АСОСӢ / ГУНОГУН / ЁДДОШТҲОИ САДРИДДИН АЙНИ

ЁДДОШТҲОИ САДРИДДИН АЙНИ

Қисми аввал аз 30 боб иборат мебошад. Касби асосии бошандагони деҳоти Соктаре ва Маҳаллаи Боло кишоварзй буда, ҳамчунин ба косибй машғул будаанд. Дар ин қисм ода- мони маърифатдуст ва пешқадами ин ду деҳа ва шахсиятҳои ши- нохтае, ки ба ин деҳот рафтуомад доштанд, мавриди тасвир қарор гирифтаанд.

Дар қисми якуми «Ёддоштҳо» образҳои Сайидмуродхоҷа (падари Садриддин), Устоамак — Ҳидоятхоҷа (амаки Садриддин), Тутапошшо, Ҳабиба, Лутфуллогуппон, Исомахдуми шоир мавқеи асосӣ доранд.

Сайидмуродхоҷа образест, ки бо меҳнати ҳалол, ростқавлӣ, инсондустӣ ва поктинатӣ дар байни аҳолӣ эътибори баланд дорад ва фарзандони худро ҳам дар ҳамин руҳия тарбия менамояд. Вай дар як порча заминаш мудом машғули кор мебошад. Ба болои ин ба бофандагӣ, рангрезӣ ва тарошидани санги осиё низ шуғл ме- варзад ва кору фаъолиятро сарчашмаи асосии зиндагӣ медонад.

Падари Садриддин одами бофарҳанг аст. Ба Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил, Соиб ва Исо эҳтироми тамом дорад ва ҳамеша фикрҳояшро бо мисолҳо аз ашъори онҳо тақвият медиҳад. Падар одамони зо- лим ва муфтхуру фиребгарро одамони девсор[1] меномад ва аз онҳо эҳтиёт шудани мардумро бо ин байти Саъдӣ қувват мебахшад:

Дев бар одам наёмезад, матарс, Бал битарс аз одамони девсор.

Суханҳои ҳикматноку пандомузи падар ба Садриддин таъси- ри бузург бахшиданд, меҳру муҳаббати уро ба шеър, ба каломи бадеӣ зиёд намуданд ва худи уро ба ҳалолкорӣ, меҳнатдустӣ ва ростӣ ҳидоят намуданд. Васияти падар пеш аз марг муҳимтарин дастури зиндагии минбаъдаи Садриддин гардид: «Дар чӣ гуна душворӣ бошад ҳам, хон! Лекин қозӣ нашав, раис нашав, имом нашав! Агар мударрис[2] шавӣ, майлат!».

Дар қисми якуми «Ёддоштҳо» образи занон низ мавқеи муай- ян дорад. Устод Айнӣ симоҳои Тутапошшо ва Ҳабибаро хотир-
мону ҷолиб офаридааст. Махсусан, образи Ҳабиба бо самимияту донишмандӣ ва далерию кордонияш хонандаро ба ваҷд меорад.

Образи занон.

Дар мактаби духтарона таваҷҷуҳи Садрид- дини кунҷковро Ҳабиба ном духтари соҳиб- ҷамолу донишманд ҷалб менамояд. Ҳабиба шеърҳои бисёр медонист ва як ғазали

Ҳофизро, ки бо байти:

Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд, Ё тан расад ба ҷонон, ё ҷон зи тан барояд

оғоз мешуд, батакрор хонда гиря мекард. Аз тасвирҳои минбаъда маълум мешавад, ки байти боло ба ҳолати рӯҳии Ҳабибаи ошиқ комилан мувофиқ омада, дар роҳи расидан ба мақсад ба ӯ қувват мебахшидааст.

Азбаски ҷавони дӯстдоштаи Ҳабиба ҳам лангу ҳам бадна- мо будааст, падару модар ба хонадор шудани онҳо муқобил ба- ромадаанд. Баъди талошҳои зиёди бенатиҷа Ҳабиба бо ҷавони дӯстдоштааш шабона аз Соктаре ба Ғиждувон гурехта, саҳар ба қозихона меравад ва аз қозӣ талаб мекунад, ки онҳоро бо ҳам никоҳ кунад. Ба муколамаи қозӣ Абдулвоҳид ва Ҳабиба таваҷҷуҳ намоед:

  • Духтарам, туро кӣ аз роҳ баровард?
  • Маро ҳеҷ кас аз роҳ набаровардааст, ман ба ихтиёри худ ҳамин ҷавонро ба шавҳарӣ хостам, — ин овози духтар буд, ки бо ҳаяҷони гиряолуд мебаромад.
  • Агар падару модарат ин коратро шунаванд, чӣ мегӯянд? Магар онҳо ба ин кори ту розӣ мешаванд? — Ин саволи дуюми қозӣ буд.
  • Ҳозир падарам ҳам ҳамин ҷавон ҳаст, модарам ҳам, ман ба розӣ ва норозӣ шудани падару модарам кор надорам, — ин овози духтар буд, ки бо оҳанги аз аввал ҳам ҷиддитар мебаромад.

Қозӣ хутбаи[3] никоҳ сар кард.

Чунин рафтори боҷуръатона ва бебоконаи Ҳабиба дар Бу- хорои охири асри XIX ва ибтидои асри XX як қаҳрамонӣ буд.

Қисми якуми «Ёддоштҳо» ба тасвири вабои умумие, ки охири солҳои 80-уми асри XIX дар қаламрави Бухоро боиси аз байн бур- дани одамони зиёде, аз ҷумла падару модари Садриддин гардида буд, ба охир мерасад. Баъди вафоти падару модар тамоми бори зиндагӣ ба дӯши Садриддин меафтад, боз як соли дигар додаро- наш Сироҷиддин ва Киромиддинро нигоҳубин мекунад. Садрид- дин дар назди Муҳиддин, ки ҳангоми таътил ба деҳа омада буд, масъалаи дар Бухоро таҳсил карданро ба таври қатъӣ мегузорад. Онҳо ҳавлии дар Маҳаллаи Боло доштаашонро мефурӯшанд ва бо пули он оши соли падару модарро дода, додаронро хатна мекунанд ва баъд бародарони хурдсолашонро ба парастории тағояшон — Қурбонниёз вогузор намуда, ба сафари Бухоро омода мешаванд.

Қисми дувум — «Дар шаҳр» .

Қисми дувуми «Ёддоштҳо» аз 32 боб иборат мебошад. Дар бобҳои аввал дар бораи мадрасаҳои Бухоро маълумот дода шудааст. Ба гуфти С.Айнӣ «мадрасаҳои  Бухоро ба мад тоторҳо ва бошқирҳо ҳам нуфузи динӣ дошт». Дар қисми дувуми «Ёддоштҳо», пеш аз Образи       ҳама, симои Садриддин ба назар мерасад варасаи динӣ будан ва муллоҳои Бухоро ба олими мутахассиси улу- ми динӣ будан шуҳрат доштанд ва ба ин сабаб Бухоро на танҳо ба Осиёи Миёна, балки ба мусулмонони дохили Русия ҳам — ба

Садриддин тамоми воқеаҳо вобаста ба ҳолатҳои рӯҳию вазъи зиндагии ӯ таҳлил меёбад.

