АСОСӢ / ГУНОГУН / ҲОҶИ ҲУСАЙНИ КАНГУРТИ

ҲОҶИ ҲУСАЙНИ КАНГУРТИ

Ҳоҷи Ҳусайни Кангурти (ё Ҳоҷи Ҳусайни Хатлонӣ) шоири тавонову рангинхаёли охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ мебошад. Ҳоҷӣ Ҳусайн соли 1868 дар деҳаи Қарақамиши Кан- гурти вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Гузаштагони шоир аз деҳаи Дашти Канаки мавзеи Сарихосор будаанд.

Ҳоҷи Ҳусайни КангуртиҲоҷӣ Ҳусайн саводи ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Баъд ба шаҳри Бухоро рафта, дар мадрасаҳои Турсунҷон ва Ра- шид таҳсилашро идома медиҳад. Шоир илмҳои расмии замонаш, сарфу наҳви забони арабӣ, фасоҳату балоғати шоирӣ, инчунин ҳунарҳои лаввоҳи, тарроҳи, саҳҳофи, наққоши, муҳркани ва хат- тотиро мукаммал аз бар кардааст. Худи шоир аз соҳибҳунариаш ифтихор дорад:

Ҷаҳоне санъатам, дар баҳри маънӣ гавҳарэҷодам, Вале ҳамчун садаф, Ҳоҷӣ, надонам худситоиро.

Ҳоҷӣ Ҳусайн ҳангоми таҳсил ба шахсиятҳои шинохтаи илму адаби Бухоро, чун Ҳоҷӣ Рафеъ, Садри Зиё, Ҳомидхоҷаи Ҳомид, Мулло Бурҳони Муштоқӣ рафтуомад ва муносибати дӯстӣ дош- тааст. Шоир баъди таҳсил ба сафари ҳаҷ мебарояд ва се сол дар Арабистон мемонад. Ӯ дар мамлакатҳои Фаронса, Ҳиндустон ва Эрон низ мусофират доштааст.

Ҳоҷӣ Ҳусайн баъди бозгашт дар зодгоҳи худ зиндагӣ ихтиёр ме- кунад ва дар яке аз мадрасаҳои Кангурт ба дарсдиҳӣ машғул мешавад. Шоир соли 1917 дар айни камолоти эҷодӣ аз олам чашм мепӯшад. Ӯ дар мазори ҳазрати Мавлавӣ Юсуф ба хок супурда шудааст:

Агар бар хоки Ҳоҷи бигзари, фасле тааммул кун, Ки бе файзе набошад тӯдаи хоки мазори ӯ шаҳри Тошканд ба табъ расидааст ва аз 6500 байт иборат мебошад. Дар Куллиёт ғазалиёт, қасидаҳо, рубоиёт, мусамматҳо, манзумаҳои «Василат-ун-наҷот», «Дабистони ибрат», «Таърихи ҷуда»[1], «Мунтахаб-ул-ахбор фи табақот-ис-салотин», маснавии «Комде ва Мадан» ва мактубҳои манзуму мансури шоир фароҳам омадаанд. Инчунин, миқдори зиёди ашъори шоир дар маҷмӯаву баёзҳои оғози асри ХХ сабт гардидаанд. Аз ӯ рисолае бо номи «Ашколи хутути исломия» (дар бораи навъҳои хат ва хаттоти) боқи мондааст.Аз Ҳоҷи Ҳусайн мероси гаронбаҳо боқи мондааст. Куллиёти шоир, ки соли 1913 дар Дар эҷодиёти ҲоҷИ Ҳусайн ғазал мавқеи муносиб дошта, шумораи он ба 274 адад мерасад. Дар ғазалиёти ҲоҷИ таъсири ашъори Ҳофиз ва Бедил эҳсос мешавад. Ғазалиёти шоир, аксаран, равону салис ва пуробурангу рӯҳафзо мебошанд:

Он маҳ чи ҷафо кард? Намекард, наку буд, Ӯ тарки вафо кард, намекард, наку буд. Пайванди муҳаббат ҳама асбоби маишат, Сад ҳодисаҳо кард, намекард, наку буд.

То кушта шавад мурғи дилам гашта асираш, Нокушта раҳо кард, намекард, наку буд. Чун дидаи оҳу зи тамошои саводам Рам кард. Чаро кард? Намекард, наку буд. ҲоҷИ ба ғаму дарди ту буд аз ҳама фориғ, Дардаш ки даво кард? Намекард, наку буд.

Дар ин ғазал ҷафокории маҳбуба, ба рақибон хӯ гирифта- ни ӯ ва зорию таваллои ошиқ ба воситаи забони сода, қофияву радиф ва таркибҳои саволи басо ҷолиб ифода ёфтаанд. Махсу- сан, таркибҳои хабарИ, ки хеле зиёд истифода шудаанд, ба ғазал қувваи ҷозибаи беинтиҳо ато намудаанд. Умуман, дар ғазалиёти ҲоҷИ хусусияти ин жанр (қофияи аа, ба, ва…, аз шаш то даҳ бу- дани миқдори байтҳо, дар байти мақтаъ зикр кардани тахаллус, мавқеи асосИ доштани мавзӯи ишқ) пурра риоя гардидаанд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн дар ашъори лирикиаш ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳасбиҳолӣ ва ахлоқӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Аз ҷумла, шоир илму дониш омӯхтан, аз суҳбати фозилон баҳравар шудан ва ахлоқи ҳамида доштанро ба ҳар фарди солимақл зарур мешуморад:

Бо аҳли ҳунар нишину шахси доно, Гар заҳр диҳад, бихӯр чу шаҳду ҳалво. В-аз суҳбати ноаҳлу касони ҷоҳил, Пайванд агар бувад, дурӣ бинамо.

Дар байни жанрҳои дигари шеърӣ дар эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайн маснавӣ мавқеи сазо- вор дорад. Шоир соли 1910 дар пайравии мас- навии «Комде ва Мадан»-и Бедил достоне су-

Мундариҷаи мухтасари достон чунин аст: дар сарзамини Ҳинд, дар дарбори шоҳи ишратпарасте Комде ном раққосаи мум- тоз ҳунарнамоӣ мекардааст:

Паризоде зи фирдавси таманно, Сиҳисарве ба боғи ҳусн пайдо. Нигаҳтезу сабукхезу шакарбез, Балоангезу шӯромез, тарабрез.

Аз мулки дигар Мадан ном мутриби сеҳрнигор ба шаҳри Комде омада, дар дарбори шоҳ ҳунарнамоӣ мекунад ва соҳиби мукофоти султон мегардад. Чун Мадан мафтуни рақси Комде ме- гардад, ҷоизаашро ба ӯ медиҳад ва ба ғазаби шоҳ гирифтор шуда, аз мамлакат ронда мешавад.

Шоҳи дигаре ҳангоми шикор ба Мадани овора вомехӯрад ва аз моҷарои ишқи ин ду дилдода огоҳ шуда, ба шоҳи Комде нома мефиристад. Шоҳи Комде ин номаро ба эътибор нагирифта ба ҷанг бармехезад ва ба шикаст дучор мешавад. Шоҳи ғолиб вафо- дории Комдеро имтиҳон кардан хоста, ба ӯ хабари «марги» Ма- данро мерасонад. Комде аз шиддати ғусса қолаб тиҳӣ мекунад:

Кунад то корвони яъс афсӯс, Даройи[2] реҳлаташ[3] овехт ноқус.

Мадан низ аз шунидани ин хабари шум «фидои Комде рӯҳи равон кард». Шоҳ аз карда пушаймон мешавад ва ба қувваи ҳикмати табибони дарборй дилдодагонро ба олами ҳастӣ баргар- донда, ба мурод мерасонад.

Ҳоҷӣ Ҳусайн дар асар дар мисоли ҷанги шоҳи одил ва шоҳи золим масъалаи муборизаи ду қувва — қувваҳои некӣ ва бадиро ба миён гузоштааст. Ҷолиб аст, ки қувваи хайр бар қувваи шар(р) ғолиб меояд. Шоир ба дигар образҳои асар ҳам аз ҳамин нуқтаи назар баҳо медиҳад. Образҳои асосии асар — Комде ва Мадан шахсони ҳунарманд, софдил, садоқатманд ва фидокоранд ва онҳо оқибат ба мақсад мерасанд. Муносибати шоир ба табибони ҳозиқ, ки ду дилдодаро аз чанголи марг раҳондаанд, хайрхоҳона ва самимӣ мебошад:

Ба дониш ҳар яке Луқмони сонӣ, Фалотуне[4] дар амрози ниҳонӣ. Ба ҳикмат Ибни Синоро гаронсанг, Арастуфитрату[5] идрокаржанг.

