Дар зиндагӣ интихоби касб яке аз масъалаҳои муҳим аст, аз он сабабе, ки бо соҳиб шудани касб (ҳунар — ихтисос) кас дар оянда соҳиби ҷойи кор, музди меҳнат (маош) шуда худ ва азизони худро бо ризқу рузӣ таъмин менамояд. Интихоби касби мувофиқ имконяит медиҳад ки соҳиби ҷойи кор ва аз ӯҳдаи бобарори иҷроиши кор баромада шавад.
Кадом касбро интихоб намуд?
Интихоби касб бояд алакай аз сини 1 солагӣ оғоз ёбад ва барои ин аввал волиядайн (падар ва модар) бояд мусоидат намоянд. Зеро масалан агар кудак дар оянда дар хориҷа таҳсил мекарда бошад алакай аз кӯдаки бо ӯ бо забонӣ хориҷӣ сухан ронд ва ё агар кудак дар оянда сароянда мешуда бошад пас аз кӯдакӣ бо ӯ ҳамроҳ сурудхониву рақскуниро омӯзонд.
Гуфт, ки на ҳама вақт касби интихобшуда дуруст аст, зеро ҳамаашро бозор ба танзим менамояд. Масалан шумо дар кудакӣ орзу карда будед, ки духтур мешавед вале бо мурури замон дидед, ки духтур будан маоши кам дорад ва барои онҳо ҷойи кор кам аст. Дар ин ҳолат шумо маҷбур мешавед, ки барои иваз кардани касби худ ҳаракат кунед ва аз ӯҳдаи кашидани аробаи зиндагӣ бароед. Дар чунин ҳолат метавонед ба муалимӣ, массаж кардани бадан, биолог шудан, доруфуруш шудан, дорутаёркун будан ва ё дигар касбҳои ҳаммонанд ба осонӣ гузаред ва ё чанд соле вақтро сарф карда ба омухтани диагр касб ҳаракат кунед. Вагарна зиндагӣ кардан душвор мешавад ва таъмини оила бо пули кофӣ имконнопазир шуда ба ҷангу вайрониҳо оварда мерасонад.
Мегӯянд, ки ба курпаат нигоҳ карда поятро дароз кун. Ин ривояти халқии тоҷик маънои онро дорад, ки интихоби касбро бо назардошти шароиту муҳити атроф ба амал баровард. Ҳангоми интихоби касб чунин омилҳоро ба назар гирифт:
- Магар чунин касб ё ихтисос маъқул аст (аз нуқтаи назари машақат ва шароит)?
- Оё даромад-фоидаи чунин касб кифоягӣ мекунад, ки рӯзғорро бо пули кофӣ таъмин намояд?
- Аз ӯҳдаи омӯзиши чунин касб мебароед?
- Ояндаи неки ин касб магар ҳаст?
- Чи қадар обрӯ метавон гирифт дар байни ҷамъият аз соҳибии ин касб?
- Чи маҷбур мекунад мекунад, ки ин ё он касбро интихоб кард?
- Андозаи зарар аз ин касб дар кадом ҳаҷм аст?
- Дар оянда барои ёфтани шуғл варзидан дар соҳаи интихобкарда бо кор таъмин шуда метавон буд?
- Шароити молиявӣ-пули барои омӯзиши ин касб магар ҳаст?
- Вақти кофӣ магар ҳаст барои омӯзиши касби интихобшуда?
- Саломатӣ имконият медиҳад ки касби интихобшударо омӯзед?
- Ҷинси инсон. На ҳама вақт зан дар ҳама соҳаҳо кор карда метонад.
- Миллат ва макони таваллудшуда.
- Вазъи сиёсии кишвар ва ё кишварҳои алоқаманд оё таъсири манфӣ ба касби интихобкарда дар оянда надоранд? ва дигар омилҳо.
Баъзеҳо меноланд, ки дар вақташ ӯро волидайнашон маҷбур кардааст, ки ин ё он касбро интихоб намоянд, вале ин на ҳама вақт хатост. Хатогӣ дар интихоби касбро ба пуррагӣ бартараф карда намешавад вале камтар кардан мумкин.
Мисоли оддӣ: Шумо мехоҳед, ки ягон нафар азизони шумо сароянда шавад вале ӯ маҳорати сарояндагӣ надорад. Шумо ӯро маҷбур мекунед, ки ӯ ин касбро омӯзад зеро ин касб даромаднок аст ва шумо метавонед ба ӯ барои дарёфти кор ва дастгирии ҳамаҷониба ёрӣ расонед. Лек мушкилӣ дар он аст, ки ҳамон азизи шумо на танҳо мантиқи сарояндагиро намефаҳмад балкӣ саломатиаш ҳам инро имкон намедиҳад. Яъне вай бемории асабӣ дорад. Дар ин ҳолат хатогии калонсолон аст ки онҳо барои хурдон роҳи дурустро надодаанд.
Дар зиндагӣ интихоби «Касб» ва «Ҳамсар»-ро гарчанде мегӯянд, ки бояд худи шахс интихоб кунад вале дурустараш инро бояд дар ҳамбастагӣ амалӣ кард. Яъне интихоби касб аз тарафи худи шахс гарчанде амалӣ шавад ҳам вале калонон (Падар, Модар, Бобо, Бибӣ, Ака, Тағо, Хола, Амак, Амма, Дусмтон ва дигарон) барои интихоби дурусти касб ба хурдон маълумот ва маслиҳати далелнок диҳанд.