АСОСӢ / Маориф / ҲИКОЯИ «БОЗАРГОН ВА ТЎТӢ»

ҲИКОЯИ «БОЗАРГОН ВА ТЎТӢ»

tuti

Як ҳикоят бишнав, ай зеборафиқ,
То бидонӣ шарти ин баҳри амиқ.
Буд бозаргоне, ўро тўтие,
Дар қафас маҳбус зебо тўтие.
Чунки бозаргон сафарро соз кард,
Сўӣ Ҳиндустон шудан оғоз кард.
Ҳар ғулому ҳар канизакро зи ҷуд
Гуфт: — «Баҳри ту чӣ орам, гўй зуд».
Ҳар яке аз вай муроде хост кард,
Ҷумларо ваъда бидод он некмард.
Гуфт тўтиро: «Чӣ хоҳӣ армуғон,
К — орамат аз хиттаи Ҳиндустон?»
Гуфташ он тўтӣ, ки он ҷо тўтиён
Чун бубинӣ, кун зи ҳоли ман баён.
К-он фалон тўтӣ, ки муштоқи шумост,
Аз қазои осмон дар ҳабси мост.
Бар шумо кард ў салому дод хост
В-аз шумо чорай раҳу иршод хост.
Гуфт: — «Мешояд, ки ман дар иштиёқ,
Ҷон диҳам ин ҷо, бимирам дар фироқ?
Ин раво бошад, ки ман дар банди сахт
Гаҳ шумо бар сабза, гоҳе бар дарахт?
Инчунин бошад вафои дўстон?
Ман дар ин ҳабсу шумо дар бўстон?
Ёд оред, ай меҳон, з-ин мурғи зор,
Як сабўҳе дар миёни марғзор.
Қиссаи тўтии ҷон з-инсон бувад
Кў касе, к-ў маҳрами мурғон бувад?»
ДИДАНИ ХОҶА ДАР ДАШТ ТЎТИЁНРО
ВА ПАЙҒОМ РАСОНИДАН

Боз мегардем аз ин, ай дўстон,
Сўи мурғу тоҷиру Ҳиндустон.
Марди бозаргон пазируфт он паём,
К-ў расонад сўи ҷинс аз вай салом.
Чунки то ақсон Ҳиндустон расид,
Дар биёбон тўтие чанде бидид.
Маркаб истониду пас овоз дод,
Он салому он амонат боз дод.
Тўтие з-он тўтиён ларзиду пас
Уфтоду мурду бигсасташ нафас.
Шуд пушаймон хоҷа аз гуфти хабар,
Гуфт: — «Рафтам дар ҳалоки ҷонвар.
Ин магар хеш аст бо он тўтияк,
Ин магар ду ҷисм буду рўҳ як?
Ин чаро кардам, чаро додам паём?!
Сўхтам бечораро з-ин гуфти хом,
Ин забон чун сангу ҳам оҳанваш аст
В-он чӣ биҷҳад аз забон, чун оташ аст».
Сангу оҳанро мазан бар ҳам гизоф86,
Гаҳ зи рўи нақлу гаҳ аз рўи лоф.
З-он ки торик асту ҳар сў пунбазор,
Дар миёни пунба чун бошад шарор?
Золим он қавме, ки чашмон дўхтанд
В-аз суханҳо оламеро сўхтанд.
Оламеро як сухан вайрон кунад,
Рўбаҳони мурдаро шерон кунад.

86- Гизоф — хато, гуноҳ.

