АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ҲУҶУМИ РУССИЯ БА ОСИЁИ МИЁНА
rusho_hujum

ҲУҶУМИ РУССИЯ БА ОСИЁИ МИЁНА

Инкишофи минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию сиёсии Россия бо давлатҳои Осиёи Миёна

Чунон ки дар боло қайд карда шуд, ҳукумати подшоҳии рус саъй менамуд, ки бо роҳи иқтисодӣ ва дипломатӣ мавқеи худро дар Осиёи Миёна мустаҳкам карда, нуфузи ҳукмфармои худро дар Бухоро, Хева ва Хӯқанд пойдор гардонад. Дар охири солҳои чилум ва ибтидои солҳои панҷоҳуми асри ХIХ кӯшишҳои Британия дар роҳи вусъат додани тиҷорат ва дасисаҳои сиёсии он Петербургро ба ташвиш андохта, дар вай хавфи ҷиддии аз даст рафтани бозори осиёи миёнагии молҳои рус ва дар ҳудуди ҷанубии Россия устувор гардидани мавқеи ҳарифони хатарнокро ба вуҷуд овард. Аз ин рӯ, ҳукумати подшоҳӣ барои инкишофи минбаъдаи муносибатҳо бо давлатҳои хонии Осиён Миёна ҳаракат намуда, дар айни замон ба мақсади барқарор кардани ҳукм­ронии худ дар он сарзамин иқдомоти ҳарбӣ низ ба амал овард.

Дар соли 1847 қӯшуни ҳукумати подшоҳӣ ба соҳилҳои баҳри Арал расид. Дар ин ҷо бо унвони Раим истеҳкоме бино карда шуд, ки баъдҳо номи Қалъачаи Аралро ба худ гирифт. Ин истеҳком ва дигар қалъаҳои соҳили баҳри Арал барои он сохта шуда буданд, ки ҳаракати бемонеаи корвонҳои тиҷоратӣ ба дарунтари Осиёи Миёна таъмин гардад. Дар худи ҳамин вақт дастаи дигаре, ки аз ҷониби Сибир ба Осиёи Миёна ҳаракат мекард, ба ҳафт­руд расид. Ба ин тариқа, қувваҳои ҳарбии ҳукумати подшоҳӣ аэ ду тараф – аз Оренбург ва Омск ба заминҳои яйлоқии аз қазоқҳо ва қирғизҳо кашидагирифтаи давлати хонии Хӯқанд наздик шуданд.

Ишғоли қалъаи Оқмачити Хӯқанд (истеҳкоми Перовский, Қизил Ӯрдаи ҳозира), ки соли 1853 пас аз муҳосира ва ҳамлаи дастаи  ҷанговарони  рус  таҳти   фармондеҳии  генерал-губернатори Оренбург В.А.Перовский ба вуқӯъ пайваст, дар роҳи ҳаракати минбаъдаи қӯшунҳои ҳукумати подшоҳӣ марҳалаи муҳимме гардид. ҳамон сол аввалин роҳи обии Россия ба Осиёи Миёна кушода шуд ва киштиҳои рус ба шино кардан аз баҳри Арал ба самти саргаҳи дарёҳои Сир ва Аму шурӯъ намуданд. Пас аз ин қад-қади  соҳилҳои  дарёи  Сир   як  қатор  нуқтаҳои  муқовимат сохта, хатти истеҳкомоти Сирдарё ба вуҷуд оварда шуд. Дар тарафи шарқии Осиёи Миёна хатти истеҳкомоти Сибир ба он мутобиқат менамуд. Аҳолии маҳаллӣ қазоқҳо ва қарақалпоқҳо, ки дучори зулму тааддии давлатҳои Хӯқанд ва Хева гардида буданд, ба қӯшунҳои ҳукумати подшоҳии рус фаъолона кӯмак мерасониданд.

Петербург дар баробари ба  амал овардани иқдомоти ҳарбӣ саъю кӯшишҳои худро дар бобати ба василаҳои дипломатӣ «кушодани» роҳи васеи ба Хева ва Бухоро дохил шудани молҳои рус низ идома медод. Баъди тамом шудани ҷанги Қрим, ки як муддат диққати доираҳои ҳукмрони империяи Россияро аз Осиёи Миёна дур карда буд, соли 1858  ба аморати Бухоро ва хонии Хева бо сардории полковник Н.П.Игнатев намояндагии дипломатӣ фиристода шуд. Гуфтушуниди ин намояндагӣ дар давлати хонии Хева ягон натиҷае надод. Аммо дар аморати Бухоро ба Игнатев муяссар шуд, ки баъзе муваффақиятҳо ба даст оварад. Амир Насрулло, ки бо хони Хӯқанд ҷанг мекард, бо умеди пуштибонӣ дидан аз давлати Рус ҳайъати сафоратро ба хушӣ пазируфт ва барои савдогарони рус имтиёзҳои муайяне ваъда дод. Лекин  амалӣ  намудани  мувофиқати ҳосилшуда  ниҳоят дараҷа душвор гардид. Худи Игнатев ҳам фаҳмид, ки ҳукуматҳои хонӣ (қабл аз ҳама, ҳукумати Хева) ба мушоҳидаҳои пешина аҳамияте намедиҳанд: дар Хева ҳатто матни қарордодеро, ки дар натиҷаи ба давлати хонӣ ташриф овардани П. Никифоров ва Г. Данилевский баста шуда буд, ёфта натавонистанд…

0_125db7_361a4467_origИмперияи Россия ба хулосае омад, ки барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ ва иқтисодии худ дар Осиёи Миёна бояд қувваҳои мусаллаҳро ба кор андохт. Ин ният аз он сабаб ҳам қувват мегирифт, ки пас аз ҷанги Қрим нисбат ба давлатҳои тараққикардаи аврупоӣ заифтар будани Россияи подшоҳӣ аён гардид ва Осиёи Миёна ҳамчун бозори каму беш замонатдори молҳои саноатии рус дар пеши назари доираҳои ҳукмрон ва соҳибкорони мамлакат аҳамияти махсусе пайдо намуд. Ваҷҳи охирӣ бо тараққиёти сареи муносибатҳои капиталистӣ дар Россияи нимаи дувуми асри ХIХ, хусусан пас аз бекор кардани ҳуқуқи крепостноӣ хеле сахт алоқаманд буд. Корхонаҳои нави саноатӣ ба вуҷуд меомаданд. Муҳимтарин соҳаи саноат – бофандагӣ, ки бо таъмини пахта вобаста буд, бо суръати тамом вусъат меёфт. Тараққиёти иқтисодӣ ба даст овардани бозорҳои нави фурӯши мол, манбаъҳои нави маводи хом ва василаҳои нави алоқаро талаб мекард.

Илова бар ин, амалиёти фаъолонаи давлати Рус дар Осиёи Миёна на фақат хавфи аз тарафи Англия истило шудани ин сарзаминро бартараф мекард, балки, баръакс, Россияро ба ҳудуди мулкҳои шарқии Британия наздиктар менамуд. Ба ҳамин восита Петербург қусури шикасти ҷанги Қримро гирифтанӣ ва мавқеи худро дар Европа мустаҳкам карданӣ буд. Аз ин рӯ, сар даровардан ба дарунтари Осиёи Миёна бо мақсад ва манфиатҳои ҳам помешикон ва ҳам доираҳои буржуазии империяи Россия мувофиқат мекард.

Мо дар баробари таъкид намудани омезиши сабабҳои иқтисодӣ ва сиёсие, ки Петербург дар муайян кардани нақшаи фаъолияти худ нисбат ба давлатҳои Осиёи Миёна онҳоро ба асос мегирифт, мавқеи дараҷаи аввал доштани омилҳои иқтисодиро бояд дар назар дошта бошем[1]. В.И.Ленин дар мақолаи «Боз доир ба масъалаи назарияи реализатсия» маҳз дар давраи баъди ислоҳот бештар авҷ гирифтани мустамликакунии кишварҳои канориро бесабаб хотирнишон накардааст. Ӯ менависад: «Ҷануб ва ҷануби шарқи қисмати Россияи Европоӣ, Кавказ, Осиёи Миёна, Сибир як навъ мустамликаҳои капитализми рус мебошанд ва на фақат ба қад, балки ба бар ба андозаи бузург тараққӣ ёфтани капитализми русро ҳам таъмин мекунанд»[2].

Бинобар ин бесабаб нест, ки масъалаи дар Осиёи Миёна устувор гардидани мавқеи империяи Россия таваҷҷӯҳи аз ҳад зиёди доираҳои тиҷоратию саноатиро ба худ кашида, дар ташкилот ва органҳои матбуоти онҳо мавқеи муҳокимаи пурҷӯшу хурӯше гардидааст.

Ишғолгариҳои мустамликавӣ фақат ба ҳукумати мутлақаи подшоҳӣ, помешикҳо, дворянинҳое, ки дар хизмати гражданӣ ва ҳарбӣ мансабҳои калонро соҳибанд, ба як тӯдача капиталистон, фабрикантҳо  ва   пудратчиҳо  фоиданок   аст[3].

Дар солҳои шастуми асри ХIХ, ба сабаби он ки дар натиҷаи сар задани ҷангҳои дохилӣ дар шимол ва ҷануби Америка ба Европа кашондани пахтаи америкоӣ қатъ гардида, бӯҳрони саноати бофандагии Европа ва Россия ба амал омад, истилои Осиёи Миёна ҳамчун манбаи маводи хоми пахта аҳамияти махсус касб намуд. Масалан, то соли 1861 як пуд пахтаи Бухоро дар ярмаркаи Нижегород 4-5 сӯм арзиш дошта бошад, нархи он дар соли 1862 ба 7 сӯму 50 тин ва дар соли 1864 ба 23-24 сӯм расид.

[1] Ниг.: Халфин Н.А., 1972.

[2] Ленин В.И. Асарҳо, ҷ. 4, с. 86.

[3] {амон асар, с. 386.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …