ҶИН калимаи арабӣ « جن » буда маънояш руҳ мебошад. Ҷин дар асотирҳои (ривоятҳои сохташуда)-аи арабҳо зикр шуда дар дигар китобҳои таърихӣ дар шакли «Ҷин», «Аҷина», «Дев», «Шайтон», «Бало», «Азозил», «Парӣ», «Аҳриман» ва ба монанди инҳо буда ассосан ҳамчун шахсиятҳои нопок мебошанд. То пайдоиши дини Ислом Ҷинҳо барои арабҳо чун Худо низ буд.
Мувофиқи Қуръони карим ва ривоятҳои мусулмонӣ Ҷинҳо аз оташи бедуд пайдо шудаанд (яъне аз алов). Мавҷудияти Ҷинҳоро инсон (одам) одатан бо ягон ҳисёти худ ки иборат аз 5 то ҳисёт дорад пай намебарад. Ҷинҳо аз одамон барвақтар дар рӯи замин пайдо шудаанд ва мисли одамон дар рӯи замин, осомон ва зери замин дар қатори дигар мавҷудот зиндагонӣ мекунанду ба мусалмону кофир низ ҷудо мешаванд. Яъне ҷинҳои намозхони мусалмон ҳаст, ки номашонро «Парӣ» мегуянд ва ҳастанд ҷинҳои кофири аз худо наметарсидагӣ ки ононро Деву, Балову Шайтон асосан меноманд.
Намуд ва шакли Ҷинҳо
Тибқи қиссаҳои мардуми араб 4 (чаҳор) намуди Ҷинҳо мавҷуданд, ки ҷумлаи онҳо: Ифрит, Гул, Сила ва Марид (Малик) мебошанд. Аз ҳама Ҷини зарарнок, ин ҷинҳои Ифрит мебошанд, ки бо оташ сарукор дошта ба Шайтон итоат менамоянду ба одамон таъсири хатарноки ҷиддӣ мерасонанд.
Ҷинҳои «Гул» бошанд дар забони тоҷикӣ ба мисоли «Аҷина» номбар шудаанд ва асосан онҳо ҷинси модина яъне зан мебошанд ва дар биёбону мазор (оромгоҳҳо) зиндагонӣ мекунанд ва ба сифати хӯроки худ мурдаи навро истеъмол мекунанд.
Сеюмин намуди ҷин ки бо номи «Марид» ё «Малик»-ро дорад дар осмон зиндагонӣ карда аз ҷиҳати ақл ва тафаккур комил ҳастанд ва қариб ки фармондеҳи тамоми ҷинҳо мебошанд. Афташон асосан сафедпуш ва сафедришу сафедшакланд.
Ҷинҳои «Сила» бошанд охирин – чаҳорумин намуди ҷинҳо буда аз ҷиҳати иқтидор хело суст мебошанд. Қувваи ҷинҳои Сила хело кам буда аз чуб метарсанд ва ҳатто як зарбаи калтак (шохаи чубин) метавонад ҷини Силаро ба ҳалокат расонад (кушад). Ҷинҳои Силла наметавонанд, ки шакли худро дигаргун намоянд.
Дар фарҳанги мулкҳои ғарб дар бораи ҷинҳо пеш аз ҳама дар китоби «1000-у 1 шаб» (Ҳазору як шаб) ҳамчун Руҳӣ сеҳрноке, ки дар даруни кӯза мисли одамшакл буда дастҳояшро дар қафаси синааш ҷиқидаву нишаста мебошад, маълум аст. Ва касе ки ин кӯзаро молад пас аз дарунаш Ҷин мебарояду 3 хоҳиши дилхоҳи одамро дар амал татбиқ менамояд.
Ҷинҳо дар ҳар қиссаҳо ҳар хел шакл доштанашон зикр шудааст, аз ҷумла бештари ҷинҳо афти хунук ва безеб доранд ки одамро ба тарс ва ҳарос меафтонанд. Одатан гуфта шудаст ки ҷинхо шохи бузшакл, пойҳои гусфандмонанд, думи говшакл ва пашмдору миёнхам ҳастанд.
Зикрёбӣ дар бораи Ҷинҳо дар Қуръони карим
Дар асоси бозёфтҳои археологӣ дар қисми шимолу ғарбии Арабистон одамон ба ҷинҳо ба мисли ба Худо, ибодат мекардаанд. Дар шаҳри қадимаи Палмир ки дар Сурияи имрӯза мебошад, одамон ба ҷинҳо ибодат мекарданд ки онҳоро Худоҳои нек меҳисобиданд. Дар бораи арабҳои будпараст ки ба Ҷинҳо ибодат мекарданд дар китоби Қуръон қайд карда шудааст.
«Ва миёни Худову ҷинниён хешовандӣ қоил шуданд ва ҷинниён медонанд, ки ҳозиркардашудагонанд.»
Қуръон, сураи 37-ум (ояти 158-ум).
Мардуми шаҳри Маккаи мукарамаи Арабистони Саудӣ ба Ҷинҳо ибодат мекарданду барояшон қурбониҳоро содир мекарданд. Дар ривоятҳои руми бошад ҷинҳоро бо номи «Генӣ» ё «Даймон» зикр шудаанд.
Мувофиқи омузишҳои Исломӣ, Аллоҳ 3 намуди махлуқи соҳиби тафаккурро (шуур — ақл) офарид, ки ҷумлаи онҳо ин: Фариштаҳо, Ҷин ва Одамон мебошанд. Фариштаҳо аз равшанӣ, Ҷинҳо аз оташ ва Одамон аз хоку об офарида шудаанд. Номи Ҷинҳо аз калимаи арабӣ (Ҷана) гирифта шуда маънояш «Ниҳон» ё «Пинҳон» буданро дорад. Яъне ҷинҳо ба чашми инсон ноаён ҳастанд вале ҷинҳо одамонро мебинанд. Мавҷудияти ҷинро одами муқарарӣ ҳис намекунад.
Дар ояти 15 а 16-уми сураи Ҳиҷри китоби Қуръони карим гуфта шудааст:
«Албатта, гӯянд: «Чашмони моро ҷоду карданд, балки мо мардуме ҷодузада ҳастем!» Ва ҳаройна, дар осмон бурҷҳое4 офаридем ва барои бинандагонашон биёростем.»
Муҳаммад ибни Аббос ки яке ёрони Паёмбар (С.А.В) буд гуфтасст, ки дар рӯи замин то омадани Инсон аввал Ҷинҳо омадаанд. Баъди оне ки ҷинҳо дар рафтори худ беҳад қонуну қоидаҳоро риоя намекардагӣ шуданд, пас Парвардигор ба онҳо шоҳи Шайтонҳоро ки номаш Иблис буд равон кард. Он замонҳо Иблис ҷинни олиму донишманд буд ва аз Худо метарсид. Гарчанде, ки ӯ дар қатори Фариштаҳо қариб ки меистод вале бар асоси итоат накарданаш аз тарафи Худованд ронда ва лаънат хонда шуда буд. Аз ҳамон давра тамоми шайтонҳо ба Иблис итоат мекардагӣ шуданд.
Баъди ин замонҳо Ҳазрати Одам алайҳи салом ба замин фиристода шудаанд.
Чи хеле ки илми исломӣ мегӯяд Ҷинҳо мисли одамон метонанд, дар роҳи рост бошанду мусалмонӣ кунанд ва ё роҳи бадро интихоб карда ба олами якумраи торик рондаву ва рӯзи қиймат ба ҷаҳаннам дароварда шаванд.
Дар китоби Қуръони карим Аллоҳ мегӯяд:
«Ҷинну инсро ҷуз барои парастиши Худ наёфаридаам»
Сураи «ЗОРИЁТ» (51), ояти 56-ум.