Садриддин чун ҷавони ҷиддӣ, кордон ва соҳиби таҷрибаи муайяни зиндагӣ ба шаҳри Бухоро омад. Ин аст, ки ба тамоми мушкилиҳои зиндагӣ тоқат карда тавонист. Дар солҳои аввали мадрасахонӣ ӯро ҳамеша камбағалӣ, нодорӣ ва муҳтоҷӣ таъқиб мекард. Масалан, зимистони соли 1890 дар мадрасаи Мири Араб бо чунин аҳвол таҳсилро давом медод: «Ман бошам, маҳсӣ надоштам, як кафши сарипоии маҳаллидӯхт доштам, ки аз вай об мегузашт ва намро ба худ мекашид. Хоҳ дар такрор бошад, хоҳ дар кӯча аз рӯйи курта як ҷомаи пахтадор пӯшида, бо як қабат лозимӣ мебаромадам… Бемаҳсигӣ маро бисёр азоб медод ва поҳоям торс-торс кафида, замини сахти дандонакашӣ кардашу- да барин мешуд. Дар рӯзҳои барфу борон, вақте ки ба кӯча ё ба рӯйи мадраса бароям, даруни кафшам пур аз барфу об мешуд ва аз кафидагиҳои поям, гӯё ки бо корд чок карда бошанд, хун шо- рида мерафт.

Ягона доруи ман дар кафидагиҳои по равғани шамъи ҷойдорӣ буд, шамъро даргиронида, бар рӯйи кафидагиҳо хам карда нигоҳ медоштам, равғани доғи шамъ аз канори оташи пилтааш ба рӯйи ҷароҳат чакра-чакра мечакид ва фавран озорро таскин медод».

Муҳтоҷӣ ва қашшоқӣ Садриддинро водор мекард, ки ба муллобачагони давлатманд ошпазӣ ва ҷомашӯйӣ намояд, хонаи онҳоро рӯбад, ба онҳо сабақ омӯзад. Баъзан ба хидмати бойе да- ромада, дафтардорӣ мекард ва баъзан дар мадраса фаррошӣ ме- намуд. Садриддин баъди ба охир расидани соли таҳсили 1890 — 1891 тобистон баҳри хабаргирии бозмондагон ва хешовандонаш ба деҳоти Маҳаллаи Боло ва Соктаре меравад. Бародари хурдиаш — Киромиддин дар зимистон вафот карда будааст, Сироҷиддинро бо худ гирифта ба Бухоро меорад.

Дар қисми дуюми «Ёддоштҳо» аввалин шиносоии Садриддин бо намояндагони ахли  фарҳангу адабиёти Бухоро — Аҳмади Дониш,

Садри Зиё, Назруллои Лутфӣ, Бурҳони Муштоқӣ ёдрас шудааст. Махсусан, боби «Одами аҷиб» ҷолиби диққат аст. Ин боб бо тасвири муфассали симои Аҳмади Дониш оғоз меёбад: «Ин одам қомати баланде дошт, баландии қоматаш ба дараҷае ки ҷомаи банораси[4] подшоҳии дар тан доштааш баро- бари зонуяш буд ва ҳол он ки ин гуна ҷома дар тани одамони одӣ ба замин мерасад. Тани ин одам ба тарзе пурра буд, ки баландии қоматаш он қадар ҳис карда намешуд ва ба назар миёнақад мена- муд. Гардани ин кас ҳам мувофиқи қадаш дароз ва муносиби ба- данаш пурра буд.

Аммо сари ин одам аз одат берун калон буд. Шояд бори он каллаи калон ба он гардани дароз вазнинӣ мекарда бошад, ки дар вақти роҳ рафтан гарданаш гоҳ ба ин тараф ва гоҳ ба он тараф ҳам мехӯрд…

Рӯйи ин шахс сабзина ва пурра буд ва, бо вуҷуди ин ки син- ни ин касро аз шаст боло тахмин кардан мумкин буд, ба рӯяш он қадар чинҳои ҳискардашаванда наменамуд. Риши ӯ миёна ва кулӯта (лӯнда) буда, торҳои сафедаш аз сиёҳаш бештар менамуд».

Дар аввалин шинохти Аҳмади Дониш Садриддин ба ихтилоф дучор мешавад. Садриддин мебинад, ки ин одами аҷибро калонҳои мадраса зоҳиран эҳтиром мекунанд, пеши ӯ аз ҷой хеста салом медиҳанд, вале дар ғайбаш ӯро худобехабар, гумроҳ, дағдағанок, кофир меноманд. Ва танҳо мушоҳидакорӣ ва муҳокимарониҳои мантиқӣ ба Садриддин ҳақиқати ҳолро мекушоянд. Маълум ме- шавад, ки Аҳмади Дониш олими бузург ва мунаҷҷими ҳақиқӣ будааст. Азбаски дурӯягӣ ва риёкории[5] куҳнапарастону мутаас- сибонро медонистааст, ба саломи онҳо ҷавоб намегардондааст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Қисми аввали «Ёддоштҳо» чӣ ном дорад ва ба кадом давраи ҳаёти Садриддин бахшида шудааст?
  2. Дар бораи образи падари Садриддин — Сайидмуродхоҷа маълумот диҳед.
  3. Кадом хислатҳои Ҳабиба ба шумо маъқул шуд?
  4. Чаро қисми 11«Ёддоштҳо» «Дар шаҳр» ном дорад?
  5. Дар ташаккули хислати Садриддин дар деҳот киҳо саҳм гузошта- анд?
  6. Дар солҳои аввали мадрасахонӣ шароити зиндагии Садриддин чӣ гуна буд ?
  7. Садриддин дар солҳои аввали мадрасахонӣ ба кадом шахсиятҳои фарҳангӣ шинос шуд?
  8. Симои Аҳмади Дониш дар «Ёддоштҳо» чӣ гуна тасвир ёфтааст?

«ЁДДОШТҲО» ЧУН МАНБАИ АДАБӢ ВА ИЛМӢ

Қисмҳои сеюм ва чоруми «Ёддоштҳо» давоми мантиқии қисми дувум мебошанд. Қисми сеюм аз 54 ҳикоят иборат буда, бо фасли «Ҳавлии Шарифҷонмахдум» оғоз ва бо фасли «Дӯстии ду калонгир» анҷом меёбад. Қисми чорум аз 44 ҳикоят иборат аст ва он бо фасли «Мадрасаи Ҳоҷӣ Зоҳид» оғоз ёфта, бо фасли «Саёҳати махдумони сохта» ба анҷом мерасад.

Садриддин тирамоҳи соли 1891 ба хидмати Шарифҷонмах- думи Садри Зиё медарояд ва ин хидматгорӣ як сол давом меку- над. Садриддин аз ҷамъомадҳои адабие, ки ҳар ҳафта шабҳои сешанбе, чоршанбе ва панҷшанбе дар ҳавлии хӯҷаинаш бар- гузор мегардид, баҳра мебардошт ва ба Назруллои Лутфӣ, Абдулмаҷиди Зуфунун, Яҳёхоҷа, Содиқхоҷаи Гулшанӣ, Ҳомидбеки Ҳомид, Абдуллохоҷаи Таҳсин, Бурҳони Муштоқӣ, Абдулкарими Офарин, Мирзо Азими Сомии Бӯстонӣ, Раҳмати сартарош, Азизхоҷаи Азиз барин шоир ва суханварон шинос мешуд. Ба ин муносибат, Айнӣ оид ба зиндагӣ ва эҷодиёти адиандоза шинос менамояд. Адибони номбурда мухтасар маълумот дода, хонандаи имрузро ба ҳаёти адабии Бухорои охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ як
Маълумоти С.Айнӣ дар бораи суханва- донишмандон ҷолиб ва пурмуҳтаво бо далелҳои муътамад асоснок гар- ст. Масалан, дар бораи Абдулмаҷиди

Зуфунун чунин омадааст: «Дар нуҷум аз шогирдони Аҳмади До- ниш буда, дар шеър ва адабиёт ва дар фанҳои расмии мадрасаҳои Бухоро низ маҳорат дошт. Азбаски у фанҳо ва илмҳои гуногунро медонист, ҳамзамононаш ба ӯ «Зуфунун» лақаб дода буданд, ки «соҳиби фанҳо» гуфтан аст».

Мувофиқи маълумоти Айнӣ, Яҳёхоҷа низ ҳаҷвнигори бомаҳорат мебошад ва бисёр норасоӣ ва ноадолатиҳои даврро за- рифона ошкор месозад. Ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ дар бораи қорӣ Самеъ, қозӣ Бадриддин ва тоҷири сарватманди Бухоро — Ҷӯрабек Ара- бов ҳунармандона ба қалам омада, дорои оҳангҳои пурқуввати иҷтимоӣ мебошанд. Ӯ дар шеърҳои ҳаҷвӣ низ маҳорат доштааст. Рӯзе қушбегӣ (ба таъбири имрӯза, сарвазир) Ҷонмирзо, ки риши калоне доштааст, аз Яҳёхоҷа илтимос мекунад, ки дар ҳаққаш шеъре гӯяд. Яҳёхоҷа бадоҳатан гуфтааст:

Мири қушбегӣ дар ойина бубинад риши хеш, Бо дили хеш бигӯяд: «Ана ришу мана риш!» Гар бубинад риши пурҷингилаи қорӣ Самеъ, Бо дили реш бигӯяд: «Ана ришу мана риш!»

Ва шарҳ додааст:

Дар «Ёддоштҳо» таваҷҷуҳи С.Айниро, беш аз ҳама, сардори ҷараёни маорифпарварии адабиёти тоҷик — Аҳмади Дониш ҷалб- Мири қушбегӣ, мебахшед, ки шумо ғайр аз риши калон чизи қобили мадҳ надоред, ки сабаби ифтихоратон шавад. Афсӯс, ки ин ришатон ҳам дар пеши риши қорӣ Самеъ қадру қимати худро

Дар байни адибоне, ки дар «Ёддоштҳо» зикр ёфтаанд, адибони маорифпарвар Аҳмади Дониш, Шамсиддин Шоҳин, Абдулқодирхо- ҷаи Савдо, Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат, Содиқ- хоҷаи Гулшанӣ, Абдулвоҳиди Мунзим мавқеи босазо доранд.

намудааст. Дар «Аҳмади Дониш», «Тарзи зиндагонии шабонарӯзӣ ва ҳафтагии Аҳмадмахдум», «Оби ганда ба хандақ», «Саёҳати солонаи Аҳмадмахдум», «Шеърҳои ҳаҷвии Аҳмадмахдум», «Ха- бари вафоти Аҳмадмахдум», «Аввалин шиносоии ман ба калон- тарин асари Аҳмади Дониш — «Наводир-ул-вақоеъ» ном бобҳои қисматҳои сеюм ва чорум оид ба ҷараёни зиндагӣ ва фаъолия- ти ин симои барҷаста маълумоти муфид дода шудааст. Ба қавли С.Айнӣ, Аҳмади Дониш баробари нависандаи барҷаста будан олими дақиқсанҷ, ҳунарманди мумтоз ва хаттоти беҳамто низ бу- дааст ва даромади асосии ӯ аз рӯйи меҳнати ҳалолаш ҳосил мешу- дааст. «Ман, — гуфтааст С.Айнӣ, — як китоби «Юсуф ва Зулайхо»- ро бо хат, ҷадвал ва расми Аҳмадмахдум дидаам, ки дар ҳамон вақт ба қимати сесад пуд гандум фурӯш шуда буд».

С.Айнӣ дар хусуси Шамсиддин Шоҳин маълумоти мухтасар додааст, зеро ҳангоми мадрасахонӣ бо ӯ вонахӯрдааст. Шиносо- ии Садриддин ба Шоҳин тавассути ашъори шоир сурат гирифта- аст. С.Айнӣ Шоҳинро аз шоирони машҳури замон ва забардас- ти рӯзгор дониста, қайд кардааст: «Шеърҳои Шоҳин ҳамеша дар маҳфилҳои Шарифҷонмахдум хонда мешуданд ва ҳар шеъре, ки ӯ гӯяд, дар рӯзи дуюми гуфта шуданаш ба он ҷо меомад… Ва ба ман шеърҳои Шоҳин аз шеърҳои ҳамаи он шоироне, ки дар он маҷлисҳо медидам, зиёдатар таъсир мекард».

