Натиҷаҳои давраи аввали фаъолияти Куруши II ин буд, ки давлати ҳахоманишӣ ба иқтидори бузурге соҳиб гардид, нуфуси мамлакат ва манбаъҳои моддии он афзуд. ҳамаи ин барои амалӣ гардидани ниятҳои Куруш дар бобати ба вуҷуд овардани давлати паҳновари фарогирандаи тамоми Осиё шароит ва имконият муҳайё сохт.
Пас аз фатҳи Лидия, ба қавли Геродот (I, 153), «дар сари роҳи Куруш кишвари Бобул, мардуми бохтар, сакоиҳо ва мисриён қарор гирифта буданд, ки дар набардҳои зидди онҳо ӯ мехост шахсан худаш сардорӣ кунад, аз ин рӯ, ба ҷанги зидди иониҳо сарлашкари дигареро фиристод». Чунин нақшаи Куруш тасодуфӣ набуд: аз афташ, ӯ дар бораи иқтидор ва омодагии ҳарбии халқҳои Осиёи Миёна вуқуфи комил дошт. Бинобар ин, ӯ дар ин сафарҳои ҷангӣ фармондиҳии қӯшунро, ҳатто ба наздиктарин сарлашкарони худ ҳам бовар карда супурда наметавонист.
Мо дар бораи он ки истилои Осиёи Миёна чи гуна сурат гирифт, чизе ба яқин намедонем. Вале ҳаминаш маълум аст, ки истилогарон дар роҳи расидан ба ниятҳои худ бераҳмиҳои аз ҳад зиёде кардаанд. Чи навъе ки Геродот хабар медиҳад (I, 177), «Қисми зиёди аҳолии Осиёи поёнро Гарпаг ва Осиёи болоро худи Куруш, ки халқҳои онро паси ҳам, ба ҳеҷ яке раҳм накарда, ба асорат дучор мекард, аз дами теғ гузарониданд». Муаррихи Бобули асри III пеш аз милод Беросс ҳамчунин хабар медиҳад, ки Куруш танҳо пас аз мутеъ кардани тамоми Осиё ба Бобул лашкар кашид. ҳамаи ин далелҳо нақлу ривояти Николаи Димишқиро («Таърих», 75) дар хусуси ин ки пас аз ғалабаи Куруши II бар давлати подшоҳии Мидӣ гӯё сатрапи Гиркон ба пои худ омада, изҳори итоат карда бошад ва «сипас, сатрапҳои портҳо, сакоиҳо, бохтариҳо ва соири халқҳо паси ҳам, яке пештар аз дигаре омада, дар назди ӯ ба замин зону зада бошанд», комилан рад мекунанд. ҳамаи ин гуфтаҳо иштибоҳи маҳз аст, зеро бохтариҳо ва сакоиҳо ба ҳайъати давлати Мидӣ намедаромаданд ва онҳоро тасхир кардани Куруш ҳоло дар пеш буд. Ин гуфтаҳо, зоҳиран, дар ҳаққи дигар вилоятҳо ҳам нодуруст аст. Дар ин бобат ахбори Трог дар нақли Юстин (1, 7, 2) ба ҳақиқат наздиктар аст: «Давлатҳое, ки пеш тобеи мидиҳо буданд, тағйири ҳокимиятро тағйироти вазъи худ пиндошта, аз Куруш ҷудо шуданд; ин барои Куруш баҳонае гардид, ки ба ҷангҳои сершумор оғоз намояд».
Баъзе тафсилоти футуҳоти Куруши II дар Осиёи Миёна аз тарафи Ктесий (фиқраи 9/29) низ баён ёфтааст. Ӯ хабар медиҳад, ки Куруш «бо бохтариҳо меҷангид, вале дар муҳориба бартарии ягон тараф аён нагардид». Фақат пас аз он ки бохтариҳо аз устувории вазъияти сиёсии дохили давлати ҳахоманишӣ огоҳ шуданд, «ихтиёран» ба Куруш сари итоат фуруд оварданд.
Махсусан, маълумоти навиштаҷоти кӯҳи Бесутун[1], ки бо амри Дорои I сабт шудааст, аҳамияти калоне дорад. Аз ин навиштаҷот роҷеъ ба ҳайъати давлати ҳахоманишӣ то замони ҷулуси Дорои I бисёр мадракҳои баҳснопазир ба даст овардан мумкин аст. Дар айни замон бояд дар назар дошт, ки дар фосилаи байни вафоти Куруши II ва ба тахт нишастани Дорои I, яъне дар солҳои 530-522 пеш аз милод ҳахоманишиҳо на ин ки ба тобеъ кардани вилоятҳои нави Осиёи Миёна, балки ба фатҳи Миср ва умури дохилии давлати худ машғул буданд[2]. Доро дар сутуни аввали навиштаҷоти мазкур: «Ин аст он кишварҳое, ки бо меҳрубонии Аҳуромаздо насиби ман гардидаанд» мегӯяд ва аз ҷумлаи ин кишварҳо Порт, Ориё, Хоразм, Бохтар, Суғд ва ҳамчунин вилоятҳои ҷануби Афғонистон ва шимолу ғарби ҳиндустон: Қандаҳор, Сатагидия, Арахосия ва дар миёни ду вилояти аввал «Сака»-ро (эҳтимол, сакоиҳои ҳавмаварға дар назар дошта шуда бошад) ном мебарад. Дар сарчашмаҳои Юнони Қадим ахборе (Плиний, VI, 23) мавҷуд аст, ки Куруш Каписаро (муҳаққиқон одатан онро ба маҳалли Бағроми назди Кобул нисбат медиҳанд) хароб намуд[3].
Дар асоси хулосаи он далелу мадракҳои хеле кам, ки мо дар даст дорем, метавон тахмин кард, ки ба Куруши II фатҳи Порт, Бохтар, Хоразм, Суғд ва кадом як қисмати сакоиҳо, яқинан сакоиҳои ҳавмаварға, муяссар гардидааст[4]. То куҷоҳо тӯл кашидани ҳудуди давлати ҳахоманишӣ дар қисмати шимолу шарқ ба мо маълум нест. Як вақтҳо чанде аз муҳаққиқон ба баъзе сарчашмаҳои баъдина, ки бунёди шаҳри Кирополро ба Куруш нисбат медоданд, истинод намуда, то Фарғона расидани ҳудуди давлати ҳахоманиширо тасдиқ карданӣ мешуданд. Вале ин иддао дар асоси таҳқиқу таҳлили мадракҳои забонӣ то андозае аҳамияти худро аз даст дод. Чунин мулоҳизае баён ёфт, ки шаҳр, дар воқеъ, Куру-(ш)-ката ном дошта, қисми аввали калима мумкин аст номи қабила бошад ва юнониҳо ин калимаро каме дигар карда, Кирэсхата хондаанд[5].
[1] Нашри катибаҳо: Kӯnt R.G., 1953, р. 116-134. (матн ва тарҷумаи англисӣ); тарҷумаи пурраи русӣ: Дандамаев М. А., 1963, с. 262-270.
[2] Дандамаев М.А., 1963 а, с. 116 ва мобаъд.
[3] Массон В.М., Ромодин В.А., 1964, с. 58.
[4] ИТН, I, с. 190-192.
[5] Ӣӯnvӯnistӯ Ӯ., 1934, 1947, р. 163-164. Ниг.: таҳлили муфассал, Б.А.Литвинский; ИТН, I, с.528. Навтарин таҳлили забоншиносӣ; Ӯilӯrs W., 1964 s. 180-236 (хусусан аз ҷиҳати ареал муҳим аст); Абаев В. И., 1967, с. 286-291 (этимологияи мӯътамад).