Мусулмонон боварӣ доранд, ки бисёрии одамонро маҳз ҳамин Иблис – Шайтон ба роҳи фиребу бад тела мекунад. Иблис ниҳоят қудрату тавоноии зиёдро дора два аз ҷониби Аллоҳ офарида шудааст. Замонҳое буданд, ки Иблис дар осмон бо Фариштаҳо зиндагонӣ мекард, вале ҳангоме ки маст шуд ва ба Худо итоат намекардагӣ шуд ронда ба олами Ҷинҳо равона карда шуд.
Аллоҳ дар сураи Ёсин, ояти 60 то 62-уюм мегуяд.
- Эй фарзандони Одам, оё бо шумо паймон набастам, ки шайтонро напарастед, ҳаройна, ӯ душмани ошкори шумост?
- Ва Маро бипарастед, ки роҳи рост ин аст.
- Бисёре аз шуморо (шайтон) гумроҳ кард. Магар ба ақл дарнамеёфтед?
Ҷинҳо ба мисоли одамон зиндагонӣ мекунанду, оиладор мешванд, фарзанддор мешаванд, мемиранд, намоз мехонанд, гуноҳ мекунанд, роҳбар доранду маъракаҳо мекунанд, баъзеашон худотарсу баъзеашон беимонанд. Лек уми ҷинҳо аз умри одам хело дарозтар аст. Ба ҷинҳо хам Худо паёмбарҳоро мефиристад ва онҳо дар рӯзи қиёмат низ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ва кадоме аз онашон ки дурусткор ҳастанд ба биҳишт мераванд.
Ба андешаи салафиён Ҷинҳо қодиранд, ки дар назди одам чун шакли одам, ҳайвон, растанӣ ва ё дигар предмет пайдо шаванд. Ҷинҳо низ қудрат доранд ки шууру ҷисми чи инсон ва ё ҳайворо идора кунанд. Ин дар ҳолате мешавад, ки агар ҷинҳо ба ин ё он махлуқ ошиқ шаванд.
Барои гурезондани Ҷинҳо одам метавонад бо пайваста хондани Қуръон дар хона худро ҳифз намояд. Агар ҷин ба ҷисми Инсон ворид шавад онро танҳо бо номи Аллоҳ ронда мешавад. Ҷинҳои бадахлоқ аз ҷӯмла Иблис-шайтон одамонро ба итоати Буд (ҳайкал) ҳидояту ҳавасманд мекунад. То ин ки Ҷинҳо ба Хона надароянд мусалмонон калимаи «Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим» мегуянд.
Баъзе ҳадисҳо ҷинҳоро ба 3 намуд тақсим кардааст, аз ҷумла: Ҷинҳои мепаридагӣ, мормонанд, ва ҷинҳои дайдуву саёҳ. Абдулло Ибн Маъсуд ки яке аз ёварони Муҳаммад САВ буд қайд кардааст, ки ҳангоми ҷинҳо хондани Қуръонро аз ҷониби паёмбар Муҳаммад САВ шуниданд ба наздаш ҷамъ шуданд ва паёмбар онҳоро шахсан дидааст, ки онҳо ба ҳар гуна махлуқи шаклдор будаанд. Ҷинҳо метонад афти Аждаҳор, Мор, Дарахт, Одам, Гул, Санг, мева ва ғайраро ба худ гиранд ва касро ба иштибоҳ биёранд. Баъзе ҳадисҳо мегӯянд, ки ҷинҳо дар устухо ҷойгир шуда гуҳро (ахлотро) мехуранд.
Дар ояти 33-юми Сураи Ар Раҳмон Худованд гуфтааст:
«Эй гурӯҳи ҷинниёну одамиён, агар метавонед, ки аз канораҳои осмонҳову замин берун равед». Яъне ҷин метавонад ба осмони дур равад ва ба ин агар Худо розӣ бошад. Агар вай бе иҷозат дур раваду суҳбати Худовандро бо фариштагон шунавад пас аз равшани ситора сузонда мешавад.
Дар сураи 34-уми Қурон (Сураи Сабо ояти 12), Ҷинҳо бо номи Дев ёдоварӣ шудаанд. Дар ин сура дар бораи он ки чи гуна қудрат ба ҳазрати Сулаёмон – паёмбари Худо САВ қудрат аз болои идораи ҷинҳо ваколат дода шудааст, гуфта шудааст.