БОЗ ГУФТАНИ БОЗАРГОН БО ТЎТӢ
ОН ЧӢ ДАР ҲИНДУСТОН ДИДА БУД

Кард бозаргон тиҷоратро тамом,
Боз омад сўи манзил шодком.
Ҳар ғуломеро биёвард армуғон
Ҳар канизакро бибахшид ў нишон.
Гуфт тўтӣ: — «Армуғони банда кў?
Он чӣ дидӣ в-ончӣ гуфтӣ, бозгў»,
Гуфт: — «Не ман худ пушаймонам аз он,
Дасти худ хоёну ангуштон газон,
Ки чаро пайғоми хоме аз газоф
Бурдам, аз бедонишию аз нашоф».
Гуфт: — Ай хоҷа, пушаймонӣ зи чист?!
Чист ин, ки хашму ғамро муқтазист87?»
Гуфт: — «Гуфтам он шикоятҳои ту
Бо гурўҳи тўтиён — ҳамтои ту.
Он яке тўтӣ зи дардат бўй бурд,
Заҳрааш бидриду ларзиду бимурд,
Ман пушаймон гаштам, ин гуфтам чӣ буд,
Лек чун гуфтам, пушаймонӣ чӣ суд?»
Нуктае, к-он ҷаст ногоҳ аз забон,
Ҳамчу тире дон, ки ҷаст он аз камон.
ШУНИДАНИ ТЎТӢ ҲАРАКАТИ ОН ТЎТИРО
ВА МУРДАН ВА НАВҲАИ ХОҶА БАР Ў
Чун шунид он мурғ, к-он тўтӣ чӣ кард,
Ҳам биларзиду фитоду гашт сард.
Хоҷа чун дидаш фитода ҳамчунин,
Барҷаҳиду зад кулаҳро бар замин.
Чун бад-ин рангу бад-ин ҳолаш бидид,
Хоҷа барҷасту гиребонро дарид.

87-Муқтазист — сабаб, боис.

Гуфт: — «Ай тўтии хуби хушҳанин,
Ин чӣ будат, ин чаро гаштӣ чунин?
Ай дареғо, мурғи хушовози ман,
Ай дареғо, ҳамдаму ҳамрози ман.
Ай дареғо, мурғи хушилҳони ман,
Роҳи рўҳу равзаи ризвони ман…
Ай дареғо, нури зулматсўзи ман,
Ай дареғо, субҳи рўзафрўзи ман.
Ай дареғо, мурғи хушпарвози ман,
3-интиҳо даррида то оғози ман…
Ай дареғо, ашки ман дарё будӣ,
То нисори дилбари зебо будӣ.
Тўтии ман, мурғи зираксори ман,
Тарҷумони фикрати асрори ман.
Ҳар чӣ рўзӣ доду нодод омадам,
Ў зи аввал гуфт, то ёд омадам,
Тўтие, к-ояд зи ваҳй овози ў,
Пеш аз оғози вуҷуд овози ў,
Андаруни туст он тўтӣ ниҳон,
Акси ўро дида ту бар ину он,
Мебарад шодитро, ту шод аз ў,
Мепазирӣ зулмро чун дод аз ў,
Ай ки ҷон аз баҳри тан месўхтӣ,
Сўхтӣ ҷонрову тан афрўхтӣ.
Сўхтам ман, сўхта хоҳад касе,
То зи ман оташ занад андар хасе,
Сўхта чун қобили оташ бувад?
Сўхта бистон, ки оташкуш бувад,
Ай дареғо, ай дареғо, ай дареғ,
К- ончунон моҳе ниҳон шуд зери меғ.
Чун занам дам, к-оташи дил тез шуд,
Шери ҳаҷр ошуфтаву хунрез шуд.
Он ки ў ҳушёр, худ тунд асту маст,
Чун бувад, чун ў кадаҳ гирад ба даст?
Шери масте, к-аз сифат берун бувад,
Аз басити88 марғзор афзун бувад.
Қофия андешаму дилдори ман
Гўядам мандеш ҷуз дидори ман.
Хуш нашин, ай қофияандеши ман,
Қофияй давлат туӣ дар пеши ман.
Ҳарф чӣ-бвад, то ту андешӣ аз он?
Савт чӣ-бвад, хори девори разон.
Ҳарфу савту гуфтро барҳам занам,
То ки бе ин ҳарсе бо ту дам занам…»
Бас дароз аст ин ҳадиси хоҷа, гў,
То чӣ шуд аҳволи он марди накў…
Ин сухан поён надорад, ай аму89
Қиссаи тўтиву хоҷа боз гў.
БЕРУН АНДОХТАНИ МАРДИ ТОҶИР
ТЎТИРО АЗ ҚАФАС ВА ПАРИДАНИ ОН
Баъд аз онаш аз қафас берун фиканд,
Тўтияк паррид то шохи баланд.
Тўтии мурда чунон парвоз кард,
К- офтоб аз чарх туркитоз кард.
Хоҷа ҳайрон гашт андар кори мурғ,
Бехабар ногаҳ бидид асрори мурғ.
Рўй боло карду гуфт, ай андалеб!
Аз баёни ҳоли худмон деҳ насиб.
Ў чӣ кард он ҷо, ки ту омўхтӣ,
Чашми мо аз макри худ бардўхтӣ.
Сохтӣ макреву моро сўхтӣ.
Сўхтӣ морову худ афрўхтӣ.
Гуфт тўтӣ, к-ў ба феълаш панд дод,
Ки раҳо кун нутқу овозу кушод.
3-он ки овозат туро дар банд кард,
Хеш ў мурда пайи ин панд кард,