Дар қисми сеюми «Ёддоштҳо» дар хусуси ҳаёт ва фаъолияти Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат муфассал сухан меравад, зеро Ҳайрат шарикдарс ва дӯсти Айнӣ буда, дар айёми ҷавонӣ аз олам даргу- заштааст. Нависандаи «Ёддоштҳо» хотираи рафиқи ҷавонмарги худро абадӣ гардондан хоста, мероси адабии парокандаи ӯро гирд меоварад.

С.Айнӣ Ҳайратро шоири навовар ва устоди худ медонад ва дар бораи ӯ самимона ва сипосгузорона сухан меронад. Муаллиф як ғазали шоирро бо матлаи:

Эй сарв, беибо ба чаман сар кашидаӣ, Моно, ки сарви қомати ӯро надидаӣ!

оварда, онро чунин баҳо медиҳад: «Ин ғазал ба болои ин ки равон, сода, ҳамафаҳм, ҳамаи калимаҳояш дилчасп буда ва дар ҷойи худ монанди нигинакориҳои нодиракорона шинам шудаанд, як эъ- лони мубориза буд бар зидди ташбеҳҳои ғайритабиии обшустаи
шоирони гузашта». Дар ҳақиқат, шоирони пешин қомати ёрро ба сарв, шамшод ва ҳатто ба аръар ташбеҳ медоданд. Ҳайрат дар пеши қомати ёр ҳеҷ гуна зебой надоштани сарвро нишон додааст.

Ҳамин тариқ, «Ёддоштҳо» дар ҳалли бисёр масъалаҳои ада- биёти охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX чун сарчашмаи муъ- тамади адабй аҳамият дорад.

«Ёддоштҳо»- сарчашмаи v илмӣ .

«Ёддоштҳо», махсусан қисматҳои сеюм ва чо- руми он, дорои аҳамияти калони сарчашмаи илмй мебошад. Мундариҷаи асар таърихи илмӣ — фарҳангии халқи тоҷикро дар поёни асри XIX ва ибтидои садаи XX равшан ва муфассал бозгӯ мена- мояд. Маълумоти С.Айнӣ оид ба таърихи мадрасаҳои Мири Араб, Олимҷон, Бадалбек, Ҳоҷӣ Зоҳид, Лаби Ҳавзи Арбоб ҷолиб ва омӯзанда мебошад. Толибилмони мадрасаҳои Бухоро дар як сол шаш моҳ (аз 22 сентябр то 22 март) ва дар як ҳафта чор рӯз (шанбе, якшанбе, душанбе, сешанбе) дарс мехонданд. Ба қавли С.Айнӣ, «Дар мадрасаҳои Бухоро асосан илмҳои зерин мегузашт: сарфу наҳви забони арабӣ, мантиқ, ақоиди[6] исломӣ (илми калом), ҳикмат[7] (ҳикмати табиӣ ва илоҳӣ), фиқҳи[8] исломӣ (таҳорат, на- моз, рӯза, ҷаноза, масъалаҳои ҳаҷ, закот, харидуфурӯш, ғулом- дорӣ, ғуломозодкунӣ, зангирӣ, зансардиҳӣ ва монанди инҳо, ки дар амалиёти динӣ ё ин ки дар муомилоти ҷамъият оид аст)». Умуман, аз суханони С.Айнӣ маълум мешавад, ки ҳукумати амирӣ ба илму маориф муносибати сарсарӣ доштааст.

Маълумоти С.Айнӣ оид ба сохту намуди биноҳои мадрасаҳо, масҷидҳо ва хонақоҳҳои[9] Бухоро хонандаро ба таърихи меъморӣ ва шаҳрдории тоҷик шинос менамояд. Ин биноҳо ба таҳаввули минбаъдаи меъмории асримиёнагии Осиёи Марказӣ ишора меку- нанд.

С.Айнӣ дар «Ёддоштҳо» оид ба расму русум, урфу одати халқ, маросимҳои мардумӣ, табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва ҷамъияти онҳо муфассал сухан рондааст. Аз рӯйи гуфти нависанда, «оммаи мардуми Бухоро бештар косиб, саис, аробакаш, машкоб, гилкор, дуредгар ва хеле зарифу ҳозирҷавоб будаанд. Олуфтаҳои Бухо- ро бошанд, аз дигар табақаҳои аҳолӣ ҳам бо либоспӯшӣ, ҳам
бо рафтору гаштор ва ҳам бо қасамхӯриашон фарқ мекарданд. Олуфтаҳо се мартаба доштанд: «нимтайёр», «тайёр» ва «марди мардон». Марди мардон касе интихоб мешуд, ки дар мардй мум- тоз, дар зӯрй беҳамто, ба дуздӣ ва шӯрапуштӣ туҳматзада нашуда бошад. «Қасами олуфтаҳо «саттор»[10] буд. Агар як олуфта «сат- тор, ки фалон корро мекунам» гӯяд, сараш равад ҳам, бояд он корро мекард. Агар накунад ва қасамашро шиканад, аз миёнаи олуфтаҳо ронда шуда, ба «номардӣ» машҳур мегардид».

Қимати «Ёддоштҳо»-ро тасвирҳои маросиму маъракаҳои моҳи шарифи Рамазон, иди Наврӯз, тӯй, гулгардонӣ, зочабозӣ, подшоҳбозӣ боз ҳам афзудаанд. Айнӣ тавонистааст, ки ҳаёти мардуми тоҷикро дар як давраи муайяни таърихӣ бо тамоми паҳлуҳояш пешкаши хонанда намояд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Садриддин кай ба хидмати Шарифҷонмахдум рафт ва ин хидмат- горӣ чанд вақт давом кард?
  2. Дар ҷамъомадҳои адабии ҳавлии Садри Зиё кадом шоирон ва рав- шанфикрон ширкат доштанд?
  3. Оид ба Яҳёхоҷа маълумот диҳед.
  4. Муносибати Садриддин ба намояндагони адабиёти маорифпар- варӣ чӣ гуна аст?
  5. Дар бораи «Ёддоштҳо» ҳамчун сарчашмаи илмӣ маълумот диҳед.
  6. Ҷамъияти олуфтаҳои Бухоро чӣ хел ҷамъият будааст?

САВОЛИ ТЕСТӢ

  1. Устод Айнӣ дар кадом асараш оид ба Аҳмади Дониш ва

Муҳаммадсидиқи Ҳайрат маълумот медиҳад?

  1. «Дохунда»;

Б) «Одина»;

  1. «Устод Рӯдакӣ»;

Г) «Ёддоштҳо»;

Ғ) «Мирзо Абдулқодири Бедил».

[1]   Девсор — монанди дев, зиштнамо.

[2]   Мударрис — дарсдиҳанда, муаллими мадраса.

[3] Хутба — хондани дуо ва оятҳои Куръон.

[4] Банорас — матои майданақши сиёҳу сафед, ки тораш абрешиму пудаш ресмон мебошад.

[5]   Риёкорӣ — дурӯягӣ ва покдомании зоҳирӣ.

[6]   Ақоид — ҷамъи ақида, эътиқод.

[7]   Ҳикмат — илмҳои фалсафӣ, фалсафа.

[8]   Фиқх — илм оид ба қонунҳои шариати ислом.

[9]   Хонақоҳ — ҷойе, ки шайхҳо ва дарвешон ибодат ва зиндагӣ мекунанд.

[10] Саттор — пӯшанда, пардапӯш. Яке аз номҳои Парвардигор.

Инчунин хонед инро

56

Футбольные трансферы: Как торговля игроками влияет на силу команд

Футбольные трансферы являются неотъемлемой частью современной игры. Клубы по всему миру активно участвуют в покупке …