АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / КАРГАС дар Канзи Шифо (Китоб)
Каргас

КАРГАС дар Канзи Шифо (Китоб)

Ин аз ҷумлаи парандаҳои дарранда аст бузургҷусса, рангаш қариб ба уқоб монанд ва моил ба сурхӣ, параш монанди най миёнхолӣ мебошад. Чашми бисёр тез, лоша ва тӯъмаро аз масофаи хеле дур мебинад ва бӯяшро ҳам эҳсос мекунад. Инчунин, ба ҷоҳои хеле дур парвоз карда метавонад. Дар вақти хоб як чашмашро намепӯшонад — ин аз сабаби гармии мизоҷи он аст. Мувофиқи қавл ва мушоҳидаҳои донишмандони қадим каргас ҳазор сол умр ба сар мебарад. Ҳар сол як адад тухм мегузорад ва аз он бача бармеорад.

Мизоҷаш дар дараҷаи севум гарм ва хушк аст. Хислатҳои шифобахши он: гӯшташро бихӯранд, ҷингак шудани аъзоро дафъ мекунад. Хун ва заҳраашро бо об даромехта, ҳафт маротиба ба чашм кашанд ва молидани он ба атрофи чашм, гули чашм ва фуромадани зардобро дар гавҳараки чашм дафъ мекунад, торикии чашм ва қӯтури онро ба ибро меоварад.

Хоҳ заҳра ва ё майнаашро ба миқдори 0,25 грамм ба вазни он қатрон ва равғани зайтун даромехта, дар бинӣ бирезанд, махав ва девонагиро дафъ мекунад. Равғанашро об карда, нимгарм чанд бор дар гӯш чаконанд, кари қадимро шифо мебахшад. Равғани онро бихӯранд, сурфаро дафъ месозад. Гӯшташро бихӯранд, бодҳои ғализро таҳлил медиҳад, иловус ном дард ва варами рӯдаҳои борикро шифо мебахшад, гиреҳҳои баданро мекушояд, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, инчунин, балғамро меканад.

Зарараш: ҳамчун ғизо раддӣ, яъне бад ва аз он моддаҳои бад ҳосил мешавад — давои ин дорчинӣ ва сирко хӯрдан аст. Тухмашро бимоланд, закарро дар се рӯз қавӣ мегардонад. Хокистари мӯйи онро бимоланд, қӯтур, хориш ва захмҳоро дафъ мекунад. Саргинашро бимоланд, доғи кунҷидакро нест менамояд ва варами шадиди гулӯро, ки дар Банғола бештар ба ҳам мерасад, дафъ мекунад.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …