АСОСӢ / ГУНОГУН / Иди Қурбон 2023, табрикот ва намози идона

Иди Қурбон 2023, табрикот ва намози идона

Иди Қурбон омаду дар Макка Ҳаҷи Акбар аст.
Дустонро табрик намудан суннати пайғамбар аст.

Шумо ва аҳли пайвандонатонро бо фарорасии Иди Саиди Қурбон (Азҳо) самимона табрику муборакбод намуда, аз даргоҳи Худованди якто мағфирати гуноҳон, ҳидоят ва устуворӣ дар дин, саодатмандии дунё ва охиратро таманно менамоям.

Бигзор Худованди бузург аз баракоти ин лаҳзаҳои муборак ҳамаи моро бархурдор бигардонад.

Рузи иди Қурбон соли 2023 санаи 29-уми июн эҳтимол дар Тоҷикистон қайд карда шавад

Намози иди курбон 2017

Худо он миллатеро ёр бодо,
Ки ҳифзи дину оин кор бодо.
Муборак иди Қурбон бар касе бод,
Ки соҳибмазҳабу диндор бодо!

Дустони арҷманд! Дар ин рӯзи фархунда аз даргоҳи Худованди мутаъол бароятон хонаободиву сарбаландӣ, тандурустиву фарохдастӣ , беҳтарин хушиҳои рӯзгорро орзу намуда, дар фаъолияти пурсамаратон баҳри ғанӣ гардонидани буҷет ва устувории иқтисодиёти мамлакатамон дастовардҳои бузургро таманно дорам. Орзумандам, ки ин Иди Саъид ба хонадони ҳар яки шумо файзу баракат, фатҳу нусрат ва бахту саодатро арзонӣ намояд.

Он Худованде ки дар дил нури Имон офарид,
Дар шаби торик бингар моҳи тобон офарид.
Теғро бар ҳалки Исмоили пайғамбар ниҳод,
Баъд аз он бар муъминонаш иди Қурбон офарид.

Бо таманнои амалишавии ин нияту орзуҳои нек як бори дигар ҳамаи Шумо ва кулли мусалмонони дунёро ба муносибати Иди Саъиди Қурбон самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон хушҳолии рӯзгор, дастурхони пурнозу неъмат, барори кору комёбиҳои беназир, сулҳу ваҳдат  ва файзу баракатро таманно менамоем.

Бар пайкари олами вуҷуд ҷон омад,
Сад Шукр,ки имтиҳон ба поён омад.
Аз лутфи Худованди Халил Арраҳмон,
Як иди бузург бо номи Қурбон омад.

Саломату сарбаланд бошед!

Намози иди Қурбон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон соли 2022-уми шамсӣ соати 6:00 муқаррар шояд шавад!

Оиди ният ва тартиби хондани намози идона нигаред сомонаи http://life.ansor.info/tj/niyati_namozi_idi_qurbon/ 

Инчунин хонед инро

Мадрасаи  Хоҷа Аҳрори валӣ дар ш. Самарканд

Хоҷа Аҳрори валӣ – шахсият, тарҷумаи ҳол, мақбара, мадраса, қабр ва расм

Шахсият Хоча Ахрор Валӣ:  Номи пурраи Хоҷа Ахрор Валӣ «Насираддини Убайдуллоҳ ибни Маҳмуди Шошӣ» аст. …