Classic Layout

Гандуми девона

Гандуми девона

Гандуми девона — ин донест аз ҷав борик ва майдатар, таъмаш каме талх, рангаш моил ба сурхӣ. Гиёҳаш монанди растании гандум дар гандумзорҳо мерӯяд. Беҳтарини он фарбеҳдонаи он аст, ки кӯҳна нагашта бошад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушкиаш зиёда аз ин дараҷа мебошад. Хислатҳои шифобахши он: агар инро бихӯранд, …

Прочитайте больше»
Лоласурхак

Лоласурхак

Лоласурхак  — инро ба таври оддӣ лола ҳам меноманд. Ин гиёҳест баргаш ва гулаш монанди кӯкнор, вале кӯзаи сараш назар ба кӯзаи кӯкнор хеле майда мебошад, тухмаш ҳам нисбатан резатар. Гулаш одатан панҷ барг дорад, садбаргаш ҳам мавҷуд мебошад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: 7 …

Прочитайте больше»
Ҷав

Ҷав

Ҷав — ин дон ва зироати маълум аст. Беҳтарини он сафеди пурраи наваш мебошад. Агар аз як сол гузарад, барои даво қобили истифода нест. Мизоҷаш дар дараҷаи якум сард ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: ҳамчун ғизо ин назар ба гандум камтар аст дар қувват. Хӯрдани ҷав ҷӯшиши хун ва сафроро …

Прочитайте больше»
Ширинбия

Ширинбия

Ширинбия — ин гиёҳ ба ҳама маълум аст; дар тиб решаи аз пӯст ҷудо кардашудааш истеъмол мешавад. Таъми решааш ширин, баъзеаш камтар талхӣ низ дорад. Беҳтаринаш он аст, ки шириниаш бисёр ва талхию қабзкунандагиаш хеле кам бошад. Қувваташ то даҳ сол боқӣ мемонад. Мизоҷаш дар дараҷаи дувум гарм ва дар якум …

Прочитайте больше»
Тархун

Тархун

Тархун — ин гиёҳро ба забони тоҷикӣ тархонӣ мегӯянд. Тару тозаи онро мардуми сарзамини Эрон монанди кабудиҳои дигар чун: наъноъ, пудина, таратезак (индов) ва монанди инҳо бо нон, ҷурғот, панир ва ғайра мехӯранд. Ин растанӣ навъҳои бӯстонӣ ва саҳроӣ дорад. Онро бо усули киштани тухмаш ва қаламчаи шохашро шинонидан месабзонанд. …

Прочитайте больше»
Шавкарон

Шавкарон

Шавкарон — ин гиёҳи заҳрнок аст, ки ба тоҷикӣ тафт меноманд. Гулаш анбӯҳи сафеди чатрӣ монанди гули шибит, вале аз он хеле зиёд мебошад. Тухмаш мисли нонхоҳ моил ба сафедӣ ва луоб дорад. Ба забони русси онро «Болиголов пятнистый» меноманд. Мизоҷаш дар дараҷаи чорум сард ва дар дувум хушк аст. …

Прочитайте больше»
Шубрум

Шубрум (Шибрим)

Шубрум (Шибрим)  — Ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон говкушак меноманд ва ба гӯсфандон зарар надорад. Ин растанӣ дар бӯстонҳо ва киштзорҳо низ мерӯяд. Пояаш рост, пашмакдор, гиреҳнок, баландиаш то дувуним ваҷаб, ба най монандӣ дорад, ширнок; баргаш мисли баргҳои тархун ва санавбар аст; гулаш бунафш, тухмаш ба наск мемонад, вале …

Прочитайте больше»
Сияхак Сиёхак

Сияҳак

Сияҳак (Сиёҳак ё Часпак) — Инро мумкин аст гуфтан, ки мушунги ғайрихӯрокӣ мебошад. Ин гиёҳест, ки дар миёни гандумзор ва наск мерӯяд, гулаш кабуд. Пояаш ба растании дигар такя намуда месабзад. Ғилофи тухмаш монанди ғилофи тухми мош аст, донааш ҳам қариб ба андозаи мош, вале сиёҳ ва сахт мебошад. Дар тиб …

Прочитайте больше»
Лаблабуи Сурх

Лаблабу

Лаблабу   — ин ду навъ аст: а) лаблабуи сурх, ки ширин аст; б) лаблабуи сафеди зардтоб, ки ширинии он камтар назар ба навъи сурхи он. Беҳтаринаш навъи сафеди он аст барои даво. Мизоҷаш мураккаб-ул-қуво, яъне дар мизоҷҳо мӯътадил аст. Хислатҳои шифобахши он: ин поккунандаи узвҳо, таҳлилдиҳандаи моддаҳои ғафси бадан, кушояндаи гиреҳҳо, …

Прочитайте больше»
Саломалек

Саломалек

Саломалек (Саломалейкум) —  ин пиёзаки хушбӯест, ки сахт, кулӯлаи дарозак ва баъзе фақат дарозак ва ғайра. Гиёҳаш дар заминҳои корам ва ғайрикорам мерӯяд, ки намнок бошанд. Инро мардум мешиносанд. Дар тиб пиёзаки зеризаминии сиёҳ, пӯсти дарунаш сафед, хушбӯйи сахти он ба кор меравад. Навъҳои дигараш зарарнок, ҳатто заҳрнок аст. Ба …

Прочитайте больше»