АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / КАБК дар Канзи Шифо (Китоб)
кабк (кавк)

КАБК дар Канзи Шифо (Китоб)

Кабк (кавк) парандан машҳур аст. Мизоҷаш гарм ва хушк дар дараҷаи дувум мебошад, вале баъзеҳо инро дар гармиву сардӣ мӯьтадил донистаанд. Фикри аввалааш дуруст аст.  Хислатҳои шнфобахши он: гӯшти он латифтарини (сабукҳазмтарини) гӯштҳо мебошад, ғизоияташ бисёр, зудҳазм ва аз хӯрдани он хуни солим пайдо мешавад.

Хӯрдани кабк-кавк ба фолиҷ, каҷ шудани рӯй, бемориҳои сарди вобаста ба майна, узвҳои даруни сина, дил, меъда, ҷигар ва ба дигар узвҳои даруни шикам ва сина шифо мебахшад; истисқо (водянка) ва бастагии дарунро ба ибро меоварад; боҳро зиёда мегардонад ва баданро фарбеҳ мекунад.

Вале хӯрдани кабк ба одамони гарммизоҷ, дар рӯзҳои гармии ҳаво, инчунин дар масканҳои гарм зарар дорад; бо шароби соф бихӯранд, дарди сар мекунад, баданро ба хориш меоварад. Давояш сиканҷабин ва туршиҳо хӯрдан аст, ки ислоҳи зарар намоянд.

4,5 грамм мағзи кабкро бо шароб биёшоманд, барои иллати зардпарвин даво мебошад.  2,25 грамм ҷигарашро гармогарм фурӯ баранд, саръро (припадкаро) шифо мебахшад.

Заҳраи кабкро ба чашм кашанд, пардаи дар он афтодаро, ки чашмро торик месозад, инчунин торикии чашмро дафъ менамояд, шабкӯриро шифо мебахшад. Агар онро бо равғани зайтун баробарвазн сиришта, ба беруни чашм гузошта банданд, оби фуромадаро дар гавҳарак агар дар ибтидои ҳол бошад, дафъ мекунад. Агар онро бо марвориди сӯрохнокарда соида ва ба вазни он мушк дохил карда, ба чашм кашанд, гули чашм, нохунак, пардаи дудмонанд, пардаи ториккунанда ва обравии чашмро шифо мебахшад.

Заҳраи кабкро ҳар моҳ як бор дар бинӣ бичаконанд ё хушкашро соида бирезанд, зеҳнро тез ва некӯ мегардонад, нисёнро (фаромӯшхотириро) кам ва чашмро тез мекунад. Хуни онро хушк сохта, бо шишаи сафед маҳин ос карда, бо дарозмурч баробарвазн гирифта, бо асал сиришта, дар чашм кашанд, гули чашм ва қӯтури пилки чашмро дафъ мекунад.

Тухмашро бо сиркои ансул пухта бихӯранд, барои дарди шикам ва дур намудани дарди рӯдаҳо дору мебошад, вале бе сирко пухта бихӯранд, овозро соф ва равшан мегардонад, инчунин сурфаро дафъ мекунад. Агар хоми онро бо кундур ном шилме бихӯранд, баданро фарбеҳ мегардонад.

Видео сурат расмик кабк (кавк)

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …