АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / ҲИНО дар Канзи Шифо (Китоб)
Хинна

ҲИНО дар Канзи Шифо (Китоб)

Ҳино (Ҳина) Ин растанӣ маълум ва машҳур аст. Қадаш то 60-90 сантиметр мехезад, вале дар ноҳияҳои Ҳиндустон то баробари ду қадди одам баланд мешавад. Пояаш сурх, баргаш монанди барги анор аст, вале нозуктар ва хурдтар аз он, инчунин мулоимтар аз барги анор мебошад. Мизоҷаш мураккабқувват, моил ба сардӣ ва дар дараҷаи дувум хушк аст. Ва ба қавли баъзе табибон дар дараҷаи якум гарм аст.

Хислатҳои шифобахши он: як миқдор ҳинои тар ва ҳамон миқдор барги чормағзро бигиранд.

Аввал барги чормағзро кӯфта, баъд ҳардуро якҷо кӯфта гузошта банданд, байза ном дарди тамоми сарро, ки азияти муттасил мебошад, шифо мебахшад; инчунин дарди нимсарро низ дафъ мекунад ва дарди сарро, ки сабабаш ҷамъ шудани бодҳо ва балғам дар сар бошад, ба ибро меоварад. Ва агар барги ҳиноро кӯфта, бо сирко сиришта, ба пешонӣ гузошта банданд, дарди сарро дафъ мекунад; бо зифт (қатрон) ва равғани гули сурх ҳамроҳ карда гузошта банданд, захмҳои сарро шифо мебахшад. Ва агар бо қатрон ва равғани зайтун сиришта, ба сар гузошта банданд, мӯй мерӯёнад; бо оби кашниз сиришта, ба чаккаҳои сар гузошта банданд, рехтани моддаҳои бегонаро ба чашм манъ мекунад.

Ҳиноро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, решҳои даҳан ва (пухтани) даруни даҳани кӯдаконро шифо мебахшад. Ҳиноро кӯфта, бар кафи обиладори пой гузошта банданд, хусусан бо об андак гули маҳсар ва заъфарон илова карда бошанд, таъсираш зӯртар мегардад дар дармон гаштан; агар ба чашм бибанданд, баромадани обиларо дар он монеъ мешавад.

HinnaДар тамоми халқҳои ҷануб ва шарқии қитъаи Осиё анъана шудааст, ки ҳино дарди сарро дафъ мекунад, нури чашмро мегардонад, боҳро қувват мебахшад; барои беморӣ ва иллатҳои меъда, ҷигар, сипурз, роҳҳои пешоб, бачадон, махав, тоун, вабо ва ғайра нафъ дорад. 2,5 грамм ҳиноро бихӯранд ё 4,5 грамми онро як шабонарӯз дар об тар карда, он обро соф намуда биёшоманд, зардпарвинро шифо мебахшад, иллатҳои сипурзро дафъ мекунад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, душвории шошиданро ба ислоҳ меоварад, пешоби бандшударо мекушояд, бачаи занони ҳомиладорро аз шикам меафтонад. Агар ин оби тариди ҳиноро то даҳ рӯз пай дар ҳам бинӯшанд, вабо ва захмҳои роҳи пешобро дафъ месозад, пешоб ва ҳайзро равон мекунад, ба ҷойи нохуни каҷ ва пӯсида нохуни аслӣ мерӯёнад. Агар ин обро бо 32 грамм шакар бардавом биёшоманд, иллати махав дар давраи ибтидо бошад, шифо мебахшад. Ба қавли як қатор табибон, агар ҳамин тавр оби хинотаркардашударо бо шакар як моҳ биёшоманд, махав сиҳат наёбад, дигар илоҷпазир нест.

Ҳиноро дар об ҷӯшонида ва обро ба реши ҷамра (карбункул) ва сӯхтагии оташ кам-кам ва бардавом бирезанд, шифо мебахшад.   Ҳиноро кӯфта, ба варамҳои гарм, ки аз онҳо зардоб таровиш мекарда бошад, бимоланд, сиҳат мебахшад; бо равғани гули сурх сиришта бимоланд, — қӯтурро ба ибро меоварад; бо оби барги беданҷир даромехта бимоланд, кафидагии пӯстро, ки кӯҳна шуда бошад, сиҳат мекунад ва дарди зонуро нест месозад; бо гули индов якҷо кӯфта бимоланд, ҷурра (дабба)-ро шифо мебахшад.

Ҳинои хушкро кӯфта, ба захмҳо бишаканд, онҳоро хушк мекунад ва сиҳат мебахшад. Барги хушкащро кӯфта, бо равғани буз хамир карда гузошта банданд, захмҳоро ба ҳам оварда ислоҳ мекунад, хусусан захмҳои гӯшаи нохунро зудгар сиҳат менамояд. 4,5 грамми тухмашро кӯфта, бо асал ва катиро бихӯранд, майнаро хеле қавӣ мегардонад. Мизоҷи гулаш мӯътадил ва латиф аст. 4,5 грамм гулашро бо 75 грамм об ва асал бихӯранд, ҳамаи навъҳои дарди сарро дафъ мекунад, назлаҳоро қатъ менамояд, рутубатҳои нодаркор ва зарарноки баданро хушк мекунад.

Гули ҳиноро кӯфта, бо сирко сиришта бимоланд, дарди сарро даво мебошад. Вале гулашро танҳо гузошта банданд, барои фолиҷ, бемориҳои вобаста ба мағзи сар, иллатҳои асабонӣ ва дарди асабҳоро дармон мешавад; дарди бади гулӯро, ки аз ҷамъ шудани хун дар ин узв аст, дафъ мекунад; агар бо мумии занбӯри асал ва равғани гули сурх сиришта бимоланд, дарди паҳлӯ ва лат хӯрдани аъзоро ба ибро меоварад. Гули хинои хушкро дар либоси мӯина бигузоранд, намегузорад, ки онро кирм ва куя бизанад. Баргаш ҳам ҳамин хислатро дорад.

Хинна

Аз гули ҳино равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Дар зарфи шиша равғани кунҷиди тоза ё равғани зайтун андохта, онро аз гули ҳино пур месозанду ба офтоб мегузоранд. Баъди шаш-ҳафт рӯз ранги гул мепарад, он гулро фишурда дур намуда, ба ҷойи он гули дигар пур мекунанд. Ҳамин тавр панҷ-шаш маротиба гулро нав карда, охиронашро ҳам фишурда дур намуда, равғанро соф карда мегиранд — ин равғани ҳино ҳисоб меёбад,

Мизоҷи ин равған гарм аст. Инро бимоланд, варамҳоро таҳлил медиҳад, мӯйро мустаҳкам месозад, ранги рӯйро некӯ мекунад. Аз барги ҳино ҳам равған тайёр мекунанд ба ин тариқ. Оби барги ҳиноро дар зарфе карда, аз болояш ҳамон миқдор равғани зайтун ё равғани кунҷиди тоза мерезанду бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то он ки обаш ба тамом бухор гардаду равған бимонад. Аломати тамом шудани об дар ин амал ҳамон аст, ки аз ҷӯш мемонад. Ин равғанро низ бимоланд, варамҳоро таҳлил медиҳад, дардҳои гуногунро дафъ мекунад, тарангу беҳаракат мондани узвҳоро шифо мебахшад, иллатҳои асабҳо ва буғумҳоро ба ибро меоварад.

Навъи дигари гирифтани равғани барги ҳино ин тавр аст. Барги ҳиноро дар соя хушк карда, ҳар қадар, ки хоҳанд, бигиранд. Дар шаш баробари вазни он об як шабонарӯз тар карда, баъд то сеяки об мондан меҷӯшонанд. Сонӣ он обро соф карда, аз болояш баробари он об равғани кунҷиди тоза ё равғани зайтун андохта, бо оташи мулоим меҷӯшонанд, то ба ҳадде, ки об тамоман бухор шуда раваду равған бимонад.

Миқдори як бор дар як рӯз хӯрдан аз ҷирми ҳино ва гули он аз 2,25 то 4,5 грамм аст, зиёда аз ин бихӯранд, кушанда мебошад. Ин растании маълум аст, ки ду навъ мебошад: навъи бӯстонӣ ва намуди саҳроӣ дорад. Ду гурӯҳ дорад: гулаш сурх ва гулаш сафед. Беҳтаринаш қисми сафедгули он аст.

Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум хушк аст. Хислатҳои шифобахши бӯстонии он: оби аз себаргаи тар фишурдаро дар офтоб хушк кунанд, инро усораи себарга меноманд. Усораи инро маҳин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, пардаи афтодаеро, ки чашмро торик мегардонад ва гули чашмро дафъ мекунад, реши чашмро шифо мебахшад.

Себаргаро кӯфта бо шароб бихӯранд, истисқо ва зардпарвинро даво мешавад, қулинҷро, ки варам ва дарди рӯдаҳои ғафс аст, ба ибро меоварад, дарди рӯдаҳоро таскин медиҳад, заҳрҳои қаттолро аз бадан дур менамояд, пучакҳоро мепазонад ва мекафонад; ҳолати бади ахлоти сегона — хун, балғам ва сафроро, агар мурдор гашта бошанд, ба ислоҳ меоварад, дарунро мулоим мекунад, иштиҳоро мекушояд.

Барги тарашро қима карда, бо андак равған бирён намуда, бардавом тановул кунанд, иллати истисқоро, ки сабабаш ҷамъ шудани моддаҳои хунукмизоҷ бошад, сиҳат мекунад. Арақи инро низ бардавом бинӯшанд, истисқоро шифо мебахшад. Тариқи гирифтани арақи себарга чунин аст. Барги тарашро кӯфта, дар анбиқ андохта, ба оташ мегузоранд ва ба рӯйи ин асбоб оби хунук мерезанд. Оби барги себарга бухор гашта, ба сархонаи сарди анбиқ расида, қатраҳои об гашта, ба зарфи дар поён гузошташуда мечакад. Вале арақи ин монанди нӯшокиҳои масткунанда таъсир намекунад.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …