АСОСӢ / ГУНОГУН / ҚИССАИ «МАРГИ СУДХУР-ҚОРИИШКАМБА»

ҚИССАИ «МАРГИ СУДХУР-ҚОРИИШКАМБА»

Судхур аз пули худ нон шиканад гар, ба масал Шиша сандон шиканад, атола дандон шиканад.

(Айни)

Устод Айнӣ солҳои сиюми асри ХХ асарҳои худро барои наврасон, аз қабили «Мактаби куҳна» (1935), «Аҳмади девбанд» (1936), «Марги судхур» (1939) ва «Ятим» (1940) навишт. Дар қиссаи «Марги судхур» падидаи манфии судхурӣ[1], ки дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри ХХ тамоми ҷомеаи Бухороро фаро ги- рифта буд, ҳаҷв шудааст.

margi_sudxurСадриддин Айнӣ аз нахустин қадамҳои эҷодӣ ба офаридани симоҳои хасису пулпараст таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Нависанда дар асарҳои «Ҷаллодони Бухоро», «Одина», «Дохунда», «Ғуломон», “Ёддоштҳо” судхуриро чун ҳодисаи номатлуби ҷомеаи инсонӣ накуҳиш кардааст. Дар қиссаи «Марги судхур» қуллаи баландта- рини фаъолияти ҳаҷвнигории Айнӣ зоҳир гардидааст.

Дар маркази қиссаи «Марги судхур» ҳаёт ва фаъолияти мумсики гузаро[2] Қориисмат ме- зираконаи талабаи мадраса муносибату муо- милаи Қориисматро ба қиморбозон, дукондорон, кукнориён, са- ройбонон, соҳибони банкҳо ва дигар табақаҳои Бухорои амирӣ нишон медиҳад.

Образи қориишкамба

Талабаи мадрасаро, ки дар ҷустуҷуйи ҳуҷра буд, рафиқаш чунин маслиҳат медиҳад: «Қориишкамба» ном як кас ҳаст, ки чанд дар ҳуҷраи зархарид дорад, агар аз вай пурсӣ, шояд яке аз ҳуҷраҳояшро ба ту орият[3] диҳад». Аз ин гуфтор таваҷҷуҳи тала- баи мадраса бештар ба калимаи «Қориишкамба» ҷалб мегардад ва у дар ҷустуҷуйи соҳиби ин лақаб мешавад. Дар ҳақиқат, симои ин одам бо маънои лақабаш пурра мувофиқат мекард. Бинобар ин, мардуми шухтабъи Бухоро номи уро, ки Қориисмат буд, ба
лақабаш иваз карда буданд:

«Ӯ як одами миёнақади фарбеҳи шикамкалони гарданкӯтоҳ буда, ғафсии гардан ва пуррагии сару рӯяш ҳам аз ғафсии шика- маш қариб фарқ надошт, агар риши калони ғулии монанди алафи гандадарав ба ҳам печидаашро, ки тамоми рӯяшро фурӯ гирифта буд, тарошида мепартофтанд, сару тани ин одам дар як ҷо ба ши- камбаи холй карданашудаи шутур монанди пайдо мекард, ғояташ ин ки ин аз вай калонтар буд, монанди ҷуссаи шутури ба дарди хо- риш гирифтор гардидаи мӯяш рехтагӣ сурхчатоб менамуд».

Қувваи тасвири ҳаҷвро ба алафи ганДаДарав ташбеҳ додани риши ғулӣ ва ба шикамбаи холӣ карДанашуДаи шутур монанд кардани сару тани Қориисмат меафзояд. Хонанда аз тасвирҳои минбаъда ба ҳам комилан мувофиқ будани зоҳиру ботин ва сура- ту сирати образи асосиро бармало эҳсос мекунад. Қориишкамба дар бозор ба анвои хӯрокворӣ, нӯшокӣ ва ширавориҳои аз пеши роҳаш баромада беихтиёр даст мезанад ва шиками чун ҷуссаи шу- тур бузургашро пур мекунад. Ягон сокини бозор гоҳи хӯрокхӯрӣ аз иштиҳои қозгир ва чашми зоғмонанди ӯ эмин намемонад. «Дар вақти гузаштанам аз пеши дӯкони сандуқфурӯш, — мегӯяд тала- баи мадраса, — дидам, ки соҳиби дӯкон… чӯти ҳисобро монанди деворча рост гузошта ва дар паси вай кадом як чизи хӯрданиро монда мехӯрд. Аммо чашми тезбини зоғмонанди Қориишкамба он чизи хӯрданиро дида ба он ҷо нишастааст, ки фавран ба як паҳлу ёзида ва дасти худро ба паси чӯт ёзонда, дар хӯрдани он чизи «пинҳон кардашуда» ба соҳиби дӯкон шарик шуд».

Ҳамин тариқ, дар назди дӯконҳои чинифурӯшӣ ва атторӣ чашмгуруснагӣ, дар назди тоқифурӯш ва сартарошхона хасисӣ, ҳангоми вохӯрӣ ба бойбача хислати мумсикии Қориишкамба кушода мешавад. Ин бандаи пул аз хурдтарин шароити маблағҷамъкунӣ истифода мекунад. Ҳатто камтарин имконияти сарфакориро, бигузор бо маҳрумиятҳои зиёд бошад ҳам, аз даст намедиҳад. Дар ҳавлии Қориишкамба дар як шабонарӯз танҳо як дона гӯгирд истифода мешуд.

Қориишкамба роҳҳои гуногун ва баъзан, нафратовари пулғундориро истифода карда, маблағи бисёр захира намуд. Маблағҳои Қорӣ ҳама дар бонкҳои Бухоро буданд ва рӯз ба рӯз афзоиш меёфтанд. Соли 1915 ба дараҷаи баланд расидани маблағҳои Қорӣ басо образнок тасвир ёфтааст. «Дар соли дувуми ҷанг… маблағҳояш ҳам аз ду миллион зиёдтар шуда, монанди ма- гасони гӯштхӯр бачагони бешумор мезоиданд».

С.Айнӣ дар баробари тасвири роҳҳои бойшавии Қориишкамба боиси бадбахтиҳои гӯшношуниди ӯ гардидани сарвати беҳисобашро нишон медиҳад. Дар ин лаҳзаҳо хусусияти ҳаҷвии образ боз ҳам афзуда, рӯҳи миллии он пурқувваттар ме- шавад. Аз ҷумла, вазъият, ҳаракат ва нолаҳои Қорӣ ҳангоми ав- валин бор аз даст додани як микдори ками пулаш симои манфур ва ночизи ӯро пеши назар ҷилвагар месозад: «Қориишкамба дар ҳолате ки саллаи калонаш каловавор ба гарданаш фуромадагӣ буд, монанди навҳагарон ба ҳар тараф хам хӯрда, торҳои риши худро бо ангуштонаш канда, «вой хонем сӯхт, вой ҷонам ба лаб омад, вой ҷонаки азизам аз даст рафт!» — гӯён фарёд мекашид; гоҳо ба нохунҳои худ рӯяшро харошида хуншор мекард; гоҳо гиря гулӯгираш гардида, бе он ки чи гуфтанаш маълум шавад, монанди саге, ки ба обмӯрии боғ дармонда, ба паси худ аз боғбон зарбаҳои ҷонкоҳ мехӯрда бошад, нӯла мекашид».

Дар шароити пурошӯби Бухорои ибтидои асри ХХ чунин ҳодисаҳои ҷонкоҳ дар ҳаёти Қориишкамба чанд бор рӯй медиҳанд ва, ниҳоят, ин бандаи пул қурбони сарватҳои худ мегардад. Ӯ ҳангоми намози пешин аз касе хабари аз тарафи болшевикон му- содира кардани пулҳои ҳамаи банкҳои Бухороро шунида «Оҳ, пу- лакам!» — гӯён аз олам мегузарад.

