АСОСӢ / Маориф / ЁДДОШТНАВИСИ ДАР АДАБИЁТ

ЁДДОШТНАВИСИ ДАР АДАБИЁТ

Ёддошт дар қатори очерк ва сафарнома ба Назарияи гурӯҳи жанрҳои махсуси ҳамосй дохил меша- адабиёт вад. Қонунияти марказии ин жанрҳоро ҳодисаҳои воқей ё ҳуҷҷатӣ ташкил медиҳад. Дар ёддошт нависанда чизҳои дидаву аз сар гузаронида ва вохӯриву мулоқотеро, ки дар нигоҳи ӯ муҳиму арзишманд мебо- шанд, мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор медиҳад.

Дар ёддошт воқеаҳое тасвир меёбанд, ки маҳсули замони гу- зашта буда, дар инкишофи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа саҳми муносиб доранд. Дар ёддошт на пайдарпайӣ, балки моҳияти онҳо шарти зарурӣ мебошад. Методи ягонаи ёддошт реализм ме- бошад. Барои тасвири дилкаш ва рағбатноки ҳодисаву воқеаҳо нависанда гоҳо аз тасвири романтикона низ истифода мекунад. Вале тасвироти хаёломез ба ҳодисаву воқеаҳои ҷудогона ирти- бот дошта, ба заминаи воқеии ёддошт халал намерасонад. Дар ёддошт имконияти офаридани образу характери барҷаста кам- тар аст. Танҳо нависандагони забардаст дар офаридани образҳои барҷаста муваффақ мешаванд. Образҳои падар ва Тӯтапошшо (аз «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ) намунаи чунин образҳо мебошанд.

Ёддошт дар адабиёти ҷаҳон таърихи қадима дорад. Нахустин таҷрибаи ёддоштнависӣ ба қалами нависандаи Юнони қадим Ксенофонт (430-355 то милод) нисбат дода шудааст. Пайдоиши ёддошт ба маънои имрӯзааш ба давраи эҳё мутааллиқ аст. Дар байни асарҳои ёддоштии адибони ҷаҳон «Тавба»- и нависандаи Фаронса Жан Жак Руссо (1712-1778) ва «Бачагӣ», «Дар байни мардум» ва «Университетҳои ман»-и нависандаи рус М. Горкий мақоми арзанда доранд.

Дар адабиёти форсу тоҷик ёддоштнависӣ таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Дар рисолаи «Саргузашт»-и Абӯалӣ ибни Сино, «Макорим-ул-ахлоқ»-и Хондамир, «Латоиф-ут-тавоиф»-и Алии Сафӣ, «Чор унсур»-и Бедил маводи фаровони ёддоштӣ гирд овар- да шудаанд. Вале барҷастатарин асарҳои ёддоштӣ «Бадоеъ-ул- вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ва «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш мебошанд. Восифӣ рӯйдодҳои таърихию сиёсӣ ва фарҳангию адабиро аз назари намояндаи аҳли миёнаҳоли шаҳр тасвир намудааст. Мувофиқи тасвири адиб, донишҷӯёни мадраса зимистон аз хунукӣ азоб доштанд. Восифӣ бар ивази маблағе, ки аз қасидааш гирифта буд, ба онҳо ёрии моддй мерасонад. Аммо дар зимистони дигар шабнишинии писари вазирро тасвир карда- аст, ки дар он зиёда аз 50 ҳазор танга барои айшу нӯш сарф гар- дида буд. Чунин тасвирҳо дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ» фаровонанд ва хонандаро ба таърихи давлатдориву маишати аҳолй дар асри XVI муфассал шинос мекунанд.

Аҳмади Дониш дар «Наводир-ул-вақоеъ» бенизомию бетар- тибии иҷтимоии замонро дар бедонишию бемаърифатӣ дидааст, бинобар ин, омӯхтани илмҳои дунявиро дар мадрасаҳо тарғиб кардааст. Дониш ба воситаи асари ёддоштиаш «Наводир-ул- вақоеъ» тарзи нави тасвири реалистиро ба вуҷуд овард, ки онро имрӯз реализми маорифпарварӣ меноманд.

Асари барҷастаи ёддоштии адабиёти давраи нави тоҷик «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ мебошад, ки воқеаҳои солҳои 1880-1903-ро дар аморати Бухоро фаро мегирад. Устод Айнӣ дар таълифи «Ёддоштҳо» анъанаи навиштани «Бадоеъ-ул-вақоеъ» ва «Наводир-ул-вақоеъ»-ро давом ва инкишоф дода, хаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию адабии Бухорои охири асри Х1Х ва иб- тидои асри ХХ-ро бо тамоми маҳорат тасвир намуд. Воқеаҳое, ки дар «Ёддоштҳо» баён шудаанд, дар таърихи иҷтимоӣ ва фарҳангии халқи тоҷик муҳим ва арзишманданд.

Минбаъд дар адабиёти тоҷик асарҳои зиёди ёддоштӣ ба вуҷуд омаданд, ки «Субҳи ҷавонии мо»-и С. Улуғзода, «Устоди ман, мактаби ман ва худи ман»-и Ҷ. Икромӣ, «Маъвои дил»-и Р. Ҷалил, «Ёди ёри меҳрубон»-и М. Миршакар намунаи онҳо ме- бошанд. Нависандагони тоҷик дар асарҳои ёддоштии худ бештар ба аҳли зиё таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Агар Икромӣ дар маркази асараш ҳаёт ва фаъолияти Садриддин Айниро қарор дода бошад, пас, Миршакар вохӯрию мулоқоташро бо Деҳотӣ, Турсунзода ва дигар зиёиёни тоҷик тасвир намудааст.

Дар адабиётшиносӣ мафҳуми ёддоштро бо истилоҳи мемуар (калимаи фаронсавӣ — ёддошт) ҳам баён мекунанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Чаро ёддоштро ба гурӯҳи махсуси асарҳои ҳамосӣ дохил мекунанд?
  2. Кадом махсусияти ёддоштро медонед?
  3. Ёддоштнависӣ дар адабиёти ҷаҳон кай оғоз ёфтааст?
  4. Кадом асарҳои ёддоштии адабиёти тоҷикро медонед?
  5. Ёддоштро боз ба кадом истилоҳ ном мебаранд?

Назди admin

Инчунин хонед инро

lohuti-ayni

ЛИРИКАИ ИШҚИ ВА СУРУДҲОИ ЛОҲУТИ

Мавзӯи ишқу муҳаббат дар эҷодиёти Ло- ҳутӣ мавқеи арзанда дорад ва тамоми Васфи муҳаббат давраҳои …