кунҷид

КУНҶИД

Кунҷид  — ин тухми растании зироатӣ аст, ки аз ин равған мекашанд, онро ба рӯйи нон мемоланд, аз он ҳалво мепазанд ва ғайра. Мизоҷаш дар дараҷаи якум гарм ва тар бо рутубати часпак, вале дар дараҷаи дувум гарм ва тар низ гуфтаанд.

Хислатҳои шифобахши он: хислати часпонандагӣ ва кушояндагии гиреҳҳо дорад. Агарчи ҳангоми хӯрдан ғизои кам аст, вале моддаҳои аз он ҳазмгашта дар ҷигар сабук мебошанд; бинобар часпанда буданаш баданро фарбеҳ мекунад, овозро мулоим ва дуруштии ҳалқро нарм мегардонад, ахлоти сӯхта, яъне балғам, хун, сафро ва савдои сӯхтаро ба ислоҳ меоварад, рӯдаҳо ва мақъадро мулоим мекунад, варамҳои гармро таҳлил медиҳад.

Кунҷидро бо шароб биёшоманд, барои газидани каждум ва мори афьӣ даво мебошад. Як миқдор кунҷид, бо ҳамвазни он шакар ва кӯкнор, нисф вазни он мағзи бодоми ширини кӯфта, даҳяк миқдори он банги сафед (яъне кирмрезонаки гулаш сафед) — ҳамаро кӯфта, ҳар рӯз аз ин таркиби ҷамъомада 25 грамм тановул намоянд, барои фарбеҳ кардани бадан, қувват бахшидани боҳ давои бисёр хубест, чарбии гурдаро пайдо ва зиёд мекунад.

Аз кӯфтаи кунҷид шира кашида, бо набот биёшоманд, сӯзиши меъда ва сурхрӯда, турш шудани рутубати савдовии меъда, сӯзонидани моддаҳои нӯшидашуда ва моддаи тезро аз бадан дафъ мекунад.Аз он шароб тайёр намуда, онро бо мудовамат бинӯшанд, меъда ва рӯдаҳоро мулоим мегардонад, санги гурдаро майда карда мерезонад.

7 грамм кунҷидро бо 3,5 грамм чормағзи сӯхтагӣ бихӯранд, хуни равони бавосирро қатъ мекунад. Оберо, ки дар он кунҷид ҷӯшонида шуда бошад, бо нахӯд биёшоманд, ҳайзро равон мекунад, бачаи занони ҳомиларо аз шикам меафтонад.

Чун 50 грамм оберо, ки дар он кунҷид ҷӯшонида шудааст, бо шароб ва обе, ки мавиз дар он тар карда шуда бошад, 38 грамм равғани кунҷид, 12,5 грамм арпабодиён — ҳамаашро ба дили наҳор бинӯшанд, хориши баданро, ки сабабаш ҷамъ шудани хун ва балғам бошад, дағалии пӯст ва кафидани онро дафъ мекунад; агар инро бо қанди сафед бинӯшанд ҳам, нафъи зиёдтар дорад. Кунҷидро бо оби тариди сабир ва мавиз даромехта, бардавом лесида бихӯранд, барои сурфа ва бемориҳои узвҳои даруни сина, инчунин барои захми шуш даво мебошад.

Кунҷидро бо тухми зағир бихӯранд, боҳро қувват мебахшад, маниро зиёд мекунад. Кунҷидро кӯфта, бо шароб биёшоманд, қулинҷро, ки дард ва варами рӯдаи ғафс аст, дафъ мекунад ва заҳри мори шохдорро аз бадан рафъ месозад.

Вале кунҷид ҳангоми хӯрдан дерҳазм асг. Ва агар инро бирён намуда, бо асал бихӯранд, зуд аз меъда фуруд меояд. Кунҷидро бардавом ва бо пӯсташ бихӯранд, боиси бадбӯ гаштани даҳан мешавад, хусусан, ки ҳангоми хоидан дар байни дандонҳо бимонад, ин ҳам бад аст; низ дарди сар меоварад. Дар ин маврид асал бояд бихӯранд, ки ислоҳи зарари он намояд.

Микдори як бор хӯрдан аз кунҷид дар як рӯз 17,5 грамм аст. Инро барои давогӣ тухми зағир иваз карда метавонад. Кунҷидро кӯфта гузошта банданд, варамҳоро таҳлил медиҳад, пӯсти баданро мулоим мекунад, доғҳои сиёҳ, нақши кабуди холкӯбӣ, дағалии асаб, қулинҷ (дард ва варами рӯдаҳои ғафс), газидани мори шохдор, сӯхтагии оташро шифо мебахшад; баъди сӯхтани оташ ба зудӣ обила шуданро манъ мекунад ва дарди онро таскин медиҳад.

Баргашро дар об ҷӯшонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, мӯйро дароз ва сиёҳ мекунад, ҷӯшишҳои сарро, ки сабабаш зиёд гаштани моддаи савдо бошад, шифо мебахшад. Баргашро пухта гузошта банданд, варами чашмро таҳлил медиҳад ва дарди луққосии онро таскин мебахшад.

Решаашро дар об ҷӯшонида, бо он об сар ва мӯйро бишӯянд, мӯйро дароз ва сиёҳ мекунад, инчунин хушкӣ ва сабӯсаки сарро дафъ менамояд. Равғани онро, ки аз тухми кунҷиди пӯстдори бирёнкарда бигиранд, дӯҳн-ул-ҳалл, яъне равғани кунҷид меноманд, часпандагии ин зиёда мебошад ва агар аз кунҷиди муқашшар равған бикашанд, часпандагии он камтар мебошад.

Кунҷидро маҳин кӯфта, дар об бо даст то гарм шуданаш бимоланд, яьне маҷақ кунанд ва равған аз он ҷудо гардад, рутубат дар он зиёдтар аст. Он чӣ инро кӯфта, дар об ҷӯшонанд, то он ки равған дар рӯйи об ҷудо шавад, онро равғани кунҷиди пухта меноманд.

кунчид

Мизочи равғани кунҷид дар дараҷаи дувум гарм ва тар аст. Қувваташ то ҳафт сол боқӣ мемонад. Хислатҳои шифобахши он: инро бо давоҳои муносиби ҳамин бемориҳои номбаршаванда бихӯранд, гиреҳҳоро мекушояд, дарун ва сахтиҳоро мулоим мекунад, дар ҷоҳои хушкмондаи аъзо рутубат пайдо месозад, баданро фарбеҳ мекунад, сӯзишҳои аз моддаҳои тез ҳодисшударо дафъ менамояд; барои зиқ-ун-нафас, сурфаи хушк, захми шуш, аз хушкӣ ҷингак шудани аъзо қавитар аз худи кунҷид дору мешавад, вале дар табобати сӯзиши пешоб монанди кунҷид мебошад.

Агар инро бо мурчи сафед, яъне бо мурчи аз пӯсти сиёҳаш ҷудо кардашуда дар об биҷӯшонанд ва баъд нимгарм онро дар гӯш чаконанд, гиреҳи даруни гӯшро мекушояд. Ин равғанро бо сафедаи тухми мурғ даромехта бимоланд, сахтиҳо ва варамҳои чашм ва ғайричашмро таҳлил медиҳад; бо равғани зайтун ва зардии тухми мурғ даромехта бимоланд, варами чашмро дафъ мекунад.

Аз ин равған ва муми занбӯри асал мумравған тайёр карда, ба рӯй бимоланд, ранги чеҳраро соф, некӯ, равшан ва мулоим мекунад. Агар батакрори амал бимоланд, ҷингак шудани узв ва дигар бемориҳоро, ки аз хушкӣ бошанд, шифо мебахшад.

Агар ин равғанро бардавом, яъне батакрор бимоланд, захми нағзак ва сӯхтагии оташро шифо мебахшад. Ба дарун истеъмол намудани ин равған барои одамони савдовимизоҷ зарар дорад, дерҳазм аст, меъдаро суст мегардонад, инчунин, ба майнаи заиф таъсири бад дорад. Агар ин равғанро бо пиёз ё бо андак хамиртуруш биҷӯшонанд ва ё бо оби лиму ва дигар туршиҳо биёшоманд, зарари он ислоҳ меёбад.

Миқдори як бор ошомидан аз ин равған дар як рӯз то 7 грамм аст. Агар равғани кунҷид дарёфт нагардад, равғани бодоми ширинро ба ҷойи он истеъмол намоянд, равост.

Инчунин хонед инро

maxresdefault

Пандемия ба поён нарасидааст!!

Роҳбари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ҳушдор медиҳад, ки «ҳеҷ як кишвар наметавонад вонамуд кунад, ки пандемия …