буд.
Оқилеро аз сагӣ тўҳмат ниҳод,
Хирсро донист аҳли меҳру дод…

xirs

ТАРК КАРДАНИ ОН МАРДИ НОСЕҲ БАЪД АЗ МУБОЛИҒАИ ПАНД МАҒРУРИ ХИРСРО

Он мусулмон тарки аблаҳ карду тафт112 .
Зери лаб «Ло ҳавла» гўён бозрафт.
Гуфт: «Чун аз ҷидду пандам в-аз ҷидол
Дар дили ў беш мезояд хаёл.
Пас сари панду насиҳат баста шуд,
Амри «аъриз анҳуму» пайваста шуд».
Чун давоят мефизояд дард, пас
Қисса бар толиб бигў, барҳол абас.
Чунки аъмо толиби Ҳақ омадаст,
Баҳри фақри ў нашояд сина хаст.
Ту ҳарисӣ бар рашоди меҳтарон.
То биёмўзанд ом аз сарварон.
Аҳмадо, дидӣ, ки қавме аз мулук
Мустамеъ гаштанд, гаштӣ хуш ки бук.
Ин райисон ёри дин гарданд х(в) аш,
Бар араб инҳо саранду бар ҳабаш…
З-ин сабаб ту аз зарири118 муҳтадӣ
Рў бигардонидию танг омадӣ
К-андар ин фурсат кам афтад он муноҳ,
Ту зи ёрониву вақти ту фарох.
Муздаҳим мегардиям дар вақти танг,
Ин насиҳат мекунам н-аз хашму ҷанг.
Аҳмадо, назди Худо ин як зарир
Беҳтар аз сад қайсар асту сад вазир.
Ёди «ан-носу маъодин» ҳин биёр,
Маъдане бошад фузун аз сад ҳазор.
Маъдани лаълу ақиқи муктанис,
Беҳтар аст аз сад ҳазорон кони мис.
Аҳмадо, ин ҷо надорад мол суд,
Сина бояд пур зи ишқу дарду дуд.
Аъмие рўшандил омад, дар мабанд,
Панд ўро деҳ, ки ҳаққи ўст панд.
Гар ду-се аблаҳ туро мункир шуданд,
Талх кай гардӣ? Чу ҳастӣ кони қанд,
Гар ду-се аблаҳ туро тўҳмат ниҳад,
Ҳақ барои ту гувоҳӣ медиҳад.
Гуфт: «Аз иқрори олам фориғам»
Он ки Ҳақ бошад, гувоҳ ўро чӣ ғам?
Гар хуфошеро зи хуршеде хурест,
Он далел омад, ки он хуршед нест,
Нафрати хуффошакон бошад далел,
Ки манам хершеди тобони ҷалил.
Гар гулоберо ҷуъалроғиб шавад.
Он далели ногулобӣ мекунад.
Гар шавад қалбе харидори миҳак,
Дар миҳаккеаш дарояд нақсу шакк.
Дузд шаб хоҳад на рўз, инро бидон,
Шаб наям, рўзам, ки тобам дар ҷаҳон.
Фориқам125, форуқаму ғалбервор,
То ки коҳ аз ман наёбад гузор.
Ордро пайдо кунам ман аз сабўс,
То намоям, к-ин нуқуш аст, он нуфус128.
Ман чи мизони Худоям дар ҷаҳон,
Вонамоям ҳар сабукро аз гарон.
Говро донад Худо гўсолае,
Ҳар харидориву дар хур колае.
Ман на говам, то ки гўсолам харад,
Ман на хорам, к-уштуре аз ман чарад.
Ў гумон дорад, ки бо ман ҷавр кард?
Балки аз ойинаи ман рўфт гард…
Ин сухан поён надорад, бозгард,
То чи кард он хирс бо он некмард.

ТАТИММАИ ЭЪРОФИ ОН МАҒРУР
БАР ТАМАЛЛУҚИ ХИРС

Шахс хуфту хирс мерондаш магас
В-аз ситез омад магас з-ў бозпас.
Чанд бораш ронд аз рўи ҷавон.
Он магас з-ў боз меомад давон.
Хашмгин шуд бо магас хирсу бирафт
Баргирифт аз кўҳ санге сахт зафт.
Санг оварду магасро дид боз,
Бар рухи хуфта гирифта ҷою соз.
Баргирифт он осиёсангу бизад
Бар магас, то он магас вопас хазад,
Санг рўи хуфтаро хашхош кард129,
Ин масал бар ҷумла олам фош кард,
Меҳри аблаҳ, меҳри хирс омад яқин,
Кини ў меҳр асту меҳри ўст кин.
Аҳди ў суст асту вайрону заъиф,
Гуфти ў зафту вафои ў наҳиф130.
Гар хурад савганд ҳам бовар макун,
Бишканад савганд марди кажсухун.
Чун ба бесавганд гуфташ буд дурўғ,
Ту маюфт аз макру савгандаш ба дўғ.
Нафси ў мир асту ақли ў асир,
Сад ҳазорон мусҳафаш131 худ хурда гир.
Чунки бесавганд паймон бишканад,
Гар хурад савганд ҳам, он бишканад.
З-он ки нафс ошуфтатар гардад аз он,
Ки кунӣ бандаш ба савганди гарон.
Чун асире банд бар ҳоким ниҳад,
Ҳоким онро бардарад, берун ҷаҳад.
Бар сараш кўбад зи хашм он бандро,
Мезанад бар рўйи ў савгандро.
Ту зи «урфу билуқуд»132 — аш даст шў,
«Иҳфазу аймонакум»133 бо ў магў.
В-он ки Ҳақро сохт дар паймон санад,
Тан кунад чун тору гирди ў танад.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Қиссаро бодиққат хонда мазмуни онро нақл кунед.
2. Кадом хислати мард водор сохт, ки хирсро аз дасти аждаҳо наҷот диҳад?
3. Хислатҳои мардони шердил кадомҳоянд?
4. Қисса чи тавр анҷом меёбад?

МуаллифҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ

Инчунин хонед инро

Намози иди курбон 2017

Иди Қурбон 2023, табрикот ва намози идона

Иди Қурбон омаду дар Макка Ҳаҷи Акбар аст. Дустонро табрик намудан суннати пайғамбар аст. Шумо …