АСОСӢ / Таърихи тоҷикон / ИЛМ ВА АДАБИЁТИ ХАЛҚИ ТОҶИК (АСРҲОИ IХ-Х)

ИЛМ ВА АДАБИЁТИ ХАЛҚИ ТОҶИК (АСРҲОИ IХ-Х)

Вазъияти сиёсии Осиёи Миёна ҳанӯз дар ибтидои асри IХ барои тараққии адабиёти нави китобии тоҷик, ки бар асоси эҷодиёти даҳанакии халқ қарор гирифта буд, шароити мусоид фароҳам овард, вале ин шароит самараҳои худро дар вақти Сомониён бахшид. Бинобар ҳамин ҳам давраи Сомониён давраи пайдоиши адабиёти классикии тоҷику форс ба шумор меравад.

Дар айни замон ин ифодаро чунин бояд фаҳмид, ки замони Сомониён аслан на давраи ба вуҷуд омадани адабиёти нави тоҷику форс, балки фақат давраи расман эътироф гардидан, ба шакли хаттӣ зуҳур ёфтан ва нашъунамои ин адабиёт мебошад.

Хеле вақт пеш аз барпо гардидани давлати Сомониён тоҷикон бо забони модарии худ лафзан асарҳои бадеӣ эҷод мекарданд. Чунин амри воқеӣ, ки дар тамоми давраи ҳукмронии арабҳо анъанаҳои адабии қабл аз ислом аз байн нарафтанд ва халқ образҳои бадеӣ ва сюжетҳои бостониро маҳфуз дошт, яке аз далелҳои нисбат ба асри IХ хеле қадимтар будани таърихи адабиёти тоҷик мебошад.

Дар замони Сомониён дар баробари тараққӣ кардани адабиёт ба забони тоҷикӣ (дарӣ) адабиёти арабизабон низ равнақ ёфт. Эҷодкунандагони ин адабиёт дар Мовароуннаҳр бештар он тоҷиконе буданд, ки бо доираҳои расмӣ муносибат дошта, ғайр аз забони модарии худ забони арабиро ҳам нағз медонистанд.

Ин давра дар таърихи тараққиёти адабиёти классикии тоҷику форс дар асрҳои миёна яке аз муҳимтарин давраҳо ба шумор меравад.

Сомониён аз он сабаб шоиронро ба дарбори худ ҷамъ мекарданд, ки ба воситаи онҳо шӯҳрати худро зиёдтар паҳн намоянд. Аз тарафи дигар, саъю кӯшиш ба маъруфият, инчунин тангии маишат шоирон ва нависандагонро маҷбур менамуд, ки ба дарбори ин ва ё он ҳоким рӯ оваранд.

rudakiДар адабиёти давраи Сомониён ҳам, монанди адабиёти асрҳои минбаъдаи замони феодалӣ, ду тамоюлро қайд кардан мумкин аст: яке – майлҳои халқӣ, дигаре – майлҳои феодалӣ (ашрофӣ-клерикалӣ).[1] Табиист, ки таваҷҷӯҳи моро асосан дар ин ҷо нависандагоне, ба худ ҷалб мекунанд, ки дар эҷодиёти онҳо майлҳои халқӣ бартарӣ доранд.

Асосгузори эътирофшудаи назми классикии тоҷику форс устод Рӯдакӣ мебошад, ки ҳанӯз дар ҷавонӣ чун навозанда ва ҳофизи халқ шӯҳрат ёфта буд.

Абӯабдулло Ҷаъфар Рӯдакӣ дар охирҳои асри IХ дар деҳаи Панҷруд (наз-дикии Панҷакент) дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст. Дар бораи ҳаёти ин шоири мумтоз ва, алалхусус, роҷеъ ба давраи бачагии ӯ маълумот ниҳоятдараҷа кам аст.

Барои донистани қисмати Рӯдакӣ кашфиёти асосгузори адабиёти советии тоҷик устод С.Айнӣ аҳамияти ҳалкунанда дошт. С.Айнӣ пас аз таҳқиқи дақиқонаи сарчашмаҳо ва пурсуҷӯи куҳансолони маҳаллӣ ба чунин хулосае омад, ки қабри Рӯдакӣ дар деҳаи зодгоҳи ӯст. То ин дам касе инро тахмин ҳам накарда буд. Ин воқеият барои кушодани бисёр уқдаҳои ҳаёти Рӯдакӣ кӯмак расонид ва собит намуд, ки шоири забардасти аз тарафи Сомониён ҳимоятдида, чи навъе ки ривоят мекунанд, солҳои охири умри худро дар хориву залилӣ гузаронида, дар як деҳачаи номашҳури кӯҳистон аз дунё гузашт ва дафн карда шуд. Чунин буд қисмати шоир дар замони феодалӣ.[2]

Рӯдакӣ дар овони ҷавонӣ ба туфайли овози хуш, истеъдоди шоирӣ ва маҳорати чангнавозии худ шӯҳрати зиёде пайдо карда буд. Ба ин восита вай аз тарафи Насри II ибни Аҳмади Сомонӣ (914-943) ба дарбор кашида шуд ва қисми асосии ҳаёти ӯ дар муҳити дарбор гузашт. Чи навъе ки Абулфазли Балъамӣ мегӯяд, «Рӯдакӣ пешқадамтарини ҳамасронаш будааст дар шеъри порсӣ (тоҷикӣ) дар замони худ, ки дар Араб ва Аҷам монандаш нест»; ӯ на фақат устоди шеър, дар айни замон ҳофиз ва навозандаи забардасте низ ба шумор мерафт. Рӯдакӣ мураббӣ ва мувозиби шоирони навқалам буд, ки ин обрӯву эътибори ӯро боз ҳам зиёдтар мекард.

Бо вуҷуди ин, Рӯдакӣ дар айёми пирии худ дучори бисёр маҳрумиятҳо гардид. Дар соли 937 ҳомӣ ва дӯсти наздики ӯ Балъамӣ, ки сарвазири Насри II буд, аз кор дур карда шуд. Шоири куҳансоли нобино ё шояд зӯран кӯр кардашуда, ба гуноҳи дӯсти Абулфазли Балъамӣ буданаш ва ё ба шӯриши халқии қармата хайрхоҳӣ карданаш аз дарбор ронда шуда, ба зодгоҳи худ баргашт.

Рӯдакӣ пас аз ин воқеа бисёр зиндагӣ карда натавонист. Чи навъе ки Самъонӣ дар китоби «ал-Ансоб» менависад, ӯ дар соли 941 (аз рӯи дигар далелҳо – дар соли 952) дар деҳаи худ Панҷруд вафот кард.[3]

Аз осори Рӯдакӣ то замони мо танҳо бештар аз як ҳазор байт омада расидааст. ҳамин шеърҳои боқимонда низ ба маҳорати баланди шоирии ӯ, ки дар тамоми жанрҳои назми он давра, монанди марсия, қитъа, рубоӣ, ғазал, маснавӣ (чун маҷмӯаи амсоли маъруфи «Калила ва Димна» ва ғ.) зоҳир гардидааст, метавонанд гувоҳӣ диҳанд.

Рӯдакӣ аз қабили қасидасароёни маъмули дарбор набуд. Қасидаҳои ӯ бо тасвири возеҳи манзараҳои табиат, васфи сурури зиндагӣ ва ишқ шурӯъ мегардиданд: қисмати насиб (муқаддима) назар ба мадҳия ҷозибаноктарин қисмати қасидаҳои вайро фароҳам меовард. Ашъори Рӯдакӣ аз ҷиҳатҳои динӣ қариб тамоман холӣ буда, дар аксари онҳо андешаҳои амиқи фалсафӣ нуҳуфтаанд. Чунончи, беҳтарин абёти ӯ роҷеъ ба гардиши доимии моддаҳо ва муборизаи наву кӯҳна мисоли барҷастаи ҳамин навъ шеърҳост. Дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ» шоир сабабгори фаро расидани пириро пурсида, худ дар ҷавоби он мегӯяд:

Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирду гардон аст,

ҳамеша то бувад оин-ш, гирдгардон буд.

ҳамон, ки дармон бошад, ба ҷои дард шавад,

Ва боз дард ҳамон, к-аз нахуст дармон буд.

Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд,

Ва нав кунад ба замоне ҳамон, ки хулқон буд.

Басо шикастабиёбон, ки боғи хуррам буд,

Ва боғи хуррам гашт, он куҷо биёбон буд.[4]

Рӯдакӣ дар шеърҳои худ хирад ва дониш, накӯкорӣ ва далериро тараннум карда, мардумро ба наҳаросидан аз сахтиҳои рӯзгор ва мардонавор бартараф кардани онҳо даъват менамояд, ғояҳои инсониятпарварӣ ва меҳнатдӯстиро таблиғ намуда, дар ин бобат аксаран ақидаҳои дар миёни халқ пайдошударо ифода мекунад. Ӯ бо эҷодиёти худ пояҳои назми тоҷику форсро устувор намуда, жанр ва навъҳои асосии шеъриро ба таомул медарорад. Дар ашъори ӯ қариб ҳамаи вазнҳои арӯзӣ ва системаи образҳо ба худ шакли муайян мегиранд.

Шеърҳои Рӯдакӣ сармашқи шоирони минбаъдаи тоҷик гардид. Рӯдакӣ ба таври ҳаққонӣ ҳамчун асосгузори назми классикӣ шинохта шудааст, назме, ки дар асрҳои Х-ХV дар миёни тоҷикон ва форсҳо интишор ёфта, Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ, ҳофиз ва Ҷомӣ барин симоҳои бузургро ба арсаи вуҷуд овард. Классикони ин назм Рӯдакиро устоди худ дониста, ӯро ҳамеша бо муҳаббат ва зҳтироми тамом ёд кардаанд.

Абулҳасан Шаҳиди Балхӣ дар деҳаи Ҷаҳидонаки Балх таваллуд ёфтааст. Дар бораи ҳаёти ӯ низ маълумоти ниҳоят кам мавҷуд аст. Аз сарчашмаҳо фақат ҳаминро метавон донист, ки Шаҳид яке аз беҳтарин шоирони дарбори Насри II ибни Аҳмади Сомонӣ ва наздиктарин шогирди Рӯдакӣ ба шумор мерафт.

Шаҳиди Балхӣ на танҳо шоир, дар айни замон яке аз олимони пешқадами давраи Сомониён буд. Муаллифи «Китоб-ул-феҳрист» Ибн ан-Надим дар бораи ӯ чунин менависад: «Дар замони ар-Розӣ[5] марде буд маъруф ва Шаҳид ибн-ул-ҳусейн… дар ҳикмат бағоят моҳир ва соҳиби мусаннафоти бисёр ва байни вай ва Розӣ мунозирот будааст»…

Шаҳид пештар аз Рӯдакӣ вафот кард. Шоири куҳансол дар фавти шогирди азизи худ марсияи ҷонсӯзе дорад.

Абӯшакури Балхӣ дар соли 915 таваллуд ёфтааст. Дар аҳди салтанати Нӯҳ ибни Насри Сомонӣ (943-954) ӯро ба дарбор кашидаанд. Номи ӯ бо маснавии «Офариннома», ки дар соли 944 навиштааст, шӯҳрат пайдо кард. Аз ин маснавӣ фақат баъзе қисматҳои пароканда то замони мо расидааст. Зоҳиран, ин нахустин достони дидактикии адабиёти классикии тоҷику форс ба шумор меравад. Илова бар ин, Абӯшакур боз ду маснавӣ таълиф карда будааст, ки аз онҳо чизе боқӣ намондааст. Ӯ ба равияи рубоиёти халқӣ шеър гуфта, дар айни замон ба сабки мураккаб, зарофат ва хушбаёнӣ низ аҳамият додааст. Шеърҳои мураккаббаёни ӯ чунон машҳур гардида буданд, ки онҳоро ба забони арабӣ ҳам тарҷума намудаанд.

Робиаи Балхӣ нахустин шоираи ба мо маълуми даризабон аст. Дар чанде аз тазкираҳо шеърҳои ошиқонаи пурэҳсос ва санъаткоронаи вай зикр ёфтаанд. Қиссаи ишқи фоҷиавии Робиа ва ғуломи ҷавон, ки дар асри ХIII Фаридаддини Аттор ба риштаи назм кашидааст, бо номи ҳамин шоира алоқаманд мебошад. Дар бораи зиндагонии ӯ ягон маълумоти воқеӣ мавҷуд нест. Агар баъзе ривоятҳоро ба асос гирем, Робиа ҳамзамони Рӯдакӣ буда, устод ба ашъори ӯ арзиши баланд додааст. Ба арсаи вуҷуд омадани шоираи баркамол аз дараҷаи баланди маданияти он замон гувоҳӣ медиҳад.

Абӯмансур Муҳаммад ибни Аҳмади Дақиқӣ (вафоташ тақрибан с.977). Ҷои таваллуди ин шоир ҳанӯз маълум нагардидааст. Баъзе ӯро аз Тӯс (дар Хуросон), баъзе аз Самарқанд ва ё Бухоро медонанд, дар ҳар сурат вай тамоми умри худро дар Мовароуннаҳр ба сар бурдааст. Дақиқӣ фаъолияти худро дар дарбори ҳокими вилояти Чағониён, ки дар он замон яке аз ободтарин маҳалҳои давлати Сомониён ба шумор мерафт, сар кард. Шӯҳрати санъаткории Дақиқӣ то дараҷае расид, ки дар як муддати кӯтоҳ ба Бухоро – ба дарбори Сомониён даъват карда шуд.

Дар он замон гирд овардани афсона ва ривоятҳои бостонӣ мавриди таваҷҷӯҳи доираҳои ҳукмрон қарор гирифта буд. Бо анъанаҳои қаҳрамонии замонҳои гузашта шинос кардани оммаи халқ барои муттаҳид гардидани онҳо дар мубориза баҳри давлати мустақил аҳамияти калоне дошт. Бинобар ин Сомониён ба ҷамъ намудани нақлу ривоятҳои қадимаи қаҳрамонӣ-асотирӣ чи аз сарчашмаҳои таърихии паҳлавӣ, чи арабӣ ва хусусан аз забони мӯбадон диққати махсусе медоданд. «Шоҳномаи Абӯмансурӣ» низ маҳз ба ҳамин муносибат ба вуҷуд омада буд.

Амир Нӯҳи II Сомонӣ (976-977) ба Дақиқӣ фармуд, ки ин «Шоҳнома»-ро ба риштаи назм кашад. Вале умри шоир барои анҷом додани ин вазифа кифоя накард – соли 977 ӯ дар як шаби базм аз тарафи ғуломи худ кушта шуд.

Мумкин аст, ки ӯ қурбони фитнаву дасисаҳои шахсони тарафдори дини ислом гардида бошад, ки ба фаъолияти барқарор намудани анъанаҳои қаҳрамонӣ назари душманона доштанд.

ҳазор байти Дақиқӣ, ки дар он муборизаи байни Гуштосп (Виштосп) ва Арҷосп тасвир ёфта буд, аз тарафи Фирдавсӣ ба «Шоҳнома» ҳамроҳ карда шуд.

Дар бораи миқдори байтҳои «Шоҳнома»-и Дақиқӣ ақидаҳои дигар низ мавҷуданд: чунончи, муаллифи аввалин тазкираи ба мо расидаи асри ХIII Муҳаммади Авфӣ ҳатто дар бораи бист ҳазор будани ин байтҳо сухан меронад.

Бузургтарин шоири он замон Абулқосим Фирдавсӣ байни солҳои 934 ва ё 941 дар деҳаи Бож, наздикии Тӯс, аз оилаи аъёни миёнаҳол таваллуд ёфта, маълумоти нисбат ба он давра хубе ба даст овард. Ӯ ғайр аз забони модарии худ дарӣ забони арабӣ ва паҳлавиро (форсии миёна) низ нағз азхуд кард. Ба ин восита дар вақти таълифи «Шоҳнома» вай имкон дошт аз тамоми асарҳое, ки бо ин забонҳо навишта шуда буданд, истифода намояд.

Фирдавсӣ дар синни 35-солагӣ, пас аз он ки ба Бухоро ва дигар ҷойҳо сафар карда, бар иловаи «Шоҳномаи Абӯмансурӣ» дар бораи гузаштаи халқҳои Эрон маълумоти муфассал ҷамъ овард, ба танзими ҳамосаи худ «Шоҳнома» шурӯъ намуд. Дар ин вақт давлати Сомониён ҳанӯз дар авҷи иқтидори худ буд.

Фирдавсӣ дар асоси нишон додани гузаштаи пур аз қаҳрамонии халқ бедор намудани ҳисси ватандӯстии онро вазифаи асосии достони худ медонист. Ӯ ба эҷоди ин асар беҳтарин айёми умри худро сарф кард. Чунон ки мегӯяд, вай дар ин роҳ пир шуд, вале хомаашро ба канор нагузошт:

Ман аз шасту шаш суст гаштам чу маст,

Ба ҷои инонам асо шуд ба даст.

Рухи лолагун гашта бар сони коҳ,

Чу кофур шуд ранги мӯи сиёҳ.

Зи пирӣ хам овард болои рост,

ҳам аз наргисон рӯшноӣ бикост.

Сарчашмаи асосии ҳамосаи Фирдавсиро силсилаи гуфтори сакоию суғдӣ дар бораи Рустами баҳодур, ки беш аз сеяки достонро дар бар мегирад, инчунин афсонаҳои суғдиву хоразмӣ дар бораи Сиёвуш ва афсонаи бохтарӣ дар бораи Исфандиёр фароҳам овардаанд. Аксарияти асотири фасли аввали достон, ки бо афсонаҳои дар Авесто ишоратёфта мушобеҳ мебошанд, низ аз манбаъҳои осиёимиёнагӣ баромадаанд. Ривоятҳои оид ба давраи сосонӣ (қисмати хурди достон) асосан аз маъхазҳои хаттӣ, махсусан аз адабиёти паҳлавӣ иқтибос шудааст.

Фирдавсӣ асари худро дар асоси ғояи муборизаи қувваҳои нек ва бад, ки ибтидои худро аз ривоятҳои қадимаи эрониён мегиранд, тартиб додааст. Дар тамоми ҷараёни воқеаҳои ин асар халқҳои эронӣ ҳамчун тарафдори қувваи нек бар зидди қувваи бад – истилогарони хориҷӣ мубориза мебаранд. Шоир дар қисми афсонавии достон дар шахси шоҳи морон Заҳҳок зулми золимони аҷнабиро тасвир намуда, дар натиҷаи муборизаи қаҳрамононаи Коваи Оҳангар ва халқи бо даъвати ӯ шӯришбардошта барбод рафтани ин зулму истибдодро моҳирона нишон додааст.

Муаллиф дар симои Рустам ва дигар қаҳрамонони достон муборизаи фидокоронаи насли навро дар роҳи истиқлолияти ватани худ тасвир менамояд. Шоир ба достон воқеаҳои таърихиро аз лашкаркашии Искандари Мақдунӣ сар карда, то истилои араб ва марги Яздигурди III низ дохил намуда, ғояи муборизаи халқро барои истиқлолияти кишвари худ дар тамоми муддати таърихи он тараннум кардааст. Илова бар ин, вай достонро ба лавҳаҳои романтикӣ (монанди қиссаи ишқи Зол ва Рудоба), масал ва ҳикматҳои тарбиявии ахлоқӣ оростааст.

Тамоми ҳамосаи Фирдавсӣ бо рӯҳияи хайрхоҳӣ нисбат ба аҳли меҳнат – барзгарону пешаварон фаро гирифта шудааст. Шоири бузург онҳоро бо беҳтарин сифатҳои инсонӣ – ҷавонмардӣ ва олиҳимматӣ ороста, тасвир менамояд. Фирдавсӣ дар бобати фаҳмидани моҳияти неҳзати маздакия аз тамоми ҳамасрони худ пеш гузаштааст. Ӯ ба маздакиён бо назари нек нигариста, онҳоро «гурусна ва азияткашида» меномад.

Ниҳоят, шоир вазифаи ба зимма гирифтаи худро дар овони пирӣ, пас аз заҳмати муттасили чандинсола дар соли 994 анҷом дод ва аз 100 ҳазор мисраъ ҳам зиёдтар як асари ҷовидонаи оламшумулро ба дунё овард.

Вале аз рӯзе, ки Фирдавсӣ ба таълиф намудани ин асар камар баста буд, хеле вақт гузашт. Дар ин муддат давлати сомонӣ аз по афтода, аз ҳомиёни шоир касе намонда буд. Он гоҳ Фирдавсӣ аз рӯи маслиҳати яке аз одамони хайрандеш «Шоҳнома»-ро ба султон Маҳмуди Ғазнавӣ, ки ба сари ҳокимият омада буд, тақдим намуд.

Лекин Маҳмуд ин тӯҳфаи шоиронаро рад кард ва чунон ки нақл мекунанд, ҳатто шоирро аз сабаби тасвир намудани қаҳрамонон ва подшоҳони пеш аз ислом ба кофирӣ айбдор намуда, бифармуд, ки ба зери пои шутур партоянд. Намояндаи сулолаи нави ба ҷои Сомониён омадаи турк Султон Маҳмуди Ғазнавӣ табиист, ки дар достон, қабл аз ҳама, хавфи сиёсӣ дарёфт, зеро дар ин ҳамоса муборизаи аҷдоди халқи тоҷик бар зидди Тӯрониён,[6] ки дар аҳди ӯ ҳамчун аҷдоди қавми турк ҳисоб меёфтанд, ситоиш карда мешуд.

Ғайр аз ин, Султон Маҳмуд, ки роҳи ба даст овардани пуштибонии хилофати араб ва рӯҳониёни мусулмонро меҷуст, ба муқобили васфи анъанаҳои қадимаи тоисломӣ дар «Шоҳнома» ва рӯҳияи зиддиарабии он бархост. Вале муҳимтарин сабаби муносибати манфии Маҳмуд нисбат ба «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ иборат аз ин буд: Маҳмуд, ки фурӯ нишондани ҳаракатҳои халқро асли мақсади худ қарор дода буд, наметавонист асари моҳиятан халқии шоири гениалиро тақдир намояд.

«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз ҷиҳати арзиши бадеии худ дар радифи барҷастатарин асарҳои ҳамосии адабиёти ҷаҳон қарор гирифтааст.[7]

Шоири бузург бақияи умри худро дар қашшоқӣ ва маҳрумиятҳо ба сар бурда, соли 1020 (аз рӯи дигар мадракҳо – с.1025) дар Тӯс вафот кард. Рӯҳониёни ислом, ки Фирдавсиро кофир мехонданд, ба қабристони мусулмонон дафн кардани ӯро манъ намуданд. Ҷасади шоир дар боғи худи ӯ ба хок супурда шуд.[8]

Номи Фирдавсӣ ҷовид бимонд. Суханони хитобан ба Маҳмуди Ғазнавӣ гуфтаи ӯ ҳақ баромаданд:

Биноҳои обод гардад хароб

Зи борону аз тобиши офтоб.

Пай афгандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

Бад-ин нома гар умрҳо бигзарад,

Бихонад ҳар он кас, ки дорад хирад.[9]

Илму фан

Комёбиҳои илму фанни давраи сомонӣ камтар аз муваффақиятҳои адабиёти нафиса набуд. Аммо фарқ дар ин буд, ки асарҳои илмӣ мисли пештара аксаран ба забони арабӣ таълиф меёфтанд. Забони арабӣ дар байни мамлакатҳои Шарқи исломӣ дар зарфи чандин асрҳо роли забони илмии байналхалқиро иҷро мекард. Бо забони маҳаллӣ навиштани асарҳои илмӣ боиси маҳдудшавии доираи интишори осори муаллиф мегардид. Инро ҳам бояд ба назар гирифт, ки забони арабӣ барои ифодаи муҳимтарин мафҳумҳои илмӣ истилоҳоти мувофиқ дошт. Аз ин сабаб муаллиф кӯшиш менамуд, ки асарҳои худро ба забони арабӣ нависад, то ки онҳо дастраси ҳамаи доираҳои илмии кишварҳои Шарқ гарданд.

Олимони ин давра дар ҳар як соҳаи илму фан ниҳоят зиёданд ва бинобар ин мо фақат бо зикри номи барҷастатарини онҳо иктифо менамоем.

Ибни Қутайба (828-829) ҳам дар соҳаи таърих ва ҳам дар соҳаи адабиётшиносӣ яке аз мумтозони замони худ буд. «Китоб-ул-маориф» ном асари доир ба таърихи ӯ аҳамияти ниҳоят калоне дорад.

Аҳамияти «Китоб-уш-шеър в-аш-шуаро» ном асари адабиётшиносии вай, ки дар таърихи адабиёт баробар будани мақоми шоирони гузашта ва муосирро таъкид менамояд, боз ҳам бештар аст.

Абӯмуашшар Ҷаъфар ибни Муҳаммади Балхӣ аз маъруфтарин мунаҷҷимон ва олимони асри IХ ба шумор меравад. Вай аввалҳо ба ҷамъ овардани ҳадисҳо шуғл баст. Пас аз расидан ба синни 47-солагӣ дар Бағдод ба омӯхтани риёзиёт шурӯъ намуд, сипас ба илми нуҷум гузашт ва дар ин соҳа қариб 40 асар эҷод кард. Абӯмуашшар тақрибан сад сол умр дида, соли 886 вафот намуд.

Абӯбакри Наршахӣ (вафоташ с.959) яке аз муаррихони машҳури давраи сомонӣ аст. Китоби «Таърихи Бухоро», ки аз тарафи ӯ ба забони арабӣ таълиф ёфта, онро дар соли 1128 Абӯнасри Қубавӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардааст, аз беҳтарин сарчашмаҳои таърихии доир ба ҳаёти вилоятҳои ҷудогонаи Мовароуннаҳр ва махсусан Бухоро мебошад.

Абӯнасри Форобӣ (тақрибан 870-950) аслан аз Фороби қадимаи соҳили Сирдарё буда, дар оилаи саркардаи ҳарбии турк таваллуд ёфтааст. Дар овони ҷавонӣ ба мақсади давом додани таҳсил ба Димишқ ва сипас, ба Бағдод сафар намуд ва қисми зиёди умри худро дар он ҷо гузаронид. ҳамаи асарҳои ӯ ба забони арабӣ таълиф шудаанд. Хизмати арзандаи Форобӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ӯ мероси Арасту ва дигар файласуфони Юнони Қадимро азхуд намуда, онро ба халқҳои Шарқи Наздик интиқол дод. Бисёр мутафаккирони тоҷик ӯро дар соҳаи фалсафаи Юнон устоди худ донистаанд. Ба қалами Форобӣ миқдори зиёди асарҳои тадқиқӣ тааллуқ дорад. Махсусан, рисолаи «Доир ба ақидаи сокинони шаҳри комил», ки бо таъсири асарҳои дар бораи давлат навиштаи муаллифони қадим ба вуҷуд омада, дар айни замон бисёр фикру мулоҳизаҳои худи ӯро дар бар гирифтааст, хеле ҷолиби диққат мебошад. Форобӣ дар ин асар саъй намудааст, ки ба як қатор масъалаҳои муҳим: пайдоиши давлат, сабабҳои нобаробарии иҷтимоӣ ва амсоли ин ҷавоб диҳад. Тасаввуроти иҷтимоӣ-утопии ӯ дар замони худ аҳамияти бузурги прогрессивӣ дошт.

Абӯалӣ ибни Сино тахминан дар соли 980 дар деҳаи Афшана (дар райони Бухоро) аз оилаи амалдори яке аз девонҳои давлати сомонӣ таваллуд ёфт. Вай маълумоти нисбат ба он замон ниҳоят васеъ ҳосил намуда, чунон ки худ мегӯяд, ҳанӯз дар синни ҳаждаҳсолагӣ ҳамаи илмҳои замона, аз ҷумла тибро омӯхта буд.

Махсусан, омӯхтани адабиёти доир ба риштаҳои мухталифи илму фан дар китобхонаи машҳури Сомониён, ки ба туфайли муолиҷа кардани амир Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ ба он ҷо роҳ ёфта, аксарияти вақти худро ба мутолиаи китобҳои он сарф мекард, дар таҳсилоти шахсии ӯ аҳамияти бағоят калоне дошт.

Вақте ки давлати сомонӣ ба таҳдиди Қарохониҳо ва ҳамлаи султон Маҳмуди Ғазнавӣ дучор гардид, Абӯалӣ маҷбур шуд хоки Бухороро тарк намояд. Аз ҳамин лаҳза давраи дуру дарози саргардониҳои ӯ, ки боиси он таъқиботи султон Маҳмуд буд, сар мешавад. Хоразм ва Абевард, Гургон ва Рай, Қазвин ва ҳамадон, Исфаҳон ва боз ҳамадон – ин буд ҷойҳои муҳоҷирати «шайхурраис», чунон ки муосирони ӯ ҳамин тавр ном дода буданд.

Ин солҳо барои Абӯалӣ ибни Сино давраи хеле пуркорӣ буд. Вай ба табобат ва дарсгӯӣ машғул мешуд, вазири ҳокими ҳамадон буд ва, дар айни замон, асарҳои бисёре таълиф менамуд. Абӯалӣ ибни Сино донишманди ҳартарафа: файласуф, табиб, шоир ва арбоби сиёсист.

Ягон соҳаи фанне набуд, ки ин энсиклопедисти аҷоиби халқи тоҷик дар асрҳои Х-ХI онро наомӯхта бошад.

Китоби ӯ «Ал-қонун фи-т-тиб» беҳтарин асар дар илми тиб буда, дар давоми шаш аср (аз асри ХI то миёнаҳои асри ХVII) ҳамчун дастур барои духтурон ва китоби дарсӣ барои мактабҳои тиббии тамоми Европа хизмат кардааст. «ал-Қонун» дар Европа чандин маротиба ба забони лотинӣ ва дигар забонҳо нашр гардидааст.

Ибни Сино дар шарқ ва ғарб чун бузургтарин файласуфи замон шӯҳрат пайдо кард.

Асари энсиклопедии Ибни Сино «Китобу-ш-шифо», ки дар хусуси мантиқ, табиатшиносӣ, метафизика ва риёзиёт баҳс менамояд ва «Донишнома», ки ба забони тоҷикӣ навишта шуда, масъалаҳои оид ба мантиқ, илми табиат, фалсафа, риёзиёт ва нуҷумро дар бар мегирад, дар қатори «ал-Қонун» ва дигар асарҳои ӯ, аз беҳтарин ёдгориҳои афкори пешқадами асримиёнагии қарнҳои Х-ХI ба шумор мераванд.

Ибни Сино дар омӯхтани мероси файласуфҳои қадим, махсусан Арасту, ҳамчун пайрави муқаррарӣ набуда, балки ба эҷодкорона инкишоф додани ғояҳои онҳо саъй мекард.

ҳарчанд Абӯалӣ ибни Сино кӯшиш мекард ва ё маҷбур мешуд ақидаҳои пурмулоҳизаи худро аз ягон ҷиҳат мутобиқи аҳкоми шариат ифода намояд, ки ин боиси дуият ва номустақилии ӯ гардидааст, вале бо вуҷуди ин, асли моҳияти фалсафаи ӯ ҳамчун пешқадамтарин сухани машшоия ба шумор мерафт. Вай бар хилофи аҳкоми динӣ оид ба офариниши олам абадияти дунёро эътироф менамуд; баръакси ҳукми шаръӣ роҷеъ ба сарнавишти илоҳӣ таълимоти қонуни сабабиятро дар табиат пеш мебурд. Дар айни замон, Абӯалӣ ибни Сино мавҷудияти Худоро эътироф карда ва мавҳумоти замони худ, рамзи арқом ва монанди инҳоро ҳақ пиндошта, дар мавқеи дуият монд. Аммо ин маҳдудияти ногузири таърихӣ аҳамияти осори Абӯалӣ ибни Синоро дар таърихи илму фанни тоҷик ва ҷаҳон кам намекунад.

ҳамчунин, ақидаи нисбат ба замони худ пешқадами Ибни Синоро роҷеъ ба ҳуқуқи мардум дар бобати бо силоҳ сарнагун кардани ҳокими мустабид низ метавон ёдоварӣ намуд. Ин ақидаи ӯ ҳамоҳанги ғояҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мебошад.

Тараққиёти маданияти асри IХ-Х-ро ҷамъбаст намуда, дар тамоми соҳаҳои илму фан ва адабиёт комёбиҳои муҳим ба даст овардани халқи тоҷик ва дигар халқҳои эронинажоди Осиёи Миёна ва Хуросонро қайд кардан мумкин аст. Шароити фароҳамомадаи таърихӣ: барпо кардани давлати худ ва аз зулму ситами хилофати араб озод намудани мамлакат, муттаҳид гардидани халқи тоҷик ва ташаккули забони адабии ӯ; марказият ёфтани идораи давлат, ниҳоят, робитаи васеи хоҷагӣ ва мадании халқҳои Осиёи Миёна бо тамоми кишварҳои Шарқи Наздик барои ба даст омадани ин комёбиҳо мусоидат мекард.

[1] Муфассалан ниг.: Брагинский И.С, 1956.

[2] Айнӣ С. 1959, с. 30–36.

[3] Роҷеъ ба ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ тадrиrот бисёр аст, хусусан ба муносибати ҷашни 1100-солагии таваллуди ӯ асарҳои зиёде таълиф ва нашр гардидаанд. Ниг.: Мирзоев А.М., 1968, ки феҳристи мукаммали адабиёти оид ба Рӯдакӣ зикр ёфтааст. Инчунин муроҷиат шавад ба асари олими Эрон Саид Нафисӣ (Теҳрон, ҷилдҳои I-III, 1309-1313 ҳ.).

[4] Осори Рӯдакӣ, 1958, с. 19-20.

[5] Олим ва табиби маъруф Абӯбакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ (таrрибан соли 865-925) дар назар дошта шудааст.

[6] Номи rадимаи тоифаҳои бодиянишини шарrиэронӣ.

[7] Дар Иттифоrи Советӣ нашри мукаммали илмии матни «Шоҳнома» анҷом пазируфт, ки ба rадимтарин дастхатҳо асос ёфта, аз тарафи кормандони Институти Шарrшиносии АФ СССР тартиб дода шудааст (ҷ. I-IХ, 1960-1971).

[8] Дар бораи Фирдавсӣ, ниг.: Османов М.-Н. О., 1959.

[9] Намунаҳои адабиёти тоҷик, 1940, с. 28.

Инчунин хонед инро

uli_somoniyon

МУОМИЛОТИ ПУЛ АСРИ ХII

Тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, беш аз пеш ҷудо шудани касбу ҳунар аз хоҷагии қишлоқ, инкишофи минбаъдаи …