Кукнор

Кӯкнор

Кӯкнор (Кукнор) — ин растанӣ ба ҳама маълум аст, ки навъҳои бӯстонӣ ва саҳроӣ дорад ва ба забони русси онро «Опийный мак» меноманд. Мизоҷи пӯсти кӯзаи он дар дараҷаи дувум сард ва дар якум хушк аст ва афюнаш нагирифтаи он қавитар аз афюнаш гирифташудаи он мебошад.

Хислатҳои шифобахши он: пӯсти кӯзаашро бихӯранд, карахт мекунад; маҷроҳоеро, ки моддаҳои даркории бадан ба воситаи онҳо ҳаракат мекунанд, талх гардонида, ҷараёни онҳоро манъ месозад ва дар бадан гиреҳҳо пайдо мекунад (аз ҷумла дар мағзи сар ҳам).

2 грамм пӯсти кӯзаи кӯкнорро пагоҳӣ ба дили наҳор ва ҳамон миқдор бегоҳӣ пеш аз хоб бо оби хунук бихӯранд, исҳоли хунин ва сафровиро банд мекунад; тафси меъда, рӯдаҳо ва сӯзиши хичакро шифо мебахшад.

Агар инро кӯфта, ба пешонӣ гузошта банданд, барои дарди сар дору мешавад; бо ҳулба даромехта, дар гулоб ҷӯшонида, дар ибтидои дарди чашм гузошта банданд, дардашро таскин дода, иллати онро ислоҳ месозад ва моддаҳои аз сар ба аъзо рехташавандаро манъ мекунад.

Кӯкнорро бихӯранд, сурфаи гарм ва сурфаи тари рутубати рақиқнок (суюқнок)-ро ба ибро меоварад — ин фоидааш бинобар сард, ғафс ва шах гардонидани моддаҳо мебошад. Агар инро бо шароби мозу бихӯранд, исҳоли кӯҳнаро мебандад.

Мизоҷи оби он сард ва моил ба рутубат аст. Таъсираш аз тухмаш қавитар мебошад. Инро бардавом бихӯранд, пай, рагҳо ва маҷроҳои баданро суст мегардонад, боҳро қатъ месозад ба дараҷае, ки марди солим ҳез мегардад, узвҳои ҳозима ва иштиҳоро аз амал бозмедорад, фаромӯшхотириро ба амал меоварад, хунро мурдор мегардонад, ҳарорати табиии баданро ноҷӯр ва парешон менамояд, вале дардҳои аз гармӣ  ва хушкӣ  ҳодисшударо таскин медиҳад; гӯё як андоза нишот меоварда бошад, ҳисро дигар мекунад ва ба шуши сардмизоҷон зарар дорад. Барои дафъ кардани ин зарараш шакар ва асал бихӯранд, кифоя аст.

Миқдори як бор хӯрдан аз оби он дар як рӯз аз 4,5 то 6,5 грамм аст. Мизоҷи тухми кӯкнор дар дараҷаи дувум сард ва дар якум тар аст.

Инро ҳам бихӯранд, карахтӣ ва хоб меоварад, моддаҳои рақиқи сафровиро пазонида, барои дафъ гаштан тайёр месозад ва дарунро шах мекунад. Агар 35 грамм аз он бо шакар бихӯранд, барои дағалии узвҳои даруни сина ва қасабаи шуш, сурфаи гарми хушк, хун қай кардан ва таби диқ (лоғаркунанда) дармон мешавад; майнаро қувват мебахшад, сустии гурда ва ҷигарро ислоҳ мекунад, баданро фарбеҳ мегардонад, сӯзиш ва бемориҳои гарми хичакро шифо мебахшад; бо баробари он мағзи бодоми ширин бардавом бихӯранд, хуни солим пайдо мекунад, лоғарии баданро барҳам медиҳад (хусусан дар ин амр тухми кӯкнорро то бӯяш баромадан тафсонида бошанд, таъсираш зиёдтар аст); бо асал бихӯранд, қуввати боҳро меафзояд, вале агар бо ин усул бардавом бихӯранд, боҳро қатъ мекунад. Тухми кӯкнорро тафсонида, бӯйи онро ба машом кашанд, бехобиро дафъ мекунад. Аз тухми бӯдодаи кӯкнор аз 7 то 17,5 грамм бихӯранд, сахт хоб меоварад.

Равғани тухмаш дар хислат заифтар аст аз худи тухми он. Вале хӯрдани ин ҳам хоб меоварад, дар бадан гиреҳҳо пайдо мекунад.

Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз тухми он то 35 грамм аст. Чун пӯсти кӯза ва кунгураи нав ва тозаи онро кӯфта, қурсҳо сохта бихӯранд, барои сурфа, дарди узвҳои даруни сина ва сӯзок даво мешавад, шиддати ташнагиро мешиканад, пешоби хеле вақт боз бандшударо мекушояд ва рутубатҳои баданро хушк мекунад. Бинобар ҳамин ҳамаи касоне, ки кӯкнор истеъмол мёкунанд, баданашон қоқ ва камгӯшту камравған мебошад, инчунин гузошта бастани он қурсҳо рутубатҳоро хушк ва аз ҳамин боис варамҳоро ҳам таҳлил медиҳад.

Миқдори як бор хӯрдан дар як рӯз аз қурси он то 17,5 грамм аст. Низ баъд аз расидан ҳамаи қисмҳои гиёҳи онро дар об ҷӯш диҳанд, хислати худи кӯкнорро молик аст, вале заифтар аз қурси он аст.

Гули кӯкнорро бо оби кашниз якҷо карда, ба чашм кашанд, дард, сӯзиш ва захми онро шифо мебахшад. Агар гули онро ба танҳоӣ гузошта банданд, доғи захм ва решро нест мегардонад: бо оби кашниз даромехта гузошта банданд, донача ва обилаҳои сурхаки дар пӯст дамидаро, ки даванда ва зиёдшаванда бошанд, ба ибро меоварад, инчунин реши раддиро (злокачественные язвы)-ро шифо мебахшад.

Аз гули кӯкнор равған ҳам тайёр мекунанд ба ин тариқ. Дар зарфи шиша то нима равғани кунҷиди тоза андохта, онро аз гули тару тозаи кӯкнор пур намуда, то чил рӯз ба офтоб мегузоранд, ба шарте ки ҳар ҳафта гулро фишурда дур сохта, гули нав дохил кунанд. Баъд равғанро соф карда нигоҳ медоранд.

Тарзи дигараш ин аст. Агар гули тари кӯкнор ёфт нашавад, гули хушки кӯкнорро ҳар чӣ қадар, ки хоҳанд, бигиранд. Дар оби панҷ баробари вазни гул як шабонарӯз тар карда, баъд онро бо оташи мулоим биҷӯшонанд, то он ки чоряки об бимонад. Пас молида, аз матоъи бофташ зич гузаронида соф намуда, он обро дар зарфе карда, аз болояш баробари вазни об равғани кунҷиди тоза дохил карда, бо оташи мулоим биҷӯшонанд, то об тамоман бухор шуда, равған бимонад, вале эҳтиёт кунанд, ки равған доғ нагардад.

Ин равғани гули кӯкнорро бихӯранд, карахтӣ меоварад, дардҳои гарммизоҷро таскин медиҳад, варамҳои гармро мегардонад; барои назла, сурфаи гарм дармон мешавад. Агар нимгарм дар гӯш бичаконанд, дарди онро, ки аз гармӣ бошад, таскин медиҳад, ннчунин варами гарми даруни онро шифо мебахшад.

Барги кӯкнорро дар об ҷӯшонида, он обро бо асал сиришта, лесида бихӯранд, назлаҳои гуногунро банд мекунад, сурфаро таскин медиҳад, исҳоли куҳнаро мебандад. Барги онро дар об ҷӯшонида, он обро ба сар бирезанд, бехобиро дафъ мекунад.

Кунгураи кӯза, яъне сари кӯсаки кӯкнорро кӯфта, бо орди ҷав хамир сохта гузошта банданд, сурхбод ва варамҳои гармро дафъ мекунад. Решаи онро дар об ҷӯшонида, он обро бинӯшанд, ба иллати ҷигар шифо мебахшад, моддаи ғафси меъдаро рақиқ мегардонад. Барги наврӯидаи онро бо равған ва пиёз бирён намуда тановул кунанд, фараҳ мебахшад, хоб меоварад ва исҳолро банд месозад.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …