Карами тоҷикӣ — ин намудҳои гуногун: бӯстонӣ, даштӣ ва баҳрӣ низ дорад. Инчунин навъҳои бӯстониаш ҳам гуногун аст.
Қисми аз бӯстониашро бехрешааш монанди лаблабу, пӯсташ шахшӯл, сабзранг, баргаш сербари ғафстар аз барги лаблабу, рангаш сабзи ғуборнок аст. Тухмаш резаи кулӯла ва сурхи тираранг, ки ин аз қисмҳои карами набатӣ мебошад. Низ бехрешаи қисми дигараш ба шалғам монанд мебошад, рангаш сафед, пӯсташ он қадар дурушт нест, ҷирми мағзаш нозуки береша. Баргаш монанди барги қисми якум, вале аз он кӯчактар. Инчунин қисми дигараш низ мавҷуд аст, ки аз бехаш пояе мерӯяд, ки каме аз замин баланд гашта, бар он монанди шалғам сабзи камранг гиреҳи басташуда дорад ва бар болои он ҳам то ба ду ваҷаб пояе месабзад ва дар нӯги ҳамон соқаш баргҳо бармеоварад, ки хуллас, ба қисми дувум шабоҳат дорад ин хӯрокӣ аст ва ана ҳамин гиреҳаш ба истеъмол дода мешавад, на бехрешаи он, ки дар замин аст.
Низ қисми дигар ҳам дорад, ки аз бехи он баргҳояш мерӯянд, ки ба баргҳои қисми аввал монанд мебошанд. Вале баргҳои беруни он аз он калонтар ҳасганд ва баргҳои даруниаш майдатар. Дар миёнаҷояш аз бехаш пояҳои нозуки кӯтоҳ ба дарозии ду-се ангушт мерӯяд. Бар сари он пояҳо қуббаҳои сафедранги ҳамааш бо ҳам пайваст мебошад. Дар байни ҳар як қубба як баргчаи борикқуббаҳои он то 15 адад мешаванд, инро гулкарам меноманд, ки мо медонем ва шох ва қуббаҳои ин низ хӯрда мешаванд ва дар тиб низ истеъмол меёбанд, на бехрешаи он. Инаш аз ҳамаи навъҳои дигараш нозуктар ва сабуктар мебошад.
Хуллас, навъҳои карам дар шакл: шомӣ (византиягӣ), ҳамадонӣ, мавсилӣ, андалусӣ ва ғайра мешаванд.
Мақсад аз карами точикӣ гуфтан дар ин ҷо бӯстонӣ (зироатӣ)-и он ва беҳтарин қисмҳои он нозуки берешаи тару тозаи он аст.
Мизоҷи ҳамаи навъҳои карами тоҷикии бӯстонӣ дар дараҷаи якум гарм ва дар дувум хушк аст, вале тарӣ дар бехрешааш бештар аз барги он аст.
Хислатҳои шифобахши он. Хусусиятҳои умумиаш: пазонанда, нармкунанда ва хушкнамоянда аст, хусусан чун дар об ҷӯшонида, он обро пур намоянд, ҳамчун ғизо камтар ва аз наск тармизоҷтар мегардад. Чун инро бо гӯшти фарбеҳ ва мурғи ҷавон бипазанд, ҳамчун ғизо сара мегардад.
Ин намуд карамро пухта ва инчунин тухмашро бихӯранд, ба мағзи сар баромадани бухорро манъ мекунад, дарди сарро таскин медиҳад, торикии чашмро ислоҳ мекунад ва мастиро дафъ месозад, қабзият меоварад. Агар инро муҳарро пухта бихӯранд, ҷараёни моддаҳоро манъ ва хуморро сокин менамояд, ларзакро дафъ мекунад, хоб меоварад, ба чашми хира қувват мебахшад.
Усораи он, яъне обашро дар офтоб ғафс гардонида, ба даруни бинӣ бирезанд, майнаро аз моддаҳои бегона пок месозад, хоб меоварад ва забонро хушк мекунад.
Ин карамро муҳарро пухта бихӯранд, сурфаи кӯҳна, варами пардаҳо ва узвҳои дохили шикам ва синаро шифо мебахшад.
Ҳар рӯз 25 грамми онро бихӯранд, овозро соф ва гирифтагии онро дафъ мекунад, дарди сипурзро шифо мебахшад; инчунин онро бардавом бихоянд ва оби онро бимаканд, барои овози гирифтагӣ ҳамчунин таъсирро дорад.
Бо усораи он ё ки бо равғани кунҷиде, ки ин карам дар он ҷӯшонида шуда бошад, ғаргара кунанд, дарди гулӯи шадидро шифо мебахшад.
Карами тоҷикӣ ҳамчун ғизо дерҳазм, бодангез аст, хусусан дар фасли тобистон рӯйидааш чунин мебошад.
Ва агар намакхӯрдаи онро дар об ҷӯшонида ғизо бипазанд, боз ҳам бадтар мегардад.
Барги тару тозаи онро бо сирко бихӯранд, варами сипурзро дафъ мекунад. Агар инро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, ҳайз ва пешобро равон мекунад.
Усораи инро бо решаи савсани кӯҳӣ ва натрун (тандкори арманӣ) биёшоманд, дарунро меравонад.
Тухмашро бихӯранд, боҳро ба ҳаракат меоварад. Агар инро занҳо баъд аз ҷимоъ кардан аз таг бардоранд, мании дохилшударо вайрон мекунад.
Гули ин растаниро кӯфта, занҳо аз таг бардоранд, ҳайзи бандшударо равон месозад ва бачаро дар шиками занони ҳомила мекушад, хусусан агар бо орди гандуми девона хамир сохта, ин амалро баҷо оваранд, қавитар мегардад.
Усораи гиёҳи онро бо шароб биёшоманд, заҳри мори афъӣ ва саги девона газидаро аз бадан дафъ мекунад. Инчунин тухми карами мисрӣ аз ҳамин ҷумла тарёқот аст.
Ҳар як қисми ин растании се навъи ин карами бӯстониро кӯфта гузошта банданд, сахтиҳоро дар ҳар ҷойи бадан, ки бошанд, мепазонад.
Барги ин карами бӯстониро бисёр маҳин кӯфта, бо орди ҷав даромехта гузошта банданд, варамҳои гарм ва сарди балғамиро таҳдил медиҳад; сурхбод, шаро (аллергия) ва саратонро шифо мебахшад. Агар ин кӯфтаи барги онро бо намак даромехта гузошта банданд, нори форсӣ ном реши раддитаринро ба тахдил мебарад; агар инро бо зок ва сирко даромехта, гузошта банданд, барои пес ва шукуфаи пӯст даво мешавад; бо сафедаи тухми мурғ сиришта гузошта банданд, барои сӯхтагии оташ ва қӯтури решгашта дармон мешавад; бо сирко ва ҳулба сиришта, ба решҳои чуқуррафта гузошта банданд, дору мебошад ва онҳоро аз паҳн гаштан манъ мекунад.
Барги ин карамҳоро сӯхта гузошта банданд, захмҳоро башиддат хушк мекунад ва инчунин захмҳои сари тифлонро шифо мебахшад, ҳатто рӯйидани мӯйро ҳам манъ месозад, агар ҳамин мурод бошад. Инро бо чарбии хук марҳам сохта гузошта банданд, барои ханозер (хукгардан), ҷароҳатҳои сахт ва дубайлаҳо (кӯряраҳо) дору мешавад. Инчунин инро бо сафедии тухми мурғ марҳам намуда гузошта банданд, сӯхтагии оташро шифо мебахшад.
Баргашро кӯфта гузошта банданд, иллати ларзакро ба ибро меоварад; инро бо орди ҳулба ва сирко хамир карда гузошта банданд, дарди буғумҳо ва ниқрис (подагра)ро дафъ мекунад.
Барги онро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, барои иллатҳои гуногуни буғумҳои бадан давои шоистае мебошад.
Мизоҷи тухмаш дар дараҷаи дувум гарм ва хушк аст. Агар инро бихӯранд, куввати боҳ мебахшад ва кушандаи кирми меъда аст. Агар инро кӯфта бимоланд, доғҳои кунҷидак ва дигар доғҳоро аз пӯст дафъ мекунад.
Миқдори як бор хӯрдан аз тухмаш дар як рӯз то 9 грамм аст.
Зарарҳои ин растанӣ: бадбӯкунанда, баамаловарандаи хилти савдо ва инчунин худаш ғизои бад аст. Агар инро аз ҳад бисёр бихӯранд, хобҳои бад ва мушавваш мебинанд.