Маркази асосии касбу ҳунар ва тиҷорат шаҳр буд. Касбу ҳунари шаҳрии онвақта аксаран ба тавассути маълумот ва мадракҳои бостоншиносӣ омӯхта шудааст. Бостоншиносон, беш аз ҳама, доир ба тавлиди маснуоти кулолӣ ва шишагӣ маълумот ба даст овардаанд.
Барои асрҳои ХI–ХII, қабл аз ҳама, ба дараҷаи хеле зиёд афзудани ҳаҷми истеҳсоли маснуоти кулолӣ ва дар айни замон ба худ шаклҳои қолибӣ гирифтани онҳо характернок аст. Дар истеҳсоли зарфҳои «сари дастархон» мавқеи калонро косаву табақҳои бесир, вале пурнақшу нигор ишғол менамуданд, ки ин ҳам ҷиҳати хоси пешаи кулолии онвақта мебошад. Зарфҳои сирдодашуда ҳам дар асрҳои ХI–ХII ба таври васеъ паҳн гардида буданд, онҳоро дар чунин гӯшаҳои дурдасти кӯҳистони Осиёи Миёна, ки дар асрҳои IХ–Х аз ин қабил зарфҳо асаре набуд ва ё хеле камёб буд, дучор омадан мумкин аст. Дигар тағйиротҳое ҳам, ки олоти кулолии асрҳои ХI–ХII ва ибтидои асри ХIII-ро аз давраҳои пешина фарқ мекунонанд, ба амал омаданд.
Истеҳсолоти кулолии асрҳои ХI–ХII ҳам аз нуқтаи назари техника ва технология, ҳам аз нуқтаи назари шаклу ороиш хеле хуб омӯхта шудааст,[1] зеро бостоншиносон зарфҳои мансуб ба ин давраро дар харобаҳои тамоми шаҳристонҳои асримиёнагӣ ба миқдори зиёде пайдо намудаанд. Дар як қатор маҳалҳо осори истеҳсолот мушоҳида гардида, кӯраҳои сафолпазӣ, қолибҳои нақшпартоӣ ва асбобҳои махсуси кӯра (овеза ва ҷойгоҳи зарф; сепоя барои аз ҳам ҷудо кардани зарфҳо ва ғайра) ёфта шудаанд.
Зарфҳои сирдодашуда дар истеҳсолот мавқеи асосӣ доштанд. Бештар сири сиёҳчаранги шаффоф ва мисли пештара хиратоб ба кор бурда мешуд. Аз байни сирҳои ғайришаффоф хусусан сири фирӯзафоми хушсифат ва зебо, ки дар вақтҳои охир пайдо шуда буд, беш аз пеш мавриди истифода қарор мегирифт.
Дар баробари шаклҳои кӯҳнаи зарфҳои сирдор шаклҳои нави такмилёфта низ ба вуҷуд меомаданд. Чунончи, агар дар асрҳои IХ–Х чароғҳо равғандони мудаввар ва нӯги кӯтоҳ дошта бошанд, дар асрҳои ХI–ХII бо баробари ин шакл чароғҳое пайдо мешаванд, ки равғандони онҳо рахдор, нӯгашон тарошида ва дарозтар аст.
Дар вақти минокорӣ зарфҳо мисли пештара бо хатҳои ҳандасӣ, нақшҳои наботӣ, тасвири мавҷудоти зинда (хусусан парандагон) ороиш меёбанд. Заминаи нақшу нигори зарфҳо аксаран соф ва беранг буда, рангҳои норинҷӣ ва сиёҳ низ васеъ кор фармуда мешаванд. Ранги тасвирот хеле гуногун: сиёҳ ва сафед, қаҳвагӣ ва сурх, сабз ва зард, кабуд ва нилуфарӣ аст. Дар ороиши зарфҳо тамоми комёбиҳои замони гузашта истифода шуда, дар айни замон онҳо тағйир ва такмил ҳам ёфтаанд.
Навиштаҷоти аз ҳад зиёди хайриятхоҳона ва пандомез аз байн рафта, ҷои онро навиштаҷоти мухтасар мегирад, ки ҳатто аз як калима иборат буда, ин калима чандин бор такроран сабт мегардад; нақшҳои катибавие ба вуҷуд меоянд, ки аз шаклҳои зебои ҳуруфӣ фароҳам омада, ягон маъниро ифода намекунанд ва хонда ҳам намешаванд. Дар тасвири мавҷудоти зинда низ аломатҳои рамзӣ ба назар мерасанд. Масалан, тасвири мурғон, ки аз қадим дар ороиши зарфҳо истифода мешаванд, хеле сатҳӣ мебошад, аксар вақт, ҳатто сурати мурғ пурра оварда нашуда, фақат қаноти он такрор ба такрор тасвир мегардад.
Нақшҳои ҳандасӣ ва наботӣ низ гуногун мебошанд. Ду тариқаи ин нақшҳо дида мешавад: яке нақшест, ки фақат як қисми рӯи зарфро фаро гирифта, дар заминаи фарох паҳн мегардад ва одатан заминаш сабз ё зардранг мешавад; дигаре нақшест, ки тамоми рӯи зарфро пӯшида, дар заминаш ягон ҷои холӣ намегузорад. Бисёр нақшу нигорҳои тоза ва рангуборҳои нав пайдо мешаванд. Масалан, нақшҳое, ки бо хатҳои нафиси сафед, сиёҳ ва норинҷӣ дар заминаи қаҳваранг кашида шудаанд, ниҳоятдараҷа назаррабоянд.
Дар асрҳои ХI–ХII сафолоти кошинӣ тайёр карда мешуд. Сафоли он сафед ва ё андаке пуштиранг, мӯрт (зудшикан) ва ковок буд. Ба рӯи он луоби кабудча ва ё нилобӣ медавониданд. Дар девораҳои тунуки он сӯрохчаҳои гирда, секунҷа ё худ чоркунҷа мекушоданд, ки пас аз сир додан ҳамчун нақшҳои зебо диққатро ба худ ҷалб мекард.
Зарфҳои сафолии тунуки бесир ва пурнақшу нигори асрҳои ХI–ХII хеле ҳунармандона сохта шудаанд. Аксари ин зарфҳо аз кӯзаҳои даҳантанги гуногуншаклу гуногунҳаҷм иборатанд, ки танаи онҳо гоҳ гирд ё мурӯдшакл ва гоҳ мисли фулуз печухамдор мебошанд. Барои нақшу нигори кӯза аз воситаҳои техникӣ низ истифода бурдаанд. Чунончи, қисмҳои боло ва поини кӯза ва баъзан даҳани онро ҳам дар даруни қолибҳои нақшин сохта, сипас, ҳамаи ин қисмҳоро ба ҳам васл мекарданд. ҳамчунин ба воситаи қолибҳои махсус дар рӯи зарфҳои тайёр ҳар гуна сурат ва нақшҳо мепартофтанд. Дар ороиши олоти сафолӣ боз дигар воситаҳо низ ба кор бурда мешуданд.
Нақшҳои ҳандасӣ ва наботӣ, катиба, тасвири ҳайвон, мурғ, моҳӣ, одам ва ҳар гуна махлуқоти хаёлӣ зарфҳои зарифи зеварии онвақтаро зебу оро додаанд. Тасвироти рӯи ин зарфҳо ба таври гуногун тартиб ёфтаанд. Яке аз услубҳои маъмул хатҳои тасмашаклест, ки дар дохили яке катиба, дигаре нақшҳои мураккаби наботӣ ва севумӣ сурати ҳайвон ҷой гирифтааст. Офтобаи мисии катибадори бо нақшҳои паранда ва ҳайвонҳои болдори афсонавӣ ороишёфта маҳсули кори устоҳои асрҳои ХI–ХII мебошад. То ҳол дар ҳудуди Иттифоқи Советӣ даҳ адади он пайдо шудааст, ки шаштоаш аз музофоти Ўротеппа мебошад. Қимати зарфҳои мисӣ ва биринҷӣ на танҳо дар ороиши онҳо ва санъати кори устоҳост, инчунин дар он аст, ки дар рӯи баъзеи онҳо номи устоҳо сабт гардидаанд[2].
Тимсоли дурахшони тараққии касбу ҳунар дар асрҳои ХI–ХII маснуоти шишагист[3]. Дар ин давра махсусан шишаи тиреза хеле маъмул ва мустаъмал буд. Дар бисёр маҳалҳо, аз ҷумла, дар харобаҳои шаҳристони қадимаи Марв, як қатор мавзеъҳои Хоразм ва Фарғона, дар шаҳристони асримиёнагии Тароз ва ғайра осори ин навъ шишаолот дарёфт гардидааст. Шишаҳои онвақта аксаран беранг буда, қабл аз ҳама, ба мақсадҳои амалӣ дар тиреза истифода мешуданд. Гоҳо шишаҳои ҳамвори рангин низ дучор меоянд, ки яқинан барои ороиш ба кор мерафтанд. Дар ин бобат қасри ҳокимони Тирмиз ҷолиби диққат аст. Дар панҷараҳои ин қаср пораҳои зарфи шишагии рангин чида шудаанд, ки равшаниро камтар гузаронанд ҳам, бо нақшҳои рангубаранги худ биноро зеб медиҳанд.
Чунон ки аз мушоҳидаҳои бостоншиносон бармеояд, дар асрҳои Х–ХII тавлиди шишаолот нисбат ба давраҳои гузашта хеле афзуда, маснуоти шишагӣ ба зиндагонии мардум бештар ворид гардид. Осори устохонаҳои шишасозии мансуб ба ин давра дар харобаи бисёр шаҳристонҳои асримиёнагӣ ёфт шудааст. Вале намудҳои худи шишаолоти асрҳои ХI–ХII дар тамоми маҳалҳои Осиёи Миёна пайдо гардидаанд.
Истеҳсолоти зарфсозӣ мисли пештара мавқеи асосӣ дошт. Дар сохтани зарфҳои шишагӣ баробари шишаҳои беранг ва ё андаке зардчаранг шишаҳои рангин: сабз, кабуд, нилобӣ ва қаҳвагӣ ҳам ба кор бурда мешуданд. Анвои зарфҳо низ назар ба замони пешин зиёдатар гардид. Дар истеҳсолоти зарфсозӣ ҳам, мисли кулолӣ, шояд хусусияти ҳар маҳал нақши худро гузошта бошад, аммо дар ин бобат ҳоло ба яқин чизе гуфтан душвор аст. Лекин як тамоюл ба таври равшан ба назар мерасад: баъзе шакл ва навъҳои зарфҳои шишагӣ, аз қабили косаву табақ, ҷому қадаҳ, кӯзаву сабӯ ва шишачаҳои атриёту адвиёт миқдоран зиёд буда, дар ҳама ҷо вомехӯранд. Аксари зарфҳо бе нақшу нигор аст, вале зарфҳои зеварӣ ҳам кам нестанд. Зарфҳоро ба василаи дар лӯлаҳои махсус дам кардан ва ба қолибҳои нақшин рехтани шиша ороиш медоданд. Дар ороиши зарфҳо ҳамчунин воситаҳои мураккабтари техникӣ, масалан, кандакорӣ низ истифода мешуд. Хусусан зарфҳои шишагии нақшдори ҳулбук (Тоҷикистони ҷанубӣ) ва Қува (Фарғона) хеле ҳунармандона сохта шудаанд. Медалйонҳои шишагии тирмизӣ, ки дар онҳо сурати парандагон, ҳайвонот ва савораҳо кашида шуда, катибаҳои хати кӯфӣ сабт гардидаанд, низ ҷолиби диққат мебошанд.
Маснуоти шишагӣ ба заруратҳои гуногун кор фармуда мешуданд. Қисмати бештари онҳоро зарфҳои таом, дору ва атриёт, асбоби рӯзгор (давот, тувак ва ғ.), олоти мухталифи зинатӣ (хусусан шадда), шишаи тиреза ва амсоли инҳо ташкил мекарданд. Эҳтимол, зарфҳои кимиёгарӣ ҳам бисёр бошанд, вале мутаассифона, аксаран санаи онҳо зикр нашудааст.[4]
Умумӣ ва ҳамаҷоӣ будани истеҳсоли зарфҳои шишагӣ ва, ҳатто шишаҳои тиреза, гуногунии анвои зарфҳо ва дар айни замон якрангии шаклҳои аксари онҳо, истифодаи тарзҳои самарабахш ва дар баробари он камзаҳмат ва арзонтари зеварбандӣ–ин ҳама далели он аст, ки шишасозони асрҳои ХI–ХII назар ба асрҳои IХ–Х ба доираи васеътари харидорон хизмат мекардаанд.
Дар касбу ҳунари аҳли шаҳр мавқеи намоёнро истеҳсоли олоти фулузӣ ишғол менамуд. Масалан, «маҳаллаи оҳангарон» дар Тирмиз беш аз 5 гектар масоҳат дошт. Дар баробари сохтани асбобҳои рӯзгор, олоти истеҳсолот ва аслиҳаҷот миқдори зиёди маснуоти нафиси ҳунарӣ–дегча, қаламдон, чароғ ва ғайра, ки бо катибаҳо ва тасвироти гуногун ороиш ёфтаанд, низ тайёр карда мешуданд. Чунончи, қаламдони мисии дар Осиёи Миёна ёфтшуда аз ҳамин қабил маснуот ба шумор меравад, ки бо нуқра хотамкорӣ шуда, рӯи онро катиба, нақшу нигор ба сурати мурғон зинат медиҳанд. Дар яке аз катибаҳо 12 апрели соли 1148 аз тарафи усто Умар ибни Фазл сохта шудани он зикр гардидааст.[5] Дар Бухоро дегчаи хеле зебои биринҷии бо мису нуқра хотамкоришуда, ки моҳи декабри соли 1163 бо дасти устои мусаввир Масъуд ибни Аҳмад ва устои кандакор Муҳаммад ибни Абдулвоҳиди ҳиротӣ сохта шудааст, пайдо гардид. Дар рӯи ин дегча подшоҳи тахтнишин, бозӣ, шикор, рақс ва саҳнаҳои дигар тасвир ёфтааст.[6] Дар Лағмон (водии Вахш) ганҷинаи маснуоти хеле хуби биринҷӣ, ки мансуб ба ҳамон асрҳост, кашф карда шуд.
Дар ин давра истихроҷи маъдан давом намуда, конҳои сершумор дар айни истифода буданд.
[1]Асарҳои И.Аҳроров, О.Г.Болшаков, Н.Н.Вактурская, Э.Uуломова, Е.А.Давидович, Б.А.Литвинский, С.Б.Лунина, Э.В.Сайко, Ш.С.Тошхоҷаев, Г.В.Шишкин ва дигарон.
[2] Мухторов А., 1965, с. 52
[3] Абдураззоrов А. А., Безбородов М. А., Заднепровский Ю. А., 1953. Дар боби V, мутаассифона, барои муайян кардани хусусиятҳои нави шишасозии асрҳои ХI–ХII кӯшише карда нашудааст, муаллифон ин соҳаи касбу ҳунарро маҷмӯан дар ҳудуди беш аз чор аср (IХ – ибтидои ХIII) мавриди таҳrиr rарор додаанд, ҳол он ки бозёфтҳои бостоншиносӣ ба тавсифи конкрети он дар санаҳои муайяни таърих имкон медиҳанд. Миrдори хеле зиёди осори шиша-олоти асрҳои ХI–ХII бадастомада, дар бисёр нашрияҳои бостоншиносӣ тавсифи худро пайдо кардааст.
[4] Ниг.: масалан, Жуков В. Д. 1940, 1945; Давидович Е. А., 1953; Трудновская С. А., 1958; Мережин Л., 1956, Аҳроров И., 1960; Аминҷонова М., 1960 1961; Uуломова Э., 1961 ва дигарон.
[5] Гюзальян Л., 1938, с. 217 ва мобаъд
[6] Веселовский Н. И., 1910