Recent Posts

АБРЕШИМ — пилла дар Канзи Шифо (Китоб)

Абрешим

Ин пиллаи печидаи кирмаки дастӣ мебошад. Пилларо дар офтоб гузоранд, то кирмаки даруни он буда бимирад, инро дар тиб абрешими хом меноманд. Мизоҷи абрешими хом дар дараҷаи якум гарм ва хушк аст, вале як қатор табибон мизоҷи инро дар тариву хушкӣ мӯътадил медонанд. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани абрешими хом дилро бағоят қавӣ …

Прочитайте больше»

ДӮҒ МАНФИАТ ДОРАД дар Канзи Шифо (Китоб)

дӯғ

Инро дар баъзе маҳалҳои тоҷикон аз ӯзбекӣ гирифта, айрон ҳам меноманд. Ин ҷурғотест, ки дар зарфе бо андохтани андак об хоҳ бо чархчӯб (пишкак), хоҳ дар машке ҳаракат дода, маскаи онро гирифта, боқиашро монда бошанд — ин дӯғ аст. Беҳтаринаш он аст, ки тоза аз ҷурғоти шири гов дӯғ тайёр …

Прочитайте больше»

АСАЛ ЧИ ФОИДА дар Канзи Шифо (Китоб)

Асал

Мурод аз асал гуфтан маҳсули ширинтаъми занбӯри асал дар назар дошта шудааст. Беҳтарини он хушбӯй, қивомаш ғафс, таъм ва шириниаш гуворо ва инчунин сурхранг бошад, ки дар он муми занбӯр, яъне муми хонааш мутлақан набошад, чун онро бо ангушт бардоранд, тор бандад — ин навъаш барои давоӣ беҳтар аст; баъд аз …

Прочитайте больше»