88-Басит — васеъ, паҳновар,
89-Аму — шакли тағйирёфтаи ам — бародари падар, амак.

Яъне, ай мутриб, шуда бо омму хос,
Мурда шав чун ман, ки то ёбӣ халос.
Дона бошӣ, мурғаконат барчинанд,
Ғунча бошӣ, кўдаконат баркананд.
Дона пинҳон кун, ба куллӣ дом шав,
Ғунча пинҳон кун, гиёҳи бом шав.
Ҳар ки дод-ў ҳусни худро дар мазод,
Сад қазои90 бад сўи ў рў ниҳод.
Чашмҳою хашмҳою рашкҳо
Бар сараш борад чу об аз машкҳо.
Душманон ўро зи ғайрат медаранд,
Дўстҳо ҳам рўзгораш мебаранд.
Он ки ғофил буд аз кишти баҳор,
Ў чӣ донад қиммати ин рўзгор.
Дар паноҳи лутфи Ҳақ бояд гурехт,
К-ў ҳазорон лутф бар арвоҳ рехт.
То паноҳе ёбӣ он гаҳ чӣ паноҳ,
Обу оташ мар туро гардад сипоҳ.
Нўҳу Мўсоро91 на дарё ёр шуд,
Не бар аъдошон ба кин қаҳҳор шуд.
Оташ Иброҳимро92 не қалъа буд,
То баровард аз дили Намруд93 дуд.
Кўҳ Яҳёро-94
на сўи хеш хонд,
Қосидонашро ба захми санг ронд.
Гуфт: — «Ай Яҳё, биё дар ман гурез,
То паноҳат бошам аз шамшери тез».

ВИДОЪ КАРДАНИ ТЎТӢ ХОҶАРО ВА ПАРИДАН
Як-ду пандаш дод тўтӣ бенифоқ,

Баъд аз он гуфташ: — «Салому алфироқ.
90-Қазо — тақдир, сарнавишт, 91Нўҳ, Мўсо, — номи пайғамбарон, 92Иброҳим —
номи пайғамбар, 93Нумруд — Шоҳе будпараст дар замони Иброҳим, 94Яҳё —
номи пайғамбар.

Алвидоъ, ай хоҷа, кардӣ марҳамат,
Кардӣ озодам зи қайду мазламат95.
Алвидоъ, ай хоҷа, рафтам то ватан,
Ҳам шавӣ озод рўзе ҳамчу ман».
Хоҷа гуфташ: — «Фӣ амонил-лаҳ96 » бирав,
Мар маро акнун намудӣ роҳи нав».
Сўи Ҳиндустони аслӣ рў ниҳод,
Баъди шиддат аз фараҷ дил гашта шод.
Хоҷа бо худ гуфт: «Ин панди ман аст,
Роҳи ў гирам, ки ин раҳ рўшан аст,
Ҷони ман камтар зи тўтӣ кай бувад?
Ҷон чунин бояд, ки некўпай бувад».
ҲИКОЯИ «МАРДИ АБЛАҲ ВА ХИРС»
Аждаҳо чун хирсро дармекашид,
Шермарде рафту фарёдаш расид.
Шермардонанд дар олам мадад,
Он замон, к-афғони мазлумон расад.
Бонги мазлумон зи ҳар ҷо бишнаванд,
Он тараф чун раҳмати Ҳақ медаванд.
Он сутунҳои халалҳои ҷаҳон,
Он табибони маразҳои ниҳон.
Маҳзи меҳру доварию раҳматанд,
Ҳамчу Ҳақ беиллату беришватанд…
Меҳрубонӣ шуд шикори шермард
Дар ҷаҳон дору наҷўяд ғайри дард.
Ҳар куҷо дарде, даво он ҷо равад,
Ҳар куҷо пастист, об он ҷо давад.
Оби раҳмат боядат, рав паст шав
В-он гаҳон хур хамри раҳмат, маст шав.
Раҳмат андар раҳмат омад то ба сар.

95-Қайду мазламат — банду мазлумӣ,
96-«Фӣ амонил-лаҳ» — Худо нигаҳбонат бошад.

Бар яке раҳмат фурў мо-й, ай писар!
Чархро дар зери по ор, ай шуҷоъ!
Бишнав аз фавқи фалак бонги самоъ.
Пунбаи васвос берун кун зи гўш,
То ба гўшат ояд аз гардун хурўш.
Пок кун ду чашмро аз мўю айб,
То бубинӣ боғу сарвистони ғайб…
Кундаи танро зи пойи ҷон бикан,
То кунад ҷавлон ба гирди анҷуман.
Ғулли бухл аз дасту гардан дур кун.
Бахти нав дарёб дар чархи куҳун…
Ҳар нидое, ки туро боло кашид,
Он нидо медон, ки аз боло расид.
Ҳар нидое, ки туро хирс оварад,
Бонги гурге дон, ки ў мардум дарад.
Ин баландӣ нест аз рўи макон,
Ин баландиҳост сўйи ақлу ҷон…
Хирс чун фарёд кард аз аждаҳо,
Шермарде кард аз чангаш раҳо.
Ҳилату мардӣ ба ҳам доранд пушт,
Аждаҳоро ў бад-ин қувват бикушт.
Аждаҳоро ҳаст қувват, ҳила нест,
Низ фавқи ҳилаи ту ҳилаест…
Чашмро дар рўшноӣ ҳўй кун,
Гар на хуффошӣ96, назар он сўй кун.
Оқибатбинӣ нишони нури туст.
Шаҳвати холӣ, ҳақиқат гўри туст.
Оқибатбине, ки сад бозӣ бидид,
Мисли он набвад, ки як бозӣ шунид.
З-он яке бозӣ чунон мағрур шуд,
К-аз таккабур з-устодон дур шуд.
Сомиривор он ҳунар дар худ чу дид.
Ў зи Мўсо аз таккабур сар кашид.
97-Хуффош — кўршабпарак.

Ў зи Мўсо он ҳунар омўхта
В-аз муаллим чашмро бардўхта.
Лоҷарам, Мўсо дигар бозӣ намуд,
То ки он бозиву ҷонашро рабуд.
Ай басо дониш, ки андар сар давад,
То шавад сарвар бад-он худ сар равад,
Сар нахоҳӣ, ки равад, ту пой бош,
Дар паноҳи қутби соҳиброй бош,
Гарчи шоҳӣ, хеш фавқи ў мабин,
Гарчӣ шаҳдӣ, ҷуз наботи ў мачин.
Фикри ту нақш асту фикри ўст ҷон,
Нақди ту қалб асту нақди ўст кон.
Ў туӣ, худро биҷў дар ўйи ў.
Куву кў гў, фохта шав сўйи ў.
В-ар нахоҳӣ хидмати абнои ҷинс,
Дар даҳони аждаҳое ҳамчу хирс,
Зорие мекун, чу зўрат нест, ҳин98!
Чунки кўрӣ, сар макаш аз роҳбин,
Ту кам аз хирсӣ? Наменолӣ зи дард?
Хирс раст аз дард чун фарёд кард.
Ай Худо, ин санги дилро мум кун.
Нолаашро ту хушу марҳум кун.

Инчунин хонед инро

bonk

«ИСЁНИ ХИРАД» ВА АШЪОРИ БАЧАГОНА

Достони «Исёни хирад» ба давраи охири ҳаёту фаъолияти шоир ва файласуфи асри XI тоҷик Носири …