Дар соли 539 пеш аз милод Куруши II Бобулро сарнагун карда ба қасди истилои Миср афтод. Аммо вазъияти сарҳади шимолу шарқии давлат, яъне Осиёи Миёна ӯро доимо ба ташвиш андохта, ба сафари Миср монеъ мешуд. Ниҳоят ӯ дубора ба сӯи Осиёи Миёна ҳаракат кард, то хавфи ақибгоҳи худро бартараф намояд. Куруш дар садади торумор кардани бодиянишинони муқтадири Осиёи Миёна худ дар сари қӯшун қарор гирифта, ба набарди зидди онҳо мерафт.
Аксари муаллифони қадим роҷеъ ба ин ҷангҳои Куруш маълумот медиҳанд, аммо ҳар кадоми онҳо воқеаро ба таври худ баён менамоянд. Яке мегӯяд: Куруш аз дарёи Аракс убур карда, ба сарзамини массагетҳо дохил шуд, ки сарвари онҳо малика Томирис буд. Дигаре ҳам тақрибан ҳамин тавр нақл мекунад: Куруш бо скифҳо, ки дар сари онҳо Томирис меистод, ҷангҳо кард. Севумӣ чунин меоварад: Куруш бо дарбикҳо задухӯрд намуд. Ниҳоят, ривояти дигаре ҳаст, ки аз ҷангидани Куруш дар «даштҳои дайҳо» хабар медиҳад[1].
Геродот, Трог-Юстин ва дигар муаллифонро дар бораи ин ҷангҳои Куруш ва натиҷаи онҳо ҳикоятҳои муфассале ҳаст. Ба тариқи мисол аз ҳикояти Трог-Юстин мазмунан фиқраи зеринро меоварем: Куруш Осиёро тасхир ва тамоми Шарқро ба ҳокимияти худ мутеъ намуда, ба ҷанги зидди скифҳо рафт. Он вақт ҳукмрони скифҳо Томирис буд. Вай бо вуҷуди зан буданаш, бар хилофи чашмдошт, аз ҳамлаи душман наҳаросид. Томирис метавонист пеши роҳи убури қӯшуни душманро аз дарёи Окс бигирад, аммо вай ин тавр накард, ба гузаштани душман имкон дод. Зеро малика ба чунин мулоҳизае расида буд, ки дар ҳудуди давлати худ бо душман ҷанг кардан барояш осонтар аст, вале барои душман, ки дарё пеши роҳашро бастааст, гурехта ҷон ба саломат бурдан амри маҳол хоҳад шуд. Куруш қӯшуни худро аз дарё гузаронид ва чанд фарсах ба дарунтари мамлакати скифҳо даромада, дар ҷое таваққуф намуд. Рӯзи дигар мисли ин ки аз тарс фирор мекарда бошад, дафъатан ӯрдугоҳро тарк кард ва гӯё аз саросемагӣ ба қадри фаровон май ва тамоми асбоби зиёфатро партофта рафт. Вақте ки инро ба малика гуфтанд, вай писари ҳанӯз ҷавони худро бо сеяк ҳиссаи лашкари скифҳо барои таъқиби душман фиристод.
Ҷавони кори ҳарбро наозмуда, ҳамин ки қадам ба ӯрдугоҳи душман ниҳод, худро на дар майдони разм, балки дар саҳни базм дарёфт, душманро фаромӯш кард ва гузошт, ки сарбозони барбарии шаробнадида аз майхӯрӣ масти лояъқил шаванд ва май онҳоро пештар аз силоҳи адӯ ба мағлубият дучор гардонид. Чун Куруш аз ин ҳол воқиф шуд, шабонгаҳ пас гашт ва ин сарбозони масти афтода ва оҷизу нотавонро ҳамроҳи писари малика сар аз тан ҷудо кард. Томирис ин қадар қӯшунро ва аз ҳама аламноктар ягона фарзанди дилбанди худро аз даст дода, тасаллои дили пурдарди худро на дар ашкҳои сӯзон, балки дар интиқоми ҷонситон дид ва мисли ҳамон тадбири душмани маккор, ки ҳоло дар нишоти барори дирӯза кайфу сафо дорад, тадбир андешид. Вай чунон вонамуд кард, ки гӯё пас аз ин зарбаи сахт ба қувваи худ бовар надорад ва роҳи гурезро пеш гирифта, Курушро бо ҳила аз дунболи худ ба тангнои кӯҳ кашид, ки пешакӣ дар камарҳои он сарбозони худро ба камин нишонда буд. Томирис дар ин ҷо қӯшуни 200 000-нафараи форсро ҳамроҳи подшоҳашон маҳв намуд. ҳатто ягон пайке ё ҷондоре, ки форсҳоро аз ин шикасти даҳшатангез огоҳ мекарда бошад, боқӣ намонд. Малика амр кард, ки сари буридаи Курушро ба машки бо хуни одамӣ пуркардашуда андозанд ва худ бо чунин суханон бераҳмии ӯро маҳкум намуд: «Инак сер шав аз хуне, ки ту ҳамеша ташнаи он будӣ ва ҳеҷ гоҳ аз он сер намешудӣ» (Юстин, I, 8, 1-13).
Ҳикояти Геродот (а, 205-214) боз ҳам муфассалтар аст. Аз он маълум мешавад, ки Куруш аввал ба воситаи фиристодагони махсуси Томирис ба малика заношӯ шуданро пешниҳод карда будааст. «Лекин Томирис,– менависад Геродот,- на хостгори вай, балки хостгори салтанати массагетҳо будани Курушро пай бурда, ин пешниҳодро рад намуд» (I, 205). Писари Томирисро «Спаргапис» меномиданд (I, 211) вай кушта нашуда, балки асир афтода, худашро кушта будааст (I, 213). Доир ба муҳорибаи массагетҳо ва қӯшуни ҳахоманишӣ чунин нақл карда мешавад: «…Ин муҳориба аз тамоми заду-хӯрдҳое, ки барбариҳо иштирок доштаанд, шадидтар буд. Аз рӯи шунидам, вай ин тариқа рӯй додааст: аввал ҳарду қӯшун аз масофаи дуртар истода ба якдигар аз камон тир паррондаанд, сонӣ, вақте ки тири камон тамом шудааст, ба ҷанги тан ба тан гузашта, найзаву шамшерзанӣ кардаанд. Қӯшунҳо муддати дуру дароз ба ҳам муқобил истода, ҳеҷ яке аз тарафҳо ба гурез рӯ наниҳо-дааст. Ниҳоят, массагетҳо ғалаба ба даст овардаанд. Бештарин қисмати қӯшу-ни форс дар майдони ҷанг нобуд гардида, худи Куруш ҳам кушта шудааст» (Геродот, I, 214). Страбон ба (ХI, 8, 5) ин ахбор чунин як маълумоти хеле муҳимро илова менамояд, ки дар вақти ин ҷанг душманони бодиянишини Куру-ши II (ӯ онҳоро сакоӣ меномад) қӯшуни ҳахоманиширо ду бор шикаст доданд.
Масъалаи аниқ муайян кардани самти ҳаракати Куруши II ва маҳалли ҷангҳои ӯ хеле мураккаб аст. Баъзеҳо тахмин мекунанд, ки ин Сирдарё, Амударё ва ё Узбой аст. Шояд маҳалли охирӣ ба ҳақиқат наздиктар бошад[2].
Аз тарафи массагетҳо шикаст хӯрдани Куруш дар охири июлу ибтидои августи соли 530 пеш аз милод воқеъ шудааст, ки ин ягона санаи яқинан муқарраршудаи таърихи халқҳои Осиёи Миёна мебошад[3].
Чунон ки М.М.Дяконов менависад: «Куруш яке аз барҷастатарин симоҳои таърихи қадим буд»[4]. Ин, бешубҳа, ҳақ аст, зеро Куруш дар фаъолияти худ, ҳамчун ифодакунандаи бисёр тамоюлҳои пешқадами замони худ баромад мекард. Илова бар ин, захираҳои фаровони давлати паҳновари ҳахоманишӣ, кӣ тӯли он аз Осиёи Хурд то водии ҳинд кашида мешуд, дар ихтиёри ӯ буд. Ба ин ҳама нигоҳ накарда, ӯ дар мубориза бо бодиянишинони Осиёи Миёна на фақат ба шикасти сахт дучор шуд, балки худаш ҳам ҳалок гардид. Ин ҷо асли гап на дар ноомади кор ва на дар бахти ноустувор аст. Мардумоне, ки барои муҳофизати озодӣ ва истиқлолияти худ камар бастаанд, тамоми қувваи худро ба муқобили душман сафарбар менамоянд. Тимсоли чунин муборизаҳои қаҳрамонона чи дар таърихи халқҳои Осиёи Миёна ва чи умуман дар таърихи ҷаҳон бешумор аст.
[1] Таҳлили манбаъшиносӣ: Пьянков И.В., 1964.
[2] Hӯrrman А., 1914, s. 19; Пьянков И.В., 1964, с. 126-130; муr. Струве В.В., 1968, с. 51-66.
[3] Ин сана аз ҳуҷҷатҳои бобулӣ муrаррар мегардад: ҳуҷҷати охирин аз номи Куруши Сонӣ 12 августи соли 530 rабл аз милод, ҳуҷҷати аввал аз номи Камбуҷиё 31 августи соли 530 rабл аз милод сабт шудааст. Аз ин маълум мешавад, ки хабари ҳалокати Куруш ба Бобул дар миёна ва ё нимаи дувуми ҳамин моҳ расида будааст (Раrкеr R. and Duӣӣӯrstӯin W.Н., 1956, р. 14; Дандамаев М.А., 1963 а, с. 117). Санаи дигар, яъне соли 529, ки гоҳо дучор меояд (масалан, Массон В.М., Ромодин В.А., 1964, с. 57) нодуруст аст.
[4] Дьяконов М. М., 1961, с. 79.