«Ва бодро роми Сулаймон кардем. Бомдодон якмоҳа роҳ мерафт ва шабонгоҳ якмоҳа роҳ. Ва чашмаи мисро барояш ҷорӣ сохтем ва гурӯҳе аз девҳо ба фармони Мо назди ӯ кор мекарданд ва агар яке аз онҳо аз фармони Мо сар мепечид, ба ӯ азоби оташи сӯзонро мечашонидем.»
Дар ояти 14-уми Сураи Сабои китоби Қуръони карим гуфта шудааст, ки Ҳазрати Сулаймон (паёмбар САВ) ҷинҳоро сермашақат кор мефармуд ва кадомашон ки фармонбардорӣ намекарданд муҷозот мегирифтанд. Вақте ки Сулаймон САВ мемираду дар ҷояш наҷумбида меистад пас девҳо фикр мекунанд ки вай онҳоро назорат карда истодааст.
«Чун маргро бар ӯ муқаррар кардем, девҳоро бар маргаш на- огоҳонид, магар кирми чубхорае, ки асояшро (наздики як сол ) мехоид. Пас, вақте ки ӯ (Сулаймон) биафтид, девҳо фаҳмиданд, ки агар илми ғайбро медонистанд, дар азоби хоркунанда намемонданд.»
Дар бораи ҷинҳо дар ҷамъият
Дар бораи ҷинҳо қариб дар ҳаммаи ҳикояҳои мусалмонӣ во хурдан мумикин аз ҷумла дар китобҳои шӯъравии синфи 7 (Адабиёт) оиди қиссаи «Эраҷи Тилисмшикан». Дар бораи ҷинҳо ба таври васеъ баъди ҳукумрони Аббосиён хело қиссаҳо зиёд шуданд. Албата адабиёти исломӣ дар бораи ҷинҳо кам маълумот додааст вале адабиёти халқӣ оиди ҷинҳо хело қиссаҳоро қайд карда гузаштааст, ва гуфта шудааст, кич и хел онҳо ба доми худ мардҳоро бо ошиқию зебогӣ ва тиллову зебогӣ ром карда ҳалок гардондаанд.
Ҷинҳо асосан дар роли зулмдор ва шахси зараррасон дар адабиётҳои арабӣ хело ва хело қайд карда шудаанд ва хусусияти онҳо ба роли шайтоне ки дар адабиёти аврупои вомехуранд монанд аст.
Ҷинҳои нарро бо номи «Дев» дар адабиётҳо зикр шудаанд ва онҳоро бештар вақт сабабгори бадбахтиҳо медонанд, аз ҷумла бемориҳо, марги ногаҳон ва ғ. Ҷинҳои занона мардҳоро дар хобу дар зиндагониашон даромада онҳоро ба роҳи бад мебаранд.
Баъзеҳо аз ҷинҳо наметарсанд ва баракс ҳаракат мекунанд, ки тавоноии ҷинҳоро барои комъёб шудан дар кори худ истифода баранд, ки ҷумлаи ин кор ҷодугарӣ, фолбинӣ, сузанзанӣ ва ғайраҳо мебошад.
Фаластиниҳо боварӣ доранд, ки ҷинҳо дилхоҳ шаклро метавонанд соҳиб шаванд аз ҷумла мисли пиёла, дар, таёқ, мусафед, кудак ва ғайра. Занҳои фаластинӣ бошанд мегӯяд, ки бегоҳи ҷогаҳи равғандорро кушодан лозим нест, аз он сабаб ки дар дарунаш ҷинҳо омада мешинанд.
Тоҷикон бошанд тавсия мекунанд, ки бегоҳирӯзи – шом дар берун бозӣ накунанд, дар хона ҳуштак накашанд, шабона дар мазор нагарданд, таги дарахти чанор, чормағз ва арча хоб нараванд, аз болои алоб наҷаҳанд, бегоҳи пеши даҳани дар нанишинанд, хокистаро дар наздикии хона напартоянд, порубро дар торикӣ накованд ки ин ба оқибатҳои бад меоварад, чун ки дар он ҷойҳо Ҷинҳо сайр мекунанд.
