Classic Layout

Калтокелас

КАЛТОКАЛОС дар Канзи Шифо (Китоб)

Калтокалос (Калтекелас) — инро дар як қатор маҳалҳо ба таври гуногун: келас, калпеса, капписа низ меноманд. Ин даштӣ ва ҳам ғайридаштӣ мешавад. Беҳтарини он дар бӯстонҳо будааш мебошад. Мизоҷи ҳар ду навъи он дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: агар инро кӯфта, гузошта банданд, тири дар бадан …

Прочитайте больше»
Гург

ГУРГ дар Канзи Шифо (Китоб)

Ин ҳайвони ваҳшии маълум аст, ду навъ мебошад: навъе бисёр далер, ҷонварони ваҳширо дошта мехӯрад, инчунин аз хӯрдани чорпоёни мардум ҳам сар намепечад; навъи дигаре гурги дӯлта ном дорад, ки ин намудаш ҷонварони мурда ва кушташударо тӯъмаи худ мегардонад. Қисми дувумаш барои даво шоям нест. Мизоҷи гург дар дараҷаи севум …

Прочитайте больше»
магас (Пашша)

Магас — Пашша дар Канзи Шифо (Китоб)

Магас ё худ пашша — ин яке аз ҳашаротҳои парвозкунанда аст: хурд ва калон мешавад. Калони онро хармагас меноманд. Дар ранг онҳо гуногунанд: сиёҳ, сабз ва зард. Беҳтарини ҳамаи онҳо барои табобат магаси сиёҳ аст, баъд аз он навъи сабзаш мебошад. Бадтарини ҳама — зарди он аст ва он безаҳр …

Прочитайте больше»
Мурги хонаги дар сурат - расм

МУРҒИ ХОНАГӢ дар Канзи Шифо (Китоб)

Мизоҷи мурғи ҷавони фарбеҳ дар дараҷаи якум гарм ва дар тарӣ мӯътадил, вале дар мурғчӯҷа тарӣ бисёртар аст. Ҳарорат, яъне гармии мизоҷи хурӯс нисбат ба мокиён камтар ва хушкии он зиёдтар аст, вале хурӯсчӯҷа дар мизоҷ мӯътадили моил ба тарӣ мебошад. Хислатҳои шифобахши он: гӯшти инро муҳарро пухта бихӯранд, ғизоияташ …

Прочитайте больше»
Хирс дар сурат

ХИРС дар Канзи Шифо (Китоб)

Хирс — ин ҳайвони маълуми калони серпашм аст, ки ҳама чизро мехурад. Мизоҷаш гарм ва тариаш бисёр аст, вале мизоҷи хирси пир хушк мебошад. Хислатҳои шифобахши Хтрс: заҳраи он гиреҳҳои баданро ба шиддат кушоянда аст. Ним граммашро бо асал бихӯранд, иллати саръро шифо мебахшад; бо сиркоасал, асал ва мурч бихӯранд, дарди …

Прочитайте больше»
Гамбусаки Саргин дар сурат, расм

Гамбуски саргин дар Канзи Шифо (Китоб)

Гамбуски саргин -ин ҷонварест гуногун, болдор ва бебол, калон ва майда — ҳама сиёҳ мебошанд. Дар пойи деворҳо, хокрӯбаҳо ва саргин мақом дорад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши Гамбуски саргин: агар ин ҷонварро як шаб дар об тар карда, баъд он обро бинӯшанд, ахлоти меъда, рӯдаҳо …

Прочитайте больше»
Балила

Балила дар Канзи Шифо (Китоб)

Балила ин самари дарахти ҳиндӣ, кулӯлаи андак нӯгдор, калонтар аз мозу, пӯсташ зарди гӯё гардолуд ва нозуктар аз пӯсти ҳалила аст. Дар тиб пӯсти ҳамин самар истеъмол мешавад. Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва дар дувум хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, дарунро ба некӣ мебандад, меъда ва иштиҳоро …

Прочитайте больше»
Сурати - расми Курмуш

КӮРМУШ дар Канзи Шифо (Китоб)

Курмуш ҷонвари бадбӯ, бечашм, дум ва поҳои он аз ин узвҳои муш кӯчактар, хокистариранг, вале ба қавле чашми он дар зери пӯсташ ҷой гирифтааст. Дар заминҳои намнок мешавад, пайваста заминро сӯрох мекунад ва решаҳои гиёҳ ва дарахтонро мехӯрад, хусусан қисми заминӣ — пиёзи гандано ва пиёзро дӯст медорад, ки бихӯрад. …

Прочитайте больше»
Алоказанг дар сурат - расм

Алокузанг -дар Канзи Шифо (Китоб)

Алокузанг — ин ҳашароти парвозӣ аст, ду навъ мебошад: калон ва майда. Калонаш ба андозаи занбӯр аст ва майдааш аз магас калонтар, паҳн, бадбӯ, ба гиёҳҳои тару тоза мешинад ва дар ҳамон ҷо сокин гашта, афзоиш меёбад. Алокузанги калон рӯйи болҳояш хатҳои зард дорад. Дар тиб қисми калонаш истифода мешавад. …

Прочитайте больше»
Гурба - пишшак

ГУРБА (Пишак) дар Канзи Шифо (Китоб)

Гурба (пишак) — ин ҷонвар навъҳои хонагӣ, ваҳшӣ ва обӣ дорад. Мизоҷи гурбаи хонагӣ дар дараҷаи дувум гарм ва рутубаташ бисёр, яъне тар аст. Хислатҳои шифобахши он: хӯрдани гӯшти гурбаи хонагӣ ба пирон ва тармизоҷон мувофиқ аст: дарди буғумҳоро, ки аз тарӣ бошад, бемории ниқрис ва даббаро, ки аз даридани пардаи …

Прочитайте больше»