АСОСӢ / ГУНОГУН / Истиора чист?

Истиора чист?

Истиора калимаи арабист, маънои аслиаш ба орият, амонат ва гаравгон гирифтан аст, аммо дар илми бадеъ аз ҷумлаи санъатҳои маънавист, ки ба ҷои як калима калимаи дигарро истифода мебаранд. Истиора ҳам ба маҷоз ва ҳам ба ташбеҳ наздик аст. Донишмандони илми бадеъ истиорарояк нави маҷоз медонанд ба ин маънӣ, ки дар истиора калима аз маънои аслии худ хеле дур меравад. Истиораро ташбеҳи пўшида низ меноманд ва истиора дар асоси инкишофи минбаъдаи ташбеҳи пўшида ба вуҷуд меояд. Фарқи истиора аз ташбеҳ он аст, ки дар истиора ташбеҳшаванда зикр наёфта, фақат ташбеҳкунанда ном бурда мешавад.

Масалан, дар байти:

Гули ман, иди наврўзат муборак,

Чунин ҷашни дилафрўзат муборак. 

калимаи «гул» ба маънои ёр омадаст ва истиора аст. Агар бигўем, ки «ёри ман мисли гул аст», мо ёрро ба ниҳоли гул монанд кардем, ки ин ташбеҳ аст. Аммо агар бигўем, ки «гули ман омад», дар ин ифода «гул» истиора мешавад, зеро ба ҷои калимаи «ёр» истифода шудааст.

истироа

Мақсад аз истифодаи истиора, пеш аз ҳама, ҳаққиқатро барҷастатар ва бофасоҳат баён кардан аст. Аз мисоли боло маълум шуд, ки рўи ёр мисли гул аст, аммо нагуфтем , ки «ёри ман, ки ў мисли гул аст, омад», баръакс кўтоҳакак «гули ман омад» гуфтем ва дар ин ҷо «гул» киноя аз ёр мебошад.

Ҳамин тариқ, «гул», ки дар ифодаи аввал ташбеҳкунанда буд, дар ифодаи сонӣ ҷои худи ташбеҳшавандаро гирифт ва ба истиора табдил ёфт.

Дар байти:

Меравию гиря меояд маро, Соате биншин, ки борон бигзарад. гузаштани борон истиора аст. Ба маънои оби чашм, яъне шоир гуфтан мехоҳад, ки аз рафтани ту чунон ғамгин мешавам, ки оби дидагонам мисли борон мерезад. Дар ин ифода борон ҷои ташбеҳшавандаро гирифт ва истиора шуд.

Чанд мисол:

Маро аз гиряи шабҳо нашуд ҷуз дарди сар ҳосил,

Ба хуни дал абас парвардаам ин тифли бадхўро.

(Мулҳами Бухороӣ)

Ай ки бар кори шикасти дили мо мекўшӣ,

Бохабар бош, ки ин шиша садое дорад.

(Ҳофиз)

Дар байти аввал ибораи «тифли бадхў» (ба ҷои оби дида омадаст) ва дар байти дуюм «шиша» (ба ҷои дил омадааст) истиора мебошанд.

Истиора ду хел мешавад:

  1. Истиораи равшан. Дар ин навъи истиора ташбеҳша ванда, яъне соҳибистиора зикр нашуда, истиорашаванда оварда мешавад.

Мисол:

Барафрўхт он моҳ чун офтоб,

Фурў рехт бар гул зи наргис гулоб.

(Низомӣ)

Калимаҳои «моҳ», «гул», «наргис» ва «гулоб»- и байт истиораи равшананд, зеро онҳо ба маънои аслии худ наомадаба ҷои соҳибистиора — ёр, рўй, чашм ва ашк омадаанд.

  1. Истиораи пўшида (истиораи изофӣ). Ин навъи истиора чунон аст, ки шоир истиорашавандаро умуман зикр накарда, ягон сифат, аломат, хислат ва узви онро ба таври изофат соҳибистиора месозад. Мисол:

Мисраъи барҷастаи оҳам ончунин истодааст,

Об гардад шамъ, гар дар анҷуман бинад маро.

Дар ин байт соҳибистиора оҳу нола аст, ба маънои шеър омадааст ва «мисраъи барҷаста» чун истиорашаванда бо соҳибистиора дар шакли изофӣ пайвастааст.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Истиора чанд хел мешавад?
  2. Маънои луғавӣ ва истилоҳии истиораро гўед.
  3. Тафовути ташбеҳу истиора дар чист?

Инчунин хонед инро

zarfhoi_fason (7)

Зарфҳои шоҳона дар Душанбе — Тоҷикистон чанд пул доранд?

Бо як дӯстамон ба бозори Корвон, ки дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе воқеъ аст, рафтем …