Дар урфияти мусалмонӣ агар кудак дар пеши дар афтад пас он ҷойро намак ва об мепошанд. Дар торикӣ бошад назди ойна намешинанд.
Ривояте дар байни арабҳои фаластинӣ ҳаст, ки вақте ки Момоҳаво (зани аввалини руи дунё – зани ҳазрати Одам алайҳи салом) 40 фарзанд мекунад 20-тои вай безеб будаанд ки модарашон онҳоро мепартояд. Ин ҳодисаро Худо дида бораҳмона онҳоро ба ҷинҳо мубаддар мегардонад.
Дар адабиёти халқи озар бошад ривоятҳо ҳастанд, ки ҷинҳо ба асп савор шуданро дуст медоранд. Аз ин лиҳоз ба аспҳо сақичи сиёҳро мешаканд, то инки ба онҳо ҷинҳо часпида аз саворшавии асп ҳалок шуда бимиранд.
Барои ҷинҳо ҷазои бадтарин ин халондани сӯзан аст. Аз ин хотир мардуми тоҷик ва хусусан занҳо сузанро ба либоси худ мечаспонанд то ин ки ҷинҳо ба ҷисми онҳо наздик нашавад. Агар сузанро ба ҷин занӣ пас вай якумр мутеъи –ғулом мешавад ва гуфтаи соҳибашро иҷро мекунад. Ҷинҳо танҳо бо фиреби кудак сузанро аз баданашон кашида гирифтанро орзуву ҳаракат мекунанд. Аҷоибиаш дар он аст, ки ҷинҳо худашон мустақилона сузанро аз бадани худ мустақилона кашида гирифта наметонанд.
Дар ҷанги нажотие ки дар Руанда шуда буд халқҳои Хуту ва Тутси аз мусалмонҳо мегурехтанд, чунки онҳо боварӣ доштанд ки мусалмонҳо ва масҷиди онҳо зери итоати ҷинҳо қарор доранд. Дар Чянгун бошад масҷидҳоро месузонданд, ки сабабаш гӯё он ҷо пур аз ҷин буд.
Дар китоби Талмуд ва дигар китобҳои муқаддаси яҳудӣ қайд шудааст, ки ҷонварони Ҷинмонанд мавҷуданд. Онҳо руҳҳое мебошанд, ки дар рӯзи шашум яъне рузи Ҷумъа офарида шудаанд ва Худо барои онҳо натавонист, ки саривақт ҷисм созад ва онҳо бе ҷисм монданд, чунки рузи шанбе даромадааст. Дар бораи онҳо гуфта шудааст, ки онҳо мисли фариштаҳо қанот доранд, ва аз як гӯшаи дунё ба дигараш парвоз карда раванд. Бар иловаи ин ба монанди одамон хурок гуранду, нӯшокӣ нушанд, зиёду кам шаванд. Одамон бояд ба онҳо худро наздик накунанд гуфта шудааст дар ин китоб.
Дар бораи Ҷинҳо даҳҳо адад филмҳо ба навор гирифта шудааст ки қисми зиёди онҳо ба забони англлисӣ мебошад.
Сураи Ҷин (72-юмин Сураи Қуръон)
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон!
- Бигӯ: «Ба ман ваҳй шудааст, ки гурӯҳе аз ҷин гӯш фаро доданду гуфтанд, ки мо, ҳаройна, Қуръоне аҷиб шунидем.
- Ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Пас, мо ба он имон овардем ва ҳаргиз касеро шарики Парвардигорамон намесозем.
- Ва албатта, азамати Парвардигори мо олист. На ҳамсаре гирад ва на фарзанде дорад.
- Ва бехиради мо дар бораи Худо суханоне ба ноҳақ мегуфт.
- Ва мо, ҳаройна, мепиндоштем, одаму ҷин дар бораи Худо, ҳаргиз, дурӯғ намегӯянд.
