Эмомалӣ Раҳмон тамоми кишоварзони Тоҷикистонро аз пардохти андози ягонаи замин барои як сол озод кард.
Ӯ зимни ироаи паём ба Маҷлиси Олӣ аз рушди соҳаи кишоварзӣ ва зиёд шудани маҳсулоти кишоварзӣ тавсиф карда, гуфт, ки имсол ҳам бояд дар бахши кишоварзӣ заҳмати зиёде бояд кашид.
Ӯ ба Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки барои пӯшонидани ин қисми буҷаи давлат чора андешад, зеро ин маблағи каме нест. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳаҷми яксолаи ин навъи андоз 200 миллион сомониро дар бар мегирад.
«Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳод менамоям, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд».
Ҳамзамон бо ин, вазоратҳои кишоварзӣ, молия, рушди иқтисод ва савдо, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, идораи замин ва геодезӣ ҷиҳати ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ барои рушди соҳа, ташкили марказҳои логистикӣ ва тибқи талаботи бозор ва стандартҳои байналмилалии сифат ба роҳ мондани коркард, басту банд ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ бояд чораҳои қатъӣ андешанд,-гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон.