Classic Layout

Товус

ТОВУС дар Канзи Шифо (Китоб)

Товус парандаест, машҳур ба зебоӣ ва хушранг бо рангҳои гуногун, думаш бисёр дароз ва чун бардорад, чатрӣ мегардад, хусусан думи нари он бисёр дароз ва парҳои зебо дорад. Мизоҷи гӯшташ дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: гӯшташ бисёр сахт ва бадҳазм, хӯрдани он хилти (моддаи) ғализ дар …

Прочитайте больше»
Омула

Омула (Омела) дар Канзи Шифо (Китоб)

Омула — ин самари дарахти ҳиндист, рангаш зард, ба бузургии олуча ва то ба андозаи чормағз мешавад. Таъмаш туруши тунҷ аст, яъне дар вақти хоидан мушакҳои сатҳи даруни даҳанро ба ҳам меоварад (бурма мекунад). Беҳтаринаш берешаи он аст. Дар аксар ҳол онро се бор якшабӣ дар шир тар карда ва …

Прочитайте больше»
Курбока

ҚУРБОҚА дар Канзи Шифо (Китоб)

Маълум аст, ки ин ҷонвар дар зери заминҳои намнок, обҳои истода ва ҷӯйҳо бисёр пайдо мешавад, хелҳои баҳрӣ, даштӣ ва наҳрӣ дорад. Дар тиб қисми наҳрии он истеъмол мешавад, вале даштиаш заҳри қотил аст. Мизоҷи ҳамаи навъҳои он дар дараҷаи севум сард ва дар якум хушк аст ва бо вуҷуди …

Прочитайте больше»
Хасакхор -хори хасак

ХОРИ ХАСАК дар Канзи Шифо (Китоб)

Хасакхор (Хори хасак) — ин гиёҳест сохти баргаш монанди барги тарбуз қайчибарги кунгурадор, вале хеле аз он майда, инчунин, соқаш ҳаммонанди биёраи тарбуз бар замин паҳн шуда месабзад, ки дар ҷоҳои намнок мерӯяд. Самараш сегӯшаи хорнок ба бузургии ду нахӯде. Дар наздики банди баргҳои биёрааш самар мебандад. Гулаш зарди бисёрреза. …

Прочитайте больше»
Гулсанг

Гулсанг (Гули санг) дар Канзи Шифо (Китоб)

Гулсанг (Гули санг) — он чизест, ки дар рӯйи сангҳои намнок пайдо мешавад. Ба руси онро (Гулсанг)-ро лишайник меноманд. Рангаш сабзи моил ба сафедӣ ё сурхи моил ба пуштӣ. Агар онро дар каф бимоланд, рангаш ба даст бармеояд. Мизоҷаш сард ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: ин хосияти поккунандагӣ дорад. Агар ос карда гузошта …

Прочитайте больше»
Испанд

ИСПАНД — дар Канзи Шифо (Китоб)

Испанд (Исфанд) -ин растанӣ дар маҳалҳои Шарқ ва аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ машҳур аст, ки ҳазориспанд низ меноманд ва ба руси «Гармала обыкновенная«. Инро аз бехаш ҷудо намуда хушк карда бигиранд, қувваташ то чор сол боқӣ мемонад. Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва дар дувум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: истеъмоли испанд …

Прочитайте больше»
Янток

ЯНТОҚ дар Канзи Шифо (Китоб)

ЯНТОҚ (Yantoq)- онро тоҷикони қадим шутурхор меномиданд ва ба русси «Верблюжья колючка«. Дар хусуси мизоҷи ин қавлҳо гуногун мебошанд. Баъзе гарм ва хушк ва баъзеи дигарҳо сард ва хушк донистаанд. Хислатҳои шифобахши он: ин хусусиятҳои гардонандагии варамҳо, кушояндагии гиреҳҳо ва поккунандагӣ дорад, бар зидди заҳрҳо тарёқ мебошад. Агар инро бихӯранд ё гузошта банданд …

Прочитайте больше»
Банги Девона

БАНГИ ДЕВОНА дар Канзи Шифо (Китоб)

Банги девона (ба руссӣ «Дурман») — ин растании маълум аст, аслан ду навъ мешавад: якеро гулаш сафед ва ба шакли қиф аст, дигареро гулаш таҳбартаҳ, баргаш ва пояаш ҳама ранги бунафш доранд. Самараш дар бузургӣ ба андозаи чормағз аст ва чун самари беданҷир хорнок мебошад. Дар даруни он тухмҳои бисёри …

Прочитайте больше»
Сарв

САРВ дар Канзи Шифо (Китоб)

Сарв — ин дарахти бисёр мавзун, хушқомати баланд аст. Ба забони руси онро «Кипарис» меноманд. Баргаш реза, хазон намешавад, яъне ҳамешасабз аст. Андозаи самараш хурдтар аз чормағз, санавбаршакл, яъне шаклаш ба дили ҳайвонот монанд аст, мағз надорад; дар вақти хомӣ сабз ва баъди расидан андак зардтоб ва сахт мегардад. Тухми самараш …

Прочитайте больше»
Чавзи баво

ҶАВЗИ БАВО (БӮЁ) дар Канзи Шифо (Китоб)

Калимаи «ҷавзи бӯё»-и тоҷикӣ дар таъсири забони арабӣ монда, «ҷавзи бавво» гаштааст, инро ба русӣ мускатный орех меноманд. Ин самари пӯстдори дарахти азимест. Баъди расидан ҷавзашро ҷудо карда мегиранд ва аз маконаш, ки мамлакатҳои гарм аст, ба ҷоҳои дигар мебаранд. Миқдори ин ба бузургӣ баробари олуболу, вале сахти хушбӯ, тундтаъм мебошад, …

Прочитайте больше»