- Ва низ мардоне буданд аз одамиён, ки ба мардоне аз ҷин паноҳ мебурданд ва бар саркашиашон меафзуданд.
- Ҳамчунон, ки шумо мепиндоштед, онҳо ҳам мепиндоштанд, ки Худо, ҳаргиз, ҳеҷ касро дубора зинда намесозад.
- Мо ба осмон расидем ва онро пур аз нигаҳбонони қудратманду шиҳобҳо (ситорагон) ёфтем.
- Ва мо, ҳаройна, дар ин ҷойҳо, ки метавон гӯш фаро дод, менишастем. Аммо ҳар кӣ акнун барои гӯш кардан (гӯш додани малоикаҳо) нишинад, шиҳоберо (оташпораеро) дар камини худ ёбад.
- Ва мо намедонем, ки оё барои касоне, ки ба рӯйи замин ҳастанд, бадӣ муқаддар мешавад ё Парвардигорашон мехоҳад ба роҳи росташон бибарад.
- Баъзе аз мо солеҳанд ва баъзе ҷуз он ва мо фирқаҳое гуногунем.
- Мо медонем, ки Худоро дар замин ҳаргиз оҷиз натавонем кард ва, ҳаргиз, бо гурехтан низ нотавонаш насозем.
- Ва чун сухани ҳидоят шунидем, ба он имон овардем. Ва ҳар кӣ ба Парвардигораш имон оварад, на аз нуқсон метарсад ва на аз ситам.
- Ва ҳаройна, баъзе аз мо (ҷинниён) мусалмононанд ва баъзе аз ҳақ дур. Ва онон, ки Ислом овардаанд, дар ҷустуҷӯи роҳи рост будаанд.
- Аммо онон, ки аз ҳақ дуранд, ҳезуми ҷаҳаннам хоҳанд буд».
- Ва агар (одамиёну париён) бар тариқаи рост (яктопарастӣ ва тоъати Худо) пойдорӣ кунанд, ҳаройна, аз обе фаровон серобашон кунем,
- То онҳоро биёзмоем дар он (неъмати фаровон). Ва ҳар кӣ аз зикри Парвардигораш рӯй гардонад, ӯро ба азобе сахт дарандозанд.
- Ва ҳаройна, масҷидҳо аз они Худост. Ва бо вуҷуди Худои барҳақ касеро ба худоӣ нахонед.
- Чун бандаи Худо (Муҳаммад) барои парастиши ӯ бар пой истод, гирди ӯро гирифтанд (ҷинҳо).
- Бигӯ: «Танҳо Парвардигорамонро мехонам ва ҳеҷ касро шарики ӯ намесозам».
- Бигӯ: «Албатта, ман наметавонам бар шумо зиёне бирасонам ё шуморо ба салоҳ оварам».
- Бигӯ: «Ҳеҷ кас маро, ҳаргиз, аз уқубати Худо паноҳ надиҳад ва ман ҷуз ӯ, ҳаргиз, паноҳгоҳе намеёбам,
- Он чӣ метавонам ҷуз расондани пайёми ӯ ва анҷом додани рисолатҳои ӯ нест. Ва ҳар ки Худову паёмбарашро нофармонӣ кунад, пас, насиби ӯ, ҳаройна, оташи ҷаҳаннам аст, ки ҳамеша дар он хоҳад буд,
- То он гоҳ ки он чиро ба онҳо ваъда дода буданд, бингаранд. Пас, хоҳанд донист, чӣ касонеро ёрони нотавонтар ва шумори камтар будааст».
- (Эй паёмбар, ба кофирон) Бигӯ: «Ман намедонам, ки оё он ваъдае, ки ба шумо додаанд, наздик аст ё Парвардигори ман барои он замоне ниҳодааст?
- У донои ғайб аст ва ғайби Худро бар ҳеҷ кас ошкор намесозад,
- Магар бар он паёмбаре, ки аз ӯ хушнуд бошад, зеро ки барои нигаҳбонӣ аз ӯ, пеши рӯй ва пушти сараш нигаҳбоне қарор медиҳад,
- То бидонад, ки онҳо паёмҳои Парвардигорашонро расонидаанд ва Худо ба он чӣ дар назди онҳост, иҳота дорад ва ҳама чизро ба адад шумор кардааст.
