Масҷиди Ал-Ҳарам ки воқеъ дар шаҳри Маккаи Арабистон Саудӣ қарор дорад онро дар байни мусалмонони дунё ҳамчунин мисли Хонаи «ХУДО» — Хонаи «Аллоҳ» низ номгирӣ менамоянд. Масҷиди Ал-Ҳарам аввалин бор тибқи ёддоштҳои таърихӣ соли 638 сохта шудааст, вале ҳозира масҷиди мавҷудбуда аз солҳои 1570 инҷониб маълум аст. Каъба иборат аз 7 манора мебошад.
Хонаи Худо маркази муқддасот ба шумор рафта онро ҳамасола зиёда аз миллион одамон-мусалмонон зиёрат менамоянд. Ғунҷоиш ба ин масҷид тақрибан 900 000 одам дар як замон мебошад. Пас аз зиёрати Хонаи «Худо» одамон-мусалмонон унвони ғайри расмии «Ҳоҷӣ»-ро соҳиб мегарданд ки нишонаи баланди эмондории онҳоро иникос менамояд. Ибодати Хонаи Худо – Каъба барои мусалмон амалӣ ҳатмист ва иҷрои ин амал кори хароҷотнок ва масъулиятнок аст.
Каъба (Хонаи Худо) дар ҳаҷм ва зебои ҳамтои худро надорад. Ба гуфтаи баъзе одамон масҷидҳое ки дар гушаву канорҳои дунё ҳастанд инчунин номи Хонаи Худоро доранд, ки маънояш Ибодатгоҳ мебошад.