АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Хокистар — чи хусусият дорад

Хокистар — чи хусусият дорад

Ин маълум аст, ки ҷисмҳо сӯхта мисли хок мегарданд. Хокистар аз ҳар ҷисме, ки бошад, хосияташ ба он мансуб аст, яъне аз чӯби ток бошад, хокистари ток, аз чӯби тут бошад, хокистари тут ва ғайра. Беҳтарини хокистарҳо аз чӯби дарахти солхӯрда ҳосилгаштаи он асг.

khokistar

Мизоҷаш хушки моил ба ҳарорат. Мизоҷи хокистари ҳар ҷисм ба асл — худи он вобаста аст.

Хислатҳои шифобахши он: хокистарро бо сирко хамир сохта гузошта банданд, байзаро, ки дарди тамоми сар ва муттасилгиранда ва дарди нимсарро шифо мебахшад, варамҳоро таҳлил медиҳад. ҷонварони заҳрнок ва саги девона газида бошанд, дору мешавад.

1,75 грамми онро бо об биёшоманд, захм ва ҷароҳати гурдаро шифо мебахшад, сангҳои гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

Чун бо натрун (танакори арманӣ, яъне танакори сурх) ва сирко сиришта, ба гӯшти зоиди пӯсги хояҳо гузошта банданд, онро дафъ мекунад; бо равғани зайтун ё равғани кӯҳна ва асал хамир карда гузошта банданд, даридани мушакҳо, суст ва нотавон гаштани пайвандҳо ва шах шудани асабҳоро ба ибро меоварад.

Истеъмоли хокистар ба дарун барои шуш зарар дорад — дар ин ҳолат катиро бояд хӯрд, ки ислоҳи зарар намояд. Миқдори як бор хӯрдан аз хокистар дар як рӯз 1,75 грамм аст.

  1. Хокистари най.

  Тариқи тайёр кардани ин хокистар чунин аст: поя ва баргхои онро қима карда, дар кӯзача, ки аз рӯяш гили бӯта молида бошанд, андохта, дар оташи танӯр гузоранд ва баъд аз як соат бароваранд. Баъди хунук шуданаш онро ос карда истеъмол намоянд. Мизоҷи хокистари най дар дараҷаи дувум сард ва хушк аст.

Хислатҳои шифобахш он: агар инро биёшоманд, душвории зоиданро осон мекунад. 0,5 грамм хокистари барги найро бо об биёшоманд, гиреҳи талхадонро мекушояд.

Хӯрдани хокистари най ба шуш зарар дорад — дар ин ҳолат сиканҷабин (сиркоасал) биёшоманд, ислоҳи зарар менамояд.

Инчунин хонед инро

rimi-ohan

Рими оҳан ва хусусияи шифоии он

Рими оҳан  — инро чирки оҳан низ меноманд, ин чизест, дар вақти гудохтани оҳан ё сахт …