ҶИН АЗ НУҚТАИ НАЗАРИ ТИБ
Мувофиқи илми Тиб мавҷудияти ҷинҳо ба мисли дидани Хоб аст. Яъне ҳастии ҷиннро тиб инкор мекунад ва назарияҳо ҳастанд ки ҳангоми инсон ба ягон бемории ҷисмонӣ ва ё душвории зиндагӣ мебинад дар мавҷудияти ҷинҳо бештар боварӣ ҳосил намуда ҷинҳоро мебинад. Масалан агар дар майнаи сар агар лахтаи хун дармонад пас он ба бемории эпелепсия оварда мерасонад ва одам ба ларза медарояд.
Дар замони пештар то тараққӣ ёфтани илми тиб шахсоне ки табиатан носолим таваллуд шудаанд ва бе бемориҳои асаб мубтало шудаанду ба сари онҳо ҳар гуна дидани ҷисмҳои ғайриодии воҳиманок ба назар мерасид пас онҳоро ҷинзада мешумориданд. Ҳол он ки бемории «РАК» дар майнаи одам ҳам пайдо шавад пас чунин одамонро асосан ҷиннӣ мегӯянд вале дар асл онҳо ҷиннӣ неву балкӣ шахсони ба бемории асаб гирифторшуда ҳастанд.
Ҳоло муолиҷаи шахсони ҷинӣ ки онҳоро низ девона мегуянд то андозае имконпазир аст ва барои онҳо табобатхонаҳои махсус ташкил карда шудааст, аз ҷумлаи онҳо дар Тоҷикистон ин беморхонаи «Куктош» ки дар ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ мебошад.
ЛАТИФА ДАР БОРАИ ШАЙТОН
Рӯзе писари Шайтон калон мешаваду ва падараш ӯро ба саҳро барои шиносоӣ бо худ мегирад. Дар роҳ Шайтон ва Шайтонча рафтан мегиранд, ки ногоҳ шайтонча аз чизе тарсида баҷо мешавад. Падараш мепурсад, ки чаро метарсӣ ва дар ҷавоб бачаш ба суи муши замин кофтаистода дасташро дароз карда нишон медиҳад.
Падараш мегуяд, ки охир ин муш аст ва ӯ фақат донаи ягон растанӣ ва ё решаи ширини алафҳоро мегурад ва ба мо шайтонҳо ягон зараре надорад. Рафтем бачам ай ин натарс мега.
Баъдан роҳро давом додан мегиранд, ки боз шайтонча тарсида баҷо мешавад. Падараш мепурсад боз чи гап шуд? Ин даъфа ба суи Гусфанд нишон медиҳад. Падараш мегуяд охир ин гусфанд аст ва гарчанде калон бошад ҳам вале фақат алаф мехурад ва ягон зарар ба мо надорад. Натарс бачам рафтем-рафтем мегуяд Падараш.
Дар роҳ боз раҳсипор шуда рафтан мегиранд, ки ногоҳ Падари Шайтон пинҳон мешаваду писарашро мегуяд ки ту ҳам пинҳон шавад. Писараш ба нази падараш рафта пинҳон мешаваду баъ мепурсад ки ту чиро дидай ки ин қадар тарсида пинҳон шудӣ?
Дар ҷавоб Падараш ба суи одаме, ки аз роҳи дур омада истода буд ба суяш дасташро дароз карда нишон медиҳад ва мегуяд, ки онро Инсон мегуянд ва гарчанде номаш Инсон бошад ҳам ноинсон буда аз ҳама зарарнок чиз аст. Чун, ки ҳар гуноҳе, ки мекунад, бори сари мо – яъне шайтонҳо мезанд ва мегуяд, ки инро ман накардаам. Ҳар чизе ки кунад мегуфд ки Шайтон маро вас-васа кард ва ман инро кардам. Барои ҳамин ҳам аз инҳо худро дур гир писарам.