АСОСӢ / ГУНОГУН / «ИСЁНИ ХИРАД» ВА АШЪОРИ БАЧАГОНА

«ИСЁНИ ХИРАД» ВА АШЪОРИ БАЧАГОНА

Достони «Исёни хирад» ба давраи охири ҳаёту фаъолияти шоир ва файласуфи асри XI тоҷик Носири Хусрав бахшида шу- дааст. М. Миршакар дар ду қисм ва ёздаҳ боби достон бо услу- би тамсил — ҳикояти Чашмаи Носир[1] рӯзгори ноором, таҳқиру сӯйқасдҳои бардавоми душманон ва як қатор фикру андешаҳои мутафаккирро мавриди тасвири бадей қарор додааст.

Дар достон Носири Хусрав чун шахсияти собитқадам, до- нишманд ва озодандешу бедордил ба назар мерасад. Мутафаккир мавқеи инсонро дар рӯйи замин аз ҳама боло медонад ва таъкид мекунад, ки сарчашмаи бадбахтиҳои одам дар ҷоҳилӣ, коҳилӣ ва беэътиноӣ ба қудрату имконияти худ мебошад. Пас, барои раҳоӣ ёфтан аз ин олудагиҳо ҳамвора дар талош будан зарур аст:

Гули мақсуд то ба даст ояд, Хештанро шинохтан бояд. Он ки худро шинохт дар дунё, Мешиносад замири[2] ҳастиро… Гар зи омӯхтан натобӣ сар, Бар сари даҳр мешавӣ сарвар. Тобеат мекунӣ фалакро ҳам, Чархро, аршро[3], Малакро ҳам.

Хурофотпарастон ин суханони Носири Хусравро нодуруст шарҳ дода, шоирро кофир ҳукм мекунанд ва шогирдаш — Рав- шанро сангсор менамоянд. Дар ҳамин вазъи ноҳинҷор ду марди миёнарав Носири Хусравро ба Хуросон, ба дарбори амир даъват мекунанд. Шоир даъвати онҳоро бо қатъият рад карда, дар Юм- гон[4] монданро авло медонад:

Манзили ман, ки ғори Юмгон шуд, Ғор ақлу улумро кон шуд. Хуб медонад он, ки пурдон аст, Лаъл дар қалби кӯҳ пинҳон аст. Ман чу лаълам даруни санги сиёҳ, Гавҳари бебаҳои ин маъво…

Дар порчаи боло, аз як тараф, иззати нафс ва, аз тарафи ди- гар, мақому манзалати Носири Хусрав барҷаста тасвир ёфтааст.
Шоир худро ба лаъли сурх ва Юмгонро ба кӯҳ ё санги сиёҳ ташбеҳ кардааст. Чи хеле ки лаъл боиси шукӯҳи кӯҳ мешавад, ғори Юм- гон ҳам бо шарофати ин мутафаккир чун кони ақлу илм дар ҷаҳон шуҳрат меёбад.

Дар қисми дуюми достон айёми пирии Носири Хусрав тасвир ёфтааст. Шоири ранҷидахотир ва бекасу танҳо хеле эҳтиёткор ва пурбардошт ба назар мерасад. Ӯ дигар ба мухолифон баҳсу та- лош намекунад ва майли ба по хезондани мардумро ҳам надорад. Мутафаккир вақташро зиёдтар сарфи эҷоди асар менамояд ва бо оташи илму дониш решаи ҷаҳолатро аз бунёд сӯхтан мехоҳад:

Балки имрӯз мири кӯҳсорам, Лашкар аз шеъру достон дорам. Бо ҳамин лашкари диловари ман Зарба меоварем бар душман. Решаи ҷаҳлро ҳамесӯзем, Ки чароғи хирад барафрӯзем, То шавад шоми зиндагӣ равшан, Бикунад гул харобазори Ватан.

Мирсаид Миршакар ба воситаи ташбеҳ (монанд кардани Но- сири Хусрав ба амир ва китобҳо ба лашкар), ифодаҳои маҷозӣ (ре- шаи ҷаҳл, чароғи хирад, шоми зиндагӣ, гул кардани харобазори Ватан) ва таркибҳои муқобилмаъно (хирад ва ҷаҳл, барафрӯхтан ва сӯхтан, шом ва равшан) мавқеи олимону суханваронро дар ҳаёти иҷтимоии инсон ва ободии диёр таъкид намудааст.

Достон бо вафоти Носири Хусрав ба охир мерасад. Мутафак- кир пеш аз вафот ба вопасмондагон васият мекунад. Адиби оламшу- мул орзу дорад, ки эҷодкорони олами нав ба мероси гуногунпаҳлую гуногунмавзӯи ӯ муносибати хайрхоҳона дошта бошанд.

Мирсаид Миршакар чун шоири бачагон низ маълуму машҳур буда, яке аз поягузорони адабиёти бачагонаи тоҷик шинохта шудааст. Беҳтарин шеърҳои барои кӯдакон навиштаи

шоир дар маҷмӯаҳои «Ғунчаҳои хандон» (1949), «Ҷуробҳои гул- дор» (1954), ҷилди якуми Куллиёти сеҷилда ва мунтахаби ашъори «Панҷи ноором» ба табъ расидаанд.

Асарҳои бачагонаи Мирсаид Миршакар дар жанру шаклҳои мураббаъ, суруду тарона, чистону афсона, масалу маснавӣ ва драма навишта шудаанд ва мавзӯъҳои ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, дӯстиву рафоқат, муҳаббат ба хонишу мактаб, эҳтироми падару модар, манзараҳои табиат ва ғайраро фаро гирифтаанд.

Асарҳои ба хурдсолон бахшидаи Мирсаид Миршакар бо за- бони ширин, зарбу оҳанги сабук ва рангорангии тасвир ба таби- ат, олами ҳастӣ ва шавқу завқи бачагон мувофиқат доранд. Бино- бар ин, шеъру сурудҳои «Гунҷишкак», «Бозии ҳарбӣ», «Ватан», «Рост мегӯям», «Рақси Зебо», «Бо айби кӣ?», «Алифбои зинда», «Ҷуробҳои гулдор», «Дугонаҳо», «Киштии орзу», «Бачагони мо», «Ҷон Тоҷикистон», «Обаки ширин», «Гули лола» ва ғайра вирди забони кӯдаконанд. Ҳатто хурдтарин шеъри бачагонаи шоир дар баробари ба тахайюли наврасон мусоидат кардан онҳоро ба роҳи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ ҳидоят менамояд. Ба талмеҳ, таҷнис ва тавсифи шеъри «Куҷост Рустам?» таваҷҷуҳ намоед:

Хезеду хезед,

Ба кӯча чаққон. Камони Рустам, Гаштаст рахшон. Бо ин камонаш Рустами Дастон. Бар Ватанаш буд, Содиқ нигаҳбон!

Мирсаид Миршакар як қатор достонҳои бачагона эҷод наму- дааст, ки «Мо аз Помир омадем» (1939), «Неъмат» (1942), «Фед- ка» (1942-1948), «Қалами ман» (1951), «Одам — офаридгор» (1962) намунаи онҳост.

Шоир ба адабиёти бачагонаи тоҷик, асосан, бо достони «Мо аз Помир омадем» ворид гардид. Мундариҷаи асар дар асоси са- фари гурӯҳи бачагони Помир ба Маскав (1929), ки дар он даста шоир чун роҳбар иштирок дошт, фароҳам омадааст. Барои мусо- фирон ҳама чиз нав аст. Онҳо ба қатора савор мешаванд ва ме- донанд, ки то Маскав роҳ дур аст. Бинобар ин, осуда мехобанд. Аммо баъди чанде ҷойи оромиро изтиробу беқарорӣ иваз меку- над:

Хобидем андар вагон, Бедор шудем дар Когон.

Хурсандӣ, шодй кардем, Аз шодӣ бозӣ кардем. «Ана, — гуфтем, — Москва, Москваҷон, Москва».

Воқеа аз номи шахси якум баён мешавад ва дар асар такрори калимаву таркибҳо мавқеъ доранд. Ин услуби тасвир боиси ифо- даи ҷолиб ва содаву равони фикр гардидааст. Махсусан, такрори байти:

Мо аз Помир омадем,

Москва равон шудем. —

фикри шоирро қувват дода, олами рӯҳии мусофиронро равшан таҷассум менамояд. Мусофирони наврас дар роҳ Когон ва Сама- раро дида ба ваҷд меоянд ва ин шаҳрҳоро Маскав гумон меку- нанд. Ниҳоят, ба Маскав мерасанд, ки тасвири он басо мароқовар аст:

Аҷаб шаҳри муҳташам! Сар то сар сабзу хуррам. Аввалу охири он Намеёбед, эй ёрон! Қабат-қабат хонаҳо Сар кашида дар ҳаво. Чароғҳояш дурахшон, Дурахшону нурафшон. Дар кӯчаҳо одамон Чун оби дарё равон…

Забони ширин, вазну оҳанги сабук, воситаҳои тасвири тав- сиф, такрор, муболиға ва ташбеҳ ҳолати хурсандӣ ва шавқу завқи мусофирони наврасро аз дидори пойтахти онрӯзаи Иттиҳоди Шӯравӣ самимона ифода менамоянд ва ба хонанда лаззати бадеӣ мебахшанд.

Хулоса, ашъори бачагонаи Мирсаид Миршакар бо услуби равону суфта, оҳангҳои сабуку шӯхи халқӣ дар дилу дидаи хонан- даи хурдсол ҷой гирифтаанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Чаро «Исёни Хирад»-ро достони тамсилй мегӯем?
  2. Достон аз чанд қисм ва чанд боб иборат аст ?
  3. Аз назари Носири Хусрав инсон дар рӯйи замин чӣ мавқеъ дорад?
  4. Чаро мутафаккир худро ба лаъл ва Юмгонро ба кӯҳ монанд карда- аст ?
  5. Дар қисми дуюм кадом лаҳзаҳои умри Носири Хусрав ба тасвир омадааст ?
  6. Шеърҳои бачагонаи шоир дар кадом жанрҳо суруда шудаанд?
  7. Дар бораи забон ва услуби асарҳои бачагонаи адиб маълумот диҳед.

САВОЛИ ТЕСТӢ

  1. Шеъри «Таронаи уқоби озод»-ро кӣ навиштааст?
  2. А. Деҳотӣ;

Б) Б. Раҳимзода;

  1. М. Миршакар;

Г) М. Турсунзода;

Ғ) М.Раҳимӣ.

  1. Сафари хонандагони пешқадами Бадахшон ба Маскав (соли 1929) дар

кадом достони бачагонаи Мирсаид Миршакар инъикос ёфтааст?

  1. «Неъмат»;

Б) «Федка»;

  1. «Мо аз Помир омадем»;

Г) «Қалами ман»;

Ғ) «Одам-офаридгор».

[1]   Чашмаи Носир дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон ҷойгир шудааст.

[2]   Замир — ботин, сират, моҳият.

[3]   Арш — осмон.

[4]   Деҳаест дар қисмати Бадахшони Афғонистон.

Инчунин хонед инро

Хона дар Корвон Душанбе

Хонаи фуруши дар назди бозори Корвон — ш Душанбе

Ҳамин хонаи фурӯшӣ иборат аз 8 дар хона мебошад ва аз 2 бино иборат аст. …