Вале симои шахсе, ки хабари дурӯғро ба Комде расонда, саба- би фоҷиаи ду дилдода мегардад, ба афъии заҳрнок ва боди сарди фасли зимистон монанд мешавад.

«Комде ва Мадан»-и Ҳоҷӣ дар баробари монандии мундариҷа аз достони ҳамноми Бе- дил фарқ мекунад. «Комде ва Мадан»-и Бедил як қисмати маснавии «Ирфон»-и шоир мебо- шад, аммо «Комде ва Мадан»-и Ҳоҷӣ чун достони алоҳида аз оғоз, 10 боб ва анҷом иборат буда, дар вазни дигар[6] (баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф ё мақсур) таълиф гардидааст:

Шабе осори раҳмат карда з-ӯ гул, Дӯкон во карда аз дебову сунбул. Мафойлун / мафойлун/ фаӯлун

Сарлавҳаи ҳар боб низ ба назм (ва дар вазни дигар) мебошад ва аз мутолиаи пайдарпайи онҳо мазмуни мухтасари достон бармеояд. Инчунин, дар достони «Комде ва Мадан»-и Ҳоҷӣ рӯҳи миллӣ ва пайванд ба замону макон равшан эҳсос мешавад. Шоир дар оғози достон ба тасвири табиати зебои диёри Хатлон мепардозад. Тасвири назаррабо имконият медиҳад, ки хонанда моҳияти Ватанро амиқтар эҳсос намояд:

Чу Хатлон хиттае кам офарида, Ки фирдавсе ба олам офарида. Насими файз бар хокаш вазида, Ғубораш, то бихезад, гул дамида. Шамолаш гар бигардад, мушк резад, Ҳавояш чун бихандад, атр безад… Чу нархи шир ширин обшораш, Лаби Ширин канори ҷӯйбораш… Зулолаш софии Кавсар гирифта, Чу маъшуқаш замин дар бар гирифта…

Умуман, Ҳоҷӣ Ҳусайн дар ашъораш аз анъанаи ғании ада- биёти классикии тоҷик бомаҳорат истифода карда, ба комёбиҳои назарраси эҷодӣ ноил гардидааст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ кай ва дар куҷо ба дунё омадааст?
  2. Ҳоҷӣ Ҳусайн дар кадом мактабу мадрасаҳо таҳсил намудааст?
  3. Охирҳои ҳаёти Ҳоҷӣ чӣ хел сурат гирифтааст ?
  4. Аз Ҳоҷӣ то замони мо кадом асарҳо боқӣ мондаанд?
  5. Ашъори лирикии Ҳоҷӣ кадом масъалаҳоро фаро гирифтаанд?
  6. Дар бораи маснавии «Комде ва Мадан» маълумот диҳед.
  7. «Комде ва Мадан»-и Ҳоҷӣ аз достони ҳамноми Бедил чӣ тафовут дорад?
  8. Порчаеро аз «Комде ва Мадан»-и Ҳоҷӣ оид ба Хатлон аз ёд кунед.

САВОЛИ ТЕСТИ

  1. Ҳоҷи Ҳусайн дар навиштани маснавии «Комде ва Мадан» ба кадом шоир пайравИ кардааст?
  2. РӯдакИ; Б) Ҳофиз;
  3. ҶомИ; Г) Бедил;

Ғ) Сайидо.

[1] Ҷуда — бахшандагИ, некниҳодИ.

[2]   Дарой — занг; дар қадим номи асбоби мусиқӣ.

[3]   Реҳлат — рафтан аз ҷое ба ҷое, даргузаштан, вафот кардан.

[4]   Фалотун — Афлотун (428—348 то м.) файласуфи Юнони қадим.

[5]   Арасту — Аристотел (384—322 то м.) мутафаккири Юнони қадим.

[6]   “Комде ва Мадан”-и Бедил дар баҳри хафифи мусаддаси махбуни маҳзуф ё мақсур эҷод гардидааст:

К-ин ҷунунфитратони ғарраи ҷоҳ,

Аз ҳавас бар ҳаво фиканда кулоҳ.

Назди admin

Инчунин хонед инро

1xbet-28-09-2021

На сайте 1xBet лучшие котировки на игры Вольфсбург

Начал о игр в Бундеслиге дало довольно неожиданные результаты, так как появилось сразу несколько команд, которые …