АСОСӢ / ГУНОГУН / Канаф дар Канзи Шифо (Китоб)
Канаф (Кенаф)

Канаф дар Канзи Шифо (Китоб)

Канаф (Кенаф — Kenaf) — ин растаниест, ки зироат мекунанд, гиёҳаш то ба ҳадде баландтар аз қадди одам ҳам мехезад. Аз пӯсти пояаш монанди зағир нах мегиранд. Аммо пӯшидани либоси аз он тайёр кардашуда ҷоиз нест, зеро ки ҳоли буғумҳои баданро бад месозад ва лоғар мекунад. Вале аз он коғази хуб сохта мешавад. Гул, ғубори пашмакранг ва шабнаме, ки бар он менишинад, ғафс ва часпак аст — ҳамаашро ҷамъ намуда, бангиҳо чун тамоку мекашанд, ки карахтӣ ва мастии шадиди ба худаш хосе меоварад. Хусусан шабнами он, ки ҳар чӣ қадаре ғализтар, часпандатар ва шахтар бошад, қавитар мешавад, бас аст, ки бо сабаби камоли қувваташ кашандаашро ҳалок месозад.

Ин растанӣ дар аксари мамлакатҳо мерӯяд: навъҳои саҳроӣ ва бӯстонӣ дорад. Қисми бӯстониаш дар ҳақиқат канаф аст, зеро ки пӯсти пояаш ҷудо мешавад, инчунин пояаш миёнхолӣ мебошад. Гулаш сафедранг, тухмаш монанди мурч кулӯла аст, ки шоҳдона номида шудааст. Кашидани ин касро аз ақл бегона мекунад, ҳатто девона мегардонад. Хуллас, ки чизи бадфиол аст.

Мизоҷи баргаш мураккабқувват ва дар дараҷаи севум сард ва хушк аст, гармии сабук ҳам дорад. Мизоҷи тухмаш гарм ва хушк дар дараҷаи севум, мизоҷи пӯсташ сард ва хушк дар ғояти бадӣ мебошад. Хислатҳои шифобахши он: баргаш бинобар мураккаб будани қуввати он аввалан фараҳ ва сурур меоварад, ранги рӯйро неку мегардонад, маст мекунад.

Ин аз сабаби гармии сабуки мизоҷаш мебошад, вале аз сабаби ҷузъи сардии мизоҷаш карахтӣ меоварад. Баъд аз барҳам хӯрдан ва таҳлил ёфтани ҷузъи гармии сабукаш хислати ҷузъи бади сардмизоҷиаш зоҳир гашта, феълҳои (таъсири) раддиаш ба амал меоянд. Низ аз сабаби ҷузъи гармиаш хаёл ва фикрро сабук ва дақиқ мегардонад, ташнагӣ ва иштиҳои таом меоварад, дар аввал шаҳвати боҳро зиёда менамояд ва дар охир аз он акси ҳамаи ин хислатҳо зоҳир мегарданд, боиси тира гаштани руҳи майна, торикӣ ва камқувватии чашм мешавад; ба иллатҳои девонагӣ, молихулиё, тарсончакӣ ва истисқо гирифтор месозад, қуввати боҳ, яъне пушти камарро суст мегардонад ва оқибат барҳам медиҳад. Зеро ки хушккунандаи манӣ мебошад. Чизҳои ширин қуввати онро меафзояд, вале ашёи турш нобудкунандаи қувватҳои он мебошанд.

Барги хушки канафи саҳроиро кӯфта, дар бинӣ бирезанд ё бикашанд, майнаро аз олоишҳо пок месозад. Барги тари канафи саҳроиро кӯфта, фишурда, обашро гирифта, дар офтоб ғафс гардонанд — инро усорааш меноманд, баъд бо он бишӯянд, сабӯсак ва шапуши сарро дафъ мекунад.

Kanaf - KenafУсораи барги канафи саҳроӣ ва равғани онро чаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад ва кирми даруни онро низ мекушад. Баргашро бихӯранд, рутубати меъдаро хушк мегардонад, дарунро мебандад, пешобро меронад ва барои ҷаранги гӯш даво мебошад, маниро аз зуд омадан нигоҳ медорад ва ҳатто онро хушк мекунад. Пӯсти гиёҳашро бихӯранд, қуввати боҳро катъ мегардонад ва маниро мехушконад.

Канафи пӯсидаро, ки хушк бошад, куфта бипошанд, захм ва ҷароҳатҳои тарро хушк мекунад Ва даҳани онҳоро ба ҳам оварда сиҳат мебахшад. Решаи канафи саҳроиро пухта гузошта банданд инчунин баргашро низ кӯфта гузошта банданд, варамҳои гарм ва ҷамра (карбункул)-ро таҳлил медиҳад ва дарди узвҳои асабониро, ки дар онҳо моддаҳои зиёдатии мурдор бозмонда ба дард оварда бошанд, таскин медиҳад.

Чун барги хушки онро нимкӯфта ва каме об бар он пошида, гарм карда, баъд ба рӯи барги гармкардаи беданҷир гузошта, ба хоя банданд, ба чурра (дабба)-и обӣ дору мешавад ва варамҳои онро таҳлил медиҳад. Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз он 3,5 грамм аст, вале агар зиёда аз ин бихӯранд, хусусан аз канафҳои бадфиол биёшоманд, мекушад. Дар ҳолати ин гуна зарар рӯй додан илоҷаш равғани гов ва оби гарм ошомида қай кардан аст, то он ки дар меъда ҳеҷ чиз намонад. Инчунин дар ин маврид нӯшидани шароби туршак (щавель) бисёр судманд аст.

Тухмашро бихӯранд, беҷо (беҳузур) шудани дилро таскин медиҳад, бодҳоро пароканда месозад, вале моддаҳои бадфиоли башиддат хушккунандаро дар бадан пайдо мекунад, дарунро мебандад ва дар шикам боду бухор пайдо менамояд; маниро аз равон шудан нигоҳ медорад ва ҳатто онро хушк мегардонад.

Зарарҳои тухмаш: дарди сар меоварад, чашмро торик мекунад, ба меъда ҳам зарар дорад. Вале агар онро бирён карда бихӯранд, безарар мегардад. Ва агар ин тухмашро беҳад бихӯранд, дар узвҳои дохилӣ захмҳоро ба амал меоварад. Ин зарари онро бо хӯрдани кӯкнор, шароби лимӯ, сиканҷабини шакарӣ ислоҳ додан мумкин аст, инчунин мегӯянд, ки оби хунук, барф ва шароби меваҳои турш низ бинӯшанд, ислоҳпазир аст.

Равғани тухми канаф, қи онро аз кӯфтааш фишурда мегиранд, дар мизоҷ гарм ва хушк аст. Инро бичаконанд ва бимоланд, барои дарди гӯш ва асабҳо, таҳлил додани варамҳои сахт ва сахтии бачадон, ки онро дар тибби ҳозира ноболиғии бачадон меноманд, даво мешавад. Агар инро биёшоманд, маниро хушк мекунад.

Як ақидаро хотиррасон намоем, ки як қисм одамон, хусусан фуқарои Ҳиндустон, инро бисёр мехӯранд ва онҳо дар гумони онанд, ки гӯё нашъа (маҳсулоти канафӣ) умрро дароз, фикрро равшан мекарда бошад, вале истеъмолкунандагони зирактар дар хулоса ин байтро гуфтаанд:

Банге задему сирри аналҳақ шуд ошкор,

Моро ба ин гиёҳи заиф ин гумон набуд.

Аксаре аз ин тоифа одамон ҳар субҳу шом барги онро соида, дар об ҳал карда, соф намуда, аз он об як қадаҳ менӯшанд. Агар ҳар кӣ назди онҳо ояд, ба ӯ низ таклифи нӯшидан менамоянд. Баъзеи онҳо онро хушк карда, андак бирён намуда, муддате дароз мехоянд ва ё бо кунҷиди бепӯст кӯфта, бо шакар даромехта, каф зада мехӯранду бисёр тараб ва фараҳнок мешаванд. Зеро ки ин дар ибтидо ва аввалҳо қуввати ҳайвонии онҳоро ба ҳаракат меоварад ва хӯрокҳои бисёру гуногунро мехӯронад, лаззат меёбонад, ҳазм мекунонад ва бинобар ҷамъ шудани рутубат аз ин бадани онҳо фарбеҳ мегардад ва баъд ба аксари бемориҳои шадид мубтало мешаванд, аз ҷумла: сустии узвҳои ҳозима, боднокшавии бисёр, қароқури шикам, суулқиня (сустии ҷигар), варами дасту поҳо ва рӯй, вайронии ранги башара, сустии боҳ, афтидани дандонҳо, бадбӯйии даҳан, ланҷии ҳоли бадан, тарсончакӣ, хаёлҳои беҷо, вайронии фикр, худкушӣ ва ғайра. Инчунин барои ҳар гуна ҷиноятҳоро содир кардан ва номутеъӣ ба қоида ва қонунҳо бурда мерасонад. Баъзе касон ҳатто аз он маъҷунҳо сохта мехӯранд, баъзеҳо барои кам кардани хушкии мизоҷи он дар шир андохта меҷӯшонанд ва баъд қаймоқи онро ҷудо карда меошоманд. Низ равғани онро бо усулҳои дигар ҳосил мекунанд. Баъзеашон барои қавӣ гардонидани қувваташ шираи онро дохили таркиби он маъқун мекунанд, ки он ба шерзодҳолӣ машҳур аст — як ҳаби онро бихӯранд, мастии шадид меоварад.

Хуллас, аз истеъмоли қисмҳои канаф дар хӯрдан ва чун тамоку кашидан ҳеҷ некӣ намеояд, балки боиси разолат ва вайронии мизоҷи бадану ахлоқи инсон мегардад, инчунин боиси дарозии умри инсон гаштани он дар таърихи башар қайд наёфтааст ва алҳол ҳам маълум нест.

Инчунин хонед инро

olufta

Духтарони тоҷик ронандаи Таксӣ дар қишлоқҳои Тоҷикистон

Олуфта Носироваи 32-сола, ронандаи таксӣ дар ҷамоати Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъи вилояти Хатлони Тоҷикистон мебошад. …