АСОСӢ / Тандурустӣ / Канзи Шифо / Кирмрезонак ва Канзи Шифо

Кирмрезонак ва Канзи Шифо

Кирмрезонак —  Ин гиёҳро дар баъзе маҳалҳо тоҷикон кирмгулонак ҳам меномавд. Номи асосӣ ва қадимаи тоҷикиаш банг аст ва тухмашро дар арабӣ базр-ул-банҷ меноманд ва тоҷикон бангдона мехонанд. Баргаш сербар ва дарози кунгурадор, дар ранг сабзи моил ба сиёҳӣ мебошад. Пояаш каме пашмак дорад. Самараш дар ғилофе ба гули анор мемонад, вале майда аст. Қадди гиёҳаш вобаста ба қувват ва намнокии хок аст, яъне аз 10 то 40 сантиметр мехезад. Ин се навъ мешавад: 1. Навъи сиёҳашро гули бунафш ва ба хотири гулаш инро банги сиёҳ меноманд. 2. Навъи сурхашро гул моил ба сурхи зардтоб. 3. Навъи сафедашро ранги гулаш моил ба сафедӣ, бинобар ҳамин банги сафед мехонанд. Бояд таъқид кунем, ки навъҳои сиёҳ ва сурхаш заҳрнок асг ва инро ба дарун истеъмол намекунанд. Аммо сафеди инро дар тибби қадим ба дарун ҳам ҳамчун даво истифода мекарданд. Ҳар сеи намуди инро тухмаш гӯё дар даруни қифе кӯчак, ки сарпӯш допгга бошад, ҷой гирифтаанд.

банг

  Мизоҷи навъи сиёҳи он сард ва хушк дар дараҷаи севум, балки ба дараҷаи чорум наздиктар, мизоҷи навъи сурхаш аз он пасттар ва оқибат, мизоҷи қисми сафеди он дар дараҷа аз ҳамаи дигарҳояш пасттар аст, яъне дар аввали дараҷаи севум сард ва хушк аст.

  Хислатҳои шифобахши он: оби гиёҳи тари инро бо орди ҷав хамир карда гузошта банданд, варамҳои гармро таҳлил медиҳад, дардҳои чашм ва гӯшро басанда месозад.

  Тухмашро кӯфта, бо ягон шароб хамир сохта гузошта банданд, иллати ниқрисро, ки варам ва дарди ангуштони дасту поҳо мебошад, шифо мебахшад, варамҳои пистон ва хояҳоро мегардонад.

  Агар оби ин гиёҳрр баъд аз кандани мӯйи ягон ҷойи бадан ба он ҷо чанд бор бимоланд, дигар мӯй намерӯяд.

  Хокистари ин гиёҳро бо кӯфтаи дорчинӣ, занҷабил ва асал хамир карда, аз рӯ бимоланд дарди меъдаро дафъ мекунад. Ва инро бо анҷир якҷо кӯфта, фатила сохта, яъне ба ягон матоъи тунук печонида, дар мақъад бардоранд, бавосирро шифо мебахшад инчунин бемориҳои дигари мақъадро дафъ мекунад.

  Чун барг ва шохҳои онро дар хӯрокҳои ғализ бипазанду бихӯранд, барои фарбеҳ кардани бадан давои бисёр хубест, вале то се рӯз ақлро беҷо менамояд.

  Се-чор адад барги онро бо шароб бихӯранд, таберо, ки ҳам тафсонад ва ҳам хунук хӯронад, дафъ мекунад,  инчунин дарди устухонҳоро таскин медиҳад.

  Агар инро сӯхта, ба дудаш бидоранд, қӯтури дастро шифо мебахшад, кирми дандонро мерезонад, рафтани хунро аз ҳар узви бадан, ки бошад, қать мекунад.

  0,6 грамм тухми инро бо асал бихӯранд, дарди ниқрисро басанда мегардонад.

  Баргашро кӯфта гузошта банданд ва онро бо майи мусаллас бихӯранд, пӯсидани устухонро шифо мебахшад. Агар инро пухта, бо зардии тухми мурғ ва равгани чарбӣ сиришта бимоланд, дарди каши рон ва хояро таскин медиҳад ва агар инро бо орди бокило хамир сохта бимоланд, намегузорад, ки пистон ва хояҳо калон шаванд; вале агар бо асал хамир карда бимоланд, дарди хояро дафъ мекунад.

