АСОСӢ / ГУНОГУН / Иммунизатсия дар Тоҷикистон

Иммунизатсия дар Тоҷикистон

ПАДАРОН ВА МОДАРОНИ МӮҲТАРАМ!

Сари вақт гузаронидани иммунизатсияи кӯдакони Шуморо аз бемориҳои фалаҷ, гепатити В, сил, гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз, сирояти ротавирусӣ, сурхча, гулафшон ва сирояти гемофилии типи b эмин нигоҳ медорад.

shutterstock_161210786-pic905-895x505-42096

Масъалаи имунизатсия дар Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 680 аз 29.12.2010 танзим карда мешавад.

ТАҚВИМИ МИЛЛИИ ИММУНИЗАТСИЯ

   Намуди ваксина Мӯҳлати иммунизатсиякунӣ
ОПВ-0 (сифрӣ),ГВ-1 Дар муддати 24 соати баъд аз таваллуд
БСЖ Дар рӯзҳои 3-5-уми баъд аз таваллуд
Пентавалентӣ -1 (АКДС-1, Hib, ГВ-2), ОПВ-1 Рота-1 Дар 2 моҳагӣ
Пентавалентӣ 2 ( АКДС-2, Hib-2,ГВ-3),ОПВ-2 Рота-2 Дар 3 моҳагӣ
Пентавалентӣ 3 ( АКДС – 3, Hib -3, ГВ – 4), ОПВ -3 ИПВ Дар 4 моҳагӣ
СТ(MR)- 1 ОПВ-4 Дар 12 моҳагӣ
АКДС -4 Дар 16 -23 моҳагӣ
СТ(MR) -2; БСЖ -2, АДС Дар 6 солагӣ
АДС –М ; БСЖ — 3 Дар 16 солагӣ
АДС – М -2, 3,4,5 Баъд ҳар 10 сол ( 26,36,46,56)


КОРМАНДОНИ ТИБ ДАР ҲУЗУРИ ШУМО БАРОИ ҲАР ЯК ИММУНИЗАТСИЯ АЗ СӮЗАНДОРУИ НАВ БОЯД ИСТИФОДА БАРАНД!
 

Сӯзандоруҳое, ки истифода бурда мешаванд, бояд ҳамон замон дар қуттиҳои маҳви бехатар чамъ карда,  сӯзонда шаванд.

          ИММУНИЗАТСИЯ  БЕПУЛ МЕБОШАД!

iminiza

ОПВ                — ваксинаи зидди бемории фалаҷ:

ГВ                     —  ваксинаи зидди бемории гепатити В:

БСЖ                — ваксинаи зидди бемории сил;

АКДС              — ваксинаи зидди бемориҳои гулӯзиндонак, кабудсулфа ва кузоз;

Пентаваленӣ  —  ваксинаи зидди беморихои гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз, сирояти гемофилии типи Ь (Hib), гепатити В;

СГ(МR)            —  ваксинаи зидди беморихои сурхча ва гулафшон;

АДС                  —  ваксинаи зидди бемориҳои гулӯзиндонак ва кузоз;

АДС-М           —   ваксинаи зидди бемориҳои гулӯзиндонак ва кузоз бо миқдори камтарини антигентҳо (барои калонсолон);

РОТА               —  ваксинаи зидди бемории шикамрави кӯдакон, ки сабабгорашон сирояти ротавирусӣ мебошанд;

ИПВ               — ваксинаи ғайрифаъолкардашуда бар зидди бемории фалаҷ.

   Бемориҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаи иммунизатсия пешгирӣ карда мешаванд:

ФАЛАҶ — бемории сироятшаванда мебошад, ки аслан ба системаи асаб таъсир намуда, ба фалаҷшавии дасту пой ва ҳатто ба марг мерасонад. Бемории фалаҷ ба маъюбии якумра меоварад.

ГЕПАТИТИ В — бемории сироятшаванда мебошад, ки бевосита ба ҷигар таъсир мекунад. Шакли давомдори ин беморӣ ба сирроз ва саратони ҷигар табдил меёбад.

СИЛ —  бемории сироятшаванда мебошад, ки ба шуш ва дигар узвҳои одам таъсир мерасонад. Намуди вазмини беморӣ дар шакли варами пардаи мағзи сари (менингит) кӯдакон мушоҳида карда мешавад. Беморӣ асосан боиси оқибатҳои хатарнок ва фавти бемор мегардад.

КАБУДСУЛФА — бемории хатарноки кӯдакона мебошад, ки ба он асосан сулфаи давомдори вазнин хос аст. Барангезандаи бемории кабудсулфа бисёр хосияти сироятии баланд дорад. Беморӣ бе табобати саривақтӣ ба фавт мерасонад.

ГУЛӮЗИНДОНАК — бемории шадиди сироятшаванда мебошад, ки ба воситаи сулфа ва атса задан аз одами бемор ё дорандаи барангезандаи гулӯзиндонак ба одами солим мегузарад. Хусусияти беморӣ аз саршавии дардҳои сабук дар гулӯ то бемории вазнини ба ҳаёт таҳдидкунанда иборат аст. Ҳолати вазнин ба осеби мушакҳои дил расонда, сабаби фавти бемор мегардад.

КУЗОЗ — барангезандаи он бо воситаи захмҳои кушодаи бадани одам ворид шуда, боиси вазнин шудани ҳолати бемор мегардад. Ба ин беморӣ ларзиши мушакҳои рӯй, дасту пой ва оқибатхои фалаҷи мушакҳои нафаскашӣ хос ҳастанд. Дар бисёр ҳолатҳо беморро ба фавт меоварад.

СУРХЧА — бемории шадиди сироятшаванда мебошад, ки ба он баландшавии ҳарорати бадан, илтиҳоби роҳҳои нафас, варамии чашмҳо ва  пайдошавии доначаҳо, ки аввал дар пардаҳои луобии чашм, даҳон ва баъд аз сар ба поён дар тамоми бадани бемор паҳн мешаванд, хосанд.

ГУЛАФШОН — бемории шадиди сироятӣ буда, бо воситаи вирусҳо мегузарад. Асосан барои ҳомиладорон ниҳоят хатарнок аст. Агар зани ҳомиладор ба ин беморӣ гирифтор шавад, кӯдаки навзоди ӯ бо нуқсомҳои зиёд – каршавӣ, нобиноӣ, нуқсонҳои дил ба дунё меояд.

ГЕМОФИЛИ ТИПИ b — бемории сироятшаванда буда, бо он асосан кӯдакон гирифтор мешаванд. Барангезандаи он чупчаи гемофилии типи b буда, сабабгори бемории газзаки шуш ва газзаки пардаи мағзи сар мешавад.

СИРОЯТИ РОТАВИРУСӢ — яке аз бемориҳои паҳншудаи шикамрави кӯдакон буда, ниҳоят хатарнок мебошад, асосан дар фасли тобистон авҷ  мегирад. Махсусан кӯдакони то 2 сола бештар бемор мешаванд ва бе табобати фаврӣ ба ҳалокат мерасанд.

МУҚОИСАИ АРЗИШИ ИММУНИЗАТСИЯ ВА ТАБОБАТ

Номгӯи бемориҳо Арзиши иммунизатсия (бо доллари ИМА) Арзиши табобат аз ин бемориҳо (бо доллари ИМА)
1 Гепатити В 12,64 42500
2 Кабудсулфа 1,52 433
3 Кузоз 1,52 695
4 Гулӯзиндонак 1,80 278
5 Гулӯзиндонак (шакли токсикӣ) 1,80 843
6 Фалаҷ (шакли паралитикӣ) 1,20 8025
7 Сурхча (шакли сабук) 1,68 150
8 Сурхча (шакли вазнин) 1,68 247
9 Сирояти ротавирусӣ 5,60 52
Ҳамагӣ 29,24 53223

ҲОЛАТҲОИ НОМАТЛУБИ БАЪДИИММУНИЗАТСИЯ (ҲНБИ)

 

Ҳолатҳои эҳтимолии номатлуби баъдт иммунизатсия Мӯҳлати эҳтимолии бавуқӯъ омадани ҳолатҳои номатлуби баъди иммунизатсия Хусусиятҳои асосии клиникӣ Чорабиниҳои фаврӣ ҳангоми бавукӯъ омадани ҲНБИ
Номгӯи доруворӣ ва чорабиниҳо  

Миқдор (доза) вобаста ба сину сол

 

1-6 сола 7-9 сола
4. Коллапс

(бехушшавӣ)

-24 соат — берангии пӯсти бадан

— беҳушшавӣ

— пастшавӣ  ё тамоман нест шудани тонуси мушакҳо

— пастшавии фишори хун

— ба пушт хобондан

— спирти нашатирӣ буй кардан

— таъмини ҳавои тоза

— Кордиамин ё Кофеин (таги пӯст) — 1 маротиба

— қандчои гарм

0.3 мл — 0,5 мл 0.5 мл
3. Аксуламали аллергикӣ (варами Квинке, крапивница) 0-10     рӯз — варамии рӯй ва гулӯ

— душворшавии нафаскашӣ

-тез-тез задани дил

— пайдошавии доначаҳои калони сурх дар пӯсти бадан

-Димедрол 1 % ё Супрастин 2,5% (даруни мушшак)- 1 маротиба 0,1 мл барои ҳар соли ҳаёт 0,5 мл – 1,0 мл
—          Преднизолон ё Гидрокортизон 30 мг ( даруни мушак) 0,5 мл – 1,0мл 1,0 мл – 1,5 мл
—          Дексометазон 4 мг 1 маротиба (даруни мушак) 0,5 мk — 1,0 мл 1,0 мл – 1,5 мл
6. Ихтилоҷҳо

(судороги)

0-24 соат — Кашишхурии мушакҳои бадан — Диазепам 0,5% ампула 2,0 мл — 1 маротиба (даруни мушак) 0,5 мл -1,0 мл 1,3 мл – 2,0 мл
— ГОМК (Оксибутират натрий) — ампула бо 10,0 мг, 20% • маҳлул 2,0 мл – 4,0 мл 4,0 мл — 6,0 мл
—          Магний сулфат (MgSO4 )- 25% -1 маротиба (даруни мушак) 3,0 мл 5,0 мл

ТАРТИБИ ИМУНИЗАЦИЯ:

iminiza-2

  1. Дар болои миз пахта ва сӯзандоруи истифодашударо нагузоред;
  2. Баъди гузаронидани иммунизатсия, сарпӯши сӯзанро напушонед;
  3. Сӯзандоруҳои истифодашударо ҳамон замон ба қуттиҳои маҳви бехатар (ҚМБ) партоед;
  4. Дар хеҷ маврид ваксинаҳоро дар рӯи яхқуттиҳо барои осон шудани коратон нагузоред, чунин ҳолат метавонад ба вайроншавии ваксинаҳое, ки ба яхкунӣ ҳассосият доранд, оварда расонад;
  5. Зарфҳои кушодаи ваксинаҳоро дар вақти сессияҳои иммунизатсионӣ аз нурхои офтоб нигоҳ дошта, дар хафаки чуздони хароратӣ чой кунед:
  6. Дар вақти гузарондани иммунизатсия дар ҳуҷраи иммунизатсиякунӣ бояд танҳо ваксинатор, волидайни кӯдак ва кӯдаки иммунизатсияшаванда бошанд;
  7. Аз волидайн хоҳиш намоед, ки ҳангоми пайдо шудани ягон намуд ҳолатхои номатлуб, ҳатман ба табиби минтақавӣ ё ба ҳамшираи тиб муроҷиат намоянд;
  8. Баъд аз гузаронидани иммунизатсия, аз волидайни кӯдак хоҳиш намоед, ки дар давоми 30 дақиқа аз муассисаи тиббӣ дур нараванд;
  9. Қуттиҳои маҳви бехатарро ба партовгохҳо напартоед;
  10. Қуттихои маҳви бехатарро дар ҷойҳои ба аҳолӣ дастнорас нигоҳ дошта, баъд аз сессияҳои иммунизатсионӣ дар ҷои махсусгардонидашуда бехатар маҳв кунед;
  11. Тамоми ваксинаҳои хушккардашударо (диофилизированний: БСЖ, СГ) баьд аз ҳалкунонӣ танҳо то 6 соат истифода бурдан мумкин аст. Баъд аз 6 соат онро бояд бехатар маҳв намуд;
  12. Ваксинаҳои бисёрвояро (ОП В, АКДС, АДС, АДС-м) то 28 рӯзи баъд аз кушоданашон истифода бурдан мумкин аст, агар талаботҳои зерини ба онҳо муносиббуда риоя карда шуда бошанд:

—          мӯҳлати истифодабариашон нагузашта бошад;

—          ваксинаҳо дар яхдон, дар харорати +20С + 80 С нигоҳ дошта шуда бошанд;

—          даҳони зарфи ваксина дар зери об намонда бошад;

—          хама вояҳои ваксина аз зарфаш бо риояи қоидаҳои асептика гирифта шуда бошанд;

—          термоиндикатори зарфи ваксина ранги худро дигар накарда бошад.

 

Инчунин хонед инро

olufta

Духтарони тоҷик ронандаи Таксӣ дар қишлоқҳои Тоҷикистон

Олуфта Носироваи 32-сола, ронандаи таксӣ дар ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъи вилояти Хатлони Тоҷикистон мебошад. …