Дар қиссаи «Марги судхӯр» Арбобрӯзӣ, Арбобҳамид ва Мирзохӯҷа барин образҳои дигари манфӣ низ ба назар мерасанд. Онҳо ҳокимони деҳот мебошанд ва дар судхӯрию фиребгарӣ аз Қориишкамба монданӣ надоранд. Бинобар ин, нависанда Қориишкамбаро рӯбоҳи шаҳрӣ ва судхӯрони деҳотро гургони саҳроӣ гуфтааст. Аз ин лиҳоз, тасвири симои Мирзохӯҷа ном судхӯри шаклану мазмунан ҳампояи Қориишкамба ҷолиби диққат аст. Нависанда ҳангоми пешвозгирии Қориисмат сурати Мирзохӯҷаро чунин ба қалам додааст: «Лекин давидани ноиб аз давидани сангпушт ҳеҷ фарқ надошт, чунки ӯ ҳам монанди Қориишкамба шикамкалон ва фарбеҳ буда, гӯшти зери зақан ва пушти сари ӯ дамида баромада, гарданашро бо шикам ва тахта- пушташ ҳамрӯй карда буд. Фарқе, ки ӯ аз Қориишкамба дошт, ҳамин буд, ки сараш хурд, ришаш кам ва поҳояш аз поҳои ӯ кӯтоҳ буда, аз фарбеҳӣ ё аз варам монанди зерсутун ғафс менамуданд. Ба ин шаклу шамоил намуди зоҳирии ноиб ба ҷуволи пури ган- дум монанд буд, ки даҳони вайро як қабза карда бо даҳонбанд баста бошанд».

Дар қиссаи «Марги судхӯр» ҳамчунин образҳои мус- бати талабаи мадраса, тарҷумон, Муҳсин, Ҳамроҳрафиқ, Шодмон,Тӯрамурод амал мекунанд ва дар баёни мундариҷаву ҷараёни инкишофи сужети асар саҳми муносиб доранд. Асар аз забони талабаи мадраса, ки прототипи ӯ худи муаллиф аст, нақл меёбад. Бинобар ин, талабаи мадраса чун шахси масъул, дуран- деш, зариф ва кунҷков ба назар мерасад.

Симои дигаре, ки боиси такони ҷиддии ҳолатҳои рӯҳии Қориишкамба гардидааст, тарҷумон аст. Маҳз ба тавассути тарҷумон калимаи «болшевик» дар дили Қориишкамба тар- су ҳарос ҷой карда, оқибат сабаби ҳалокати ӯ мешавад. Хабари тарҷумон дар бораи тағйири ҳукумати Русия воситае гардидааст, ки нависанда изтиробу ҳаяҷони қалбии ӯро бо тамоми нозукӣ ба тасвир гирад. Ҳамаи образҳои дигари мусбату манфӣ боиси так- мили паҳлуҳои гуногуни хислати Қориишкамба гардидаанд.

Меҳнати бисёрсолаи нависанда боиси он шуд, ки «Марги судхӯр» аҳамияти умумиҷаҳонӣ пайдо намояд. Дар адабиётшиносӣ образи Қориишкамба ба беҳтарин образҳои ҳаҷвии ҷаҳонӣ, чун Шейлоки нависандаи англис Шекспир, Гобсеки нависандаи фаронсавӣ Балзак, Плюшкини нависандаи рус Н.В.Гогол, Иу- душка Головлёви нависандаи рус С.Шедрин, Ҳоҷиоғои нависан- даи эронӣ Содиқ Ҳидоят дар як саф гузошта шудааст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Кадом асарҳои бачагонаи С. Айниро медонед?
  2. Ғайр аз «Марги судхӯр» боз дар кадом асарҳои нависанда тасвирҳои ҳаҷвӣ мушоҳида мешаванд ?
  3. Чаро Қориисматро Қориишкамба лақаб додаад ?
  4. Оё қиёфаи образи асосӣ ба хислату характери ӯ мувофиқат мекунад ?
  5. Боз кадом образҳои қиссаро медонед?
  6. Қориишкамба ба кадом образҳои ҳаҷвии ҷаҳонӣ қиёс шудааст?

САВОЛИ ТЕСТӢ

  1. Қориисмат образи асосии кадом асари устод Айнӣ мебошад?
  2. «Одина»;

Б) «Дохунда»;

  1. «Ғуломон»;

Г) «Марги судхӯр»;

Ғ) «Ёддоштҳо».

[1]   Суд — фоида, манфиат; судхурӣ — манфиатпарастӣ.

[2]   Гузаро — касе ё чизе, ки дар ягон сифат аз ҳад гузашта бошад.

[3]   Орият — чизеро ба касе барои истифодаи муваққатӣ додан.

Инчунин хонед инро

Намози иди курбон 2017

Иди Қурбон 2023, табрикот ва намози идона

Иди Қурбон омаду дар Макка Ҳаҷи Акбар аст. Дустонро табрик намудан суннати пайғамбар аст. Шумо …