  Баргашро дар латтаи тар печонида, дар зери оташ пухта, бо равған ё зардии тухми мурғ даромехта гузошта банданд, дардҳои қисми поёни баданро таскин медиҳад.

  Чун тухми ин растанӣ ва афюн, аз ҳар ду баробар гирифта, ба миқдори нахӯд кулӯла карда, як донаашро бихӯранд, хоби дуру дароз меоварад. Агар тухми инро ос карда, бо қатран даромехта, аз он даруни сӯрохи дандони кирмхӯрдаро пур кунанд, дарди дандонро таскин медиҳад. Агар тухми ин растаниро занҳо аз таг бардоранд, захми бачадонро шифо мебахшад ва рутубат аз он равон бошад, хушк мекунад.

  Хоҳ баргаш ва хоҳ тухмашро кӯфта, аз рӯ гузошта банданд, барои дарди деринаи ҷигар даво мешавад.

  Баргаш ё решаашро дар об ҷӯшонида, он обро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро басанда мекунад.

  Ин гиёҳро дар об чӯшонида, он обро бинӯшанд, барои назла ва зукомҳо дору мешавад ва рехта шудани рутубатро ба сӯйи чашм қатъ мекунад; агар нимгарм дар гӯш бичаконанд, дардҳои гуногуни гӯшро таскин медиҳад. Агар инро бинӯшанд, баданро қувват мебахшад, дарди сарро, ки кӯҳна бошад, таскин медиҳад.

  Гиёҳашро кӯфта гузошта банданд, дарди луққосии буғумҳоро таскин медиҳад ва ирқуннасоро (радикулитро) шифо мебахшад.

  Вале агар синфи сиёҳ ва сурхи инро бихӯранд, иллатҳои сиёҳ задани чашм ва чарх задани сар, дарди гулӯ ва девонагиро ба амал меоварад: инчунин қисми сафедашро ҳам аз ҳад зиёд биёшоманд, зарар дорад. Дар ин ҳолат асал бояд хӯрд, то ки зиёнаш ислоҳ ёбад.

  Миқдори як бор хӯрдан аз навъи сафеди он дар як рӯз аз 1 то 2,5 грамм аст, аз сурхи он то як грамм ва аз навъи сиёҳи он то 0,6 грамм мебошад.

  Оби ин гиёҳро бо асал даромехта, нимгарм дар гӯш чаконанд, дарди гӯшро таскин медиҳад.

  Агар аз гиёҳи қисми сиёҳи он 15 грамм ҳар кас, ки бихӯрад, мекушад. Ва агар инро хӯрда бошанд, шаҳдоб нӯшида бакаррот қай кардан ё шири буз, ё шири хар, ё шири гов нӯшида қай фармоянду баъдан сир (чеснок) ва анҷир бихӯранд.

  Аз тухми қисми сафеди ин гиёҳ равған ҳам мегиранд ба ин тариқ. Тухмашро кӯфта, бо оби гарм хамир карда, то каме хушк шудан дар офтоб мегузоранд. Баъд фишурда равғанашро меситонанд.

  Ин равғанро бимоланд, решҳои сафровии сар, қӯтур ва хориши баданро дафъ мекунад. Агар инро ба даруни бинӣ бирезанд, дарди сари гармро шифо мебахшад, бехобиро дафъ мекунад. Ва агар дар гӯш бичаконанд, дарди ин узвро таскин медиҳад. Агар латта ё пахтаро дар он тар карда, занҳо аз таг бардоранд, сахтии бачадонро ба ҳоли аслиаш меоварад.

  Агар як миқдор аз тухми қисми сафеди он гиёх, нисф миқдори ин тухми коҳу, сеяки он тухми кӯкнор — хар серо якҷо кӯфта, аз ин равған бикашанд ва ин равған зидди ҳамаи навъҳои заҳр тарёқ мешавад. Инро барои иллат, варами парда ва худи мағзи сар, молихулиё, васвос ва душвории нафас бихӯранд ё дар бинӣ кашанд, шифо мебахшад.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …